Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода” хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисаи мазкур Исматов Сулаймон Султонович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Роҳбарият ва ҳайати кормандони коллеҷ бар ин назаранд, ки рушди соҳаи маориф бешубҳа ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки бахшида ба ҷашнҳои муҳими таърихӣ, 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ноябри соли равон дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода” мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ ва устодону донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки сохтмони бинои нави коллеҷ моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз ёфта буд.

Бинои нави коллеҷ аз 4-ошёна иборат буда, дар он 17-синфхона, 1-китобхона, утоқи Маркази миллии тестӣ, толори машваратӣ ва синфхонаи лингофонӣ мавҷуд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки солҳои зиёд донишҷӯёни  ин даргоҳи таълимӣ дар бинои иҷора таҳсил мекарданд. Акнун баъди ба истифода додани бинои наву замонавӣ ин мушкилӣ бартараф шуд.

Албатта, бинои наву замонавии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Масъулияти мо – аҳли кормандони коллеҷ дучантар хоҳад гардид, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳо, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, донишу малакаи худро рушд дода, баҳри пешрафти соҳаи тиб саҳми арзандаи худро гузорем ва беш аз пеш дар ин даргоҳи илму маърифат мутахассисони соҳибкасб ва ба халқу Ватан хизмати содиқона анҷом медодаро тарбия намоем.

Раванди таълим

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассиса ба роҳ мондааст.

Айни замон дар муассиса 2516 нафар донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд. Аз инҳо 565 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 1951 нафар донишҷӯён ба тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд.

Дар коллеҷ раванди таълим бо таҳсили низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз санаи 14 майи соли ҷорӣ рейтингу имтиҳонҳои баҳорӣ оғоз гардида, 2444 нафар донишҷуён ба сессияи имтиҳонӣ роҳ дода шуда буданд.

Дар соли таҳсили 2021-2022 муассисаро 766 нафар аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда хатм намуданд. Аз шумораи умумӣ 11 нафар бо дипломи аъло ва 755 нафар бо дипломи муқаррарӣ хатм намуданд.

Таъминоти кадрӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда зикр намуд, ки дар таълимгоҳ имрӯз 142 нафар омӯзгорон ва духтурони соҳибтаҷриба ҳамчун омӯзгори асосӣ ва 75 нафар  ҳамчун омӯзгори ҳамкор кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 107 нафар соҳиби маълумоти олии тиббӣ, 110 нафар соҳиби маълумоти олии омӯзгорӣ, 25 нафар соҳиби маълумоти миёнаи махсус ва 16 нафар кормандони хурди техникӣ мебошанд. Вобаста ба ин 13 нафар дорандаи унвони соҳавии “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, 6 нафар дорандаи унвони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, 1 нафар дорандаи унвони “Аълочии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 нафар корманди ҳамкор, номзади илмҳои тиб ва се нафар унвонҷӯ мебошанд. Дар соли нави таҳсили 2022-2023 48 нафар мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуданд.

Бахшида ба иди касбии табибон дар муассиса ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуфи С.Ҷ. гузаронида шуд, ки дар он ба ду нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба унвони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” ва ба 2 нафар ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дода шуд.

Дар моҳи октябри соли 2022 тибқи Нақшаи дурнамои муассиса 55 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос дар назди Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии соҳаи маориф гузашта, соҳиби Шаҳодатнома гардиданд. Инчунин, санаи 28-29-уми октябри соли равон дар асоси Нақшаи дурнамо аттестатсияи кормандон бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гузаронида шуд. Дар аттестатсия зиёда аз 50 нафар кормандон иштирок намуда, онро  бомуваффақият супориданд.

Фаъолияти китобхона

Дар рафти суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки дар коллеҷ китобхона ва қироатхона бо 30 ҷои нишаст мавҷуд буда, бо компютер ва шабакаи интернетӣ пайваст мебошад. Инчунин, дар китобхона 11928 адад китоб буда, аз шумораи умумӣ 5833 адад китобҳои таълимии тахассусӣ, 3900 адад китобҳои электронӣ, 126 адад китобҳои методӣ, 2197 адад адабиёти бадеӣ, 89 адад китобҳои муҳтарам Пешвои миллат ва 183 ададро китобҳои таълимӣ баъди синфи 9 ташкил медиҳанд. Нисбат ба даҳмоҳаи соли гузашта китобҳои таълимии тахассусӣ 981 адад, китобҳои электронӣ 2000 адад ва 6 адад китобҳои методӣ, дар маҷмӯъ 2191 адад теъдоди китобҳо зиёд карда шуданд. Роҷеъ ба ин, китобхона бо китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода ва китобхонаи миллии Тоҷикистон робита ва ҳамкории зич дорад. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнвораҳо конференсияи илмӣ-адабӣ, мизи мудаввар, гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо, намоиши китобҳои нав ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ тибқи нақшаи корӣ баргузор гардидааст.  Ҳуҷҷатдорӣ ва корбарӣ дар китобхона тибқи талабот ба роҳ гузошта шуда, рафти аъзошавии донишҷӯён ва омӯзгорон мунтазам аз тарафи маъмурият назорат карда мешавад.

Сифати таълим ва методикаи он

Мавсуф инчунин қайд кард, ки дар таълимгоҳ кабинети методӣ ва шуъбаи таълим фаъолият мекунанд, ки омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо онҳо тамоми ҳуҷҷатдорӣ ва коргузориро тибқи талабот ба роҳ мондаанд. Раванди таълим аз тарафи шуъбаи таълим ва услубшинос мувофиқи нақшаи тасдиқгардида мунтазам назорат карда мешавад. Сардори шуъбаи таълим дар  ҳамкорӣ бо мудирони кафедраҳои таълимӣ, роҳбарони комиссияҳои назоратӣ, деканони факултаҳо дарсҳои назариявию амалии омӯзгоронро дар асоси нақшаи тасдиқгардида ҳамаҷониба таҳлил намуда, натиҷаи онро дар Шӯрои олимон баррасӣ менамоянд. Мутахассисони ҷавон барои омӯхтани методи корбарӣ ва ҷорӣ намудан аз усулҳои нави муосир ва иноватсия дар дарсҳо  ба омӯзгорони соҳибтаҷриба вобаста карда шудаанд. Ҳафтаҳои фаннӣ ва дарсҳои кушод мувофиқи нақша гузаронида мешаванд, ки дар он методҳои таълимӣ, маводҳои методӣ, методи истифодаи воситаҳои техникӣ ва аёнӣ, методӣ намоиши таҷриба, ҷамъоварии ҳамаи усулҳои кор дар давоми солҳо ва методи кори лабораторӣ нишон дода мешавад. Вобаста ба ҳафтаҳои фаннӣ баҳри васеъ намудани тафаккури технологию ҷаҳонишавии донишҷӯён машғулиятҳои иловагӣ ташкил карда шуда, омӯзгорони фаъолу кордон вобаста карда шудаанд. Аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳо дар давраи ҳисоботӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ ва мавзӯъҳои гуногун оид ба ихтисосҳояшон дар рӯзномаҳои даврӣ мақолаҳо ба чоп расонида шуд. Дар даҳмоҳаи соли 2022 аз ҷониби ҳайати кормандони шуъбаи таълим як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуд.  Аз ҷумла:

Таҳия ва чоп намудани фармоишҳои донишҷӯён оид ба хориҷу барқарор ва интиқоли онҳо, мувофиқи пешниҳодҳои деканони факултаҳо;

Таҳрир ва тасҳеҳи мақолаҳои илмӣ-адабӣ аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ва кормандон;

Иштирок намудани омӯзгорон дар конфронси минтақавии илмӣ-амалии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кулоб” ва баромад намудани онҳо бо презентатсияю мақолаҳои илмӣ-тахассусӣ ва ғайраҳо.

Дар таълимгоҳ Бахши идоракунии сифати таҳсилот фаъолият менамояд. Бахши мазкур дар давоми фаъолияти даҳмоҳа ҳафтаҳои фаннӣ, машғулиятҳои беруназсинфӣ, озмунҳои фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ гузаронид. Бо мақсади баланд бардоштани  сатҳу сифати таълим тибқи нақшаи солонаи бахши идоракунии сифати таҳсилот аз донишҷӯён  санҷишҳои тестӣ ва мониторинги фанҳои таълимӣ гузаронида шуд, ки натиҷаи он дар Шӯрои олимони муассиса баррасӣ ва таҳлил карда шуданд.

Кафедра ва барномаҳои таълимӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки бояд қайд намуд, ки дар коллеҷ даҳ кафедраи фаннӣ- кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”, кафедраи “Фанҳои тиббӣ-биологӣ”, кафедраи “Кори ҳамширагӣ”, кафедраи “Кори фарматсевтӣ ва кимиё”, кафедраи “Фанҳои тиббӣ-клиникӣ”, кафедраи “Момоӣ ва педиатрия”, кафедраи “Фанҳои морфологӣ ва кори дандонсозӣ”, кафедраи “Забонҳо”, кафедраи “Варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ” ва “Фанҳои дақиқ ва риёзӣ” фаъолият доранд. Кафедраҳои мазкур дар асоси нақшаҳои корӣ ва тибқи супориш мунтазам фанҳои таълимӣ ва ҷараёни таълимро назорат менамоянд. Натиҷаи фаъолияти кафедраҳои фаннӣ дар ҷаласаҳои назди директор ва муовини директор баррасӣ мегардад.

Дар оғози соли таҳсили 2022-2023 Нақшаи кории кормандони маъмурии муассиса аз ҷониби роҳбарият тасдиқ карда шуданд. Инчунин тамоми ҳуҷҷатҳои таълимӣ-методӣ ва тарбиявии ҳайати кормандону омӯзгорон таҳия ва тасдиқ карда шуданд. Сарбории солонаи таълимии омӯзгорони кафедраҳо муқаррар карда шуда, тасдиқ карда шуданд. Ҷадвали машғулиятҳо тартиб дода шуда, тибқи он дарсҳо дар ду баст гузаронида мешаванд.

Дар даҳмоҳаи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи таълим зиёда аз 30 машғулиятҳои омӯзгорон мавриди таҳлил ва санҷиш қарор дода шуд. Ҳамчунин, қисми кормандони маъмурии муассиса дар 28 машғулиятҳои кушоду намунавӣ, маҳфилҳои фаннӣ, озмунҳо, соатҳои тарбиявӣ, конфронсу семинарҳо ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва  таърихӣ ширкат намуданд.

Иштирок дар озмунҳо

Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки бояд қайд намуд, ки 29 нафар донишҷӯёни муассиса дар даври шаҳрии озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Дар моҳи июл, ки даври ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, аз озмуни  “Тоҷикистон Ватани азизи ман” як нафар донишҷӯ ҷойи ифтихориро сазовор гардид. Дар моҳи октябри соли равон дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 4 нафар донишҷӯён ҷойҳои намоёнро сазовор гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд, ки ин ҳам дастоварди бузург ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби маъмурияти муассиса иштирокчиён, омӯзгорони масъул ва волидайни донишҷӯён бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷониби бахши кор бо ҷавонони шаҳри Турсунзода байни коллеҷҳои шаҳр, аз ҷумла МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода, МДТ “Коллеҷи ғайридавлатии шаҳри Турсунзода” ва МДТ “Коллеҷи омӯзгорӣ” бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 04-уми ноябри соли равон озмун эълон гардид. Озмун дар Кохи Дӯстии шаҳри Турсунзода таҳти унвони “Конститутсия- бахтномаи миллат” баргузор гардид, ки донишҷӯёни муассиса сазовори ҷойи якум гардиданд.

Инчунин, дар асоси Амрномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса даври аввали озмуни ҷумҳуриявӣ “Тоҷикон оинаи таърихи миллат” баргузор гардида,  айни замон байни омӯзгорони кафедраҳо идома дорад. Марҳила ба марҳила аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида озмуни мазкур гузаронида мешавад. Дар ин озмун донишҷӯён низ ҷалб гардида, иштирок менамоянд.

Тарбияи ҳуқуқӣ ва маърифатӣ

Мавсуф ҳамзамон, изҳор дошт, ки мувофиқи нақша-чорабинии Созмони ҷавонон, шӯрои занон ва самти тарбия, инчунин бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва ҷаҳонбинии доншҷӯён тибқи ҷадвали тасдиқгардида, ҳар моҳ бо намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази ВНМО мулоқоту вохӯриҳо гузаронида мешавад, ки зимни он оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, татбиқи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию  ифротгаро, маданият ва санъати либоспӯшӣ, амалҳои коррупсионӣ ва зуҳуроти бегонашавӣ суханронӣ карда мешавад.

Созандагию ободонӣ

Дар рафти суҳбат номбурда ҳамчунин зикр дошт, ки қобили қайд аст, ки бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса як қатор корҳои ободонӣ ба сомон расонида шудаст. Аз ҷумла, ҳар рӯзи шанбе ҳашари дастҷамъона бо кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ барои тоза намудани гирду атрофи муассиса ва инчунин дар минтақаҳои вобасташудаи шаҳр ташкил карда шудааст. Вобаста ба ин дар атрофи қитъаи замини ҷудошуда арча ва ниҳолҳои мевадиҳанда, зиёда аз 4120 адад қаламчаи гулҳои садбарг ва дигар гулҳои ороишӣ шинонда шуд. Тамоми ҳуҷраҳои таълимӣ ва утоқҳои корӣ то оғози соли нави таҳсил аз таъмири ҷорӣ бароварда шудад. Ҳамзамон дар қитъаи замини мазкур собиқ Бинои ошхонаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода, ки ба тавозуни муассиса бо қарори раиси шаҳри Турсунзода гузаронида шудааст, бо мақсади зиёд намудани пояи моддӣ – техникӣ, аз ҷумла, ҳуҷраҳои таълимӣ ва утоқҳои корӣ корҳои азнавсозию тармимӣ ба итмом расонида шуд.

Дар фароварди суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани сифати  таълиму тарбия бо мақсади зиёд намудани пояи моддӣ-техникӣ таълимгоҳ ҳамасола базаҳои моддӣ-техникии худро баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ғанитар мегардонад.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь