Аз ҷониби кормандони  Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун дар ёздаҳ моҳи соли 2023-юм  195 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 466,49 га китъаи замин ошкор карда шудаст.

Раиси ин ниҳод Шарифзода Сайҷаъфар ба  “Фараж” иттилоъ дод, ки  аз ин миқдор 13 адад ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ҷихати бекор намудани қарорҳои ғайриконунӣ дар майдони 26,8 гектар, 17-адад  дастур дар майдони 17,57 гектар дар бораи бартарафкунии қонунвайронкунӣ дода шудааст, ки 19 адади он ба 19 мавод ба мақомоти прокуратура барои додани баҳои ҳуқуқӣ фиристода шудааст.

Гуфта шуд, ки  нисбати 176  ҳолат дар майдони 448,90 га дастур, протокол ва қарори ҷарима қабул карда шуда, бо моддаҳои 141, 142, 143, 148, 149, 151,155. 156 ва 162 -и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ӯ афзуд, ки маблағи ҷарима 132469 сомониро ташкил дода, аз ин миқдор ҷарима 84072 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумита ворид карда шуда, 26 парванда ба маблағи 16320 сомонӣ барои иҷрои маҷбурӣ ба хадамоти иҷро ирсол карда шуд ва қонунвайронкунии мазкур дар майдони 448,90 гектар қитъаҳои  замин бартараф карда шуд, ки майдони бартарафшуда 96% -ро ташкил медиҳад.

Номбурда илова кард, ки аз 195 ҳолати қонунвайронкунии замини ошкоршуда  45 ҳолати қонунвайронкунӣ ғасби худсаронаи замин  дар майдони 10,53 гектар ошкор карда шуда, нисбати 36 нафар дар майдони 9,92 гектар протокол ва қарори ҷарима қабул гардида онҳо ба маблағи 29512 сомонӣ  ҷарима шуданд, ки маблағи ҷаримаи басташуда қисман дар ҳаҷми 13872 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумита ворид карда шуда, 4 адад дар ҳаҷми 2720 сомонӣ барои иҷрои маҷбурӣ ба хадамоти иҷро ирсол карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь