Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 580,5 ҳазор сайёҳ аз Тоҷикистон дидан намудаанд. Ин нукта зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 19,1 фисад зиёд мебошад.

“Тибқи маълумоти мақомоти сарҳади давлатӣ ба ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин нишондод 580,5 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳ (тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ) ворид гардидаанд” – омадааст дар варақаи иттилоотии ин ниҳод.

Дар ин баробар гуфта мешавад, ки аксарияти сайёҳони ба кишвар ташриф оварда шаҳрвандони ИДМ мебошанд.

“Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии воридшуда 687,8 ҳазор нафар ё 91,9 фоиз ба мамолики ИДМ ва 60,5 ҳазор нафар ё 8,1 фоиз ба мамолики хориҷи дур, рост меояд” – хабар доданд аз Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь