Бузурге мефармояд: “Чун офтоб ғуруб кунад, рӯшноӣ намонад. Пас, офтоб бояд шудан, то хавфи ҷудоӣ намонад». Ҳақ ба ҷониби муаллифи ин суханон аст, ки гӯиё барои кормандони Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Кӯлоб гуфта шуда бошад. Дар давраи фаъолият Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Кӯлоб ба мардуми ноҳия ва шаҳри Кӯлоб хизмати калоне карда истодааст.

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб шумораи аҳолӣ 217994 нафарро ташкил медиҳад. Баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб 70 адад муассисаҳои тандурустӣ, ки дар 21 муҳосибот марбут гардидаанд, хизмат мерасонанд. Аз инҳо 5 муассиса ба бахши госпиталӣ ва 66 адади дигар ба бахши кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рост меояд. Аз 70 адад муассисаҳои тиббӣ 15 адад дар ҳудуди шаҳр ва 55 адади дигар, аз ҷумла 1 адад Маркази саломатии ноҳиявӣ, 10 адад марказҳои саломатии деҳотӣ ва 40 адад бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳия ҷойгир мебошанд.

Шумораи умумии катҳои бистарикунонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 448 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла, Беморхонаи марказии ноҳиявӣ, ҷамоати деҳоти Зарқалъа – 1 адад, дорои 168 кат; Беморхонаи ноҳиявии №1, ҷамоати деҳоти Зарбдор – 1 адад, дорои 85 кат; Беморхонаи сироятӣ – 1 адад, дорои 130 кат; Таваллудхонаи шаҳрӣ – 1 адад, дорои 45 кат; Маркази мубориза бар зидди бемории сил – 1 адад; Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб – 1 адад, дорои 20 кат; Маркази саломатии ноҳиявӣ – 1 адад; Марказҳои саломатии деҳотӣ – 10 адад; Бунгоҳҳои тиббӣ – 40 адад; Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ – 1 адад; Марказҳои саломатии махсусгардонидашуда – 12 адад; табибон – 218 нафар; кормандони миёнаи тиббӣ – 1750 нафар; корманди хурди тиббӣ – 519 нафар; дигар кормандон – 359 нафар.

Дар 8 моҳи соли 2021 бемориҳои сироятии тавассути ваксинаҳо идорашаванда, ба монанди кузоз, гулӯзиндонак, сурхча, фалаҷи ҳароммағз, бемориҳои сироятии махсусан хавфнок: вабо, тоун, таби хунин, ҳорӣ ва бемориҳои сироятии домана, исҳоли хунин, вараҷа ба қайд гирифта нашудааст. Дар баробари ин, бемории зардча 10 ҳолат, осеб аз газидани ҳайвонот 74 ҳолат, дарунравӣ 76 ҳолат зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумоти МНДСЭ шаҳри Кӯлоб, айни замон бо бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ягон нафар бемор бистарӣ карда нашудааст.

Бо мақсади пешгирии мавҷи паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) тибқи талаботи барқияномаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таҳти №05 аз 22.01.2021 ҳолати санитарию гигиенӣ ва эпидемиологии 73 масҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳру ноҳияи Кӯлоб санҷида шуда, аз тарафи мутахассисони марказ корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуда, варақаҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ҷойҳои намоён овезон карда, пешниҳодоту тавсияҳо дода шудааст.

Ҳамчунин, аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии дезинфексионию профилактикии шаҳри Кӯлоб дар 12 масҷиди ҷомеъ ва 73 масҷиди панҷвақтаи шаҳру ноҳияи Кӯлоб чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида шудааст.

Ҳамзамон, дар рафти санҷишҳо аз тарафи мутахассисони Марказ дар иншооти зери назорат буда корҳои оммафаҳмонӣ, семинару машваратҳо оид ба риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ, маърифатӣ, санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ дар байни аҳолӣ гузаронида шудааст.

Аз тарафи маъмурияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб Амрномаи санитарӣ ва Пешниҳодот ба Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб баҳри пешгирӣ, интиқол ва паҳн нагардидани бемории сироятии коронавирус (COVID-19), риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва захира намудани маводҳои антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, хокаи хлори фаъолнокиаш баланд ва маҳлулҳои дастшӯӣ равона шуда, дар ҳолати риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Тибқи маълумотҳои Муассисаи давлатии «Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО»-и шаҳри Кӯлоб дар давоми 8 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 25 нафар сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам, аз ҷумла 14 нафар мард ва 11 нафар занон ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати соли гузашта камтар буда, аз инҳо 2 ҳолат ба кӯдакони синни то 14-сола рост меояд. Дар таҳлилгоҳи марказ дар 8 моҳи соли равон ҳамагӣ 4529 хун ворид шудааст. Бо ҷавоби мусбат 8 нафар дарёфт карда шуда, бо усули экспресс-тести фаврӣ 3410 нафар, бо усули ташхиси иммуноферментӣ (ТИФ) 1119 нафар санҷида шудаанд. Ташхисҳои иловагӣ ҳамагӣ 1287 нафар, сарбории вирусии миқдорӣ 230 нафар, сарбории вируси муайянкунанда 17  нафар, қатраи хушки хун 18 нафар, гепатити С 204 нафар, гепатити В 279 нафар аст.

Бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии вируси норасоии масунияти одам аз тарафи мутахассисони Марказ дар байни аҳолӣ як қатор чораҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шудаанд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва телевизиони Кӯлоб баромади телевизионӣ сабт гардида, ба намоиш гузошта шудааст. Оид ба бемории пайдошудаи норасоии масуният, роҳҳои гузариш ва пешгирии сироятёбӣ аз ВНМО суҳбату вохӯриҳо ташкил карда шуда, ҷиҳати пешгирии сирояти ВНМО дар 5 утоқи дандонпизишкӣ, маркази тиби оилавӣ, 3 кошонаи ҳусн, 4 сартарошхона, мактабҳои №1, 2, 3, 4, 5, 6, 9, 37, 42, 45, 51, 52, 53 ва 17 маҳаллаю кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб, таваллудхонаи шаҳрӣ ва минтақавӣ корҳои санҷишию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд ва кор дар ин самт идома дорад.

Дар 8 моҳи соли 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 3673 нафар навзодон таваллуд шудаанд, ки нисбати 8 моҳи соли 2020-ум 99 нафар кӯдак кам таваллуд шудааст. Нишондоди таваллуд ба 1000 нафар аҳолӣ 19,0 промилро ташкил медиҳад ва аз инҳо 99 нафар кӯдак дар хона таваллуд шудаанд, ки нишондоди таваллуди хонагӣ 2,6 %-ро ташкил медиҳад.

Фавти умумӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар 8 моҳи соли 2021-ум 534 нафарро ташкил мекунад. Аз инҳо кӯдакони аз 0 то 18-соларо 81 нафар ташкил мекунанд. Фавти кӯдакони аз 0 то 1-сола бошад, 70 нафар аст.

Аз тарафи мутахассисони Маркази зидди силии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 1908 бемор қабул шудааст, ки аз инҳо бо ташхиси сил 86 нафар, бори аввал 71 нафар, сили такрорӣ 15 нафар, шакли мутобиқгаштаи сил 19 нафар, сил ВНМО 5 нафар, БК мусбат 46 нафар, сили ғайришушӣ 21 нафар, алоқамандон 13 нафар, занҳои қобили таваллуд 23 нафар, кӯдакони ба сил гирифторшуда 9 нафар, муҳоҷир 10 нафар, фавт 2 нафар ба қайд гирифта шудааст. Айни ҳол ҳамаи беморон дар беморхона, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии шаҳру ноҳия табобати зидди сили ройгон мегиранд. Беморон дар давраи табобат аз ташхисҳои рентгенӣ, балғам, аудиограмма, ЭКГ ва ташхиси хун ҳар моҳ ройгон мегузаранд. Аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Кӯлоб ба 20 нафар бемори шакли мутобиқгашта кумаки хӯрока 2 маротиба ва ба 65 бемор 2 маротиба кумаки бастаи гигиенӣ расонида шудааст.

Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дорои 20 кат ва 11 автомашинаи ёрии таъҷилӣ мебошад. Дар 8 моҳи соли 2021 ба 4801 даъватҳо хизмат расонида шудааст, ки аз ин миқдор ба 4602 бемор ёрии тиббӣ расонида шуда, 676 бемори дигарро то муассисаҳои тиббии марбута бурда расонидаанд ва 157 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои бахши госпиталии шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамагӣ 5156 нафар бистарӣ карда шудаанд, ки ин нисбати соли гузашта 577 ҳолат кам мебошад. Дар 8 моҳи соли равон дар шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ ба 405 нафар кӯдакон хатна гузаронида шудааст.

– Дар 8 моҳи соли 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб таҷҳизоти тиббӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб печкаи Бейкер, ба таваллудхонаи шаҳрӣ УЗИ, оксигенератор, катҳои хоб, ҳавотозакунак, ба Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ УЗИ, автоклав, сейфи тиббӣ, ларингоскоп, аппарати оксигенҳосилкунанда, ба КАТС-и ноҳияи Кӯлоб 1 адад УЗИ, ба Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб УЗИ, автоклав, кардиомонитор, оксигенератор, кати хоб, ҷевони тиббӣ, ларингоскоп, тумбочка, когулятор, ба беморхонаи ноҳиявии №1 оксигенератор, ба Маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб 1 адад дастгоҳи ултрасадо (УЗИ) дастрас гардида, таъмин карда шудаанд. Дар масъалаи таъмиру азнавсозӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб аз ҷумла дар шуъбаҳои наҷот ва калонсолони Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таъмири капиталӣ пурра анҷом дода шудааст. Дар беморхонаи марказии ноҳиявии ҷамоати деҳоти Зарқалъа бо дастгирии соҳибкорон толори маҷлисгоҳ барои 100 ҷой сохтмонаш ба анҷом расидааст. Дар шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи ноҳиявии №1, ҷамоати деҳоти Зарбдор, ки иборат аз 15 ҳуҷра ва 1 роҳрав мебошад, таъмири косметикӣ пурра анҷом дода шудааст. Ҳамчунин, шуъбаҳои даруна ва занона пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, 2 ҳоҷатхонаи замонавӣ аз ҳисоби ёрии башардӯстона азнавсозӣ шудааст. Аз ҳисоби дигар манбаъҳо азнавсозии шуъбаи ёрии таъҷилӣ идома дорад. Шуъбаи сироятии беморхона ба таъмири косметикӣ ниёз дорад. Бунгоҳи саломатии Файзобод, Обшорон азнавсозӣ шуда, пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд. Маркази саломатии деҳоти Сарёзии боло таъмири капиталиаш оғоз шуда, идома дорад. 10 адад бунгоҳҳои тиббӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, таъмири капиталии 9 ададаш оғоз шуда, идома дорад,- мегӯяд Бобохон Абдураҳмонов – ҳамоҳангсози соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб.

Аз ҳисоби ташкилоти ғайридавлатии “Тавҳид” ба маблағи 205000 сомонӣ 1 адад бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати Даҳана, деҳаи Бешкаппа аз нав сохта ба истифода дода шудааст. Бунгоҳи тиббии деҳаи Файзобод, ҷамоати деҳоти Даҳана, ки дар бошишгоҳи саҳроӣ ҷойгир буд, бо ташаббуси сокинони маҳалла аз нав сохта шуда, ба истифода дода шудааст. Дар шуъбаи муолиҷавии Маркази саломатии №2-и шаҳри Кӯлоб таъмири капиталӣ рафта истодааст. Ҳуҷраҳои кории Маркази саломатии №3-и шаҳри Кӯлоб ва шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд. Дар Маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб қубурҳои обгузари ҳоҷатхонаро пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд.

Тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб, як қатор мушкилот ҷой доранд, ки бо бартарафшавии онҳо хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтару хубтар мегардад. Аз ҷумла, тибқи талаботу дархости муассисаҳои тиббии шаҳру деҳоти Кӯлоб 100 нафар мутахассисони маълумоти олидор – табибон намерасанд. Аз ҷумла, 2 духтури дилшинос, 4 ренгенолог, 13 духтури амрози дохилӣ, 3 духтури кӯдакона, 1 духтури ҷарроҳ, 4 духтури стоматолог, 16 табиби оилавӣ, 7 момодоя, 2 духтури силшинос, 4 духтури ултрасадо (УЗИ), 3 духтури физиотерапевт, 4 духтури таҳлилгар (врач-лаборант), 3 духтури чашм, 3 духтури санитарӣ, 3 духтури эпидемиолог, 6 духтури эҳёгар, 2 духтури бемориҳои руҳӣ, 7 духтури сироятшинос, 1 духтури саратоншинос, 4 духтури осебшинос, 2 духтури нарколог, 4 духтури кардиолог, 2 духтури асаб, 2 духтури уролог.

Беморхонаи сироятии шаҳрӣ, Маркази саломатии шаҳрии №2-и Кӯлоб, Беморхонаи марказии ноҳиявии ҷамоати деҳоти Зарқалъа, қисман таваллудхонаи шаҳрӣ, Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Кӯлоб, Марказҳои саломатии деҳоти Хатлон, Даҳана, Сарёзии боло ва Панҷосёб, Пахтакор ба таъмир ниёз доранд.

Норасоии нақлиёти ёрии таъҷилӣ 1 адад дар Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб, 1 адад дар Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарқалъа, 1 адад дар беморхонаи ноҳиявии №1 ҷамоати деҳоти Зарбдор, 1 адад дар Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Кӯлоб) ҷой дорад. Автомашинаи хизматии Маркази эмтаъминкунии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бошад, таъмирталаб буда, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳрӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳиявӣ автомашинаи хизматӣ надоранд.

С. ХАЛИЛИЁН,

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь