Дар соли 2021 беш аз 100 тонна ҳуч ва олучаи кӯҳӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Дар ин замина як сехи коркарди ҳуч, ки нушобаи ҳуч  истеҳсол мекунад, таъсис дода шуд, гуфт директори Агентии хоҷаги ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ.

Боиси зикр аст, ки дар системаи Агентӣ 5 адад корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ҷангал фаъолият менамоянд. Дар соли 2021, ба миқдори умумии 2549,9 ҳазор бех кучату ниҳолҳои дарахту буттаҳои ҷангал парвариш ёфта, аз ин миқдор 1546,8 ҳазор бех ниҳолҳои ҳархела барои шинонидан ва фурӯш тайёр карда шудааст Аз ин миқдор 677,6 ҳазор бехашро ниҳолҳои ҳамешасабз, ороиши ва сояафкан ташкил медиҳанд. Инчунин 32,9 ҳазор бех ниҳоли тут, 12,3 ҳазор бех ниҳоли ангат 4,02 ҳазор бех ниҳоли санҷит, 85,5 ҳазор бех ниҳоли ҳуч, 101,2 ҳазор бех ниҳоли бодом, 70,6 ҳазор бех ниҳоли писта, 81,5 ҳазор бех ниҳоли чормағз ва 48,2 ҳазор бех дигар намуди ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь