Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” хабарнигори МТЖ бо директори муассисаи мазкур Амиров Шарофиддин Рустамович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғоз мавсуф қайд кард, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосӣ карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2024, №292, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо дар ҷаласаи Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуда, нақша чорабиниҳо оид ба иҷроиши онҳо тартиб дода шуда, мунтазам кор бурда мешавад.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» дар асоси мактуби Вазорати тандурустии собиқ Иттиҳоди Шeравӣ №15-6/13-15 аз 08.06.1988 ва қарори Кумитаи давлатии Иттиҳоди Шeравӣ оид ба маорифи халқ №92-04-889/80 07 аз 31.05.1988 «Оид ба ташкили омӯзишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Ёвон, вилояти Қурғонтеппа» дар базаи филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ва бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон таъсис дода шудааст ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №148 аз 03.03.2014 Омӯзишгоҳ ба Коллеҷ номгузорӣ карда шудааст.
Пояи моддӣ-техникӣ
Мавсуф афзуд, ки дар асоси қарори иҷлосияи 14 маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз 28 марти соли 2018 №691 ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» бинои озодшудаи Шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон иборат аз 4 ошёна гузаронида шуд.
Айни замон дар коллеҷ 10 кафедра фаъолият дорад.
Дар сохтори коллеҷ ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ», «Кори момодоягӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори дандонсозӣ» ва «Кори табобатӣ», мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, сохтори коллеҷ аз қисми таълимӣ ва тарбиявӣ, таҷрибаомӯзӣ, илм ва иноватсия, факултетҳо, кабинети илмӣ-методӣ, лаборатория, китобхона, қисми хоҷагӣ, шӯъбаи кадрҳо, бойгонӣ, бунгоҳи тиббӣ ва аз муҳосибот иборат аст. Аз рӯи имкониятҳои ба даст омада, бо ташаббус ва дастгирии маъмурияти муассисаи таълимӣ ҷиҳати азнавсозии саҳн ва атрофи муассисаи таълимӣ таҷдиди назар карда шуда, атрофи муассиса бо деворҳои ҳозиразамон бо истифода аз хиштҳои бетонӣ ва дар қисмати пеши даромадгоҳи бинои муассиса бо панҷара маҳкам карда шуд.
Дар коллеҷ барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ дар ҳамаи синфхонаҳо системаи гармидиҳӣ таъмин карда шуда, фаршҳои замонавӣ ва бо линолиум пӯшида шудаанд. То инҷониб 43 адад компютерҳо дар синфхонаҳои «Компютерӣ» мавҷуд аст, 26 адад тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо харидорӣ гардидаанд. Умуман 4 адад ноутбук, 8 адад нетбук, 135 адад компютер, 50 адад принтер, 42 адад нусхабардор барои синфхонаҳо харидорӣ карда шуда, мавриди истифода қарор доранд.
Нақшаҳои таълим
Номбурда дар ҷараёни суҳбат афзуд, ки факултетҳо ва кафедраҳо фаъолиятро аз рӯи низомнома, оиннома ва нақшаҳои корие, ки аз ҷониби директори коллеҷ тасдиқ намудааст, ба роҳ монда, фаъолият менамоянд.
Мақсад ва вазифаҳои асосии факултетҳои таълимӣ:
Баланд бардоштани сифати дониши донишҷӯён, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиб, тарбия кардани шавқу ҳавас оид ба касби интихобкарда, беҳтар намудани раванди таълиму тарбия, беҳтар намудани тарбияи ахлоқӣ, зебоишиносӣ, ватандӯстӣ ва ғайраҳо, беҳтар ба роҳ мондани корҳои кураторӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, пурзӯр кардани назорат аз болои ҷараёни таълиму тарбия дар гурӯҳҳои таълимӣ.
Дар муассисаи таълимӣ, ду факулта фаъолият дорад, факултаи “Кори ҳамширагӣ” ва “Ташхисӣ-табобатӣ”, ки дар асосӣ нақшаи корӣ, ки аз тарафӣ директори муассиса н.и.т Амиров Ш.Р тасдиқ карда шудааст, фаъолияташонро роҳандозӣ менамоянд.
Корҳои тарбиявӣ дар факултаҳои коллеҷ дар асосӣ Консепсияи миллии тарбия роҳандозӣ гардида, мутобиқи нақшаи корӣ, масъулини факулта, бахусус роҳбарони гурҳҳои таълимӣ иҷроиши бандҳои Консепсияи миллии тарбияро таъмин менамоянд. Дар соли таҳсили 2024-2025 кафедраҳои тобеати факултаи “Кори ҳамширагӣ” марбут буда, кафедраи “Кори ҳамширагӣ”, “Тарбияи ҷисмонӣ”, “Морфологӣ”, “Гуманитарӣ” ва “Ҷарроҳия”, бо назардошти дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи дастуроти роҳбарияти муассисаи таълимӣ дар мувофиқа бо муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, вобаста ба ҷашну санаҳои таърихӣ чорабиниҳои гуногун ва мушаххасро баргузор карданд.
Дар ҳамаи вохӯриҳо, суҳбатҳо, ҷамъомадҳо аз тарафи декани факултаҳо ва ё маъмурият, инчунин дар дарсҳои тарбиявӣ, ки аз тарафи роҳбарони гурҳҳо гузаронида мешаванд: оиди либосҳои тавсиявӣ, рафтори донишҷӯён дар коллеҷ ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ истифодаи телефонҳои мобилӣ, оиди ҷамъбастӣ сесияҳои зимистона ва тобистона, сабабҳои ришвагирӣ ва ришваситонӣ дар масоили маърифати экологӣ ва масоили масъалаҳои ҳуқуқӣ бо донишҷӯён суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуданд.
Китобхона
Номбурда дар идомаи суҳбат тазаккур дод, ки китобхонаи коллеҷи тиббӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, аз китобхона, қироатхона ва ӯтоқи кори иборат мебошад. Қироатхона дорои 50 ҷойи нишаст дорад.
Айни ҳол дар китобхонаи муассисаи таълимӣ теъдоди умумии китобҳо ба 17216 адад расидааст.
Дар нуҳ моҳи соли хониш ба маблағи 30000 сомонӣ китобҳои дарсию тиббӣ харидорӣ када шуд, аз он ҷумла китобҳои дарсӣ 378 адад, китобҳои Президент 5 адад, китобҳои тиббии дарсӣ 100 ададро ташкил медиҳанд.
Маъмурият ва китобдори китобхона минбаъд низ кушиш менамояд, ки фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, барои шароити хуб фароҳам овардан ба донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ тадбирҳои заруриро андешанд.
Фаъолияти илмии коллеҷ ва иштирок дар озмунҳо
Мавсуф қайд кард, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дохили коллеҷ, ки санаи 12.03.2024 шуда гузашт; Ятимова Мадина дар номинатсияи “Адабиёти классики тоҷик”, Пирзода Меҳринигор “Адабиёти классики тоҷик” ва Афзалбекова Меҳрона дар номинатсияи “Адабиёти муосир” ҷойҳои сазоворро соҳиб гаштанд.
Дар таърихи 14.03.2024 рафти омодагии озмуни “Шоҳномахони”-ро таҳти санҷиш қарор додем ва бо омӯзгорон супориш дода шуд, ки то дастрас шудани низомномаи озмуни мазкур дар ин самт маҳфилҳои фанниро ташкил намоянд.
Дар озмуни дохили муассисавӣ, ки бо ташабусси кафедраи “Забонҳо” гузаронида шуд, 12 нафар аз номинатсияҳои мавҷуда ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд, дар даври ноҳиявӣ 11 нафар донишҷӯён ва омӯзгорони муассиса иштирок намуда, 9 нафари онҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз 01.01.2024 №481 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон ҳайати кории комиссияи озмун аз 15.03.2024 ба тасвиб расида, санаи 15.04.2024 даври дохили муассисавии озмуни мазкур гузаронида шуд. Дар озмун ҳамагӣ 152 нафар донишҷӯён иштирок варзиданд, ки дар натиҷа 28 нафар донишҷӯёни роҳхат гирифтанд.
Санаи 24.05.2024 дар бинои таълимии Литсейи №1 даври ноҳиявӣ, шуда гузашт, ки дар он донишҷӯёни муассиса иштирок намуда, 21 нафар донишҷӯён ҷойҳои зеринро ишғол намуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Санаи 20.08.2024 дар даври вилоятии озмун 7 нафар донишҷӯён ва 2 нафар омӯзгорон иштирок намуданд, ки танҳо як нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.
Саидова Меҳриниссо- омӯзгори кафедраи “Забонҳо” аз номинатсияи “Адабиёти классик” ҷои сеюм гирифт.
Бо мақсади амалисозии мактуби воридотии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 18.03.2024 №1/01-187 ҷиҳати баррасии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон аз 12.12.2023, №АП-470 дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар пешбини шудааст, санаи 19.03.2024 дар ҳузури директори муассиса номзади илми тиб Амиров Шарофиддин Рустамович бо иштироки муовинон, деканатҳо, мудирони кафедраҳо, бахши сифати таҳсилот, мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва санаи 20.03.2024 дар ҳузури муовини директор оид ба илм ва инноватсия Шарифзода Р.Б., машварат гузаронида шуд. Дар машварати кори моҳияти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” барраси гардида, ба масъулини муассиса супоришҳои мушаххас, дода шуд.
Дар асоси фармоиши директори муассиса аз 07.05.2024 №73 комиссияи
озмун ташкил карда шуда, санаи 23.05.2024 озмун гузаронида шуд, ки дар он 17 нафар донишҷӯ иштирок намуда, аз онҳо се нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Омодагӣ ба таҳсили соли равон
Номбурда изҳор дошт, ки гуфтан зарур аст, ки то имрӯз силлабус, модул, нақшаҳои маҳфилҳо, нақшаҳои инфиродии омӯзгорони кафедраҳои таълимӣ барои тасдиқ пешниҳод карда шуд. Ва дар ин иқдом кафедраҳои “Момоӣ”, “Варзиш”,“Табиӣ-риёзӣ”, “Фанҳои биологӣ”, “Морфологӣ”, “Ҷарроҳӣ”, “Терапия”, “Забонҳо”, “Гуманитарӣ”, “Кори ҳамширагӣ”,- ро номбар кардан зарур аст.
Кафедраҳои таълимӣ, бо назардошти тағйир ёбии нақшаҳои таълимӣ, ҷиҳати воридот намудани тағйиротҳо силлабусҳои таълимиро аз руйи нақшаи нав миқдори кредитҳоро муайян намуда, барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.
Доири ин масъала бо мудирони кафедраҳои таълимӣ мулоқот намуда, барои фаврӣ ба тартиб даровардани силлабусҳо суҳбат роҳандозӣ намудем. Албатта, дар муҳлати муайян ҳамаи ҳуҷҷатнигорӣ ба танзим дароварда шуд.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки шуъбаи илмӣ-методӣ ҳамарӯза ба корҳои ба зимааш гузошта шуда машғул мебошад.
Шуъбаи илмӣ-методӣ Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дар оянда мақсад дорад, ки заминаи кадрии муассисаро бо дастгирии роҳбарияти муассиса аз ҳисобони омӯзгорони дорои унвони илмидошта хубтар намояд. Омӯзгорони ҷавону болаёқатро дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба ҳайси унвонҷӯ дохил намуда, дар мувофиқа бо роҳбари муассиса онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд.
Назорати таҳсил
Мавсуф афзуд, ки мутобиқи нақшаи корӣ дар нуҳмоҳаи соли 2024 бахши идоракунии сифати таҳсилот сатҳи сифати таҳсилот ва давомоти донишҷӯёни мауассисаи таълимиро санҷида баромад. Натиҷаи санҷиш дар ҷамъомадҳои омӯзгорони кафедраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, суҳбатҳо низ гузаронида шуданд. Барои муҳокима намудан дар Шӯрои омӯзгорӣ оиди санҷиши сифати таҳсилот ва давомоти донишҷӯён маълумотнома пешниҳод карда шуд.
Назорат дар самти дуруст роҳандозӣ шудани саволномаҳои тестӣ барои имтиҳоноти ҷорӣ ва ҳамзамон назорат аз рафти супоридани санҷишу имтиҳонҳо аз тарафи бахши идоракунии сифати таҳсилот мақсаднок ба роҳ монда шуда, ба омӯзгорони кафедраҳо маслиҳатҳо дода шуданд.
Бахши идоракунии сифати таҳсилот иштироки омӯзгорони кафедраҳои таълимиро дар машғулиятҳо ва сифати азхудкунии ҳар як фанни таълимиро санҷида ва натиҷаи санҷишро дар ҷаласаҳои Шӯрои омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Ҳамкориҳои коллеҷ
Номбурда изҳор дошт, ки Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломи ҳамкории пурсамарро ба роҳ мондааст.
Аз он ҷумла, коллеҷ бо муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Донишгоҳи омӯзгории ба номи Носири Хисрав ва муассисаҳои тиббӣ нисбати омодасозии Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва ихтисосҳои алоҳида, нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои алоҳидаи таълимӣ, таҳияи адабиётҳои таълимӣ, ташкил, омодасозӣ ва иштирок намудан дар конфронсу семинарҳои илмӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани Олимпиадаҳои донишҷӯён, табодули таҷрибаи омӯзгорон ва зерсохторҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон, таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳо ҳамкории пурсамар доранд.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ