Дар Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” аз 26 кишвари ҷаҳон меҳмонон ширкат мекунанд, гуфт дар нишасти матбуоти Маҳмадсаид Шоҳиён, директори МД “Тоҷикфилм” .

Ба таъкиди Маҳмадсаид Шоҳиён, ба Синамоҷашнвораи мазкур 200 филм аз кишварҳои гуногун пешниҳод шуд ва 70 филм ба Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” роҳ ёфт, ки  17-тои он филми бадеӣ ва 9- тои он филми ҳуҷҷатӣ мебошанд.

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе  «Тоҷи Сомон»  аз 15-ум то 19-уми октябри соли 2023 баргузор шуда, он таҳти  шиори  “Таърихи рушди тоҷикон” мегузарад.

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии  Душанбе «Тоҷи Сомон» ба Рӯзи кинои тоҷик бахшида шуда он бо ибтикори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  сурат мегирад.

А. Раҳмонов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь