Бо мақсади ошнои аз фаъолияти шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода хабарнигори МТЖТ бо роҳбари шабакаи мазкур Ибодуллоев Зоирҷон Ҳомидович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат мавсуф қайд кард, ки Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барои ҳар як узви ҷомеа реҷаи фаъолият ва зиндагиро барои оянда муайян ва мушаххас мегардонад. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ, дар санаи 23.12.2022 боз як бори дигар собит карданд, ки масоили иҷтимоии ҷомеа таҳти эътибори ҷиддӣ қарор дорад ва дар ин раванд иброз доштанд: “Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаи илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад”.
Ин таъкиди Сарвари давлат барои кормандони тандурустии шаҳри Турсунзода чароғи роҳнамо ба самти рушди соҳа гардида, мо кормандони соҳаи тибро муваззаф менамояд, ки масъулиятшинос бошему барои таҳкиму татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлатамон саҳми арзанда гузорем. Албатта, пешрафти илми тиб аз донишу малакаи табибон низ алоқамандии калон дорад.
Фаъолият
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ робитаи нахустини шаҳрвандон бо мутахассисони соҳаи тиб оид ба хизматрасонии тиббӣ буда, ҳифзи саломатии аҳолиро таъмин менамояд. Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ шаҳрвандон метавонанд хизматрасонии бисёрҷонибаи тиббӣ гиранд.
Имрӯз шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода дар асоси санаду меъёрҳои ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи тандурустӣ, фармоишу қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, нақшаи кории шабака барои соли 2023, ки дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тасдиқ шудааст ва дигар асноди дахлдор фаъолияти худро ба роҳ монда, дар заминаи 1 маркази саломатии шаҳр бо 9 шуъба, (5 шӯъбаи тибби оилавӣ, соматикӣ, ҷарроҳӣ, барқароркунӣ, ташхис) 28 маркази саломатии деҳотӣ ва 50 адад бунгоҳи тиббӣ ба 334204 нафар (нисбати 327760 нафари соли гузашта) аҳолии шаҳри Турсунзода хизмати тиббӣ мерасонад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки аз 334204 нафар аҳолии шаҳр 169620 (50,7%) нафарашонро мардон, 164584 (49,3%) нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Кӯдакони синни то 18-сола 141601 нафар буда, 42,3%-ро дар бар мегирад. Занони қобили таваллуд 82934 нафар (24,5%) ва сокинони аз 60-сола боло 21672 нафарро (6,5%) ташкил медиҳанд.
Муроҷиати шаҳрвандон
Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки дар муассисаҳои шабакаи КАТС барои ёрии амбулатори-дармонгоҳӣ ва ташриф ба хона ҳамагӣ 1473610 нисбати 1492345 нафарро ташкил мекунад, аз онҳо ба ташрифи духтурон 428702 нисбати 534260 нафар, дар қабул 195345 нисбати 223425 нафар, дар хона 233357 нисбати 310835 нафар, ба ташрифи ҳамшираҳои шавкат бошад, 1044908 нисбати 958085 нафар, аз он дар қабул 69310 муқобили 71241 нафар, дар хона 975558 муқобили 886844 нафар мебошад.
Базаи кадрӣ
Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр кард, ки самарабахшии захираҳои кадрӣ омили асосии пешрафт дар самти хизматрасонии тиббӣ мебошад, ки он аз тахассуснокӣ ва ҷобаҷогузории онҳо вобаста мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар муасисаҳои тиббии КАТС шаҳр 941 нафар машғули кор мебошанд. Аз онҳо 179 нисбати 178 нафар табибон, аз онҳо 72 нафар табиби оилавӣ ва 562 нисбати 570 нафар кормандони миёнаи тиб, аз онҳо 280 нафар ҳамшираи оилавӣ, 136 нисбати 136 нафар фаррош ва 64 нисбати 61 нафар кормандони ғайритиббӣ кор мекунанд. Тахассуснокии кормандон самти афзалиятноки соҳа буда, таҳти назорати доимӣ қарор дорад ва ба ин васила дар омӯзонидани мутахасисони ҷавони лаёқатманд чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар давоми соли 2023 хамагӣ 61 нафар ба кор кабул карда шуд. Аз онҳо табибон 12 нафар ба кор кабул гардиданд, ҳамшираҳо 40 нафар ба кор кабул шуданд.
Хидматрасонӣ
Номбурда тазаккур дод, ки дар давраи хисоботӣ 6426 нафар тифл таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 143 нафар зиёд аст.
Нишондоди таваллуд дар 9 моҳ 19,2 %о нисбати 20,2 %о, афзоиши аҳоли 17,0 %о нисбати 17,0%о -ро ташкил кард.
Баҳри амалӣ гардонидани банди 13-и нақшаи кории шабака қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани муоинаи ҳатмии шахсони никоҳшаванда» мавриди иҷро қарор дода шудааст. Дар 9 моҳи соли равон 4422 нафар (3856 нафар соли 2022) нафар шахсони никоҳшаванда аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Миёни ин шахсон 48 нафар (69 нафар) гирифтори бемории гепатити «В», 10 нафар (17 нафар) бо гепатити «С» , ВНМО – 3 нафар (2 нафар), бемории асаб – 5 нафар, бемории чашм – 6 нафар, дигарон (маъюбон) 4 нафар дарёфт карда шуда, барои машварат ба табибони соҳавӣ равона гардиданд. Дар миёни никоҳшавандагон ҳолати никоҳи хешутаборӣ ба мушоҳида нарасид. Дар ҷараёни иҷрои банди мазкури нақша бо муроҷиаткунандагон оид ба таъсири бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, натиҷаҳои манфии никоҳи хешутаборӣ ва танзими оила машваратҳо гузаронида мешаванд.
Тибқи банди 10-уми Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми октябри соли 2018 таҳти № 994 «Дар бораи тартиби гузаронидани амалиёти хатна». Дар давраи ҳисоботи дар шаҳр ҳамагӣ 791 (840 соли 2022) амалиёти хатна гузаронида шудааст.
Дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода аз рӯи нақша як ҳуҷра дар Маркази саломатии шаҳр ҳар рӯз амал намуда ва 9- ҳуҷраи хатна дар Марказҳои саломатии деҳотӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ ва дорувории лозима ташкил карда шуда, дар МСД-ҳо амалиёти хатнаи кӯдакон тибқи нақшаи таъсисгардида, гузаронида мешавад. Гурӯҳи сайёр бо мутахассисони ҷарроҳи кӯдакона, уролог ва озмоишгарҳо, ҳар моҳ ҳисоботи хаттӣ пешниҳод менамоянд.
Дар шаҳр ҳамагӣ 26441 нафар (7,9%) наврасон нисбати 26721 нафар (8,2%) (дар соли 2022), истиқомат мекунанд. Наврасони синни 15-17 сола 16522 нафар буда, 8609 нафарашонро писарон ва 7913 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд. Наврасони синни 18-19 сола 9919 нафар буда, аз онҳо 5080 нафарашонро писарон ва 4839 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд.
Ҳамагӣ аз ҷониби ҳуҷраи наврасон дар давраи ҳисоботӣ 3674 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шудаанд, ки 691 нафарашонро беморон ва 29836 нафар барои муоина мебошанд. Солимгардонии беморон 518 нафарро (74,9%) ташкил намуд. Дар давоми 9 моҳ ҳамагӣ ба 69 нафар барои табобати беморхонавӣ роҳхат дода шуд.
-Дар бораи гузаронидани маъракаи қайди ибтидоии ҳарбии шаҳрвандони соли таваллудашон 2007-ум дар нуқтаи даъватии Комиссариати ҳарбии муттаҳидаи шаҳри Турсунзода, чунин нишондод аст…
Маъракаи мазкур, мувофиқи Қарори Расиси шаҳри Турсунзода таҳти №1651 аз 16 декабри соли 2022 «Дар бораи ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони соли таваллудашон 2007-ум дар нуқтаи даъватии Комиссариати ҳарбии шаҳри Турсунзода» ва фармоиши Роҳбари шабакаи КАТС-и ш. Турсунзода таҳти №1 аз 04 январи соли 2023, аз 11 январ то 31 марти соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ва Коммисариати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар маърака духтури наврасон ва тамоми духтурони ихтисосашон маҳдуд бо истифодабарии санҷишҳои лабораторию инструменталии дар МСШ муҳайё буда, иштирок намуданд,-афзуд номбурда.
Хизматрасонии тиббӣ баҳомиладорон
Инчунин, гуфта шуд, ки дар 9 моҳи соли 2023 хамагӣ 6822 – нафар хомиладорон, (6918 – 2022 сол) ба қайд гирифта шуданд. Аз онҳо то 12 ҳафта 5938-нафар 87,0%), нисбати соли гузашта 6078-нафар (88%) ба қайд гирифта шудаанд.
Айни замон – 5744 (5622 соли 2022) нафар зани ҳомиладор дар қайд мебошад.
Дар асоси фармони ВТҶТ аз 24.12.12.с №-637 «Дар бораи аз муоинаи тиббӣ гузаронидани занҳои ҳомила» аз тарафи мутахассисони шабакаи КАТС гузаронидани муоинаи тиббии занҳои ҳомила тартиб дода, тасдиқ карда шуда ва мунтазам занони ҳомиладорон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ