Чанд нуктаи муҳим, ки бояд гуфт

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали паҳншавии вируси COVID-19 барои пешгирӣ ва коҳиши таъсири манфии он ба вазъи саломатию иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодии сокинони мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ намуд. Яке аз ин иқдомҳои муҳим фарогирии аҳолӣ бо ваксинатсия мебошад. Аз ҷумла, аз 8 марти соли 2021 то инҷониб давра ба давра ба миқдори 18,1 милион вояҳои ваксинаҳои Модерна, Файзер, АстраЗенека, КоронаВак ва Гам-Ковид-Вак ворид шуда, тибқи талабот ва нақшаи миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас карда шудаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки ваксинаҳои номбаршуда, махсусан Модерна ва Файзер, аз нимаи дувуми соли 2020 барои истифода пешниҳод шуд ва миллионҳо сокинони сайёра аз он истифода бурданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) фаъолнокии онҳоро дар подтан (антитело) тасдиқ карданд ва ин дар амалия низ собит шуд.

Тибқи нақшаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии сину соли аз 18 сола боло ба чорабинии иммунизатсияи зидди сирояти нави коронавирус COVID-19 фаро гирифта мешавад. Аҳолии дар назардошташуда 5,4 милион нафар мебошад. Фосилаи байни вояи як то ду ва дигар аз 4 то 8 ҳафтаро дар бар мегирад.

Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шарикони ҳамкор пайваста ба ҷумҳурӣ вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти нави коронавирус COVID-19 ворид шуда истодаанд.

– Бояд гуфт, ки вояҳои ваксинаҳо дар анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот интиқоли онҳо ба шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад, – мегӯяд масъули соҳа аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Эмомалӣ Мирзоев.

Бино ба гуфтаи мутахассисон, ҳанӯз ҳам саҳлангории баъзе аз намояндагони ҷомеа дар робита ба ваксинатсия мушоҳида мешавад. Аз ин сабаб, корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқот ва тарғиботи табибон дар маҳалҳо бисёр муҳиму таъсиррасон аст. Шеваи нарм ва бархӯрди дурусти табибони оилавӣ бо сокинон асоси фарогирӣ бо ваксина мебошад.

Зикри ду нукта муҳим аст: яке расидан ба қадри фаъолияти табибони оилавӣ, ки қариб ҳамарӯза тавассути усули хона ба хона ваксинатсияро идома медиҳанд, дувум, аз назари солимӣ омода будани организми аҳолӣ ба гирифтани вояҳои нав. Дар ин росто, аз табибон низ хоҳиш карда мешавад, ки нахуст саломатии ваксинагирандаро пурра санҷанд ва минбаъд ба эмгузаронӣ иҷозат диҳанд. Дар навбаи худ, аҳолӣ низ аз хурофоту овозаҳои беасос каноар ҷуста, беҳтар аст, ки ба илм ва амалияи он бовар кунанд.

Дар таърихи илм усул ва шеваҳои дурусту санҷидашудаи Абуалӣ ибни Сино барои пешгирии бемории вабои дар Хоразми қадим рухдода боиси ёдоварист. Ин ҳакими фарзона таъсири амалии даво, парҳезу беҳдошт, покиву назофат ва худшиносиро омили раҳоӣ аз кулли офату бемориҳо дониста буд. Дар осори ӯ ва китобҳои олимони дигари соҳаи тиб ягон вақт амалҳои хурофотӣ ва боварҳои ғайритасаввуротӣ омили таъсиргузору манфиатбахш ба шумор нарафтаанд.

Дар Муроҷиатномаи Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум низ ин нукта ба таври равшан таъкид гардидааст: «Эмгузаронӣ ба муқобили бемориҳо дар робита ба ҳифзи ҳаёт ба воситаи муҳофизат намудани он аз хавфу хатари беморӣ ба шариат мувофиқ аст. Вақте ки аз нигоҳи шариат ба эмгузаронӣ назар кунем, аҳамияти он зоҳир мегардад, чунки ҳар чизе, ки инсонро аз зарар эмин медорад, онро шариат мутобиқи қоидаи ҷилавгирӣ аз зарар ҳатман тақозо менамояд. Дар китоби Қуръон омадааст: “Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва накӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо накӯкоронро дӯст медорад. (Сураи “Бақара”, оят 195)».

Ба ин хотир, дар асри ХХI ба ҳама гуна фаҳмишҳову таълимоти хурофотӣ рӯ овардан, ҳалокатбор аст. Ваксина омили ягонаи муҳофизати инсон ва таҳкими масунияти ӯ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, бовар дорем, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории каронавируси COVID-19 дар тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён мегирад ва сокинон ба қадри ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, ташкилоту созмонҳои хайрхоҳ, бавижа дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузор хоҳанд буд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,

рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here