Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин давра ислоҳоти сохтори тандурустии мамлакат оғоз шуда, то ба имрӯз идома дорад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

“Саломатии миллат бойигарии давлат аст”, – ин нуктаи муҳиму тақдирсоз аз таъкидҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ мебошад. Дар робита ба ин метавон хулоса кард, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда, дар самти таъмини саломатии аҳолӣ гомҳои устувор гузошта шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бемайлони тамоми самтҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин карда шуда, сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббии кишварҳои пешрафтаи дунё баробар шуда истодааст. Бо дарназардошти рушди рӯзафзуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо пуштибонӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи афзалиятноки сиёсатии иҷтимоии давлат минбаъд низ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи замон роҳандозӣ гардида, солимии ҷомеа таъмин шуда, таҳким меёбад.
Фаъолияти марказ
Муассисаи Давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №10” аз соли 1983 фаъолияти худро оғоз намуда, дорои 523 баст воҳиди корӣ буда, айни ҳол дар 518 баст воҳиди корӣ корманд кору фаъолият менамоянд. Марказ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин зерсохтори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳо, ташхис ва муолиҷаи беморон, иҷроиши барномаҳои миллию соҳавӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва ҷобаҷогузории мутахассисон равона карда шудааст. Дар раванди татбиқи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сохтори кӯмаки аввалияи тиббию-санитарӣ татбиқ намудани дигар барномаҳои миллӣ, соҳавӣ, аз ҷумла: барномаи Ташаккули тарзи ҳаёти солим, барномаи Пешгирии аҳолӣ аз бемории ВНМО (ВИЧ/СПИД), Дурнамои ҲБК, барномаи миллии иммунопрофилактикӣ, барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, барномаи фарбеҳӣ ва ғизои солим, барномаи миллии пешгирии аҳолӣ аз нашъамандӣ, барномаи миллӣ оиди солимии репродуктивӣ дар байни занони қобили таваллуд ва иҷрои дигар барномаҳои ғайрисоҳавӣ зери назорати роҳбарият қарор дорад.
Марказ ба 105171-нафар аҳоли кӯмаки аввалияи хизмати тиббию профилактики мерасонад. Кӯдакони то сини 18-сола 34184-нафар, калонсолон бошад 70987-нафарро ташкил медиҳанд. Занони қобили таваллуд бошад 28804-нафарро ташкил медиҳанд.
Дар ҳудуди хизматрасонии Марказ 16-муассисаҳои томактабӣ, 15-мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1-интернат №3, 1-литсеи Мактаби Байналмилалии Президентӣ, як Донишкадаи тарбияи ҷисмони ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи хусуси «Аҳрориён» ва «Сухандон» фаъолият доранд, ки дар байни онҳо мунтазам корҳои профилактикӣ табобатӣ гузаронида мешавад.
Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим
Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим барои баланд бардоштани сатҳи маърифатии санитарию гигиении аҳолӣ,ташаккули муносибати нави шаҳрвандон ба саломатӣ, ҳавасмандгардонии тарзи ҳаёти солим, инчунин беҳбудии сифати зиндагӣ ва муҳити зисти одамон равона карда шудааст.
-мусоидати фаъолона ба тарзи ҳаёти солим;
-тақвияти фаъолияти пешгирикунанда дар системаи тандурустӣ ва таҳқими саломатии одамон дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарӣ;
-таъмини муҳити зист барои саломатӣ ва ҳаёти бехатарии аҳолӣ;
-фароҳам овардани шароитҳои зарурии иҷтимои, ки ба ҳифз ва таҳқими саломатии одамон, инчунин баланд бурдани сифати зиндагии онҳо нигаронида шудааст;
-таҳия ва тадбиқи нақшаҳои таълимӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин ба гуруҳои муҳталифи аҳоли дастрас гардонидани таълимоти гигиенӣ.
Шахси маъсул дар Марказ оиди барномаи мазкур табиб Сафарова С.М. таъин карда шудааст.
Марказ ба 105171 нафар аҳолӣ хизматрасони намуда,дар ҳудуди хизматрасонии маркз 16 муассисаи томактабӣ,1 мактаб ва 2 донишкада мавҷуд аст.
Дар семохаи сеюм соли 2025 баҳри тадбиқи Барномаи мазкур корҳои зерин ба анчом расонида шудаанд:
Аз тарафи табибони марказ 6418 лексия ва сухбатҳо дар мавзӯъҳои пешгирии бемориҳои дилу рагҳо, ВНМО, бемории шадиди роҳҳои нафас, бемории сил, заҳролудшавӣ, кирми рӯдаҳо, зардпарвин, сироятҳои кӯдакона, норасогии масъунияти бадан, сироятҳои бо алоқаи ҷинсӣ гузаранда, сироятҳои махсусан хатарнок, ботулизм, коронавирус, табларза, ҷогар, намаки йоднок,диабети қанд, тамокукашӣ, нашъамандӣ, майпарастӣ, ғизодиҳии табиии навзодон, солими репродкктивӣ, ғизои солим, варзиш ва пешгирии омилҳое, ки ба худкушии шаҳрвандон оварда мерасонад, ба пешгирии бемории нави коронавирус як қатор корҳои фаҳмондадиҳи бо усули хона ба хона дар хонаҳои назди минтақаҳои назди МД МСШ № 10 анҷом дода шуданд.
Дар 3 моҳи соли 2025 -2 маротиба дар радиои Тоҷикистон ва оинаи нилгун дар телевизионҳои Душанбе сабт карда намоиш дода шуд. Ҳамкорӣ бо муттахассисони соҳавӣ, хадамоти муҳоҷират, худшиносии бонувон ва занон, назорати эпидемиологӣ, ВКД н. Сино, маориф, ҷавонон ва варзиш ва якчанд дигар мақомотҳои давлатӣ дар сатҳи баланд буд. Тақсимоти маводҳои иттилоотӣ 652 донаро ташкил доданд, ки дар мавзӯъҳои пешгирии бемории Коронавирус, ВНМО, сил, гепатитҳои вирусӣ, гигиенаи шахсӣ, ғизои солим, муҳоҷирати меҳнатӣ, зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, тарзи ҳаёти солим буданд.
Инчунин 6 маротиба дар байни коллектив сӯҳбатҳову лексияҳо дар мавзӯъҳои бемориҳои коронавирус, имунизасия, фарбеҳӣ, саратон, фишорбаландӣ, никоҳи хешу таборӣ, зоиши хонагӣ ва оқибатҳои он оиди пешгирии ВНМО/БАЧГ, ғизои солим гузаронида шуд. Ҳамагӣ 105171 нафар аҳолии ҳудуди хизматрасонии марказ бо корҳои фаҳмондадиҳии оиди баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ дар самти ташакули тарзи ҳаёти солим фаро гирифта шуд. Дар гузаронидани корҳои мазкур саҳми табибони оилавӣ Ҷумъаев М.Т., Пиров М., Шарипова Н., Раҳимова Ф., Раҳимова Р., табиби сироятшинос Шодиев К., табиби ғадудшинос Раҳматуллоева, табибони ШТМҶ: Заурова Ш.С., табибони ШСР: Бобоева Н., Нурова З., Холова М. назаррас мебошад. Мунтазам дафтарҳои табибон ва кормандони миёна оиди қайди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, шакли №092 тафтиш карда шуда, қайдҳои лозима гузаронида шудааст. Баҳри баланд бардоштани дониши кормандон ва тарзи дуруст пур кардани шакли №092 кормандони марказ машғулиятҳо гузаронида мешавад.
Дар умум лозим аст, ки корро дар ин самт ба сатҳи баланд бардошта, ҳамаи масъулони барномаҳои миллии қабулшуда ва ҳамаи табибони оилавӣ, занона ва дигар табибони соҳаҳои маҳдуд дар якҷоягӣ ҳамарӯза кӯшиш намоянд, дар баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ, оиди ташаккули тарзи ҳаёти солим саҳми худро гузаронанд.
Ҳар як вохӯриву семинарҳои гузаронидашуда санад тартиб дода шуда, ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.
Хоҷагидорӣ
Оид ба тадбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Марказ ҳамарӯза корҳои ободонӣ гузаронида мешавад, ки дар он ҳамаи кормандони Марказ иштироки фаъолона доранд.
Расмҳое, ки дар саҳни ҳавлии бинои Марказ мебошанд, пурра аз сари нав иваз карда шуданд, 4 адад расм ва навиштаҳо нав карда шуданд.
Дар Марказ 2 ҳуҷраи нав ба кор дароварда шуд.
Дар саҳни ҳавлии Марказ дар соли 2025 гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонида шуданд.
Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи авали соли 2024, 1 адад генератори дизелӣ 70 кВт ҷудо карда шуд ва насб гардид.
Дар Марказ 51 адад сухторхомушкунаки ОП-5 мавҷуд аст.
Бо мақсади риояи қоидаҳои беҳдоштии саломатӣ ҳамарӯза санҷиши ҳолати санитарию гигиении муассиса гузаронида мешавад.
Доимо тозакунии муассиса ва гирду атрофии он гузаронида мешавад.
Баромадгоҳҳои бинои Марказ доимо дар ҳолати покизагӣ қарор дорад.
Дар бинои Марказ 18 адад ҷумакҳои оташнишонӣ вуҷуд дорад ва бо навиштаҷоти ҶО ва бо рақами тартибӣ насб шудааст.
Ҳар як шӯъба дафтари махсуси техникаи бехатарӣ ва бехатарии зиддисухторӣ доранд. Ҳар семоҳа дастур оиди техникаи бехатарӣ гузаронида шуда, дар дафтарҳо қайд карда мешаванд.
Дар Марказ фармоишҳо оиди бехатарии техникӣ ва зиддисухторӣ таҳия шуда, дар ҳар шуъба шахсони масъул таъин шудаанд.
Дар боғи Марказ 16 адад ниҳолҳои арча ва 600 адад гули карами зимистона шинонда шудаанд.
Кормандони Хадамот оид ба назорат дар соҳаи энергетикӣ- заминваслаи марказро санҷиданд ва ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод намуданд.
Фаъолияти ҳуҷраи наврасон
Ба МД “МСШ № 10” муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зерин таалуқ доранд: №25, 33,64,82,88,94,47,88,133, 27, Гимназияи №3, мактаб- интернати Ҷумҳуриявии тамоили варзишӣ, мактаби Байналмилалии Президентӣ, коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ва Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон. Ҳуҷраи наврасон бо №3 дар ошёнаи 1-ум ҷойгир буда, бо ҳамаи таҷҳизотҳои лозимӣ пурра ҷиҳозонида шудааст. Табиби ҳуҷраи наврасон Солиева С.Б. аз соли 1994 табиби наврасон шуда кор мекунад, собиқаи кориаш 44 сол аст, дорои дараҷаи олӣ мебошад. Ҳамшираи шафқат Муқумова М.В. соли хатми Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ -2024, дар ҳуҷраи наврасон аз санаи 3.01. соли 2025 кор ва фаъолият менамояд. Шумораи умумии наврасон дар соли хониши 2024-2025 ҳамагӣ 3122, аз онҳо ҷавонписарон 1678 нафар, духтарон 1444 нафар мебошад.
Ба қайди диспансерӣ гирифта шуданд 31 нафар, аз он ҷумла ҷавонписарон 23 нафар – 74,2 %.
Солимгардонии наврасоне, ки дар қайди диспансерӣ буданд 79 нафар, ки ин 40,3%-ро ташкил медиҳад, аз он ҷумла ҷавонписарон 49 нафар- 40,5% мебошад. Солимгардонии наврасоне, ки ба қайди диспансерӣ гирифта шудаанд 4 нафар- 12,9 %, аз он ҷумла ҷавонписарон 3 нафар- 13% мебошад.
Дар санаи 12.12. соли 2024 ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино замимаи № 3-и ҷавописарони соли таваллудашон 2009 барои гузаронидани қайди ибтидоӣ ва руйхати ҷавонписарони бемори соли таваллудашон 2009, ки дар қайди МД “ МСШ №10” мебошанд, бо шумораи 642 адад супорида шуд. Руйхати ҷавонони бемори солҳои таваллудашон 1998-2007, ки дар қайди диспансерӣ дар Марказ мебошанд, ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва Комиссариати ҳарбии шаҳрӣ барои гузаронидани давраи даъватии баҳории соли 2025 пешниҳод карда шуд.
Ҳамкории байни табибони оилавӣ ва табибони наврасон
Руйхати наврасони 15 сола дар моҳи январи соли 2025 аз тарафи табибони оилавӣ супорида шуданд. Гузаронидани наврасони 15 сола ба ҳуҷраи наврасон аз рӯи нақшаи тасдиқшудаи директори марказ мегузарад. Ҳамагӣ бояд ба ҳуҷраи наврасон дар 3 моҳ 156 нафар наврас, аз он ҷумла ҷавонписарон 86 нафар- 55,1 % гузаронида шавад.
Гузаронида шуд 154 нафар, аз он ҷумла ҷавонписарон 85 нафар. Гузаронидани наврасони 15 сола 98,7 % -ро ташкил дод, аз он ҷумла ҷавонписарон 98,8 %. Беморон гузаронида шуданд 31 нафар 20,1 %, аз он ҷумла ҷавонписарон 23 нафар 27 %.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии тобеи марказ маърӯзаҳо ва сӯҳбатҳо оиди пешгирии бемори COUID-19, бемории Нашъамандӣ, ВНМО ва БПНМ, сигоркашӣ, майзадагӣ, носкашӣ, шаҳватпарастӣ, бемории сил, бемориҳои сироятии меъда ва рӯда, бемории ҷоғар, бемориҳои кирмҳои меъда ва рӯда, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аҳди никоҳи хешу таборӣ гузаронида шудааст.
Гузаронидани ваксинаҳо
Тамоми кӯдакони навзоде, ки дар таваллудхонаҳо ё дар шароити хона таваллуд мешаванд ва инчунин аз дигар ноҳияҳо ба Марказ ворид шуда ба қайд гирифта мешаванд, бо ваксинаи БЦЖ пурра фаро гирифта мешаванд. Дар давоми 3-моҳ хатогиҳо нисбати фаъолияти кормандони ҳуҷраи эмгузаронӣ, камбудӣ оиди норасогии ваксинаҳо, вайроншавии сифати ваксинаҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар давоми 3-моҳи соли ҷорӣ ягон фавти кӯдакон баъди гузаронидани ваксинатсияҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Шахси масъули барнома оиди иҷроиши нақшаҳои ҳарҳафтаина, ҳармоҳа ва ҳар семоҳаҳо дар ситоди умумии Марказ маълумот пешниҳод менамояд.
Дар боғчаҳои бачагона ҳар моҳ кӯдакони аз 2 сола боло ва 6 сола мувофиқи нақшаи моҳона эмгузаронӣ карда мешаванд.
Оиди моҳияти эмгузаронӣ, нигаҳдории саломатии кӯдакон бо роҳи эмгузарони намудан, баланд бардоштани масъунияти бадан нисбати бемориҳои идорашаванда дар байни аҳолӣ, мактабҳо боғчаҳои бачагона аз тарафи табибони оилавӣ лексияҳо хонда мешаванд.
Дар давоми 3-моҳӣ соли ҷорӣ аз тарафи ҳамшираҳои шафкати ҳуҷраи эмгузаронӣ хатогиҳо, камбудиҳо мушоҳида карда нашудаанд. Дар деворҳо овезаҳо оиди тарғибу ташвиқоти моҳияти эмгузаронӣ гузошта шудаанд.
Камбудӣ норасогии ваксинаҳо, ваксинаҳои вайроншуда, камбудиҳо дар системаи нигаҳдории ваксинаҳо сари вақт дастрас карда натавонистани ваксинаҳо аз марказҳои эмтаъминкунӣ дар давоми сол мушоҳида ё ба қайд гирифта нашудаанд.
Табиб- иммунолог ва ҳамшираҳои ҳуҷраи эмгузаронӣ доимо дар семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ иштирок намуда, дараҷанокии фаъолияти худро мукаммал мегардонанд.
Назорати иҷроиши нақшаи солона доимо зери назорати маъмурияти Марказ қарор дорад, ҳисоботи моҳона бо тасдиқи директории Марказ ба Филиали Маркази эмтаъминкунии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе супорида мешавад.
Албатта, мо боз ҳам талош хоҳем кард, ки сифати хидматрасониро ба аҳолӣ беҳтар карда, талош мекунем ба мардум хидмати шоистаро беш аз пеш анҷом дода бошем.
МТЖТ