Дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон (U-17), ки бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар шаҳри Мински Беларус дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми рушд-2021 ширкат дорад, дар аввалин бозиаш 7 гол зад.
Наврасони Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Рушд-2021” дар Минск бар ҳамсолони худ аз Қазоқистон бо ҳисоби 7: 1 пирӯз шуданд.
Голҳои дастаи Тоҷикистонро Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Шаҳриёри Иноятулло ва Асадбек Ҷӯрабекзода заданд.
Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар даври дуюми Ҷоми рушд-2021 бо дастаи мунтахаби наврасони Молдова бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи чоршанбеи 3-юми феврал, соати 14:00 ба вақти Душанбе, оғоз мешавад.
Блоки рекламавӣ