Нерӯҳои дифои Исроил амалиёти пуршиддати низомиро бо пуштибонии нерӯҳои ҳавоӣ дар навори Ғазза идома дода, тайи 24 соати шабонарӯзи сешанбеи гузашта тақрибан ба 250 ҳадаф, ки ба гуфтаи худашон террористанд, зарба заданд. Дар ин бора артиши Исроил рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми декабр дар шабакаи телевизионии худ хабар дод.

“Дар як рӯзи гузашта нерӯҳои ҳавоӣ ба тақрибан 250 ҳадафи террористӣ дар навори Ғазза зарба заданд. Нерӯҳои дифоъ кашфи аслиҳа, минаҳои зеризаминӣ, маводи тарканда ва инфрасохтори иловагии ҳарбиро идома медиҳанд», гуфта мешавад дар хабар.

Оташбаси дубора бо ҷунбиши Ҳамоси Фаластин ҳанӯз имконпазир аст, аммо амалиёти низомӣ то замоне идома хоҳад кард, ки намояндагони Ҳамос аз «корҳои низомӣ» даст кашанд. Инро сафири Исроил дар Русия Александр Бен Звӣ рӯзи 6 декабр ба ТАСС хабар додааст.

Илова бар ин, Бен Звӣ афзудаст, ки дар ҳоли ҳозир амалиёти низомӣ барои расидан ба ду ҳадаф нигаронида шудааст: якум, раҳоии гаравгонҳо ва дуюм, “аз байн бурдани ҳама сохторҳои террористии Ҳамос”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь