Кормандони тибби беморхонаи марказии шаҳри Бохтар дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар давоми 5 моҳи аввали соли равон корҳои назаррасеро ба сомон расониданд.

Бо мақсади ошноӣ аз фаъодияти Беморхонаи марказии шаҳри Бохтар хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сартабиби беморхонаи мазкур Умарзода Умедҷон Умар суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Пояи кадрӣ

Дар оғози суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки дар беморхона 288 нафар (230 нафар занон) корманд кор мекунад, ки аз байни онҳо 32 нафарро духтур, 150 нафарро корманди миёнаи тиб, 74 нафарро корманди хурди тиббӣ ва 32 нафарро корманди хоҷагидорӣ ташкил медиҳад.

Аз байни духтурони дараҷанокии касбӣ дошта: дараҷаи олидор 8 нафар, дараҷаи 1-ум 7 нафар ва дараҷаи 2-ум 5 нафарро ташкил медиҳанд. Дар байни кормандони миёнаи тиббӣ дараҷаи олидор 39 нафар, дараҷаи 1-ум 19 нафар ва дараҷаи 2-ум 25 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар ин муддат ҳамагӣ 22 нафар корманд ба кор қабул карда шуд, ки 1 нафари онҳо табиб, 13 нафари онҳо корманди миёнаи тиб, 1 нафар корманди хоҷагидор ва 7 нафар фаррош буда, 9 нафарашонро корманди ҷавон ташкил медиҳанд.

Дар давоми 5 моҳи аввали соли равон 7 нафар табиб ва 10 нафар корманди миёнаи тиб барои такмили ихтисос ва ихтисосгирии аввалия равон карда шуданд.

Бояд ёдовар шавам, ки дар беморхона занони роҳбарикунанда 4 нафарро ташкил медиҳад.

Хидматрасонӣ

Ҳамзамон, номбурда зикр кард, ки дар ин муддат ҳамагӣ 68 мактуб аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва дигар сохторҳо ворид шуда, ба ҳамаи онҳо ҷавоб гардонида шуда, дар умум 115 мактуб содирот гардидааст. Инчунин дар ин давра 103 нафар муроҷиати шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуд, ки тамоми муроҷиатҳо ҳалли худро ёфтанд.

Беморхона дорои 6 шуъба мебошад, аз он ҷумла шуъбаи қабул, шуъбаи ҷарроҳӣ, шуъбаи таваллуд, шуъбаи амрози даруна, шуъбаи эҳёгарӣ ва шуъбаи таҳлилгоҳ. Беморхона дорои 120 кат мебошад, ки 40 кат ба шуъбаи ҷарроҳӣ, 60 кат ба шуъбаи таваллуд ва 15 кат ба шуъбаи амрози даруна  ва 5кат шуъбаи эхегари мансуб мебошад.

Дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ дар беморхонаи шаҳри Бохтар 2271 нафар беморон бистарӣ гардида, 2199 нафар беморон табобат ёфта ҷавоб шудаанд, ки ин 10322 кат-рӯзҳоро ва 56.2%-и иҷроишро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6% зиёд мебошад.

Дар ин муддат 2069 нафар занон (565 нафари он сокини шаҳр) барои табобат ва зоиш дар шуъбаи таваллудхона бистарӣ гардида, 2023 нафар беморон табобат ёфта, ҷавоб шудаанд, ки 88.7% иҷроиши нақшаро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,7% зиёд мебошад.

Дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ 1791 зоиш (217 нафар сокини шаҳр) ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагӣ ба 348 нафар буриши қайсарӣ гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18 нафар зиёд мебошад. Дар ин муддат 1786 нафар навзодон дар шуъбаи таваллуд ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 нафар зиёд мебошад.

Рисолати кабӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф афзуд, ки дар шуъбаи ҷарроҳӣ дар ин давра 347 бемор ворид шуда, 317 бемор ҷавоб шуд, ки ин 38.3%-и иҷроишро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 % зиёд мебошад. Ҳамагӣ дар шуъба 303 ҷарроҳӣ гузаронида шуд, ки 220 ҷарроҳӣ ба таври фаврӣ ва 80 ҷарроҳӣ ба таври нақшавӣ мебошад.

Дар шуъбаи амрози даруна дар ин давра 133 нафар бистарӣ гардида, 127 нафар ҷавоб дода шуд, ки 1330 кат-рӯз ва 45.9%-и иҷроишро ташкил медиҳад.

Дар шуъбаи тахлилгоҳӣ дар 5 моҳи соли равон ҳамаги 22647 таҳлил гузаронида шудааст. Аз он ҷумла, таҳлили хун ба 3063 нафар, таҳлили умумии пешоб ба 3050 нафар, таҳлили фазла ба 2224  нафар, Таҳлили биохимявии хун 14310 нафар гузаронида шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар беморхона шуъбаи ҷарроҳӣ, шуъбаи амрози даруна, шуъбаи таваллуд, ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, ҳуҷраи рентген, ҳуҷраи даруннигорӣ ва сабти барқи дил таҳти  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2008 №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» фаъолият намуда истодаанд.

Тибқи нақшаи пешбинигардидаи қарори №600 дар 5 моҳи авали соли 2025 ба буҷаи беморхона  379540 сомонӣ ворид гардидааст, ки 107%-и иҷроишро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар доираи қарори мазкур ба 66 нафар ба маблағи 12085 сомонӣ ба таври ройгон хизматрасонӣ карда шуд. Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки дар беморхона аз ҳисоби маъмурият ҳамарӯза навбатдориҳои шабонарӯзӣ ташкил намуда, мунтазам рейдҳо гузаронида мешавад.

Дар фароварди суҳбат номбурда тазаккур дод, ки кормандони беморхона кушиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳи сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолии шаҳри Бохтар боз ҳам хуб намуда, баҳри ташхис ва табобати беморон ҳамарӯза фаъолият намоянд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь