Роҳбари гурӯҳи ҳамлагарон ба ҷони сайёҳони хориҷӣ дар Данғара Ҳусейн Абдусамадов, ки соли 2018 ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе даргузаштааст. Мақомот ва наздикони ӯ дар суҳбат ба “Радиои Озодӣ” ин хабарро тасдиқ кардаанд.
Манбаъ менависад, сардори Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров рӯзи 3-юми март гуфтааст, ки сабабу омилҳои марги Абдусамадовро мақомоти Прокуратураи генералӣ муайян мекунанд. Ӯ (Абдусамадов) бемории ҷиддӣ надоштааст, аммо ҳар сари чанд вақт ба бемориҳо гирифтор мешудааст. Аз ин хотир, ҷасад аз ташхиси суддӣ-тиббӣ гузаронида шудааст, то фаҳманд, ки мабодо аз зӯроварӣ ва шиканҷа дарнагузашта бошад.
Сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, ҳамчунин, гуфтааст, ҷасади Ҳусейн Абдусамадовро мақомот рӯзи гузашта ба наздиконаш супоридаанд.
Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, сокини 35-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июли соли 2018 дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин зер карда, баъдан бо корду табар ба онҳо зарба задаанд. Аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуд ва чор узви дигари гурӯҳ бошад, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд.