Яке аз беҳтарин шириниҳо – ин эҳсоси саломатист. Орифе гуфта: «Ҳамдардӣ ба бемор бояд ҳаракати асосии ақл ва қалби табиб бошад.»
Бале, ҳақ ба ҷониби муаллифи ин суханҳост. Вақте мо аз чанголи дард раҳо мешавем, баъдан ба қадри саломатии худ ва заҳмати табибон мерасем, ки онҳо барои саломатии моро барқарор кардан чӣ заҳматҳое мекашанд.
Беҳуда нагуфтаанд, саломатии мардум боигарии давлат аст. Дар ҳамин руҳия кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ доимо талош бар он доранд, ки солимии мардуми ноҳия таъмин бошад. Онҳо ба беморони фаврию нақшавӣ ва ба тамоми муроҷиаткунандагони ноҳия ва берун аз он ёрии тиббии худро мерасонанд.
Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ шабу рӯз омодааст.
Иброҳимзода Сарахон, сартабиби БМН Восеъ мегӯяд, таъмири капиталии бинои БМН моҳи ноябри соли 2018 оғоз ёфт ва охири моҳи августи соли ҷорӣ ба пуррагӣ ба охир расид. Мебелҳо ва ҳамаи он таҷҳизоти муосири замонавии тиббӣ баъди таъмир ба пуррагӣ иваз карда шуда, алҳол мавриди истифода қарор доранд. Худи беморхона низ пурра таъмир шуда, тамоми таҷҳизоташ ба пурагӣ нав гардида, ба меъёрҳои байналмилалии соҳаи тиб ҷавобгӯ гардонида шудаанд. Маблағи умумии таъмир ва аз нав кардани ҳама ашёву таҷҳизоти БМН зиёда аз 2,7 миллион евроро ташкил мекунад. Маблағгузори таъмир бошад, Бонки рушди Олмон мебошад. Кушодашавии БМН бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҷашни 30 – солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки 4 октябр ба ноҳияи Восеъ ташриф оварда буд, сурат гирифт.
– Он таҷҳизотеро, ки ба беморхона ворид ва таъмин карда шуданд, муассиса то ба ин вақт нисфи онро надошт. Ҳамаи ин бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар аст, ки мо ба ин рӯзҳо расидем, – мегӯяд сартабиб.
Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ 10 шуъбаи бистаринамоӣ дошта, дорои 197 кат, 7 ҳуҷраи ёрирасон, 2 шӯъба (қабул ва таҳлилгоҳ) мебошад. Дар беморхонаи марказӣ 48 духтури маълумоти олидор бо дараҷаи олӣ 21 нафар, дараҷаи якум 6 нафар ва дараҷаи дуюм бошад, 13 нафар фаъолият доранд.
Беморхонаи марказӣ ҳамагӣ дорои 389.25 воҳиди корӣ мебошад, ки аз он 67.25 воҳиди кориро духтурон, 154.0 воҳиди кориро кормандони миёнаи тиб, 107.0 воҳиди кориро кормандони хурди тиб ва 61.0 воҳиди кориро кормандони фаъолияташон гуногун ташкил медиҳанд.
Дар 10 моҳи соли 2021-ум 3742 нафар бемор бистарӣ шуда, 3667 нафарашон саломатии худро барқарор гардонидаанд, 37,1 % – нақшаи иҷроиши кат – рӯзҳо буда, 20 фавт ба қайд гирифта шудааст.
Ҳоло дар беморхонаи марказӣ барои ба аҳолӣ хизмати ҷарроҳӣ расонидан 5 шуъбаи махсусгардонидашудаи иборат аз 120 кат ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла: 30 кат дар шуъбаи ҷарроҳии калонсолон, 10 кат дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона, 20 кат дар шуъбаи шикастабандӣ фаъолият мекунад. Инчунин, 30 кат дар шуъбаи таваллудхона, 20 кат дар шуъбаи урология ба мардум хизмат мерасонанд.
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар беморхонаи марказӣ хатнаи 106 нафар кӯдак ба қайд гирифта шудааст. Шумораи ҷарроҳиҳо бошанд, дар беморхона ҳамагӣ 860 ҳолат аст, ки 717 -тои он таъҷилӣ ва 143 ҳолати дигар нақшавӣ мебошанд. 189 ҳолати амалиёти ҷарроҳиҳо дар шуъбаи таваллудхонаи беморхона гузаронида шудааст.
Ҳамчунин, дар ҳудуди ноҳия беморхонаҳои минтақавии рақамии 1,2,3,4,5 фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 21 нафар духтур, 157 нафар корманди миёнаи тиб пайи табобати мардуми ноҳия мебошанд.
Беморхонаи рақами 1 воҳидҳои корӣ 48,25 буда, дорои 15 кат, 5 табиб, 24 нафар кормандони миёнаи тиб, 14 нафар кормандони хочагӣ ва техникӣ ва 11 нафар дигар шуғлҳо. Шумораи ҳамаи кормандон бошад, 54 нафарро ташкил мекунад.
Беморхонаи рақами 2 воҳидҳои корӣ 47,5 буда, дорои 15 кат, 1 табиб, 20 нафар кормандони миёнаи тиб, 13 нафар кормандони хочагӣ ва техникӣ ва 13 нафар дигар шуғлҳо. Шумораи кормандон бошад, 47 нафарро ташкил мекунад.
Беморхонаи рақами 3 воҳидҳои корӣ 121 буда, дорои 40 кат, 6 табиб, 69 нафар кормандони миёнаи тиб, 28 нафар кормандони хоҷагӣ ва техникӣ ва 35 нафар дигар шуғлҳо. Шумораи умумии кормандонаш 138 нафарро ташкил мекунад.
Беморхонаи рақами 4 воҳидҳои корӣ 42 буда, дорои 15 кат, 1 табиб, 17 нафар кормандони миёнаи тиб, 15 нафар кормандони хоҷагӣ ва техникӣ ва 19 нафар дигар шуғлҳо. Шумораи ҳамаи кормандон 52 нафарро ташкил мекунад.
Беморхонаи рақами 5 воҳидҳои корӣ 48,5 буда, дорои 20 кат, 8 табиб, 25 нафар кормандони миёнаи тиб, 24 нафар кормандони хоҷагӣ ва техникӣ ва 12 нафар дигар шуғлҳо. Шумораи кормандонаш бошад, 69 нафарро ташкил мекунад.
Беморхонаҳои рақамии ноҳия дар маҷмуъ дорои 307,25 воҳиди корӣ буда, дорои 105 кат, 21 табиб, 155 нафар кормандони миёнаи тиб, 94 нафар кормандони хоҷагӣ ва техникӣ ва 90 нафар дигар шуғлҳо иборатанд. Шумораи ҳамаи кормандон бошад, 360 нафарро ташкил мекунад.
Дар Беморхонаи байниноҳиявии бемориҳои сил дар 10 моҳаи соли 2021 се духтури маълумоти олидор, ки бо дараҷаи олӣ – 1 нафари он, дараҷаи якум 1 нафараш ва дараҷаи дуюм бошад, 1 нафар фаъолият доранд. Беморхонаи номбурда дорои 60 кат, 59 бемори ҷавобшуда, ки 80,6 % – иҷроиши кат рӯзро таъмин мекунад.
Маркази бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ бошад, 4 табиб дорад ва бо дараҷаи олӣ 1 нафари онҳо ва дараҷаи дуюм бошад, 3 нафар фаъолият доранд. Беморхона, ки дорои 9 кат аст, дар 10 – моҳаи соли 2021. 73 бемори ҷавобшуда дорад, ки ин 57,6 % – иҷроиши кат рӯзро ташкил мекунад.
Дар ин радиф зикр кардан ба маврид аст, ки Бибиниссо Раҳимова – акушер-генеколог, Миҷгонаи Файзиддинзода – акушер-генеколог, Икром Имомов – духтури эҳёгар, муовини сардухтур оиди табобат, Воҳидшо Дӯстов – табиби ҷарроҳи кӯдакона, Қаюм Алматов – табиби амрози даруна, Бобохон Шарипов – табиби бемориҳои дил, Фатҳиддин Шарипов – табиби кӯдакона, Суҳайлӣ Афғонов – табиби бемориҳои дилу асаб, Файзалӣ Раҷабов – табиби шикастабанд, Довуд Пирбоев – табиби уролог, Санавбар Давлатова – сартабиби беморхонаи рақами 4, ҷамоати ба номи Худоёр Раҷабов, табиби амрози даруна, Сайфулло Розиқов – сартабиби беморхонаи рақами 3, табиби кӯдакона, Шариф Сафаров – сартабиби беморхонаи рақами 2, деҳаи Кадучӣ, табиби амрози даруна, Сафарзода Ҳабиб – сартабиби беморхонаи рақами 5, деҳаи Охҷар, табиби ҷарроҳи кӯдакона, Нуриддин Бобиев – сартабиби беморхонаи рақами 1, деҳаи Зардолубоғ, табиби кӯдакона, Хайрулло Амиров – сармуҳосиби БМН, Шуҳрат Алиев – сарпарастори калони БМН. Маҳбуба Бековна – акушер-генеколог, Абдулло Назаралиев – табиби амрози даруна, Одинашо Қурбонов – табиби шикастабанд аз ҷумлаи табибоне ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ дар ин соҳа кор карда, дар байни мардуми ноҳия соҳиби ҳурмату эҳтироми махсус гаштаанд.
Билоли Шамс, МТЖТ