Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста соҳаи тандурустӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳукумати мамлакат ҳамсола баҳри таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шудааст. Ҳамчунин, тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, саҳми он дар таъмини солимии аҳолӣ муҳиму назаррас мебошад. Ҳамзамон, дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат дар самти солимии мардум, ки бойигарии давлат арзёбӣ мешавад, табдирҳои судманд амалӣ мегарданд.Роҳбарияти КАТС-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва табибони ноҳия дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ саъйю кӯшиш карда истодаанд.
Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ дар ноҳияи Панҷ бо роҳбари муассиса Хоҷаев Саидчамол Саматович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишӯрдаи он пешкаши хонандагон гардонида мешавад.
Роҳбари КАТС-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Саидҷамол Хоҷаев гуфт, дар ноҳия 47 Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла, 1Маркази саломатии ноҳиявӣ, 12 Маркази саломатиии деҳот ва 34 Бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекунад.
-Айни замон дар муассисаҳои мазкур дар умум 44 табиби дорои маълумоти олӣ, 234 кормандони миёнаи тиббӣ, 72 кормандони хурди тиббӣ ва 20 нафар кормандони дигар фаъолият доранд, ки ба 130961 нафар аҳолии ноҳия хидмати тиббӣ мерасонанд. Аз теъдоди умумии аҳолии ноҳияи Панҷ 65 419 мард ва 65 818 зан мебошанд, ки 31 843 занҳои кобили таваллуданд. Дар соли 2024 ба муассисаҳои КАТС-и нохия 17 125 бемор муроҷиат кард, ки 1 124 нафарашро кӯдакон ташкил медиҳад,-иброз дошт роҳбари КАТС Саидҷамол Хоҷаев.
Маъюбият
Мувофиқи иттилои роҳбари КАТС, дар Маркази саломатии ноҳияи Панҷ бо максади дарёфт, бакайдгирӣ ва муайян намудани гуруҳҳои маъюбӣ комиссияи машваратии тиббӣ фаъолият мекунад.
–Айни замон дар нохия 1 486 маъюб дар қайди диспансерӣ қарор дорад, ки 357 нафарашонро кӯдакони то синни 18-сола, 9 иштирокчии садамаи Чернобил, маъюби хизмати ҳарбӣ 11 ва маъюбони аз осеби ҳарбӣ вобаста ба ҳифзи сохти конститутсионӣ 3 нафарро ташкил медиҳанд. Маъюбони гуруҳҳои якум 175 нафар, дуюм 648 ва сеюм 306 нафар мебошанд, ки ҳамаи онҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд,-гуфт роҳбари КАТС.
Гуфта шуд, ки дар 12 моҳи соли 2024 дар ҳамкорӣ бо Маркази зидди бемориҳои сили ноҳияи Панҷ 70 бемор ба қайд гирифта шудааст, ки 65 нафари онҳо бори аввал гирифтор шудаанд. Айни ҳол дар кайди диспансери 574 бемори сил қарор дорад.
Никоҳшавандаҳо
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08.2016 №374 “Оид ба қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда дар давоми соли гузашта 1978 нафар никоҳшаванда аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаронида шудаанд.
Иншоотҳои ҷашнӣ
Вобаста ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бунёдкориву баркарорсозии биноҳои Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Панҷ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар соли 2024 як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, ду бунгоҳи саломатӣ аз тарафи соҳибкорон сохта, ба истифода дода шудааст, инчунин, се бунгоҳи саломатӣ, ки дар мактабҳо фаъолият доштанд, ба бунгоҳи замонавӣ бо ҳама таҷҳизотҳо сохташуда, аз мактаб бароварда шуданд. Сохтмони ду бунгоҳи дигари саломатӣ идома дорад, ки дар соли 2025 сохта, ба истифода дода мешаванд.
Ёрии таъҷилӣ
–Дар Маркази саломатии ноҳия шуъбаи ёрии таъҷилӣ фаъолият мекунад, ки бо ду мошини ёрии таъҷилии дорои ҳама таҷҳизотҳо, ба мардуми ноҳияи Панҷ хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Инчунин, дар солҳои 2022-2024 ба Маркази саломатии ноҳия ба маблаги 1390081 сомонӣ таҷҳизотҳои тиббии замонавӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва буҷети маҳаллӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бо тариқи хариди давлатӣ (тендер) таҷҳизоти тиббӣ дастгоҳи фаросавтии узвҳои мағзи сар ба маблағи 88 350 сомонӣ барои муоинаи кӯдакон харидорӣ карда шудааст, ки барои сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакони ноҳия ба маврид мебошад,-иброз намуд дар фарҷоми суҳбат роҳбари шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Хоҷаев Саидҷамол Саматович.
Шарҳи ҳол
Хоҷаев Саидҷамол Саматович соли 1997 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намуда, солҳои 1998-1999 ба ҳайси сардухтури МСД “Комсомол”-и ноҳияи Панҷ, 2000-2002-мудири шуъбаи бемориҳои сирояткунандаи кӯдаконаи беморхонаи Марказии ноҳияи Панҷ, солҳои 2008-2009 директори ҳамбастагии бемориҳои кӯдаконаи ноҳияи Панҷ, 2009-2010 муовини сардухтур оид ба модару кӯдак дар беморхонаи Марказии ноҳияи Панҷ фаъолият кардааст. Аз 28. 08. 2024 бо фармони Вазири Тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рохбари Шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Панҷ таъин гардидааст. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
МТЖТ