Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо Сартабиби беморхонаи мазкур Раҳмонзода Сироҷиддин Қутбиддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат қайд кард, ки соҳаи тиб дар ҳаёти ҷомеа ва пешрафти давлату миллат нақши калидӣ дорад ва аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат дар ҳар суханронии хеш нисбати соҳаи тиб таваҷҷуҳи хоса менамоянд ва чӣ тавре, ки дар баромади хеш санаи 1.9. соли 2022 дар Рӯзи Дониш Пешвои миллат қайд намуданд: “Дар самти истифодаи захираҳои табиати кишвар ва имкониятҳои соҳаи тандурустии мамлакат корро тавре бояд ташкил кард, ки ба хориҷа барои табобат рафтани шаҳрвандони мо тадриҷан аз байн бурда шавад ва баръакс, бо мақсади саёҳати табобатӣ ва дигар намудҳои табобат ба Тоҷикистон омадани хориҷиҳо афзоиш ёбад”.

Ҳамчунин, мавсуф илова намуд, ки кормандони соҳаи тиб дар назди ҷомеа вазифадоранд, ки касби худро содиқона дӯстдоранду дар пайи иҷрояш тамоми имконоти мавҷударо дареғ надоранд, чунончи, Пешвои миллат дар Рӯзи Дониш қайд намуданд: “Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ – роҳбарону масъулон ва мутахассисон, устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбии тиббӣ ва табибону ҳамшираҳои шафқат вазифаи касбӣ ва рисолати инсонии худро дар назди халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо заҳмати софдилона ва садоқат ба касби худ иҷро менамоянд”.

Аз ин рӯ, мо-кормандони соҳаи тиб бояд беш аз пеш масъулиятшинос бошем ва албатта, мекӯшем, ки сазовори боварии Пешвои миллат гардем.

Натиҷагирӣ

Дар диомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ аҳолии шаҳру деҳоти Ваҳдат 361817 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 177797 нафарро занон ва 184020 нафарро мардҳо ташкил медиҳанд. Хизматрасонии тибии госпиталиро Беморхонаи марказӣ бо 457 кат, 6 – Беморхонаҳои минтақавии рақамдор бо 215 кат, Муассисаи давлатии худмаблағгузории «Маркази ҷарроҳӣ» бо 25 кат, Маркази шикастабандӣ ва осебшиносии «Нури Ваҳдат» бо 8 кат, Маркази ташхисию табобатии «Шафқат» бо 15 кат ва Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат» бо 25 кат, Маркази ташхисиву табобатии «Парастор» бо 60 кат, Маркази ташхисию табобатии «Ҳаёт» бо 10 кат, маркази ташхиси табобати эндоxарроҳии шаҳри Ваҳдат, ки  дар умум 831 катро ташкил медиҳанд, мерасонанд. Кумаки аввалияи тиббию санитариро бошад, Маркази саломатии шаҳрӣ бо филиалаш, 30 Марказҳои саломатии деҳот, 79 бунгоҳҳои саломатӣ, мерасонанд. Инчунин, хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ, маркази ёрии таъҷилӣ, Марказҳои солимии репродуктивӣ, мубориза алайҳи бемориҳои сил, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим, мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, эмтаъминкунӣ, мубориза бар зидди бемориҳои СПИД, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази байниноҳиявии экспертизаи тиббию судӣ ва Маркази стоматологӣ, мерасонанд.

Шӯрои табибон

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки дар назди беморхонаи марказӣ Шӯрои тиббии кормандони соҳаи тандурустӣ фаъолият менамояд. Мувофиқи нақшаи Беморхонаи марказӣ дар 7 моҳи соли ҷорӣ 2 ҷаласа гузаронида шуд, ки 5 масъалаҳои мубрами рӯзро дар бар мегирад.

Баҳри бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта шахсони масъул вазифадор ва иҷроиши он зери назорат қарор дода шуд.

Бо фармоиши роҳбари Беморхона аз 17.01. соли 2019 №21 барои саривақт ва мақсаднок таҳлил намудани сабабҳои фавти беморон, пешниҳоди ахбороти фаврӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷкистон таҳлили ҳолатҳои оризанок ва вазниншавии беморон коммиссияи таҳлили марганҷомӣ ва беморони оризанок гашта, таъсис дода шуд.

Аз моҳи сентябри соли 2009 як қатор ҳуҷраҳои ташхиси ва як қисми шӯъбаҳои беморхонаи марказӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тартиби хизматрасонии тибию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» фаъолият карда истодаанд.

Таъминот

Қайд карда шуд, ки нақшаи иҷроиши супурдани маблағҳои махсуси соҳа тибқи қарори №600 назар ба 7 моҳи соли 2021 шаш фоиз зиёд гашта, ба буҷаи соҳаи тандурустӣ 35714 сомонӣ зиёд маблағ ворид карда шудааст.

Сохтори госпиталӣ аз 15 шӯъбаҳои Беморхонаи марказӣ, ки аз ин 12 тояш шӯъбаҳои ташхисию-табобатии статсионарӣ мебошанд, инчунин шӯъбаи қабули беморон, шӯъбаҳои ёрирасониҳои тиббӣ, шӯъбаи ёрии таъҷилӣ, нуқтаи шикастабандӣ, шӯъбаи паталогоанатомӣ бо маитгоҳ ва дигар шӯбаҳое, ки ба қисми хоҷагидорӣ таалуқ доранд, ва 6 беморхонаи рақамдори минтақавӣ ба аҳолӣ хизмати ташхисию-табобатӣ мерасонанд.

Дар 7 моҳи соли 2022 назар ба 6 моҳи 2021 тибқи қарори мазкур ба буҷаи беморхона 19878 сомони зиёд маблағ ворид карда шудааст ва нақшаи иҷроиш 93,2%-ро ташкил медиҳад, ки назар ба 6моҳи соли гузашта 6,6 % зиёд мебошад.

Нисбати ҳамин давраи соли 2021 шумораи кормандони тиб 90 нафар афзудааст.

Дар беморхонаҳои рақамдор фоизи иҷроиши катҳо 9,2% зиёд гаштааст ва фаъолияти корӣ дар беморхонаҳои минтақавӣ моро қонеъ карда метавонад. Дар умум фоизи иҷроиши катҳо 55,1 % ташкил медиҳад, ки назар ба 7 моҳи соли гузашта 12,9 % зиёд мебошад.

Гардиши катҳо 3,3 %, кори катҳо 10% зиёд гаштааст.

Таваллуд ва шарту шароити он

Дар рафти суҳбат номбурда қайд кард, ки мустаҳкам намудани саломатии модарон, тифлони навзод, кӯдакон ва наврасон яке аз вазифаҳои асосии кормандони тиб маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, бо мақсади беҳшавии саломатии модарон бо мусоидати кормандон шумораи таваллуд дар таваллудхонаҳо зина ба зина кам карда шуда истодааст.

Шумораи таваллуд дар 7 моҳи соли ҷорӣ 4234 дар 6 моҳи соли гузашта 4046 нафарро ташкил дод, ки нисбати 7 моҳи соли гузашта 188 нафар зиёд гаштааст.

Аз шумораи умумии таваллуд 4234 нафар, 7 моҳи соли пешин 4046 нафар аз ин шумора дар таваллудхона  4012 нафар 95,0%, 6 моҳи соли гузашта  3769 нафар – 93,0%, яъне нисбати соли гузашта – 2 % зиёд гаштааст. Дар хона 222 нафар -5 ,0% дар 7 моҳи соли гузашта  277 нафар 7,0% -ро ташкил медиҳад.

Нишондоди фавти кӯдакон дар 7 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гаштааст.

Хизматрасонӣ

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайри сироятӣ ва осеббардорӣ дар ҶТ барои солҳои 2012-2023, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3-уми декабри соли 2012, таҳти №676 тасдиқ шудааст.

Баҳри иҷроиши Барномаи миллии пешгирии осеббардорӣ ва такмили кӯмаки тиббӣ ҳангоми осеббардорӣ маълумотҳои зерин пешниҳод намудан мумкин аст:

Шумораи умумии беморони осебгирифта 2544 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 600 нафар бо шикасти пушида, 9 нафар бо шикасти кушода, 107 нафар бо баромадагӣ, 1133 нафарро латхурӣ ва кашишхурӣ. Маҳали осеббардорӣ кучагӣ 1090 нафар, садамаи нақлиётӣ106 нафар, осеби варзишӣ177 нафар ва осеби хонагиро 1231 нафар ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Ваҳдат 1 нуқтаи шикастабандӣ дар назди шӯъбаи қабули Беморхонаи марказӣ фаъолият менамояд, ки дар 6 моҳи сипаригашта ба 2544  нафар шаҳрванд ёрии саривақти тиббӣ расонида аст.

Ба шӯъба 7 моҳи соли ҷорӣ 732  нафар шаҳрванд кам муроҷиат намудаанд. Теъдоди бо роҳхат муроҷиаткунандагон 236 нафар зиёд гаштааст, 2100 нафар бистарӣ карда шудаанд, ки 62,6%-ро ташкил медиҳад.

Бо роҳхати МСШ бистаришудагон 19 нафар, 0,9 %, ки назар ба 7 моҳи 2021 сол 24 нафар кам гаштааст.

Ёрии саривақтӣ ва машваратҳои судманд

Инчунин, номбурда изҳор дошт, ки теъдоди бемороне, ки хун ва зардоби хун қабул намудаанд дар 7 моҳи соли ҷорӣ 4 нафар кам шудааст ва 180 литру 210мл зиёд истифода бурда шудааст.

Шӯъбаи ёрии таъҷилӣ шӯъба дорои 8-адад автомошинаҳои ёрии таъҷилӣ мебошад.

Дар 7 моҳи соли 2022 назар ба 7 моҳи 2021 сол 117 амалиёти физиотерапевтӣ кам ба аҳолӣ гузаронида шудааст.

Дар Маркази солимии репродуктивӣ «Мактаби модарон» ташкил ва бо таҷҳизотҳои лозимӣ таъмин карда шуд, ки момодояҳо ба занони ҳомила, падарони ҷавон ва хушдоманҳо машғулиятҳо оид ба «Ғизои солим», «Дигаргуниҳо дар вақти ҳомиладорӣ», «Омилҳои хатар», «Тайёрӣ ба таваллуд бо шарик», «Давраҳои валодат», «Синамаконӣ», «Маводҳои пешгирии ҳамли баъди таваллуд», «Никоҳи хешу таборӣ», «Нонҳои  модарзодӣ» ва «Масъунияти падару  модар дар тарбияи фарзанд» машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Ҳар ҳафта як маротиба бо момодояҳои минтақавӣ оиди «Фармони №161», «Назорати антенаталӣ», «Омилҳои хатар дар вақти ҳомиладорӣ», «Преэклампсия –  Эклампсия, Ёрии таъҷилӣ», «Хунравӣ, Ёрии таъҷилӣ», «Маводҳои пешгирии ҳомиладорӣ», «Бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда», “Машваратдиҳии пеш аз санҷиш ва баъди санҷиш оид ба ВНМО дар давраи назорати то таваллуд” машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Коркунони Марказ дар 12 семинар машваратҳо ва вохуриҳо бо аҳолӣ ташкил намуда, оид ба мавзуъҳои рӯзмара дар радиои маҳаллии “Садои  Ваҳдат” дар мавзӯъҳои зерин, “Камхунӣ дар байни занони ҳомила”, “Паёми Президенти ҶТ”,  «Никоҳи хешу таборӣ», «Нуқсонҳои модарзодӣ», «Масъунияти падару модар дар тарбияи фарзанд»,  «Ғизои солим», «Дигаргуниҳо дар вақти ҳомиладорӣ», «Омилҳои хатар», «Тайёри ба таваллуд бо шарик», «Давраҳои валодат», «Синамаконӣ» ва «Маводҳои пешгирии ҳамли баъди таваллуд» 10- маротиба баромад намуданд.

Ба маркази солимии репродуктивӣ 10311 нафар зан муроҷиат намуд, ки ба онҳо ёрии тиббӣ расонида шуд. То имрӯз 4804 зани ҳомила аз санҷиши тести оҷилии ВМНО гузаштанд.

Шуъбаи тиббӣ-машваратии ҷавонон бо фармони Вазорати тандурустӣ аз 01.02.2010  № 41 (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми декабри соли 2006 таҳти №609 тасдиқ гардидааст), ки ҷузъи таркибии муаасисаи тиббӣ-профилактикӣ буда, ба наврасон ва ҷавонон кумаки аввалияи профилактикию машваратӣ, ташхисию-табобатӣ ва тиббӣ-иҷтимоӣ мерасонад ва ба нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирии рафтори хавфноки онҳо равона карда шудааст.

Дар 6-моҳи 2022 сол аз тарафи дояпизишк ва момодояҳои шӯъбаи тиббӣ-машваратии ҷавонон барои баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон ва наврасон нисбати хизматрасонии «Солимии репродуктивии ҷавонон», «Танзими оила», «Хуқуқҳои репродуктивӣ», «Бемории бо роҳи алоқаи ҷинси гузаранда», «Инкишофи афзоиши синну солӣ», «ВНМО», «Пешгирии ҳамли номатлуб», «Ба балоғатрасии наврасон», «Солимгардонии ноболиғон» 9 вохӯриҳо гузаронида шуд.

Инчунин, ба иштирокчиён ва маҷруҳони ҶБВ, Афғонистон, садамаи Чернобел хизматрасониҳо ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Ба маблағи 3600 сомонӣ ба 2 нафар дандонҳои сунъӣ ба тариқи  ройгон сохта дода шуд.

Дар идомаи суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки баҳри амалисозии Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масъулияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният» Маркази пешгири ва мубориза бар зидди СПИДдар 7 моҳи соли ҷорӣ оҷилӣ, ихтиёрӣ, пинҳонӣ, бепул ва конфедитсиалӣ 8565 нафар одамонро аз ташхиси экспрестестӣ гузаронид.

Дар шӯъбаи эпидемиологӣ дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 32 нафар сироятшудагони ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 18 нафаронашон мардҳо, 14 нафаронашон занҳо мебошанд.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 25 нафар дар қайди диспансерии оморӣ гирифта шудаанд, 25 нафарашон бо табобати ЗРВ фаро гирифта шудаанд.

Доруҳои зидди ретровирусӣ аз тарафи фонди Глобалӣ ба сироятёфтагон ройгон дода мешавад. Ҳамагӣ дар шӯъбаи диспансерии марказ 489 нафар сироятёфтагони ВНМО бо табобати ЗР фаро гирифта шудаанд.

Ҳаёти солим

Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дот, ки Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ш.Ваҳдат дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 № 566, Қарори ҳукумати шаҳри Ваҳдат аз 15 феврали соли 2022, №768 ва фармоиши Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат аз 24 майи соли 2022, №89  «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таъсис дода шуд.

Дар ҳафт моҳи соли 2022 Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳр бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавии худ ва нақшаю чорабиниҳои худ, корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар байни аҳолии шаҳр ва корҳои ҳамоҳангсозиро дар байни корхонаҳои давлатию ғайридавлатии дар шаҳр фаъолиятдошта, ба роҳ мондааст. Бо сохторҳои  дар боло зикр гардида оид ба мавзуҳои танзими оила, бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ, бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинси гузаранда, «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Одобу муошират, барассии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маркази хайрхоҳона ба ҷавонон, занон оид ба тарзи ҳаёти солим ва ғайра машваратҳо баргузор менамояд.

Инчунин  аз рӯи гуфтушуниди шифоии тариқи шабакаи Оилайн бо вазири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо беморхонаи марказӣ, шабакаи КАТС ва Марказҳои шаҳрӣ дар тамоми корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба пешгирии Covid-19 ва бемориҳои ба он монанд, пушидани ниқобҳо, безараргардони дастон, гигиенаи шахсӣ ва ТТҲС, аз санаи 28 октябри соли 2020 инҷониб нақшаю чорабиниҳо тартиб дода шуд, ки то ин замон тавассути балангуяк маърузаву машварат гузаронида шуда истодааст.

Нишондодҳо аз фаъолияти МТТҲС

Ҳамчунин, мавсуф қайд кард, ки баҳри амалисозии«Барномаи миллии иммунопрофилактика дар ҶТ барои солҳои 2021-2025» Маркази иммунопрофилактика тибқи нақшаи тасдиқшуда оид ба иҷроиши «Барномаи миллии иммунопрофилактика»дар давоми 7-моҳи соли 2022 Маркази иммунопрофилактикаи шаҳр бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои оиномавии худ ва нақша- чорабиниҳо тибқи нақшаи тасдиқшуда оид ба гузаронидани санчишҳо (мониторингхо) дар муассисаҳои тиббии шаҳр, аз ҷумла: ФМСШ, Марказҳои саломатии деҳоти Ганчбор, Меҳрбахш, Чилламазор, Гулрез, Б. Бурунов, Кофарниҳон, Гирдоб, Бостон, Фириштӣ, Симиганч бунгоҳҳои тиббии Зарнисор, Ситораи сурх, Маданият-1, Маданият-2, Абдурасул, Меҳргон, Андигон, Ганҷина, Зартеппа, Меҳробод, Саричинори поён, Арбоб, Одилӣ, Чаман, Чинор, Обидара, Эловар, Дашти беди хурд, Дашти беди калон, Баҳористон, Чиртак, Арбобдара, Найдара, Суғдиён, Чаманзор, Сангпар боздид гузаронида шуд. Дар вақти боздид холати ҳуҷҷатгузорӣ, дафтарҳои қайди иммунизатсияи кӯдакон ва қайди иммунизатсияи зидди сирояти нави коронавирус, назорати ваксинаҳо, занҷири хунукитаъминкунанда, шакли-2, шакли-63, шакли-024, ҳуҷраи иммунизатсия дида баромада шуд. Оид ба камбудиҳо пешниҳодҳо дода шуда, бо кормандони тиб машварат гузаронида шуд.

Бо мақсади таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, бехатар гузаронидани иммунизатсия, пешгирӣ ва мавҳ намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои ваксинаторони шабакаи муассисаҳои кȳмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таваллудхонаҳо, иҷроиши фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 08 феврали соли 2017, №66 дар бораи омȳзиши мунтазами ваксинаторон оид ба «Иммунизатсияи бехатар», дар санаҳои 30-31 марти соли 2022 дар байни 219 нафар ваксинаторони муассисаҳои тиббӣ омȳзиш гузаронида шуда, ба ҳамаи онҳо Шаҳодатнома дода шуд.

Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2022, №196 ва фармоиши Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика «Оид ба бехатарии ваксинаҳо ва зиддинишондодҳо вобаста ба иммунизатсияи зидди сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 20.04-30.04.2022сол машғулиятҳои омȳзишӣ дар байни 232 нафар ваксинаторони шабакаи КАТС гузаронида шуда, ба ҳамаи онҳо Шаҳодатнома дода шуд.

Оид ба  иҷроиши Мактуби даврии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2021, №1-5/11157 «Оид ба пурзȳр намудани назорати эпидемиологӣ аз рȳи бемориҳои сурхча дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар шаҳри Ваҳдат ситоди шаҳри бо фармоиши менеҷери шабакаи КАТС аз 26.04.2022 сол, №57ᴬ ташкил карда шудааст. Оид ба мавҳ ва пешгирии бемории сурхча аз муассисаҳои тиббӣ боздид намуда, дафтарҳои қайди иммунизатсия, ш-63 ва ш-024 солҳои 2014-2021 дида баромада шуд. 554-нафар кȳдакони аз иммунизатсия бозмондашуда дарёфт карда шуда, бо иммунизатсия фаро гирифта шуданд.

КАТС

Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки фаъолияти муассисаҳои КАТС: Пуррасозии воҳидҳои корӣ бошад дар ин муассисаҳо дар қиёс бо ҳамин давраи Кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, баҳри пешбурди соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ворид намудани усулҳои наву муосир муоина ва муолиҷаи беморон, вусъат додан ба корҳои созандагию ободонӣ ва баҳри дар амал татбиқ намудани «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ», таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолият намуда истодаданд.

Дар фароварди суҳбат масуф қайд кард, мо- табибон тамоми кушишу талошамон бар он равон карда шудааст, ки солимии миллат ҳифз карда шавад ва баҳри пешрафти соҳаи тиб тамоми донишу малакаи худро равон карда истодаем. Ҳамзамон, сатҳу сифати хизматрасониро бо аҳолӣ рӯз аз рӯз беҳтар намуда истодаем ва бемороне, ки ба мо муроҷиат мекунанд, албатта, саривақт бо сифати баланд ба дарди онҳо дармон мебахшем, ки ин воқеан, хизмати касбии мо аст ва ҳар қадар беморон шифои комил, ки ёфтанд мо –табибон шод мегардем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь