Имрӯз дар бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон нархи як халта орди навъи якум 255-260 сомонӣ, як килограм картошка 7-8 сомонӣ аст, ки ин ҷаҳиши нархи орду картошка боиси нороҳатии сокинон гардидааст.
Як халта орд, ки ҳафтае пеш 240 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло то 255-260 сомонӣ фурухта мешавад. Картошкае, ки чанд рӯз пеш як киграмми он 5 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло аз 7 то 8 сомонӣ шудааст.
Малика, сокини шаҳри Бохтар, ки дар як идораи давлатӣ кор мекунад, гуфт, дируз аз бозор як килограм картошкаро 7,5 сомонӣ ва як халтаи орди “Фатир”-ро 255 сомонӣ харидааст, ки маошаш танҳо як халта орду 5 литр равған мешавад.
Ба мисли Малика даҳҳо сокини вилояти Хатлон аз гаронии нархи картошкаву орд шикоят намуда, аз масъулон хоҳиш доранд, ки барои поён фаровардани нархи онҳо мусоидат кунанд.
Юсуфзода Фирӯз, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, гарон шудани нархи ордро тасдиқ карда, гуфт, ки омили он боло рафтани қурби доллари ИМА аст.
– Аммо аз ҷониби Хадамот баҳри ба танзим даровардани нархи навои бозор гуруҳи корӣ ташкил карда шудааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кор мебаранд, – илова кард ӯ.