Дар воқеъ, тоҷикон меросбари маънавии гузаштагонаш мебошанд ва ин бедалел нест, имрӯз дар аксарияти илму фановарӣ мутахассисони чирадасти миллати тоҷик кору фаъолияти пурсамар намуда истодаанд. Бахусус, вақте мо ба Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд дидан намудем, табибони ҳозиқ, пайравони Пури Синои бузургвор бо тамоми нерӯи зеҳнии худ дар паси муолиҷаи шаҳвандон ҳастанд. Вақте бо сартабиби беморхонаи мазкур Муллоев Фарҳод Мирзоевич ҳамсуҳбат гардидем, мавсуф нахуст ба мо маълумот дод, ки беморхонаи мазкур калонтарин ва ягона муассисаи тиббии кӯдакона дар вилоят буда, дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, дар масоҳати 19448,0 м2 (1.95 га) ҷойгир шудааст. БКБВС соли 1950 таъсис ёфта аст.
Вазифаҳои асосии БКБВС дар давраи ҳисоботӣ аз амалисозии Дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, барномаҳои миллии соҳаи тандурустӣ, фармоишҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муайян гашта, барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои милливу соҳавии қабулгардида ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ равона шудааст.
Беморхонаи клиникавии вилоятии бачагона ба кӯдакони синни 1 – 18 солаи вилояти Суғд ёрии тиббӣ-ташхисӣ ва инчунин, ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят ёрии нақшавӣ ва таъҷилӣ бо воситаи авиатсияи санитарӣ ва кӯмаки ташкилию-методии худро мерасонад.
Номбурда дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки Беморхонаи клиникии бачагонаи вилояти Суғд дорои 290 кат буда, аз 12 шуъбаҳои махсусгардонидашудаи муоличавӣ иборат аст:
Шуъбаи бемориҳои рохи нафас ва шуши кӯдакони то 2 сола;
Шуъбаи бемориҳои узвҳои ҳозима;
Шуъбаи бемориҳои роҳи нафас бо бодигарм;
Шуъбаи бемориҳои дил ва тарбод;
Шуъбаи бемориҳои хун;
Шуъбаи амрози духтарона;
Шуъбаи бемориҳои гурда ва роҳи пешоб;
Шуъбаи бемориҳои асаб;
Шуъбаи бемориҳои амрози навзодон;
Шуъбаи эҳё;
Шуъбаи қабул;
Шуъбаи барқарорсозии саломатии модарон;
Ёрирасонӣ
Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, дар беморхонаи мо шуъбаҳои ёрирасон фаъолият менамоянд, аз ҷумла, Ташхиси (ТУС, СБД, СБМ сар, Рентген);
Озмоишгоҳҳои клиникӣ, бактериологӣ, биохимиявӣ, ҳуҷраи физиотерапевтӣ;
Дорухона, ошхона, автоклав, муҳосибот, шуъбаи кадрҳо.
Кадр
Дар рафти суҳбат номбурда қайд намуд, ки дар беморхона 50 нафар табибон фаъолият бурда истодаанд, ки 30 нафари онҳо (60,0%) дорои дараҷаҳо ва бедараҷа -20 нафар (40,0%) мебошанд.
Аз ҳисоби табибони дараҷанок: дараҷаи олӣ -27 нафар (90%), дараҷаи якум 3 нафар (10%) мебошанд.
Хамзамон, дар беморхона 148 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият бурда истодаанд, ки аз онҳо 85 нафар – 57% дараҷанок ва 63 – 43% бедараҷа мебошанд. Аз ҳисоби кормандони миёнаи дараҷадор: олӣ – 49 нафар (33%), якум 10 нафар (7%), дуввум 26 нафар (17%) мебошанд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ба Беморхона 1 нафар табиби ҷавон ва 3 нафар кормандони миёнаи тиб ба кор қабул шуд.
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 6 нафар табибон ва 11 нафар кормандони миёнаи тиб курсҳои такмили ихтисосро гузаштанд.
Дар беморхона як нафар номзади илми тиб ва 10 нафар “Аълочии тандурустии ҶТ” фаъолият мебаранд. Дар беморхона 4 воҳиди кории табиб – эҳёгар холӣ мебошад. Барои таъмин намудани чунин мутахассисон ба Раёсати тандурустии вилоят мактуб пешниҳод карда шудааст.
Ободонӣ
Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр намуд, ки дар соли 2022, таъмир ва азнавбарқароркунии даромадгоҳ, истгоҳи нақлиёт, корҳои ободонӣ, сохтани майдончаи бачагона ва фаввораи ҳамвор дар беморхона ба маблағи – 1955670 сомонӣ ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон, маводи хӯрокворӣ дар 6-моҳи соли 2022 ба маблағи 212028 сомонӣ харидорӣ карда шуда, аз оғози сол то ҳоло беморони бистаришуда бо се вақт хӯрокаи гарм таъмин гардида истодаанд.
Маводҳои доруворӣ ва маводҳои тиббӣ дар 6 моҳи соли 2022 ба маблағи 56221 сомонӣ харидорӣ гардида, ба беморони бистаришуда дастрас шуда истодааст. Хун ва ҷузъҳои он ба маблағи 30000 сомонӣ харидорӣ карда шуда, ба беморон дастрас шуда истодааст.
Дар мувозинаи Беморхона 153 адад таҷҳизоти тиббӣ, 200 адад таҷҳизоти техникӣ ҳамагӣ ба маблағи 2420320 сомонӣ мавҷуд буда, ҳамаи таҷҳизотҳо дар ҳолати коршоямӣ мебошанд.
Дар майдончаҳои кабудизоркунии беморхона 90 адад ниҳоли санавбар ба маблағи 4692 сомонӣ, ки аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба тариқи ройгон дастрас шудааст, шинонида шуд.
Инчунин, ҳамагон воқифанд, ки табибон дармонбахши ҷони одамонанд ва роздони дардмандонанд.
МТЖТ