Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Кушониён ва зертобеъи он хабарнигори МТЖТ бо сартабиби беморхонаи мазкур Толибов З. Суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Нахуст номбурда қайд кард, ки Беморхонаи марказии ноҳияи Кушониён ва зертобеъи он дар давраи ҳисоботии ҷамъбаст ва вазифаҳои минбаъдаи он муайян гардид, ки дар даврае гузашта истодааст, ки мардуми ноҳия баҳри амали намудани сиёсати пешгирифтаи дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор намудани пояҳои давлатдорӣ ва болоравии фарҳанги миллӣ сидқан меҳнат намуда истодаанд. Мебояд қайд кард, ки муассисаҳои госпиталии ноҳия ва сохторҳои он дар ин давра бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳия, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории заминҳои моддию техникӣ, иншоотҳои тандурустӣ дастрасӣ ба аҳолӣ, ба хусус дар деҳотҳои дурдаст аз хизматрасонии сифатнокӣ тиббӣ ва таъмини амнияти санитарии қаламрави ноҳия пайваста тадбирҳои судманд ба анҷом расонида истодааст.
Бояд қайд намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии барномаи мазкур ин амали намудани сиёсати давлатӣ, ба таври мақсаднок тайёр намудани кадрҳои тиббиӣ ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ, яке аз самтҳои афзалиятноки Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Заминаи кадрӣ
Ҳамчунин мавсуф изҳор дошт, ки дар қаламрави ноҳия як беморхонаи марказӣ, ду беморхонаи рақамӣ ва 4 беморхонаи минтақавӣ фаъолият менамояд.
Дар беморхонаи марказии ноҳия ва зертобеъи он 806 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки 75 нафар табибонро дар бар мегирад, 404 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 327 нафарашро кормандони хурд ва ғайри ташкил медиҳад.
Дар беморхонаи марказӣ ва зертобеъи он ҳамагӣ 75-нафар табибон фаъолият менамоянд, ки 22 нафар дорои дараҷанокии касбӣ мебошанд ва 31,9% -ро дар бар мегирад, ки аз ин 43 нафар ё ин ки 57,8%-ро табибони ҷавон ташкил медиҳанд.
Дараҷанокии касбии олӣ- 17 нафар, дараҷанокии касбии 1-ум 5 нафар мебошанд.
Ҳоло 401 нафар кормандони миёнаи тиббӣ кор карда истодаанд, ки 144 нафар дорои дараҷанокии касбӣ мебошанд ва 37,8%-ро дар бар мегирад, ки 257 ё ин ки 42,8%-ро ташкил медиҳад.
Дараҷанокии касбии олӣ 84–нафар, дараҷанокии касбии 1-ум 24 нафар, дараҷанокии касбии 2-юм -36 нафар мебошанд. Барои баланд бардоштани савияи дониш дар моҳи январи соли равон 3 нафар кормандони миёнаи тиббӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд.
Бистарикунонии беморон
Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки дар ҳудуди ноҳия 445 кат барои бистарикунонии беморон омода мебошад ва дар давраи ҳисоботӣ дар катҳои мавҷудбуда, бистари карда шуд, дар соли равон 3196 нафар (соли 2024- 2737 нафар) ва бо сабаби табобати пурра гирифтан 3011 нафар рухсати шудаанд, кат рӯзи беморон дар соли равон 22766 дастрасӣ меёбанд.
Беморхонаи №1, Бохтариён дорои 60 кат- 404 бемор бистарӣ кард, Беморхонаи №2, Заргар дорои 70 кат- 591 бемор бистарӣ намуд, Беморхонаи минтақавии Чорсу дорои 20 кат- 43 бемор бистарӣ карда шуд. Беморхонаи минтақавии Уртабуз дорои 20 кат-109 бемор бистарӣ кард, Беморхонаи минтақавии Сарвати Истиқлол дорои 15 кат- 13 бемор бистарӣ кард, Беморхонаи минтақавии Бустонқалъа дорои 15 кат- 22 бемор бистарӣ намуд.
Фаъолияти шуъбаҳо
Дар ҷараёни суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки таваллуд (зоиш) ҳамаги 902 нафар, беморхонаи марказӣ 596, беморхонаи №1 ҷ. Бохтариён 84 нафар, беморхонаи №2 ҷ. Заргар 165 нафар, беморхонаи минтақавӣ Уртабуз 57 нафар дар мегирад.
Дар 4 моҳи соли равон 269 нафар (соли 2024- 146) ҷарроҳӣ гузаронида шуд, фаврӣ 73 нафар (соли 2024-21нафар), нақшавӣ 196 нафар (соли 2024-58), шуъбаи ҷарроҳӣ 97 нафар (соли 2024-34 нафар), гушу-гулу-бинӣ- 143 нафар (соли 2024-140 нафар), занона-7 нафар (соли 2024- 3 нафар), амалиёти буриши қайсарӣ-17нафар (соли 2024- 7 нафар), амалиёти хурд-53 нафар, хатна -2 нафар гузаронида шуд.
Дар шуъбаи эхёгарӣ мадҳушкунӣ ҳамагӣ 89 нафар (соли 2024- 40), бо усули спиналӣ 39 нафар (соли 2024- 15 нафар), дохили варидӣ 33 нафар (соли 2024-21 нафар), эндотрахеалӣ 16 нафар (соли 2024-6 нафар) мебошанд.
Хидмати шоистаи шуъбаҳо
Шуъбаи ҷарроҳӣ дорои 50 кат, дар 4 моҳ соли 2025 қабул карда шуд 126 нафар, ҷавоб дода шуд 120 нафар, ҷарроҳӣ карда шуд 97 нафар аз инҳо то синни 18 сола 43 нафар, амалиёти фаврӣ 55 нафар, аз инҳо 26 нафар то синни 18 сола, амалиёти нақшавӣ 27 нафар то синни 18 сола 8 нафар, амалиёти хурд 7 нафар мебошад.
Шуъбаи гушу-гулу-бинӣ дорои 10 кат буда, дар 4 моҳи соли 2025 қабул кард 143 нафар, ҷавоб дода шуд 101 нафар, ҷарроҳӣ карда шуд 143 нафар аз инҳо то сини 18 сола 77 нафар, амалиёти нақшавӣ 143 нафар, то синни 18 сола 77 нафар, иҷроиши кат/рӯз 801 рост меояд.
Шуъбаи таваллуд дорои 40 кат мебошад, дар 4 моҳи соли равон бистарӣ карда шуд 762 нафар, ҷавоб дода шуд 709 нафар, зоиш 596 нафар, ҷарроҳӣ карда шуд 17 нафар, амалиёти фаврӣ 12 нафар, амалиёти нақшавӣ -5нафар мебошад.
Дар 4 моҳи соли равон шуъбаи амрози даруна 95 нафарро қабул кард ва баъди муолиҷа 88 нафар ҷавоб дода шуданд.
Шуъбаи қалб дорои 10 кат, дар чор моҳи соли ҷорӣ 84 нафар қабул карда шуд, аз инҳо 77 нафар баъди муолиҷа ҷавоб дода шуданд.
Шуъбаи сироятӣ дорои 40 кат, ки дар чор моҳи соли равон 154 нафар қабул карда шуд ва ҷавоб дода шуд 151 нафар.
Шуъбаи занона бошад дорои 25 кат, дар 4 моҳи соли ҷорӣ 216 нафар қабул карда шуд, аз инҳо 206 нафар ҷавоб гардиданд.
Шуъбаи кӯдакона дорои чил кат, дар чор моҳи соли равон 439-нафар қабул карда шуд ва баъд аз табобатгирӣ 423 нафар ҷавоб дода шуд.
Ба шуъбаи қабулгоҳ 2059 нафар муроҷиат карданд ва ҳамаи онҳо ниёзҳояшон бароварда гардида, аз ҷониби табибон хидматрасонӣ гардид, ки албатта, табибон рисолати худро анҷом доданд. Ҳамзамон, ба ҳуҷраи акси рентгенӣ хамаги-274, то синни 1 сола 37 нафар, то 5 сола 30 нафар, тосинни 18 сола 52 нафар, калонсолон 155 нафар, рентгени қафаси сина 108, устуғонҳо 62, беморони сил 12 нафар, мавқеи рӯй ва ковокиҳои бинӣ 61, ба беморони бистаринамуда 54 нафар, ройгон 31 нафар, тадқиқоти рентгенӣ 883 нафар хидматрасонӣ карда шуд. Ҳуҷраи Ултрасадо дар 4 моҳи соли равон 416 нафарро қабул кард, ки аз инҳо кӯдакон 27 нафар, занҳо 195 нафар, мардҳо 194 нафар мебошанд. Ҳуҷраи хунгузаронӣ миқдори чакондашудаи хун Эр-взвес дар 4 моҳи соли ҷорӣ 15580 мл, зардоби хун 35890 мл, эритроситҳои шусташуда 4210 мл, криосепитат-7 доза, захираи умуми 5,16, зардоби хун-4,26, хун 0,90 мл-ро дар гирифт. Ҳуҷраи таҳлилгоҳ бошад хун-4014 , пешоб-4068, вараҷа-82, антиген-1421, СПИД-1618, БХ-1099, гиҷа-2033 ва RW-2022.
Будёкорӣ ва ободонӣ
Мавсуф қайд кард, ки тибқи барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, мувофиқи нақшаи пешбини гардида тозагии гирду атрофи Беморхонаи марказӣ ва зерсохтори он гузаронида мешавад. Аз тарафи кормандони соҳа корҳои ободонӣ дар назди саҳни беморхонаи марказӣ ва зерсохтори он боғчаи гул, дарахтони арча, инчунин барои гузаронидани маъракаи участкаи интихоботии №1 ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии “Кушониён-27 ” як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Маъмурияти беморхонаи маркази ва зертобеи он фаъолияти кории худро баҳри иҷроиши муқарароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи Саломатии аҳолӣ” ва дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, фармоишҳои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба роҳ монда ва дар раванди ҳифзи саломати иаҳолӣ, иҷро намудани технологияи муосири тиббӣ, усулҳои нави табобатӣ, беҳтар намудани заминаҳои моддию-техникӣ, муоширати баланди касбӣ бо натиҷаҳои беҳтару хубтар ноил гардида истодааст.
МТЖТ