Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур Раҳмоналӣ Гадоев суҳбати ихтисоси анҷом дод ва фишурдаи онро пешакаши хонандагон менамоем.
Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҷомеа муҳим арёбӣ мегардад ва тавре Пешвои миллат дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.
Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки мо- кормандони соҳаи тиб ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ карда, барои дар сатҳи баланд ба мардум хидмат расондан тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода хоҳем кард.
Бояд изҳор намоем, ки солимии аҳолӣ ва ҷомеа танҳо аз соҳаи тандурустӣ вобаста набуда, фаъолияти дастаҷамъона, байни бахшӣ сафарбаркунии тамоми бахшҳо ва худи аҳолиро тақозо дошта, оилаи солим бунёди ҷомеа ва давлатӣ солим мебошад. Албатта, табиб ҳам бояд донишу саводи касбиаш ҷавобгӯянда бошад ва табиб пеш аз ҳама дар муносибат бо бемор равоншиноси хуб ҳам буда бошад…
Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки маъмурияти Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш барои дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат барои рушиди соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Вахш миннатдории хешро баён намуда, дар навбати худ мо- кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Вахш масъулияти бар душамон бударо кушиш мекунем беш аз пеш шоиставу назаррас анҷом диҳем.
Бояд ёдовар шавем, ки дар соли 2024 бо кушишу заҳмати кормандони сохтори госпиталии ноҳияи Вахш сатҳу сифати хизматрасонии тибби санитарӣ баланд бардошта шуда, ба кам шудани шумораи бемориҳои сироятӣ ноил гаштем.
Пойгоҳи моддӣ-техникӣ
Номбурда изҳор дошт, ки дар соли 2024 бо заҳматҳо ва пешниҳоди дархостҳо аз ҳисоби буҷети маҳалли ба ҷудо намудани маблағҳои иловагии 1378600 сомонӣ баҳри рушди базаи моддию техникии Беморхонаи марказӣ ноил гаштем, аз ин маблағ 1148692 сомониаш барои дастрасии таҷҳизотҳои тиббӣ ва хоҷагидорӣ равона карда шуд. Барои пешрафти Беморхонаи марказӣ як адад Видеосистемаи эндооскопии 4к UHD, 48 адад кондисионерҳои тавонашон гуногун, 35 адад яхдонҳои гуногунтамға, мизу ҷевонҳои идоравӣ, нимкатҳои тиббӣ ва ғайра харидорӣ карда шуд.
Дар соҳаи тандурустии ноҳия 430 кат ба аҳолии ноҳия хизмати санитарӣ мерасонад, аз инҳо дар Беморхонаи марказии ноҳия 225 кат, Беморхонаи рақамӣ 160-кат, Беморхони пусту зухуравӣ 30-кат, Беморхонаи минтақави Меҳробод 15-кат иборат мебошад.
Беморхонаи марказӣ дорои 225 кат буда, аз 7 шуъбаи бистарикунонӣ, 3 шуъбаи ёрирасон ва 4 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад, ки ба аҳолии ноҳия кӯмаки тиббию тахассусӣ мерасонад.
Хидматрасонӣ ва базаи кадрӣ
Дар соли 2024 ба аҳолии ноҳия дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” аз 2 декабри соли 2008, № 600 ба маблағи 721006 сомонӣ хизматрасонии тибби санитарӣ расонида шуд, ки 126,2 фоизи нақшаро ташки дода, нисбати соли 2023, 310332 сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар семоҳаи якуми соли 2025 ба маблағи 223153 сомонӣ ба аҳолии ноҳия хизматрасонии тибби санитарӣ расонида шуд, ки 107,5 фоизи накшаро ташкия медиҳад.
Аз ин ҳисоб, мунтазам пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети маҳалӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шуда, Беморхонаи марказӣ аз буҷети маҳаллӣ ва пардохтҳо ба вазорат қарздор намебошад. Баҳри саҳм гузоштан ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар соли 2024 бинои маҷлисгоҳи Беморхонаи марказӣ, ки куҳнаву фарсуда шуда буд, ба маблағи 80593 сомонӣ азнавсозӣ карда шуда, ба маблағи 147816 сомонӣ мизу курсиҳои ҳозиразамон ва таҷҳизотҳои хунуккунии ҳаво харидорӣ карда шудааст.
Маъмурияти Беморхонаи марказӣ ният дорад дар соли 2025 як адад дастгоҳи ҳозиразамони тиббии С-Дуга харидорӣ намояд. Инчунин, талош мекунем, таҷҳизотҳои замонавиро дар ба давра харидорӣ намоем, зеро беҳдошти саломатии мардум ҳалафи асосии мо мебошад.
Дар Беморхонаи марказии ноҳия 57 нафар духтурони маълумоти олӣ дошта, кормандони миёнаи тиб 225-нафар, кормандони хурди тиб 162-нафар ва дигар кормандон 97-нафар фаъолият доранд.
Дар оянда низ дар пурзур кардани базаи кадрӣ таваҷҷуҳу талош хоҳем кард. Зеро барои пешрафти соҳаи тиб пеш аз ҳама кадрҳои баландихтисос лозим мебошанд ва кушиши мо ҳам барои пешрафти соҳаи ҳаётан муҳим равона гаридааст.
МТЖТ