Манобеъи наздик ба Толибон мегӯянд, ҳамла ба масҷиди Сайидободи Кундузро як бомбгузори маргталаб анҷом додааст, ки тақрибан 200 нафарро кушта ва захмӣ кардааст.

ДОИШ масъулияти ҳамлаи маргталабона ба масҷиди аҳли ташайюи Кундузро бар дӯш гирифтааст. ДОИШ гуфтааст, дар ин ҳамла 300 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон (AIHRC) бо нашри як баёния ҳамлаи маргталабона ба масҷиди Сайидобод дар Кундузро маҳкум карда ва онро “идомаи ҷиноят алайҳи куштори ҳадафмандонаи шиъа ва ҳазораҳо” дар ин кишвар номидааст.

Толибон ҳамлаи гурӯҳи террористии ДИИШро маҳкум карданд.

М. Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь