Бе саломатӣ хушбахтӣ ҳам номумкин аст. Вақте саломатии ҳар яки мо халалдор мешавад дарҳол мо паи ҷустани дармон мешавем. Дармони аввалинамон ин табибон ҳастанд, ки эшон ба мо кӯмак мекунанду саломатӣ мебахшанд. Мо то сиҳат нашавем ва саломатии худро барқарор накунем дар андешаи хушбахтӣ ва дигар корҳо нестем. Пас то вақти сиҳат шудан ва роҳ ба сӯи хушбахтӣ кушодан кӣ ҳамроҳи ту буд ва ҳаст? Албатта табибон. Табибони ҳақиқӣ мудом паи омӯзиш ҳастанд ва аз болои пешаи худ кор мекунанд. Чунинанд табибони КАТС-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ки дар бораи фаъолияташон мо чанд сухане рӯи сафҳа меорем.
Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ҳамадонӣ супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ шабу рӯз омода ҳастанд. Беҳуда нагуфтаанд, саломатии мардум боигарии давлат. Бо ҳамин мақсад кормандони КАТС-и ноҳия Ҳамадонӣ доимо талош бар он доранд, ки солимии мардуми ноҳия таъмин бошад.
Дар ноҳия зиёда 164737 нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд дар ҳамин давраи соли гузашта 161041 нафар ба қайд гирифта шуда буданд. Аз ин миқдор 84326 нафарашон мард ва 80413 нафарашон занҳо мебошанд. Занони қобилияти таваллуддошта 37886 нафар. Ба ин миқдор аҳолӣ 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 20 маркази саломатии деҳотӣ, 23 бунгоҳи саломатӣ, ва маркази солимии репродуктивӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.
– Марказ аз шуъбаи тибби оилавӣ, шуъбаи машваратии ташхисӣ, таҳлилгоҳи клиникии ташхисӣ, ҳуҷраи флюографӣ – рентгенӣ, ҳуҷраи ташхисии фавқулсадоӣ ва ҳуҷраи даруннигорӣ (гастроскопия), сабти барқии кори дил, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, маҳскунӣ, ҳуҷраи эмгузаронӣ ва доругузаронӣ иборат аст. Кормандони муассиса дар асоси талаботҳои низомномавӣ, Барномаҳо, Қонунҳо, Қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва қарору фармоишҳои ВТва ҲИА ҶТ, Қарорҳои Раиси ноҳия дар пешгирии бемориҳои сироятӣ, ғайрисироятӣ, амалисозии Барномаҳо дар сатҳ ва сифати ёрии тиббӣ, афзалият дар самтҳои хизматрасони ба модару кӯдак, рушди тибби оилавӣ ва ёрии фаврӣ фаъолият намуда, ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд. Самарабахшии захираҳои кадрӣ омили асосии пешрафт дар самти хизматрасонии тиббӣ мебошад, ки он аз тахассуснокӣ ва ҷобаҷогузории дурусти онҳо вобаста аст. Дар самтҳои фаъолияти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои КАТС то ба имрӯз 737 корманд кор ва фаъолият менамояд, аз ҷумла табибони маълумоти олидор 85 нафар (49 нафар табиби оилавӣ) корманди миёнаи тиббӣ 547–нафар, корманди хурди тибби 85 – нафар ва дигар кормандон 23 – нафарро ташкил медиҳад. Норасогии кадрӣ аз ҳисоби табибони маълумоти олидор 9.0 воҳиди корӣ (табиби оилавӣ). Воҳиди кории ҳамшираҳои тиббӣ бошад ба пуррагӣ банд мебошад.
Бароталӣ Абдулоев табиби оилавӣ, Ҷонона Одинева директдори маркази солими репродуктивӣ, Гулшан Акобирова муовини КАТС оиди беморони маҷрӯҳ, Тахмина Шерхонова табиби занона ва боз чандин нафар табибони дигари мо устодони касби худ буда, дар байни сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ сазовори обрӯ ва эҳтироми махсус ҳастанд. Дар рӯзи кормандони тиб ва рӯзҳои иди соҳибистиқлолии кишвар, ҷашни Наврӯз аз ҷониби иттифоқҳои касабаи муассиса собиқадорони соҳа ҳар сол даъват шуда, ҳавасманд гардонида мешаванд- мегӯяд, Муродбек Муллоев, роҳбари муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ.
Дар муассисаҳои КАТС дар 4 моҳи соли 2025 шумораи умумии қабул 83225 нафар. Аз онҳо калонсолон 40780, то синни 14 сола бошад 42445 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи даъватҳои хизматрасонидашуда ҳамагӣ 54180, бо сабаби бемори 21970 нафар. Аз муоинаи профилактикӣ гузаронида шуд 81560 нафар.
Оид ба иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 таҳти № 374 дар бораи қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда дар давоми 4 моҳи соли ҷори 169 нафар мард – 84 нафар, зан – 85 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, бо ташхисҳо ва таҳлилҳои лабораторӣ, муоинаи ВМНО таҳлили хун барои аксуламали Васелман(оташак), таҳлили гуруҳи хун гузаронида шуд. Ба ҳама шахсони аз муоина гузаронида шуда хулоса оиди вазъи саломатӣ дода шуд.
Шумораи умумии маъюбон то 01.03. 2025 сол дар ноҳия 3004 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 583 нафарашон кӯдакони маъюби то 18 сола мебошанд, 2421 нафарашон калонсолон. Дар се моҳи соли 2025 аз тарафи комиссияи машварати тиббӣ 128 нафар маъюб ба хадамоти давлатии ташхиси тиббии иҷтимоӣ равон карда шуд, ки аз инҳо 54 нафарашон бори аввал маъюбӣ муқарар карда шуд, такроран – 66 нафар, ки аз ин калонсолон 84 нафар, калонсолон бори аввал 24 нафар ва кӯдакон 22 нафаро ташкил медиҳанд. Иҷроиши қарори 600 дар се моҳи соли 2025, нақшаи моҳона – 40000 сомонӣ, иҷроиш – 20377сомонӣ 50,9% ва муоинаи тиббӣ нақша – 139434 сомонӣ, иҷроиш – 40412 сомонӣ 29% -ро ташкил мекунад.
Билоли ШАМС