“Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳукумати мамлакат ҳамсола баҳри таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шудааст. Ҳамчунин, тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.
Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳбари он Асомиддинов Насрулло Саидович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишӯрдаи он пешкаши хонандагон гардонида мешавад.
Хизматрасонии тиббӣ
Роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Рӯдакӣ Насрулло Асомиддинов дар оғози суҳбат иброз намуд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамкори бо зерсохторҳои сатҳи идора 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 24 маркази саломатии деҳотӣ, 66 бунгоҳи саломатӣ ва 21 нуқтаи тиббӣ фаъолият доранд.
–Дар самтҳои фаъолияти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ 188 табиб, аз ҷумла 104 табиби оилавӣ, ки ба 4073 нафар аҳолӣ ва 694 кормандони миёнаи тиб, аз ҷумла 366 ҳамшираи оилавӣ ба 1212 нафар аҳолӣ, дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият доранд. 36 табиби мо бо “Ордени аълочии соҳаи тандурустӣ” сарфароз гардонида шудаанд. Давоми соли 2024 даҳ табиб дар ноҳияи Рӯдакӣ ихтисоси аввалияро аз рӯи ихтисоси табиби тибби оилавӣ ва 4 нафар аз рӯи табиби фаросавтӣ ихтисос гирифта, ҳамзамон 24 табиби оилавӣ аз курси такмили ихтисоси якмоҳа гузаштаанд. Ҳамчунин, 38 ҳамшираи тиб аз бозомӯзии касбӣ, аз рӯи ихтисоси ҳамшираи тибби оилавӣ гузашта, айни ҳол дар муассисаҳои КАТС фаъолияти пурсамар карда истодаанд, ҳамзамон, 42 ҳамшираи тиб аз курси такмили ихтисоси якмоҳа гузаштанд. Дараҷанокии табибон: олӣ-50 нафар, якум-35, дуюм-51 дар умум 72.3 дарсад ва дараҷанокии кормандони миёнаи тиббӣ: олӣ-172 нафар, якум-95, дуюм-165, дар умум 62.2 фоизро ташкил медиҳад,-қайд намуд роҳбари КАТС Насрулло Асомиддинов.
Теъдоди занон
Тибқи маълумот, шумораи умумии занон дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 200 719 нафарро ташкил медиҳад, ки 102 442 нафарашон занони қобили таваллуд мебошанд. Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 декабри соли 2008 №600, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ аз санаи 01.04.2023 амалӣ гашта истодааст, дар рушд ва инкишофи соҳаи тандурустӣ ва хизматрасониҳои беҳтари тиббӣ, таъмини шароити корӣ, таҷҳизот, доруворӣ дар сатҳи идора равона мебошад. Ҷараёни иҷрои қарори мазкур дар назорати комиссия қарор дорад.
Маъюбият
–Бо мақсади дарёфт, бақайдгирӣ ва муайян намудани гуруҳҳои маъюбӣ дар ноҳия комисияи назоратию тиббӣ фаъолият дорад. То ин давра дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 4938 маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки 1,2 %-и аҳолиро ташкил медиҳад. Шумораи маъюбони гуруҳи якум 591 нафар, гуруҳи дуюм -1960, гурeҳи сеюм-926 нафар ва кӯдакони маъюби синни то 18-сола 1461 нафар мебошанд. Ҳамаи маъюбон таҳти назорати доимии комиссия қарор доранд. Дар 12 моҳи соли 2024 ба маблағи 114 963, 50 сомонӣ доруворӣ харидорӣ карда шуд. Давоми соли гузашта 263 нафар аз комисияи назоратии тиббӣ гузаронида шуда, 263 кас ба ХДТТИҶ барои гирифтани гуруҳи маъюбӣ роҳхат дода шуд, ки 184 нафар бори аввал, 201 нафар такрорӣ мебошанд. Ҳамаи онҳо таҳти назорати доимии табибон қарор доранд. Дар ин муддат ҳамаи кӯдакони маъюб аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд,-гуфт роҳбари КАТС Насрулло Асомиддинов.
Мубориза бо бемории сил
Мувофиқи иттило, дар натиҷаи ҳамкориҳо бо кормандони Маркази зидди бемориҳои сили ноҳия, дар давоми 12 моҳи соли 2024 аз тарафи маркази мазкур 42 бемори сил дарёфт ва ба қайд гирифта шудааст, ки 7 нафар такрорӣ ва 35 нафар бори аввал мебошад. Аз шумораи умумии бақайдгирифтагон 7 нафар бо шакли мутобиқшудаи сил айни ҳол дарқайди диспансерӣ 502 нафар қарор доранд.
Муоинаи тиббии никоҳшавандаҳо
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08.2016 №374 «Оид ба қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» давоми соли гузашта 2626 никоҳшаванда аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаштаанд. Инчунин дар ноҳия 32 иштирокчии садамаи Чернобил, 36 иштирокчии ҷанги Афғонистон, 22 иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ ва 6 иштирокчии Армияи шӯравӣ дар қайди табибони оилавӣ қарор доранд. Ба онҳо барои табобат ба таври ройгон бо маблағи 14 953 сомонӣ доруҳои лозимӣ дода шудааст.
Хатнаи кӯдакон
Аз ҷониби ҷарроҳони муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 9 моҳи соли гузашта 2584 нафар кӯдак аз амалиёти хатна гузаронида шудааст.
Зимистонгузаронӣ
–Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30. 03. 2024, №192, фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11. 04. 2024 №211 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2024-2025» муассисаҳои зертобеъияти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо печҳои аловӣ таъмин гардид. Тибқи шартномаи байни роҳбари муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо ҶДММ «Абдуллои Баракатулло» ба маблағи 140 000 сомонӣ барои дастрас намудани 125000 кг ангиштсанг баста шудааст ва ин миқдор ангиштсанг ба пуррагӣ дастрас карда шуда, ба муассисаҳо тақсим карда мешавад. Инчунин, ба миқдори 60 куб ҳезум ва 1000 литр сузишворӣ харидорӣ карда мешавад,-қайд кард роҳбари КАТС.
Эҳсону бунёдкориҳо
–Бо мақсади бунёдкориву барқарорсозии биноҳои шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рӯдакӣ бо дастгирии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бинои Маркази саломатӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ҳамзамон ба 6 Бунгоҳи саломатӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ ду дастгоҳи сабти барқии дил, як дастгоҳи ултрасадо ва як дастгоҳи ренгени рақамӣ дастрас карда шуд. Ҳамчунин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ барои харидорӣ ва истифодаи таҷҳизоти тиббӣ дар Марказҳои саломатии деҳоти ноҳия 10 дастгоҳи физиотерапевтӣ, 10 дастгоҳи физиотерапии дарсонвал, 100 адад глюкометр, 100 танометр, 5 дастгоҳи узии партативӣ, 5 дастгоҳи стомотологӣ, 110 термометр, 10 таҷҳизоти “уфо”, 10 ингалятор, 23 адад “кушетка”, ширма 28, штатив 20 адад, автоклав 3, “облучател” 2, миз 32, ҷевон 15 адад, курсӣ 60, картотекаи деворӣ 110 адад, ки баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот равона гардидаанд, таъмин карда шуданд,-дар фарҷоми суҳбат гуфт роҳбари КАТС-и ноҳияи Рӯдакӣ Насрулло Асомиддинов.
Шарҳи ҳол
Асомиддинов Насрулло Саидович, соли 1987 Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе ва соли 1997 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Соли 1997 ба ҳайси табиби бемориҳои дарунӣ, аз соли 2000 то 2007 дар вазифаи роҳбари МСНР ва аз соли 2014 то 2024 дар вазифаи муовини мененҷери КАТС оид ба табобат фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2024 бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардидааст. Маълумот ва дараҷанокӣ олӣ. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
МТЖТ