Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ашт баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Зимни суҳбат роҳбари шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ашт Турдиалиев Қурбоналӣ Ҳамроалиевич иброз дошт, ки кормандони соҳаи тандурустии ноҳия бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ҷидду ҷаҳд доранд, то дар боло бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ саҳми босазои хешро гузоранд. “Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа мансуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат – боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тибби ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд”, – зикр намуд Қ. Турдиалиев ҳангоми суҳбат ба хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон.

Дар ин давра сохта мавриди истифода қарор додани иншоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ ва ёрирасон, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахасисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва дигар тадбирҳо шоистаи шукргузорӣ мебошад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт суханони роҳбари давлат: “Табибон вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст”-ро сармашқи корӣ интихоб намуда, онро сарбаландона иҷро менамоянд.

Сохтори умумӣ

Шабакаи КАТС ноҳияи Ашт дар тобеияти худ 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 18 Маркази саломатии деҳот, 35 Хонаҳои саломатиро муттаҳид намуда, ба беш аз 173 000 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Ҳамчунин, дар назди Маркази саломатии ноҳиявӣ 5 маркази барномаҳои миллӣ фаъолият мебаранд. Дар умум дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳия 120 нафар табибони маълумоти олидор ва 587 нафар кормандони миёнаи тибб ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ машғул мебошанд. Таъминот бо табибон ба 10000 нафар аҳолӣ ба 6,9 баробар буда, ин нишондод мутаносибан ба кормандони миёнаи тибб 33,9% аст. Воҳидҳои корӣ ба табибон ва коркунони миёнаи тибб барои нуҳмоҳаи соли 2021 пешбинишуда ба пуррагӣ банд мебошад. Ҳамзамон дар қатори муассисаҳои сохтори КАТС Беморхонаи хусусии физиотерапевтӣ дар назди Заводи намак фаъолият мебарад.

Дар 9 моҳи соли 2021 дар марказҳои саломатӣ ба 372788 (соли 2020 – 380412 нафар) нафар ниёзмандон аз тарафи табибон кӯмаки тиббӣ расонида шуд. Аз он ҷумла, ташриф ба хона дар ин давра дар марказҳои саломатӣ 86115 (соли 2020 -78387 нафар) нафар, ташриф ба духтурони стоматологҳо 26597 (соли 2020 -24352 нафар) нафарро ташкил медиҳад.

Айни ҳол 3 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, 6 нафар иштирокчиёни садамаи Чернобил ва 117 нафар ҷанговарони интернасионалист зери назорати диспансерӣ қарор доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ 1560 нафар никоҳшавандагон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.

Маблағгузорӣ

Барои муассисаҳои КАТС-и ноҳия дар 9 моҳи соли 2021 7815070 сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд, ки аз ин 7814070 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ мақсаднок харҷ гардида, иҷрои нақшаи буҷет 99,9% ташкил медиҳад.

Маблағҳои пешбинишуда барои харидории доруворӣ ва сӯзишвории нақлиёти санитарӣ кофӣ набуда, имконияти харидории доруворӣ ва сӯзишворӣ ба нақлиёти санитарии муассисаҳои КАТС-и деҳотро маҳдуд менамояд.

Бо қарорҳои Раиси ноҳия ҷиҳати таъмини эҳтиёҷмандон, кӯдакони маъюб ва занҳои ҳомила бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ мутаносибан 6000 сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд, ки он мақсаднок истифода бурда шуд.

Аз хизматрасонии пулакӣ дар озмоишгоҳҳо, утоқҳои сабти барқии дил, утоқҳои дандонпизишкӣ ва муоинаи тиббӣ дар маҷмуъ ба хазинаи Маркази саломатӣ 917819 сомонӣ даромад карда шуд, ки он барои пардохти музди маош ва харидории дорувориву таҷҳизот масраф гашт.

Барномаҳои миллӣ

Бо мақсади таъмини иҷроиши барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар назди маркази саломатии ноҳиявӣ маркази мубориза бар зидди бемории сил фаъолият мекунад. Дар марказ воридоти «Стратегияи ДОТС» ҷорӣ шудааст ва дар асоси он ташхис ва табобати мубталоёни ройгон сурат мегирад. Марказ нақлиёт ва компютер дошта бошад ҳам, вале бо сабаби гузаштани солҳои зиёд автомобил таъмирталаб ва компютер тамоман корношоям гаштааст. Айни ҳол дар марказ 35 нафар бемор ба қайд гирифта шудаанд.

Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо утоқҳои корӣ ва компютер таъмин мебошад. Баҳри иҷрои мақсадҳои барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим соли ҷорӣ аз хонандагони синфҳои 9-11 дар мавзӯъҳои пешгирии бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи сил, ҳорӣ, ботулизм, диабети қанд диктантҳо гирифта шуданд. Дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ин беморӣ бо ВАО маҳаллӣ пайваста ҳамкорӣ карда мешавад.

Тибби оилавӣ

Дар ноҳия бо дастгирии «Бонки умумиҷаҳонӣ» тайи солҳои 2006-2010 60 нафар табиб, 5 нафар аз ҳукумати маҳаллӣ ва 137 нафар корманди миёнаи тибб курси 6 – моҳаи тибб оилавиро дар Маркази ҷумҳуриявии таълими клиникавии тибби оилавӣ дар ш. Хуҷанд гузашта, соҳиби ихтисоси нав гаштанд. Имрӯз 60 нафар табибони тибби оилавӣ ва 137 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ дар муассисаҳои КАТС ноҳия фаъолият намуда истодаанд. Ҳамаи мутахассисони фаъолиятдошта бо борхалтаи КТО таъмин мебошанд. Бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ ба мутахассисони тиббӣ оилавӣ аз тарафи «Бонки умумиҷаҳонӣ» бинои 8 маркази саломатӣ аз нав сохта ва таҷҳизонида шуд. Бинои 2 Маркази саломатии деҳот таъмиру тармим ва таҷҳизонида шуданд.

Дар ноҳия ба ҳар як табиби оилавӣ ба хисоби миёна 2130 нафар аҳолӣ вобаста карда шудааст. Дар 9 моҳи соли 2021 табибони оилавӣ ба 165404 нафар эҳтиёҷмандон хизмати тиббӣ расониданд, ки ба 80132 нафари ин ниёзмандон хизматрасонӣ бо усулӣ хонагӣ сурат гирифтааст. Бо мақсади кам намудани фавти модару кӯдак назорати антенаталӣ аз рӯи стандартҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст.

Муаммоҳои ҷойдошта

Табиист, дар ҷое камбудӣ пайдо намешавад, ки агар он ҷой кор набошад. Муассисаи КАТС ноҳияи Ашт низ аз ин қонуни ҳаёт орӣ нест. Биноан, дарёфт намудани маблағ барои сохтмони хонаи саломатии Муломир, таъмини нақлиётҳои марказҳои саломатии деҳот бо сӯзишворӣ, ба марказҳои  саломатии деҳот харидорӣ намудани 1 адад дастгоҳи сабти  барқии  дил, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани озмоишгоҳҳои марказҳои саломатии деҳот, аз таъмири пурра баровардани Маркази саломатии ноҳиявӣ ва мутобиқ гардонидани хуҷраҳо барои қабули беморон, норасоии кадрҳо, андешидани чораҳо оид ба ҳаллу фасли норасоии воҳидҳои корӣ ба барномаи тарзи ҳаёти солим ва барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва ба Маркази пешгирӣ аз бемории ВНМО/БПНМ аз зумраи он муаммоҳое мебошанд, ки бояд вобаста ба имконот ва фурсат дар ҳамдастӣ бо мақомоти марбута ҳалли саривақтии худро пайдо намоянд.

Умед ба фардои нек

Роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС – и ноҳияи Ашт Қурбоналӣ Турдиалиев дар мавриди беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти саломатии мардум бар ин назар аст, ки омӯзиш ва таъмини иҷроиши Стратегия «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ”, беҳтар намудани сатҳу сифати кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ, марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузоштаи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии фаврӣ, ҳамчунин, беҳтар намудани хизматрасонии аввалияи тиббӣ ба модарону кӯдакон ва ба ин васила, фавти онҳоро пешгирӣ намудан, паст намудани таваллудҳои хонагӣ, вусъат бахшидан ба эмгузаронии кӯдакони навзод оиди пешгирии бемории сил ва иҷроиши барномаҳои миллии соҳаи тандурустиву соҳаи ташхису табобат аз рӯи протоколҳои клиникӣ дар муассисаҳои тиббӣ дар маҷмуъ қодир аст, ба баланд бардоштани маърифати тиббӣ дар байни аҳолӣ боис гардад ва ба ин васила нуфузу эътибори соҳаи тандурустии кишварро боз ҳам болотар бардорад.

Қурбоналӣ Ҳамроалиевич бо зикри ин нуктаҳои муҳими фаъолияти шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳияи Ашт ҳамчунин иброз дошт, ки “бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, КАТС-и ноҳияи Ашт низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва раиси ноҳия бо мақсади тараққиёти ин соҳа ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ, таъмини сифати доруворӣ ва воридоти технологияи нав ва муосири ташхису табобат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи саломатии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош менамоем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии сокинонаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз саломатии миллат сарчашма мегирад. Ва саломатии миллат бошад, ин ганҷи ноёби давлат аст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь