Дар давраи аз моҳи июл то моҳи сентябри соли ҷорӣ, 64 шикоят аз зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ дар муассисаҳои СММ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 77 нафар зарар дидаанд. Ин хабар аз ҷониби котиби матбуотии СММ Штефан Дюбрикӣ эълон шуд.
Аз 64 парванда дар шаш ҳолат, сулҳҷӯён айбдор карда мешаванд, 33 парванда ба кормандони муассисаҳо, хазинаҳои сохтори СММ ва 25 намояндаи созмонҳои шарик, ки ба татбиқи барномаҳои СММ машғуланд, алоқаманд аст. Танҳо дар соли ҷорӣ 30 ҳолати зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ рух додааст, боқимонда дар солҳои қаблӣ.
“Дар хотир бояд дошт, ки ҳанӯз на ҳама шикоятҳо тасдиқ нашудаанд, баъзе ҳолатҳо ҳанӯз дар марҳилаи арзёбии пешакӣ қарор доранд”, – қайд намуд Стефан Дюбрик, зимни муроҷиат ба хабарнигорон ва илова намуд, ки ҳисоботи семоҳа танҳо тасмими Котиби Генералӣ барои баланд бардоштани “шаффофият” дар робита ба бо тафтиши парвандаҳои истисмори ҷинсӣ ва бадрафторӣ мебошад.
Мутобиқи маълумоти СММ, аз 77 нафар озордида аксаран занон (42) ва духтарон (24) мебошанд. Дар ҳамин ҳол, дар рӯйхати қурбониҳо номҳои ду мард ва як писар дарҷ мегардад. Дар ҳашт маврид, ҷинс ва синну соли қурбониҳо хабар дода намешавад.
Муаллифони 55 аризаи вобаста ба истисмори ҷинсӣ ҷавобгаронро ба сӯиистифода аз мансаб ё боварии дигар одамон барои маҷбур намудан ба амалҳои характери ҷинсдошта айбдор мекунанд. Дар 16 ҳуҷҷат гап сари зӯроварии ҷинсӣ меравад, вале дар 4 ҳолат хусусияти қонуншиканиҳо номаълум боқӣ мемонад. Дар ҳисобот ҳамчунин қайд мешавад, ки аз байни айбдоршавандаҳо 66 нафар мард ва як зан мебошанд (ҷинси ду нафари дигар нишон дода нашудааст).
Дар ҳамин ҳол котиби матбуотии СММ мегӯяд ин созмон барномаи ҷадидеро бо мақсади бартараф намудани ҷиноятҳои ҷинсӣ дар Ташкилот роҳандозӣ кардааст, ки то имӯз аз ҷониби сарварони 49 давлат, роҳбарони 22 ниҳоди СММ ва ҳамчунин роҳбарони 72 созмони дигар дастгирӣ ёфтааст.
Илова бар ин, чанде қабл дар Созмони Милали Муттаҳид навтарин махзани электрониро муаррифӣ намуданд, ки имконияти медиҳад шахсияти кормандони айбдоршавана, ки дар натиҷаи тасдиқёбии даъвоҳо ё ҷараёни тафтишоти ҷвобаста бо он аз кор даст кашидаанд, саривақтӣ муайян гардад.
Фараж