Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ва Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон, дар ҷараёни нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург гуфтугӯ карданд, хабар дод котиби матбуотии нахуствазири Арманистон Назелӣ Багдасарян.
Багдасарян ба телевизиони ҷамъиятии Арманистон гуфтааст: «Масъалаҳои марбут ба рӯзномаи сулҳи байни Арманистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуданд». Ба гуфтаи вай, гуфтугӯ “дар формати дуҷониба” сурат гирифтааст.
Рӯзи сешанбе раиси порлумони Арманистон Ален Симонян ба хабарнигорон гуфт, сулҳи байни Иравон ва Боку “ҳеҷ гоҳ ин қадар наздик набуд”.
Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков дар як мусоҳиба дар ҳошияи нишаст гуфт, Алиев ва Пашинян омодагии худро барои анҷоми созишномаи сулҳ изҳор доштанд. Вай ба ин суол, ки оё дар як ҷо ҷамъ овардани ҷонибҳои даргир хатарнок аст, ҳамин тавр посух дод. “Дар ин ҷо ягон хатар вуҷуд надорад”, гуфт Песков.