Ташкилаҳои бадсифат (ТБ) яке аз мушкилоти мураккабтарини тандурустӣ буда, мувофиқи омори умумӣ, суръати афзоиши мубталошавӣ ва фавт аз онҳо дар даҳсолаҳои охир аз бемориҳои дилу рагҳо пеш гузаштааст.

Дар бораи вазъе, ки вобаста ба бемориҳои саратонӣ дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастааст, инчунин ташкили табобати беморон доктори илмҳои тиб, директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, сармутахассиси саратоншиноси ВТ ва ҲИА ҶТ Зафар Ҳусейнзода нақл мекунад.

– Зафар Ҳабибуллоевич, мувофиқи арзёбии Агентии байналмилалӣ оид ба омӯзиши саратон, ба оғози соли 2030 саратон сабаби марги 13 млн аҳолии сайёра мегардад, 72% ҳолатҳо дар кишварҳои дорои сатҳи паст ва миёнаи даромад рух медиҳанд. Боз як омори изтиробовар: тибқи маълумоти ТУТ (2018), зарари ҳарсолаи иқтисодӣ аз омосҳои бадсифат дар ҷаҳон $1 трлн. 160 млрд-ро ташкил медиҳад. Вазъ дар ҷумҳурии мо чӣ гуна аст?

– Оре, дар миқёси ҷаҳон вазъ нигаронсоз аст, агар ба назар гирем, ки бо вуҷуди тадбирҳое, ки андешида мешаванд, дастовардҳои нави илмӣ ва технологӣ, беморшавӣ бо саратон дар давраи байни солҳои 2007 ва 2017 то 33% афзудааст.

Барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди саратон дар ҷумҳурии мо низоми мураттаби хадамоти онкологӣ амал мекунад, ки аз ҷумла муассисаҳои саратонӣ, кадрҳо, технология ва зарфиятҳои дигарро дар бар мегиранд. Кори зиддисаратонӣ длар кишвари мо дар асоси «Барномаи миллӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои онкологӣ» амалӣ мегардад. Ҳангоми таҳияи барнома мо бар он такя мекардем, ки сеяки тамоми ҳодисаҳои мубталошавӣ ба саратон пешгиришаванда аст, сеяки дигар ба шарти ташхиси бармаҳал табобатшаванда мебошад, дар мавриди сеяки дигар ёрии паллиативӣ метавонад ба беҳтар шудани сифати зиндагии беморон ба андозаи назаррас мусоидат намояд.

Дар барнома ба профилактикаи бемориҳои саратонӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Он як қатор тадбирҳои ба ҳам алоқаманд, аз ҷумла рафъ ё то ҳадди камтарин коҳиш додани таъсири моддаҳои кансерогенӣ (профилактикаи ибтидоӣ), ташхиси бармаҳалли ташкилаҳои тоомосӣ ва бадсифат (профилактикаи дуюмдараҷа), табобати радикалӣ (профилактикаи сеюмдараҷа) ва ёрии паллиативии тиббиро пешбинӣ мекунад. Бешубҳа, дар марҳилаи мазкур василаи натиҷаовар, ки имкон медиҳад омори зиндамониро беҳбудӣ бахшад ва хароҷоти умумиро кам кунад, ташхиси барвақтии ТБ, аз ҷумла бо роҳи татбиқи барномаҳои скринингӣ мебошад.

– Дар солҳои пешин аз сабаби қафомонии техникии беморхонаҳои ноҳиявию шаҳрӣ сокинони ин мавзеъҳо маҷбур мешуданд барои фаҳмидани ташхиси дақиқ ба Душанбе оянд.

– Айни замон ба ин ниёз нест, зеро тӯли солҳои истиқлолият ба мо муяссар гардид, ки дастрасии ёрии онкологиро дар тамоми сатҳҳо таъмин намоем, ки ин ҳаётан муҳим аст. Дар шаҳру ноҳияҳо 76 утоқи зиддисаратонӣ амал менамояд, ки дар онҳо зиёда аз 40 табиби онколог фаъолият менамоянд, инчунин 33 табиби соҳаҳои дигар рӯзи нопурра машғул мебошанд. Дар сатҳи вилоятҳо 4 беморхонаи вилоятӣ бо зарфияти умумии 185 бистар амал менамояд. Муассисаи пешбари хадамоти саратонии кишвар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ мебошад, ки иборат аз 8 шуъбаи муолиҷавӣ бо 235 бистар, поликлиника бо имкони қабули 650 бемор дар як рӯз аст.

Дар маҷмуъ дар хадамоти саратонии ҷумҳурӣ 133 табиби ихтисосманд кор мекунад ва, бо назардошти мутахассисони кафедраҳои соҳавӣ, 8 нафар аз онҳо доктор ва 13 нафар номзади илм мебошанд, ки мунтазам аз такмили ихтисос ва аттестатсия мегузаранд.

– Вазъи вобаста ба муҷаҳҳазии техникӣ, таъминоти муассисаҳои саратоншиносӣ бо дастгоҳҳои муосир чӣ гуна аст?

– Метавонам бигӯям, ки ба шарофати дастгирии Ҳукумати ҶТ ва вазорати дахлдор дар фаъолияти ташхисӣ ва муолиҷавӣ мутахассисони марказҳои саратоншиносӣ аз шумораи максималии дастгоҳҳои ташхисӣ ва муолиҷавии ширкатҳои ҷаҳонӣ истифода мекунанд: барои ташхиси шуоӣ – аз дастгоҳҳои рентгении рақамӣ, маммография; барои ташхиси компютерӣ – аз томографҳои компютерии ширкати Siemens (Олмон), Philips (Голландия); дастгоҳҳои эндоскопӣ (ФГДС, бронхоскоп, торакоскоп), барои гамма-муолиҷаи  фосилавӣ – аз дастгоҳи гамма-муолиҷавии «Террагам», барои муолиҷаи дохилитиҳигоҳӣ – аз дастгоҳи брахитерапияи навъи «Мултисорс» (Олмон).

Дастовардҳои назарраси солҳои охир ифтитоҳи шуъбаи муолиҷаи шуоӣ дар назди Маркази саратоншиносии вилояти Суғд (с. 2019), таъсиси озмоишгоҳи иммуногистохимиявӣ дар назди Маркази илмии саратоншиносии  ҷумҳуриявӣ (2017), васеъ кардани имкониятҳои расондани ёрии амбулаторӣ ва ёрии паллиативӣ “дар хона” ва ғайра буданд.

– Тибқи баъзе иттилоот, солҳои охир дар ҷумҳурӣ коҳишёбии омори фавт аз саратон ба назар мерасад. Шумо метавонистед муфассалтар оид ба тамоюлҳо дар омори саратоншиносии кишвар нақл намоед?

– Метавонам, албатта. Дар асосии маълумоти омори давлатии тиббӣ дар солҳои 2009-2019 беморшавии умумии саратонӣ аз 97,8 то 100 ҳазор одам дар соли 2009 ва то 172,2 дар соли 2020, яъне қариб ду карат афзуд. Теъдоди беморони бори аввал сабтиномшуда аз 2730 дар соли 2009 то 4128 дар соли 2020 зиёд шуд. Аммо нишондиҳандаи фавтнокӣ аз ташкилаҳои бадсифат дар ин давра тамоюл ба коҳишёбӣ дошта, 20,5 дар соли 2020 дар муқобили 25,9 дар соли 2009-ро ташкил медиҳад. Хурсандиовар аст, ки коҳишёбии фавт аз ташкилаҳои бадсифат, гуфтан метавон, дар тамоми гурӯҳҳои синнусолӣ ба амал омад.

Омӯзиши тамоюлҳои минтақавӣ нишон медиҳад, ки сатҳи беморшави умумӣ беш аз ҳама дар ВМКБ ва вилояти Суғд баланд аст, коҳишёбии оҳиста дар вилояти Хатлон ба мушоҳида мерасад.

– Рост аст, ки занҳо нисбати мардҳо бештар ба бемориҳои саратонӣ моил мебошанд?

– Инро қатъӣ исрор кардан наметавонам, зеро занҳо навъҳои хоси «худӣ» доранд, мардҳо низ ҳамчунин. Дар сохтори мубталошавӣ ба саратон (с. 2020) ҷойҳои якумро дар раддабандӣ саратони ғадуди ширӣ (15,1%), гарданаи бачадон (9,3%), меъда (6,7 %), лимфома (6,1%), омосҳои ғайримеланомии пӯст (4,8%) ва саратони шушҳо (4,3%) ишғол мекунанд.

Дар мардон саратони меъда, пӯст ва шушҳо пешсафанд. Дар занҳо саратони ғадуди ширӣ, гарданаи бачадон ва баданаи бачадон. Дар ин баробар дар байни ҳамаи ҳолатҳои ТБ-и дар соли 2018 ошкоргардида беш аз 48,4% ба гурӯҳҳои синнусолии калонтар аз 60-сола рост омада, ба ҳисоби миёна дар мардон 46,6%, дар занҳо 53,3%-ро ташкил медиҳанд.

-Дар оғози суҳбат шумо муҳим будани ошкорнамоии беморӣ дар марҳилаи ибтидоии онро қайд намудед. То кадом андоза ин ба кормандони хадамоти саратоншиносӣ муяссар мегардад?

-Таҳлили 10 соли охир нишон медиҳад, ки дар марҳилаҳои барвақт (I-II) ошкор кардани саратон динамика ва қонуниятҳои қобили мулоҳизаи мусбат надорад, ки ин ба як қатор омилҳо, аз ҷумла огоҳии кофӣ надоштани аҳолӣ аз нишонаҳои барвақтии бемориҳои саратонӣ, кори начандон фаъолонаи зинаи ибтидоии тандурустӣ, сатҳи пасти чораҳои профилактикӣ ва надоштани барномаҳои скринингӣ алоқаманд аст. Худ қазоват намоед: муайяншавии омосҳои нав дар марҳилаи III беморӣ дар ин давра аз 16,4% дар соли 2009 то 20,1%  дар соли 2018 тағйир ёфт ва бо гузашти муҳлат (марҳилаи IV) аз 19,4% дар соли 2009 то 23,2% дар соли 2018 афзуд (аксаран дар байни занон). Бино ба арзёбии мутахассисон, то 80% сабабу омилҳои хавфи ба вуҷудоии саратонро рафъ кардан, ба шарти гузарондани чораҳои профилактикии маҷмуии доимӣ имкон дорад. Танҳо як худи ваксинагузаронӣ бар зидди вируси папилломаи одам ва вируси гепатити В метавонад то 1 млн ҳодисаи мубталошавӣ бо саратонро ҳарсола пешгирӣ намояд (ТУТ, с.2016).

– Ба фикри шумо, дар маҳалҳо ба амалӣ гардондани тадбирҳои профилактикӣ чӣ халал мерасонад?

– Ташкили ошкорнамоии бемориҳои тоомосӣ ва онкологӣ дар ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, ба зиммаи шабакаи муассисаҳо ва воҳидҳои сохторӣ: утоқҳои муоина ва саратоншиносӣ, машваратгоҳҳо барои занҳои ҳомила, марказҳои танзими оила ва солимии репродуктивӣ, шӯъбаҳои онкология ва маммология гузошта шудааст.

Духтурони оилавӣ, табибони амалияи умумӣ, педиатрҳо, акушер-гинекологҳо ва хадамоти муоинаи тиббӣ дар барвақт ошкор намудани омосҳо саҳми калон доранд. Аммо суст шудани беҳбудии нишондодҳо оид ба ташхиси барвақти саратон, сатҳи баланди беэътиноӣ аз ҳушёрии пасти онкологии табибони зинаи аввал, саводнокии нокифоя вобаста ба бемории саратон, инчунин муҷаҳҳазии нопурраи сохторҳои ин сатҳ бо иқтидорҳои муосири ташхисӣ алоқаманд аст, ки ин низ ба ҳолати ташхиси дуюмдараҷаи бемории саратон (ошкорсозӣ ва табобати бемориҳои тоомосӣ) таъсир мерасонад.

– Пӯшида нест, ки мардуми мо аз муроҷиат барои муоинаи профилактикӣ, махсусан муоинаи онкологӣ худдорӣ мекунанд. Гузашта аз ин, то замоне, ки ба дард тоқат кардан мумкин аст, онҳо ба кор мераванд ё дар хона мемонанд, дар фикри муроҷиат ба табибон нестанд.

-Мутаассифона, ҳамин тавр аст. Дар соли 2018 ҳиссаи аҳолии муоинашуда дар утоқҳои ташхис ҳамагӣ 18,5 фоизро ташкил дод. Дар 0,2 фоиз аз шумораи умумии беморон ТБ ташхис гардид. Дар ошкорнамоии барвақти саратони сина нақши муайянро маммография мебозад, вале аз сабаби сатҳи пасти таҷҳизот (дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 9 дастгоҳ мавҷуд аст) ва набудани таҷҳизоти рақамӣ маммография мавқеи худро ҳанӯз ишғол накардааст. Лаҳзаи дилгармкунанда дар ҳалли ин масъала ҳамкории самараноки Вазорати тандурустӣ бо МАГАТЭ мебошад, ки дар доираи он муҷаҳҳаз гардонидани МҶИС ва як қатор муассисаҳои дигар бо маммографҳои рақамӣ ва таҷҳизоти рентгенӣ дар соли 2022 пешбинӣ шудааст.

– Дар соли 1984 барои модари ҷавонам саратони сина марговар шуда буд. Ҳарчанд ҷарроҳӣ, муолиҷаи химиявӣ вуҷуд дошт, табибон оҷиз монданд. Шояд аз он сабаб, ки вақт аз даст рафта буд. То ҳанӯз дарди аз даст додани шахси наздиктарин аз дилам зудуда намешавад. Ӯ ҳамагӣ 47 сол дошт. Ва вақте шумо мегуфтед, ки табибони маммограф дар ояндаи наздиктарин таҷҳизоти замонавитарини рақамӣ мегиранд, ман шод будам, ки барои занони мо дар муддати кутоҳ, бе азобу уқубати сахт аз ин бемории мудҳиш имконияти шифо ёфтан  пайдо мешавад.

– Рӯҳи модари нобаҳангом даргузаштаи Шумо шод бод! Солҳои охир онкологияи миллӣ инкишоф ёфта, бо навтарин дастовардҳои техникӣ, усулҳои нави дахолати ҷарроҳӣ ва муолиҷаи химиявӣ-радиатсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Бо камоли масъулият гуфтан метавонам, ки имрӯз мутахассисони мо метавонанд кулли намудҳои бемориҳои онкологиро табобат кунанд, ба шарте ки беморон сари вақт ташхис карда шаванд.

– Саратоншиносӣ, махсусан саратоншиносии кӯдакон, барои ҷомеа ва тандурустӣ мавзуи хеле дардовар аст. Рост аст, ки ҳар сол бори аввал қариб 200 нафар кӯдакони бемор барои ёрӣ ба Маркази саратоншиносӣ муроҷиат мекунанд?

– Мутаассифона, рост аст. Умуман, дар шуъбаи бачагонаи маркази мо ҳар сол зиёда аз 1000 нафар кӯдаки то 18-солаи гирифтори ТБ табобат мегиранд. Аз соли 1985 инҷониб дар назди Марказ ягона шуъбаи онкологияи бачагона дар ҷумҳурӣ амал мекунад, ки дар он ба ғайр аз кӯдакони гирифтори гемобластоз ҳамаи кӯдакон табобат мегиранд. Илова бар ин, дар Маркази саратоншиносии Суғд 10 кати онкологии кӯдакона ҷойгир карда шуда, дар назди ММТ «Шифобахш» шуъбаи гематологияи кӯдакона бо 30 кат фаъолият мекунад. Барои расонидани ёрии паллиативӣ ба кӯдакон дар шуъбаи кӯдаконаи МҶИС катҳои доимӣ ҷудо карда шудаанд.

– Табиб мерасад?

– Бале, мо бригадаи хуби онкологҳои кӯдакона дорем. Шуъба барои 35 кат пешбинӣ шуда,  бо технологияи мувофиқ муҷаҳҳаз гардидааст. Мушкил танҳо ин аст, ки дар ҷумҳурӣ ягон терапевти шуоии кӯдакона тайёр карда нашудааст.

– Фарзандони мо бо чӣ бемор мешаванд?

– Дар сохтори бемориҳои онкологии кӯдакон лимфомаҳо (31,3%), лейкозҳо (10,3%), саркомаҳо (9,4%), варамҳои гурда (9%), ретинобластомаҳо (5,5%) бартарӣ доранд.

-Онҳо табобатшавандаанд, ҳамин тавр не?

-Бале. Мо аз тадқиқотҳои муосири ташхисӣ (КТ,  МРТ, биопсия) фаъолона истифода мебарем, иммуногистохимия дар пойгоҳҳои шарикони хориҷиамон гузаронида мешавад. Духтурони шуъба ҷарроҳиҳо дар заминаи технологияҳои баланд, муолиҷаи шуоиро азхуд намуда, ба роҳ мондаанд. Бо вуҷуди ин, усули пешбари табобати кӯдакони гирифтори онкопатология табобат бо доруворӣ (полихимиотерапия) мебошад.

Диққати шуморо ба ҷанбаи зерин ҷалб кардан мехоҳам. Таҳлили марҳиланокии беморони муроҷиаткарда сатҳи баланди беэътиноӣ (марҳилаҳои III-IV) – зиёда аз 50% -ро нишон медиҳад. Ман аз волидайн боисрор хоҳиш мекунам, ки бо пайдо шудани гумони аввалин фавран ба духтур муроҷиат кунанд, то беморӣ ба марҳилаҳои баъдӣ нагузарад.

– Дар омади гап, шунидам, ки беш аз даҳ сол аст, ки ба беморони кӯчаки шумо як фонди хайрия бо номи зебою рамзии “Лона” кумак мекунад.

– Мо аз роҳбарият ва кормандони фонди хайриявии «Лона» барои ҳамдардӣ ва ёрии амалиашон ба кӯдакони бемор миннатдорем. Онҳо солҳои зиёд аст, ки шуъбаи бачагонаи моро бо дору ва таҷҳизоти навтарин таъмин мекунанд. «Лона» аз тамоми манотиқи Тоҷикистон барои кӯдаконе, ки дар шуъбаи кӯдаконаи Маркази саратоншиносии Русия табобат мегиранд, барои муолиҷаи химиявӣ доруҳо мехарад. Медонам, ки волидони беморони хурдсоли мо низ аз онҳо хеле миннатдоранд.

– Масъалаи дар марҳилаҳои аввали (I-II) бемориҳои онкологӣ ошкор намудани онҳо имрӯз ҳам муҳим боқӣ мемонад. Пеш аз ҳама, аз сабаби ба қадри кифоя огоҳ набудани аҳолӣ аз аломатҳои аввали маризӣ. Ҳоло ба Маркази саратоншиносӣ барои ташхиси дақиқи беморӣ чанд вақт лозим аст?

– Солҳои пешин раванди муайян кардани касалӣ 15-16 рӯзро фаро мегирифт. Якчанд сол пеш мо тавонистем вақти ташхисро то як ҳафта кам кунем. Ҳоло бо истифода аз дастгоҳи муосири олмонии «Криостат» ташхиси фаврии гистологӣ ҳамагӣ ним соат вақтро мегирад. Шояд шумо ба дурустии ин таҳлилҳо низ таваҷҷӯҳ дошта бошед: он тақрибан 90 дарсадро ташкил медиҳад, ки ба нишондиҳандаи миёнаи кишварҳои минтақа баробар аст.

– Саволи охирин. Азбаски шумо зуд-зуд ба кишварҳои хориҷӣ сафар карда, аз марказҳои саратоншиносии он кишварҳо дидан мекунед, эҳтимол, шумо ба нархи онҳо барои хизматрасонӣ ба беморон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунед. Метавонед арзиши табобатро дар онҳо ва дар мо муқоиса кунед?

– Имрӯз дар кишвар дараҷаи техникӣ ва касбии кумак ба беморони саратон аз мамлакатҳои Ғарб поён нест. Гузашта аз ин, агар ҷузъи иқтисодии ин масъаларо ба назар гирем, пас метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон он даҳ баробар арзонтар аст. Масалан, лобэктомияи торакоскопӣ ё тимомэктомия дар Фаронса ва Олмон барои беморон ба ҳисоби миёна 25 000 евро, дар Туркия 10 000 евро, дар Исроил 27 000 евро арзиш дорад. Ҳангоми саратони сина мастэктомияи радикалӣ, яъне бурида гирифтани ғадуди шир дар кишвари мо ройгон иҷро мешавад, аммо дар хориҷи кишвар, масалан, дар Олмон нархи он 9000 евро, Исроил 14000, Туркия 5000, Кореяи Ҷанубӣ 6 000 доллар, дар ИМА 20 000 доллар аст…

Хуршеди ҶОВИД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь