Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода мегӯяд, барои таъмини бештари сокинони кишвар бо ҷойи кори доимӣ дар соҳаи сабзавоткорӣ парвариши қулфинай (клубника) ва пиёзро рушд додан лозим аст.
Номбурда дирӯз, 1-уми феврал дар нишасти матбуотии кумита бо ҳузури рӯзноманигорон вобаста ба самаранок истифода бурдани замин ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор иброз дошт, ки агар дар соҳаи сабзавоткорӣ мардум бештар ба парвариши қулфинай ва пиёз сарукор гиранд, фойидаовар хоҳад буд.
– Рӯзе, ки ҷаноби олӣ маро ба ҳайси раиси Кумита таъйин карданд, пурсон ҳам шуданд ва гуфтанд, ки агар замини Тоҷикистонро самаранок, дуруст ва роҳҳову технологияҳои нави соҳаро истифода барем, на ба ҳамин миқдор аҳолии мо, балки 3-4 маротиба зиёд, яъне 30-40 миллион нафар аҳолиро хӯронидану пӯшонидан имкон дорад, – гуфт Ҳакимзода.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ҳамчунин тавсия дод, ки агар роҳҳои замонавии ташкили боғҳои интенсивӣ, обёрии сунъии қатрагӣ ва ё баъзе роҳҳо, махсусан интенсификатсия дар соҳаи сабзавоткорӣ истифода бурда шавад, барои ташкили ҷойи кори бештар замина фароҳам хоҳад шуд.
– Агар дар як гектар замини пахта мо ду кас ва дар