Хабарнигори МТЖТ бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС) шаҳри Ваҳдат бо менеҷери шабакаи КАТС-и шаҳр Холов Шокирҷон Шарифович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат чунин гуфт: Сараввал мехоҳам, ки кулли сокинони кишвари азизамонро бо ҷашни 30-солагии Истиқлол муборакбод гуфта, ҳамчун табиб таманно мекунам, ки миллати азизам ҳамеша тандурусту солим бошад. Албатта, марому ҳадафи мо – кормандони соҳаи тиб солимии мардум аст. Чунон ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суханронии худ таъкид менамоянд, ки содиқона ва самимона баҳри миллату давлат хизмат намоем ва мо ҳамеша суханони боҳикмати Пешвои миллатро дастури фаъолияти касбии худ намудаему менамоем.
Кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ баҳри пешбурди соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ворид намудани усулҳои наву муосири муоина ва муолиҷаи беморон, вусъат додан ба корҳои созандагию ободонӣ ва баҳри дар амал татбиқ намудани «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Дар қаламрави шаҳру деҳоти Ваҳдат барои хизматрасонии аввалияи тиббию санитарӣ ва профилактикӣ ба аҳоли Маркази саломатии шаҳри (бо 450-600 қабул дар як баст) бо филиали он (бо 300-400 қабул дар як баст), 30 Марказҳои саломатии деҳотӣ ва 79 Бунгоҳҳои саломатӣ, ҳамаи 111 муассисаҳои тиббӣ фаъолият менамоянд.
Нишондиҳандаҳои фаъолияти кории муассисаҳои соҳа, ҳамагӣ дар соли ҷорӣ нисбати 9-моҳи соли гузашта: дар қабул буданд, соли ҷорӣ 289961, соли қаблӣ 270289;
Аз инҳо бо сабаби беморӣ, калонсолон, соли ҷорӣ 131414, соли қаблӣ 129322; кӯдакони то синни 18 сола, соли ҷорӣ 116771, соли қаблӣ 116171;
Муоина дар хона, соли ҷорӣ 199134, соли қаблӣ 181818; бо хусуси беморӣ, соли ҷорӣ 34570, соли қаблӣ 81569; патронаж ва кори профилактикӣ, соли ҷорӣ 164564, соли қаблӣ 94261;
Чи тавре аз нишондодҳо аён аст тӯли 9-моҳи соли 2021 дар қиёс бо 9-моҳи соли гузашта теъдоди дар қабул будагон 19672 нафар зиёд гаштааст. Аз инҳо бо сабаби бемори калонсолон нисбат ба соли гузашта 2092 нафар зиёд гашта, бо сабаби бемории кӯдакони то синни 18 сола нисбат ба соли гузашта гузашта 600 нафар зиёда гашта, дар хона муоинашудагон 17316 нафар зиёд гашта, бо хусуси бемори 46999 нафар кам гашта, патранажи профилактики 70303 нафар зиёд мебошад.
Нишондиҳандаҳои хизматрасонии тиббӣ ба занҳои ҳомила дар 9-моҳи соли ҷорӣ:
Ба қайди ҳомиладорӣ гирифта шуд, соли ҷорӣ 7424, соли қаблӣ 7762; аз ин ҳисоб, то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ, соли ҷорӣ 6452, яъне 87%, соли қаблӣ 6773, яъне 87,3%; аз 13 то 22 ҳафтаи ҳомиладорӣ, соли ҷорӣ 763, яъне10,3%; соли қаблӣ 870, яъне 9,9%; аз 22 ҳафта зиёди ҳомиладорӣ, соли ҷорӣ 209, яъне 2,7%, соли қаблӣ 219, яъне 9,8%;
Таҳлилҳои лабораторӣ ва муонаи мутахасисон бошад, хун ба RW, соли ҷорӣ 6849, яъне 92,2%, соли қаблӣ 7097, яъне 91,4%; муоинаи терапевт (табиби оилавӣ), соли ҷорӣ 6392, яъне 86,0%, соли қаблӣ 6917, яъне 89,0%;
Чи тавре аз нишондиҳандаҳо бар меояд фоизи саривақт ба қайдгирии ҳомиладорон (то 12 ҳафта) дар 9 моҳи 2021 сол- 6452-87,0%. Дар 9 моҳи 2020 сол –6773 нафар – 87,3%-ро ташкил медиҳад. Таваллуд дар хона 9 моҳи 2021 сол – 445 нафар – 7,0% ва дар 9 моҳи 2020 бошад 456 нафар – 7,0%-ро ташкил медиҳад.
Аз ин нишондиҳанда бармеояд, ки дар зинаи нахустини хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи Бунгоҳҳои саломатӣ, Марказҳои саломатии деҳотӣ ва шаҳрӣ, сари вақт бақайдгирӣ, муоина аз ҷониби мутахассисон, гузаштан аз таҳлилҳои лабораторӣ ва татбиқи стандартҳои миллӣ оид ба валодати физиологӣ ва давраи пас аз таваллуд таъмин гардида истодааст.
Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки баҳри амалисозии «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» бо назардошти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2016 №455 ва қарори раиси шаҳр аз 21.12.2016 сол №2070 чунин корҳо ба сомон расонида шуд. Бо фармоиши сартабиби беморхона аз 10.02.2017 сол №47 нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати татбиқи барнома ташкил карда шуд.
Айни ҳол дар шаҳр 4712 нафар шаҳрванд ҳамчун маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки 1068 нафарро синни то 18- сола ташкил медиҳад. Аз ин миқдор гуруҳи якум 528 нафар, гуруҳи дуюм 2078 нафар, гуруҳи сеюм 1038 нафар, маъюбшавӣ дар шаҳр 1,3%-ро ташкил медиҳад. Маъюбон бо пуррагӣ аз муоинаи даврии тиббӣ гузаронида шудаанд. Ҳамаи маъюбони синни то 18- сола барои таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаро гирифта, шароит барои таҳсил муҳайё карда шудааст.
Дар ҳама шуъбаҳои бистаринамоӣ ҳуҷраҳои алоҳида барои табобати гуруҳҳои имтиёздошта (иштирокчиёни ҶБВ, МҶБВ, ҷанги Афғонистон ва бартарафкунандагони садамаи Чернобел) ҷудо карда, бо таҷҳизотҳои лозима ҷиҳозонида шудааст ва дар даромадгоҳи ҳуҷраҳо лавҳаи сабт мавҷуд мебошад. Муоина, ташхис ва табобати ин гуруҳ шахсон тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст.
Аз нишондодҳо бармеояд соли ҷорӣ нисбати соли гузашта фаъолияти мутахассисони тибби оилавӣ дар самти бақайдгирии саривақтии беморон, таҳлилу ташхисгузаронӣ, муолиҷаю солимгардонӣ, пешгирии беморон, гаштҳои хонагӣ ва хизматрасонӣ ба нафарони имтиёздошта хубтар ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби кормандони шабака мунтазам бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида шуда, масъалаҳои тозагии муҳити зист, ташаккули тарзи ҳаёти солим, профилактика ва пешгирии бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ, назорату ғизодиҳии кӯдакон ва таъмини иммунизатсиякунии бефосилаи онҳо, танзими оила ва монанди инҳо баррасӣ мегарданд.
Номбурда дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки нишондоди бемориҳои сироятӣ дар муқоиса бо 9-моҳаи соли гузашта чунин аст:
Домана, соли ҷорӣ 0, соли қаблӣ 0; Изҳоли хунин, соли ҷорӣ 0, соли қаблӣ 0; Дарунрави тасдиқшуда, соли ҷорӣ 8, соли қаблӣ 14;Дарунрави тасдиқнашуда, соли ҷорӣ 0, соли қаблӣ 0; Вируси гепатити А, соли ҷорӣ 3, соли қаблӣ 3; Вируси гепатити В С, соли ҷорӣ 36, соли қаблӣ 36; Буғумдард (Брутселлёз), соли ҷорӣ 3, соли қаблӣ 5; Вараҷа, соли ҷорӣ 0, соли қаблӣ 0; Сӯхтанӣ, соли ҷорӣ 0, соли қаблӣ 0; Обакон, соли ҷорӣ 3, соли қаблӣ 0; Паратити эпидемӣ, соли ҷорӣ 0, соли қаблӣ 0; БШРН, соли ҷорӣ 267, соли қаблӣ 137; Дигар бемориҳо, соли ҷорӣ 373, соли қаблӣ 352; Энтеробиоз, соли ҷорӣ 65, соли қаблӣ 34; Аскаридоз, соли ҷорӣ 269, соли қаблӣ 109; Геминолепидоз, соли ҷорӣ 10, соли қаблӣ 10; Лямблиоз, соли ҷорӣ 7, соли қаблӣ 3; Власоглав, соли ҷорӣ 0, соли қаблӣ 0; Эхинококкоз, соли ҷорӣ 0, соли қаблӣ 0; COVID-19, соли ҷорӣ 11, соли қаблӣ 0; Ҳамагӣ, соли ҷорӣ 1055, соли қаблӣ 703;
Дар ҳуҷраи бемориҳои рӯҳӣ ҳамагӣ 1556 нафар дар қайди диспансерӣ қарор доранд. Беморони нашъамандӣ ҳамагӣ дар қайди диспансерӣ 325 нафар мебошанд. Табибони гушу гулӯ ва бинӣ дар давоми 9-моҳи соли 2021 9236 нафар қабул карданд, дар қайди диспансерӣ 603 нафар буд. Табибони бемориҳои чашм дар давоми 9-моҳи соли 2021 2665 нафарро қабул кардаанд, ки аз ин 1540 нафар бо сабаби беморӣ, 1125 нафар муоинаҳои профилактикӣ мебошад. Дар қайди диспансерӣ 115 нафар меистоданд. Ҳуҷраҳои қабули беморони деҳотӣ МСШ дар давоми 9-моҳи соли 2021 6331 нафар мебошанд. Тӯли 9 -моҳи 2021 дар қабули ҳуҷраи эндокринологии МСШ ҳамагӣ 1617 нафар бемор дар қабул буданд.
Дар шаҳр дар тӯли 9-моҳи сипаригашта бемории диабети қанди намуди 1-аввалин муайян шуд, 25- нафар. Диабети қанди намуди II аввалин муайян шуда, 94- нафар. Ҳомиладорон 1020- нафар аз муоинаи тиббӣ гузаштанд, аз инҳо бо ҷоғар 633 – нафар мебошанд.
Дар ҳуҷраи бемориҳои асаб дар давоми 9-моҳи соли 2021 дар қабул буд, 17307. Дар шуъбаи профилактикаи МСШ: тӯли 9-моҳи соли 2021 1582 нафар муоина карда шуд.
Дар ҳуҷраи бемориҳои асаб дар давоми 6-моҳи соли 2021 дар қабул буданд 12091 нафар, дар қайди диспансерӣ буда 891 нафар, ба қайд гирифта шуда 31 нафар, аз қайд бароварда шуда 89 нафар, дар қайди диспансерӣ буда 833 нафар. Дар шуъбаи профилактикаи МСШ: тӯли 6-моҳи соли 2021 6007 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаштанд.
Муоинаи тиббӣ ҳатми шахсони никоҳшавандагон дар 9- моҳи соли 2021:
Шумораи умумии никоҳшавандагон 1582; Аз тарафи мутахассисони тибби оилавӣ 912; Аз тарафи мутахассисони соҳавӣ 670; ВНМО (ВИЧ СПИД) 1582; Rw 1582; Гепатит 1582; Гепатит В 1582; Гепатит С 1582; Оташак 1582; Сузок 1582; Бо бемориҳои умумӣ 1582;
Мавсуф дар идомаи суҳбат оид ба корҳои ободоние, ки дар 9- моҳи соли ҷорӣ дар муассисаи КАТС анҷом дода шудааст, чунин қайд намуд:
Бо дастгирии аҳолии маҳалла ва соҳибкорон, Бунгоҳҳои саломатӣ дар ҷ/д Б. Бурунов деҳаи Зартеппа ва деҳаи Солеҳон, ҷ/д К. Исмоил деҳаи Қалъаи малик, ҷ/д Чорсу Чепи-солеҳ, ҷ/д Гулистон деҳаи Ҷангалобод-2 ва деҳаи Корвон ва ҷ/д А. Абдулвосиев деҳаи Андигон аз нав сохта ба истифода дода шуд ва бо мебел ва лавозимотҳои тиббӣ аз тарафи шабакаи КАТС таъмин карда шуд.
Маркази саломатии Фириштӣ, ҷ/д Симиганҷ ва маркази саломатии Гулрез ҷ/д А. Абдулвосиев пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуд ва дигар марказҳои саломатии деҳотӣ, ки ба таъмир ниёз дорад, аз таъмири косметологӣ бароварда шуд.
Сохтмони Бунгоҳи саломатии деҳаи Сорво ва Сайёд ҷ/д Ромит, дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ деҳаи Арбобӣ Бунгоҳи саломатии Даштибеди хурд ва Даштибеди калон идома дорад.
Сохтмони БСД воқеъ дар ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов, деҳаи Абдурасули БС Ғулакандоз ҷ/д Чорсу ба анҷом расида, бо таҷҳизотҳои тиббӣ таъмин карда шуд.
Дар МСШ дару тирезаҳои се ҳуҷраи табибони стоматолог, ду ҳуҷраи табибони гӯшу гулӯ ва бинӣ, ду ҳуҷраи доругузаронӣ, 10 ҳуҷраи табибони оилавӣ иваз карда шуда, ҳуҷраҳо тариқи замонавӣ таъмир карда шуд.
Дар ошёнаи якум ва дуюм се ташнобхона барои мардон ва занон аз нав тариқи замонавӣ таъмир карда шуда, бо васл намудани термекс мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ошёнаи якум, дуюм ва сеюм таъмири капиталӣ гузаронида шуд ва бо курсиҳо барои беморон бо 150 ҷой нишаст таъмин карда шуд.
Ошиёнаи якум то сеюми маркази саломатии шаҳрӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ васл карда шуд.
Холов Шокирҷон дар анҷоми суҳбат зикр намуд, ки аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 48360,00 сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси шабака ба маблағи 56530,00 сомонӣ ду адад дастгоҳи ултрасодои (ТУС) харидорӣ гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои махсуси шабака ду адад дастгоҳи сабти барқии дил (ЭКГ) ва ду адад дастгоҳи стоматологӣ харидорӣ карда шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Дар назди Маркази саломатӣ 400 адад гулҳои мавсими ва дарахтони сояафкан шинонида шудааст.
Бо мақсади бо оби доими таъмин намудани ҳуҷраҳои МСШ чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд.
Ҳуҷраи акси рентгении МСШ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуд ва бо дастгоҳи нави замонавии рентгенӣ ҷиҳозонида шуд.
Бахтиёр АЛИМОВ,
МТЖТ