Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Беморхонаи марказӣ ва Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Кушониён баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон дар соли 2019 пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

 

Зимни суҳбат Менеҷери муассисаҳои госпитали ноҳияи Кушониён Маҳмад Давлатзода иброз дошт, ки феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар соҳаи тандурустии ноҳияи Кушониён корҳои ободиву созандагӣ ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони соҳаи госпиталии ноҳия низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд. Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа мансуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат – боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар ин давра сохта мавриди истифода қарор додани иншоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ ва ёрирасон, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахасисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва дигар тадбирҳо шоистаи шукргузорӣ мебошад. Кормандони соҳаи госпиталии ноҳияи Кушониён суханони роҳбари давлат: “Табибон вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст”-ро сармашқи кори интихоб намуда, онро сарбаландона иҷро менамоянд.

Тавре М. Давлатзода афзуд, “муассисаҳои госпиталии ноҳия ва сохторҳои он сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда бо дастгирии бевоситаи Раиси ноҳия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри устувории заминаҳои моддиву техникии иншоотҳои тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ, бахусус деҳоти дурдаст ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ ва таъмини амнияти санитарии қаламрави ноҳия пайваста тадбирҳои судманд меандешанд”.

Ба қавли Менеҷери муассисаҳои госпиталии ноҳияи Кушониён, феълан муассисаҳои тиббии ноҳия дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №600 аз 2 декабри соли 2008 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи системаи давлатии тандурустӣ” дар ноҳия оид ба хизматрасонии тиббию санитарӣ, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози даруна, қалб, амрози занона, гӯшу гулӯву бинӣ ва бахшҳои ёрирасон, аз ҷумла, таҷҳизотҳои рентгенӣ ва флюрографӣ, ЭКГ, УЗИ, эндископия, ташхисҳои лабораторӣ ва дигар таҷҳизотҳои тиббӣ ба аҳолӣ хизмати тиббии хушсифат расонида истодаанд.

Тавре аз маълумотҳои омории пешниҳодшуда бармеояд, ҳоло дар бахши госпиталӣ 721 нафар корманд хизмати тиббӣ мерасонанд, ки дар маымуъ духтурон – 44 нафар, ҳамшираҳои шафқат-352 нафар, кормандони хурди тиббӣ – 158 нафарро ташкил медиҳанд. Зимнан дар ҳудуди ноҳия 445 кат барои бистарикунонии беморон омода мебошад. Тайи ҳашт моҳи соли 2019 дар катҳои мавҷудбуда ҳамагӣ 4522 нафар бистарӣ гардида, 4725 нафар беморон бо сабаби табобати пурра гирифтан рухсатӣ шуданд. Бояд қайд кард, ки дар  шуъбаи таваллудхона тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба 35 нафар зани ҳомила амалиёти ҷарроҳии бурриши қайсарӣ гузаронида шудааст.

Маъмурияти муассисаҳои госпиталӣ ва зертобеи он оиди иҷроиши фармоишҳои амалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои доимоамакунанда баҳри иҷроиши фармоишҳои №1119, 641, 523, 541, 28 ва комиссияи оиди таҳлили фаъолият намуда истодаанд. Баҳри дар амал татбиқ намудани протоколҳои клиникӣ ва дастурамалҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳо ва тарзи табобати ба беморон мутобиқ дар муассисаҳои госпиталии ноҳия барои ташхис ва табобати дуруст гирифтани беморон протоколҳо амалӣ карда шудааст.

Бо пешниҳоди маълумоти фавқ Маҳмад Давлатзода иловатан афзуд, ки “Маъмурияти сохтори госпиталии ноҳияи Кушониён новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда бо ба эътидол овардани вазъи санитарию эпидемологии ноҳия, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитарии ба талаботи аҳолӣ мувофиқ ва ба самти дурусту самарабахш равона сохтани фаъолияти сохторҳои тобеи худ аз ҳамаи захираю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд”.

Аз ҳисоботҳои оморӣ бармеояд, ки дар беморхонаҳои ноҳия аҳолӣ асосан ба табибон бо бемориҳои фишорбаландӣ, ишемияи дил, шамолхӯрии шушҳо, гурда, дарунравӣ илтиҳоби меъдаю рӯда ва занона муроҷиат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли роҳбари шабакаҳои КАТС-и ноҳияи Кушониён Саидов Расул Тоирович, “дар муассисаҳои тандурустии ноҳия ҳуҷҷатҳои меъёрҳои ҳуқуқии тасдиқгардида мавҷуд буда, ҳамаи кормандон бо уҳдадориҳои вазифавии худ пурра шинос мебошанд. Мақсади асосии кормандони тиб давра ба давра, мунтазам паст кардани сатҳи бемориҳои диспанерӣ, фавти модару кӯдак, ташхиси сифатноку саривақтии  беморон, кам кардани мушкилоти вобаста ба бемориҳои сироятӣ ва аз байн бурдан, ё коҳиш додани баъзе инфексияҳое мебошад, ки бо ваксина идора мешаванд”.

Менеҷери шабакаҳои КАТС – ноҳияи Кушониён бо итминон иброз дошт, ки: “Муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Кушониён дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ро пешаи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, марҳила ба марҳила саҳми худро баҳри ободонӣ ва пешравии ноҳия гузошта истодаанд. Нақшаю чорабиниҳое, ки оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар маросими ба истифода додани иншооти тандурустии тозабунёд дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе баён доштанд, дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия мавриди баррасӣ ва татбиқи амалӣ қарор дода шудааст. Мувофиқи банди 11-и нақшаи чорабиниҳои мазкур оиди тачдиду азнавсозии иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон дар муҳлати солҳои 2019-2021, ки бар уҳдаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вогузор карда шудааст, дар ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд”.

Зимнан, ба қавли Расул Тоирович, дар доираи ин тадбирҳо дар ноҳия аз тарафи мутахассисон оиди ташвиқоту тарғиботи тарзи ҳаёти солим дар мавзуъҳои мухталиф лексия  сӯҳбатҳо гузаронида шуда, варакаҳо, буклет, расмҳо ва плакатҳо тақсим гардид. Ҳамзамон бо аҳолӣ вохӯриву машваратҳо ташкил шуда, оиди тозагии ҷӯйборҳо, кӯчаву маҳалҳо, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус, пешгирии зукоми парранда ва ботулизм, ВНМО, сил, зарпарвин, истифодаи ғизои солим ва дигар масъалаҳо баромадхо ташкил карда шуд.

Қобили тазаккур аст, ки оиди истифодаи ғизои солим дар оилаи солим дар деҳоти ноҳия сӯҳбат – машваратҳо гузаронида шуда, аз тарафи кормандони МТТҲС дар байни аҳолӣ оиди зарари тамокукашӣ, роҳҳои сироятёбии ВНМО, гепатити В, С корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом расиданд. Дар баробари ин, ҳамчунин, мувофиқи нақшаи тартибдодашуда ҳамарӯза оиди ташаккули тарзи ҳаёти солим корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида мешаванд.

Феълан ба ҳудуди 240 000 ҳазор нафар аҳолии ноҳия дар маҷмуъ 75 адад муассисаҳои тиббӣ хизмати сифатноки тиббӣ мерасонанд.

Ба қавли менеҷери КАТС-и ноҳияи Кушониён, новобаста ба корҳои анҷомдодашуда ва талошҳои ҳамешагии ҳукумати ноҳия ва масъулини соҳа биноҳои баъзе марказҳову бунгоҳҳо таъмирталаб, садамавӣ ва ба талаботи замона номувофиқ боқӣ мондааст. Ба ин нигоҳ накарда, роҳбарияти ноҳия ва масъулони соҳа кӯшиши худро ба он равона сохтаанд, то мушкилоти пешомада тадриҷан рафъ гардад. Чунончи, соли равон  аз тарафи Ҳукумати ноҳия биноҳои Маркази саломатии деҳоти Бохтариён 3 ва Маркази саломатии деҳоти Заргар аз таъмири капиталбӣ бароварда шуд. Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Бохтариён БТ М. Гиёев аз тарафи халқ бинои муассиса аз нав сохта шуда, аз ҳисоби КАТС –и ноҳия бо таъҷизотҳои корӣ, ҷевон, мизу курсӣ таъмин гардид ва барои онро ба Ммаркази саломатӣ табдил додан ба мақомоти марбута дархост пешниход шудааст.

Дар баробари ин, ба нақша гирифта шудааст, тайи солҳои 2019-2020  биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта ва БТ, ки бино надоранд, бунёд гарданд ва як қатор муассисаҳои дигари соҳа ба пуррагӣ аз таъмири капиталӣ мавриди истифода қарор гиранд, ва инчунин, таҷҳизотҳои нави муосир ба муассисаҳои КАТС ворид карда шаванд. Бо ин ҳадафҳои неку созанда ва баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар КАТС гуруҳи корӣ дар ҳайати муовинон ва сармутахасисони МСН ташкил карда шуда, мунтазам ба минтақаҳо сафари корӣ анҷом медиҳанд ва аз болои кори онҳо назорат мебаранд.

“Дар маҷмуъ, муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия ҷиҳати амалисозиии нақшаҳои созандагӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҷомеаи солим, иҷрои бемайлони қонуну қарорҳои ҶТ дар бораи тандурустӣ, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳо ва супоришу талаботҳои пешгузоштаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд,  як катор корҳоро ба сомон расонид ва он имрӯзҳо низ идома дорад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Кушониён фаъолияти худро тибқи нақшаи пешакӣ муайянкардашуда ба роҳ монда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои баланд, пешгирӣ намудани ҳамагуна бемориҳо, корҳои ташвиқотию тарғиботиро вусъат бахшида истодаанд.

Мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ барои муҳофизат ва ҳифзи саломатии аҳолӣ минбаъд низ ҳамаи дониш ва маҳорати худро сафарбар мекунанд, зеро ҷомеи солим фардои давлати солим мебошад”, – мутмаин ҳастанд роҳбарияти соҳаи тандурустии ноҳияи Кушониён.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь