Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шабакаи Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант хабарнигори МТЖТ бо роҳбари шабакаи мазкур Ғуломов Баҳодур Сафаралиевич суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаши хонандагон мегардад.

Чунончӣ, гуфта шуд, дар 5 моҳи соли 2025 аз тарафи кормандони Шабакаи Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант корҳои назарас баҳри беҳбудии саломатии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи бемориҳои сирояткунанда ва баҳри иҷроиши фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва қарорҳои мушовараи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Барномаҳои миллии қабул намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раисони вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант иҷро карда шудаанд. Маҷмуи дастурҳо, конунҳо, карорҳо ва фармоишҳое, ки аз тарафи сохторҳои боло истода оид ба равнақи соҳаи тандурустӣ ирсол шудаанд, барои ҳалу фасли масъалаҳои марбути соҳаи тандурустии шаҳр бешубҳа кумаки амали мерасонанд.

Сохтор

Нахуст, ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки дар ҳайати Шабакаи Муасисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант чунин муассисаҳо вуҷуд доранд: Маркази саломатии шаҳрӣ 1 адад, Маркази саломатии деҳотӣ 5 адад ва бунгоҳи тибби 13 адад мебошад. Инҳо Маркази саломатии шаҳрӣ шаҳри Левакант, Маркази саломатии деҳотии Боҳтробод, Қули-Суфиён, Оқ-газа 1, Гулистон ва Зағертут Бунгоҳҳо: Боҳтуробод 2, Меҳробод, Эшонобод, деҳаи Вахш 1-2, Истиқлол, Оқ-газа 2, Сарбанд-1-2, Тоҷикобод, Обшорон ва Навобод мебошанд. ҳамзамон, мавсуф зикр кард, ки шумораи умумии аҳоли шаҳри Левакант 54323, кӯдакони то 1 сола 1421, кӯдакони то 5 сола 6738, кӯдакони то 14 сола 19289, то 18 сола 22887 нафар мебошанд. Шумораи умумии аҳоли шаҳри Левакант 54323, кӯдакони то 1 сола 1421, кӯдакони то 5 сола 6738, кӯдакони то 14 сола 19289, то 18 сола 22887 нафар мебошанд.

Аз тарафи маъмурияти Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант барои пеш бурдани иҷроиши Барномаҳои миллӣ дар соҳаи тандурустӣ қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони масъул таъин шудаанд ва фаъолият намуда истодаанд. Аз он ҷумла, ба Солимии репродуктивӣ, иммунизатсия, ҲАБС бемориҳои кӯдакона, зидди бемориҳои ҷоғар, зидди беморҳои Сил (ДОТС), зидди бемориҳои сироятии ҷинсӣ ва ВНМО, зидди бемориҳои камхунӣ то (норасоии оҳан), пешгирӣ, ташхис, зидди диабети қанд ва фарбеҳӣ.

Базаи кадрӣ ва хидматрасонӣ

Номбурда афзуд, ки дар 5 моҳи соли 2025 дар Муассисаҳои КАТС-и шаҳр 31 нафар духтурон ва 171 нафар ҳамшираҳои шавқат кор карда истодаанд. Коркунони хурди тиб 47 нафар, кормандони ғайри тиббӣ 28 нафар дар умум 278 нафар корманд кор ва фаъолият доранд. Аз ҳамширагон 28 нафар аз курсҳои кутоҳмудати такмили ихтисос гузаштанд.

Аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатӣ «Ҷайка» Ҷопон Роҳбари ШМ КАТС ва кормандони МСД Боҳтуробод ва БСД Қули Суфиён ба омузиш ба Ҷопон равона карда шудаанд.

Бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои вобаста ва пешгирии маъюбон, солимгардонии маъюбон дар 5- моҳи соли -2025 аз тарафи духтурон мутахасисони КАТС-и ш Левакант корҳои мушахасро ба иҷро расонданд. Айни ҳол мувофиқи маълумоти омори ҳамаги маъюбон дар муассисаҳои КАТС-и ш. Левакант 1194- нафар ба қайд гирифта шудааст.

Бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои пешгирии маъюби солимгардонии маъюбон дар 5- моҳи соли 2025 аз тарафи кормандон мутахасисони КАТС-и шаҳр мувофиқи нақша ва чорабиниҳо корҳои мушахасро оиди иҷроиши барномаи миллии тавонбахши маъюбон иҷро карда истодаанд. Дар 5- моҳ аз тарафи хадамоти давлатии тиббию ташхиси иҷтимои вилояти Хатлон ба 15-нафар бори аввал гуруҳи маъюби таъин карда шудааст, аз инҳо 5- нафар маъюбони то 18- сола мебошанд. Ҳамаи маъюбон ба қайд гирифта шуда, аз тарафи мутахасисони КАТС назорат бурда истодаанд. Дар 5 моҳи соли 2025 аз 1194 нафар маъюб дар қайд буда, 666-нафар дар 5-моҳи соли ҷорӣ аз муоинаи тибби назорати диспансерӣ гузашта, ба онҳо аз тарафи духтурон, мутахасисон тавсияҳо ва муолиҷаҳо фармуда шуд. Пиронсол 2-нафар маъюб бароварда шуд, 3-нафар маъюби кӯдак барои табобати солимгардонӣ чорбоғи ноҳияи Варзоб равон карда шуд. Барои солимгардони маъюби кӯдак дар деҳаи Боҳтуробод ҳуҷраи тавонбахши 5 нафар имконияташон маҳдуд равон карда шуд.

Назорати кӯдакон

Дар идомаи суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки айни ҳол занҳои қобили таваллуд 13393 нафар мебошанд. Истифодабарандагони маводҳои контросептивӣ 5560-нафар, 41,5% -ро ташкил медиҳад.

Оид ба фаъолияти Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона (ОРИ), (БДБ) дар соли 2025 дар Муассисаҳои КАТС нуқтаҳои обнушони бемориҳои диарея ташкил карда шудаанд. Маводҳои доруворӣ аз тарафи Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона Раёсати тандурустии вилояти Хатлон таъмин карда мешаванд.

Дар 5-моҳи 2025 сол, мувофиқи ҳисоботҳои пешниҳод намудаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии 604 навзод таваллуд шудааст, ки аз ин шумора 602 навзод дар шуъбаҳои тавалудхонаҳои шаҳри Левакант ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таваллуд шудаанд. Зидди бемории сил,-592 навзод (98,0%), бемории фалаҷи канора 604 навзод (100,0%) ва Зардпарвин В 604 навзод иммунизатсия гирифтаанд, ки (100,0%)-ро ташкил медиҳад.

Дар фароварди суҳбат номбурда изҳор дошт, ки барои боз ҳам беҳтар кардани хидматрасонии тиббӣ мо- кормандони тиб талош хоҳем кард, ки сифату маолаки касбии худро беш аз пеш боло бардорем ва ҳамзамон ба мардум хидмати шоиставу боиста намоем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь