Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дар соли гузашта 557 ҷинояти коррупсионӣ ва 1888 адад ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсиондоштаро ошкор кардааст. Гуфта мешавад, ин ҷиноятҳо аз тарафи 1271 нафар содир шудаанд, ки аз теъдоди ҷиноятҳо 761 ададаш ба гуруҳи ҷиноятҳои махсусан вазнин шомиланд.
Директори Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррпусияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода имрӯз, 16- уми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз шумораи умумии ҷиноёти ошкоршуда 290 ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 185 ҷиноят марбут ба тасарруфи пулу моли тариқи кредит додашуда ва додану гирифтани ғайриқонунии кредит, 641 қаллобӣ, 14 қочоқ, 18 соҳибкории ғайриқонунӣ, 8 саркашӣ аз супоридани пардохти андозҳо, 81 ҷинояти гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, 101 ҷинояти сӯистифода ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 231 сохтакории хизматӣ, 94 ҷиноят вобаста ба ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва 428 адад ҷиноятҳои дигар мебошанд.
– Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон дод, ки дар соли гузашта шумораи бештари ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ сурат гирифтааст, ки 177 ададро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар соҳаҳои маориф ва илм 136, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 104, кишоварзӣ 101, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 66, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 99, бонкҳои давлатию тиҷоратӣ 163, дигар корхонаву идораҳои давлатӣ 411, субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандон 835 адад ҷиноят содир гардидааст, – гуфт Султонзода.
Номбурда, ҳамчунин, қайд кард, ки соли гузашта мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 811 тафтишу санҷиши молиявӣ гузарониданд ва дар умум 348,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.
– Аз ин маблағҳо 295,9 миллион ё 84,9 дарсадаш барқарор карда шудааст. Аз маблағҳои рӯёнидашуда 76,3 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 219,6 миллион сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд, – илова кард директори Агентӣ.