Бе саломатӣ хушбахтӣ ҳам номумкин аст. Вақте саломатии ҳар яки мо халалдор мешавад, дарҳол мо паи ҷӯстани дармон мешавем. Дармони аввалинамон ин табибон ҳастанд, ки эшон ба мо дармон мебахшанд, вобаста ба бемории дошта ва ё пайдо шудаамон. Мо то сиҳат нашавем ва саломатии худро барқарор накунем дар андешаи хушбахтӣ ва дигар корҳо нестем. Пас, то вақти сиҳат шудан ва роҳ ба сӯи хушбахтӣ кушодан, кӣ ҳамроҳи буд ва албатта, табибон. Табибони ҳақиқӣ мудом паи омӯзиш ҳастанд ва аз болои пешаи худ кор мекунанд. Чунинанд табибони КАТС-и шаҳри Кӯлоб, ки дар бораи фаъолияташон мо сухане чанд рӯи сафҳа меорем.

Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ шабу рӯз омода ҳастанд. Беҳуда нагуфтаанд, саломатии мардум боигарии давлат аст. Бо ҳамин мақсад кормандони КАТС-и шаҳри Кӯлоб доимо талош бар он доранд, ки солимии мардуми шаҳр таъмин бошад.

Дар шаҳр зиёда 16493 хоҷагӣ ва 117313 нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд, дар ҳамин давраи соли гузашта 116861 нафар ба қайд гирифта шуда буданд. Аз ин миқдор 60017 нафарашон мард ва 57296 нафарашон занҳо мебошанд. Занони қобилияти таваллуддошта 31760 нафар, кӯдакони синни то 1 сола 3428 нафар, синни то 5 сола 15214 нафар, синни то 18  сола 50679 нафарро ташкил медиҳанд. Ба ин миқдор аҳолӣ 1 адад маркази саломатии шаҳр, 10 адад марказҳои саломатии деҳотӣ ва 41 адад бунгоҳҳои саломатӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар муассисаҳои табобатии шаҳр 31 нафар табибон ва 524 кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд. Таъминоти аҳолӣ бо табибон 2,6 ва кормандони миёнаи тиббӣ 46 нафар ба 10000 аҳолӣ рост меояд. Дар нӯҳмоҳаи соли 2022 ҳам 31 табиб ва 533 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доштанд, ки таъминот бо табибон 2,6 ва кормандони миёнаи тиббӣ 46 нафарро ба 10000 аҳолӣ ташкил медод. Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 12 нафар табибон ва 57 нафар кормандони миёнаи тиббӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.

Самти асосии фаъолияти кормандони соҳаи тиббии шаҳр дар нӯҳ моҳи соли 2022 ин ҳифзи саломатии насли наврас ва занону модарон мебошад. Давоми нуҳ моҳи соли 2022 дар шаҳр 1527 нафар кӯдакон таваллуд шудаанд, ки аз ин миқдор 1502 нафарашон дар таваллудхона ё 98,3 фоизашон ва 15 нафарашон дар шароити хона, ки 1,6 фоизро ташкил мекунад.

Давоми 9 моҳи соли равон дар КАТС 38 нафар беморони сил ба қайд гирифта шудаанд, ки 12 нафари онҳо аз сили шуш ва 8 нафарашон аз сили ғайришушӣ азият мекашанд. Аз микдори умумии 38 нафар 16 нафарашон микробхориҷкунанда буда, 2 нафар ба шакли мутобиқгаштаи сил гирифтор мебошанд. Айни ҳол дар шаҳр 1815 нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд, ки 420 нафарашонро маъюбони то 18 сола ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 192 нафарашон ба гурӯҳи якум, 947 нафарашон ба гурӯҳ дуюм ва 676 нафарашон ба гурӯҳи сеюм мансубанд. Давоми нуҳ моҳи соли равон 12 нафар маъюбон фавтиданд ва аз қайд бароварда шуданд.

Дар шаҳр 24 нафар иштирокчиёни садамаи Чернобил ва 38 нафар ҷанговарони башардӯст ба қайд гирифта шудаанд. Онҳо доимо таҳти назорати кормандони тибб қарор доранд. Дар маркази саломатии шаҳр ҳуҷраи қабули бақайдгирӣ ва табобати бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ фаъолият менамояд, ки дар ин муддат 39 нафар беморони пӯст ва 8 нафар бемориҳои замбуруғӣ қабул ва ба қайд гирифта шудааст.

Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 1 адад бунгоҳи саломатӣ сохта ба истифода дода шуд. Сохтмон ва азнавсозии 4 адад бунгоҳи тиббӣ, ки дар мактаб ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгиранд дар соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ дар марказ дафтари қайди муроҷиати шаҳрвандон амал мекунад. Муроҷиати шаҳрвандонро маъмурияти муассисаҳои КАТС сари вақт дида баромада, ба онҳо ҷавоби мусбӣ пешниҳод намуда, таклифу дархостҳои онҳоро ҳал менамоянд.

– Раҳмоналӣ Талбов, табиби ҷарроҳ, Исматзода Розямоҳ, табиби бемориҳои занона, Амирҷон Расулов, табиби гӯшу бинӣ ва гулӯ, Кароматулло Қурбонов, табиби ҷарроҳи кӯдакона, Эмомалӣ Саидов, сардухтури маркази тибби оилавии Ҳакимобод, Азиз Ҳалимов, табиби оилавии маркази саломатии Лағмон, Холмурод Ганҷалов, собиқадор, табиби силшинос, Фазилаи Ҷалил, сарпарасти маркази саломатии шаҳр, Савлатбӣ Расулова, сарпарасти маркази саломатии Сарёзии боло, Мағфират Сафарова, табиби оилавӣ, сардухтури макази саломатии Чорбоғ, Ибодулло Исупов, сарпарасти маркази саломатии  Даҳана устодони касби худ буда, дар байни сокинони шаҳри Кӯлоб сазовори обрӯ ва эҳтироми махсус ҳастанд. Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони КАТС – и шаҳри Кӯлоб дар масъалаи кабудизор кардани роҳраву атрофи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ зиёда аз 2697 ниҳолҳои нав шинонида шуданд. Дар рӯзи кормандони тиб ва рӯзҳои иди соҳибистиқлолии кишвар, ҷашни Наврӯз аз ҷониби иттифоқҳои касабаи муассиса собиқадорони соҳа ҳар сол даъват шуда, ҳавасманд гардонида мешаванд, – мегӯяд, С.Ҷалолов, роҳбари муассисаҳои КАТС-и шаҳри Кӯлоб.

С. Халилиён,

МТЖТ, шаҳри Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here