“Таҳия ва татбиқи Консепсияи ислоҳоти тандурустӣ, барномаи базавии расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо ҷорӣ намудани тартиби такмилдодашудаи пешниҳоди намудҳои кафолатноки хизматрасониҳои тиббӣ ва такмили марҳила ба марҳилаи меъёрҳои тандурустӣ аз вазифаҳои муҳими мо мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешрафт ва муваффақиятҳои соҳаи тандурустӣ зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо борҳо бо кормандони соҳаи тибби кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масоили соҳаро баррасӣ карда, доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқ ва адолати иҷтимоии шаҳрвандон ва мушкилоти дигари ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас додаанд, ки дар ин замина ба ислоҳоту навсозии соҳаи тандурустии мамлакат такони ҷиддӣ бахшида шуд.

Вобаста ба пешрафти соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдат хабарнигори МТЖТ бо сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Шарипов Фирӯз Рустамович суҳбат анҷом дод, ки фишӯрдаи он пешкаши хонандагони ҳафтанома мегардад.

Қабл аз оғози суҳбат Фирӯз Шарипов кулли ҳамватанони кишварро бо фарорасии Соли Нави мелодӣ муборакбод намуда, хоҳони тансиҳатӣ, муваффақият ва пешрафтҳои мардуми тоҷик дар соли равон гардид.

Тавре мусоҳиб иброз дошт, соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдат ба 377 824 нафар аҳолии шаҳру деҳот хизмати тиббию санитарӣ мерасонад. Кормандони соҳа 2668 нафаранд, ки табиб-480, кормандони миёнаи тиб-1511, фаррош-482 ва дигар кормандон 195 нафарро ташкил медиҳанд.

 Хизматрасонии тиббии госпиталӣ

-Беморхонаи марказӣ бо 457 кат, шаш беморхонаҳои минтақавии рақамдор бо 205 кат, Муассисаи давлатии худмаблағгузории «Маркази ҷарроҳӣ» бо 25 кат, Маркази шикастабандӣ ва осебшиносии «Нури Ваҳдат» бо 8 кат,  Маркази ташхисию табобатии «Шафқат» бо 15 кат, Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат» бо 25 кат, Маркази ташхисиву табобатии «Парастор» бо 60 кат, Маркази ташхисию табобатии «Ҳаёт» бо 10 кат, Маркази ташхисиву табобатии «Сино» бо 32 кат, Маркази ташхисиву табобатии «Ҳаким-21» бо 16 кат, Маркази ташхисиву табобатии «Ҳоким» бо 25 кат ва Маркази ташхисиву табобатии «Кӯҳзод» бо 10 кат, ки  дар умум 888 катро ташкил медиҳанд, ба таври шабонарӯзӣ дар хидмати сокинони шаҳри Ваҳдат мебошанд. Ҳамчунин, Маркази саломатии шаҳрӣ бо филиал, 30 маркази саломатии деҳот ва 84 бунгоҳҳои саломатӣ ба аҳолӣ кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мерасонанд. Инчунин, Марказҳои солимии репродуктивӣ, Маркази мубориза алайҳи бемориҳои сил, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Маркази эмтаъминкунӣ, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои СПИД, Маркази стоматологӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Маркази байни ноҳиявии экспертизаи тиббию судӣ ба аҳолӣ хизматрасонии тиббиро анҷом медиҳанд. Аз 15 шуъбаи Беморхонаи марказӣ, ки 12-тояш шуъбаи ташхисию табобатии статсионарӣ мебошанд, инчунин шӯъбаи қабули беморон, шӯъбаҳои ёрирасониҳои тиббӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ, нуқтаи шикастабандӣ, шуъбаи паталогоанатомӣ бо маитгоҳ ва дигар шуъбаҳое, ки ба қисми хоҷагидорӣ таалуқ доранд ва 6 беморхонаи рақамдори минтақавӣ ба аҳолӣ хизмати ташхисию-табобатӣ мерасонанд,-иброз намуд сартабиби беморхонаи шаҳри Ваҳдат.

 Нишондодҳои демографӣ

Мустаҳкам намудани саломатии модарон, тифлони навзод, кӯдакон ва наврасон аз вазифаҳои асосии кулли кормандони соҳаи тибби тоҷик маҳсуб меёбад. Ба иттилои Фирӯз Шарипов, дар шаҳри Ваҳдат, дар 12 моҳи соли 2024 таваллуди 10 975 тифл ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2023-юм 793 навзод зиёд будааст.

-Дар Маркази солимии репродуктивӣ 26 нафар, аз ҷумла 6 дояпизишк, 1 духтури калпаскоп, 1 андролог, 1 духтури муолиҷавӣ , 11 корманди миёнаи  тиб, 2 фаррош ва 4 нафар кормандони дигар фаъолият мекунанд, аз онҳо 2 дояпизишки МСР бо дараҷаи тахассусии олӣ, 4 нафари дигар дуюм аз рӯи ихтисоси духтури амрози занона мебошанд. Дар давоми сол 1 духтури муолиҷавӣ, 4 дояпизишки МСР аз такмили ихтисос гузашта, 6 корманди миёнаи тиб дараҷанокии дуюмро сазовор гашт. Дар ҳамаи муассисаҳои КАТС утоқҳои солимии репродуктивӣ ташкил карда шуда, бо дояпизишкон ва момодояҳо таъмин шудаанд, ки вазифаи асосии ин утоқҳо сиҳатгардонии занҳои қобили таваллуд, саломатии занон, то давраи ҳамл паст кардани сатҳи беморӣ, фавт дар давраи перинаталӣ, ёрӣ расонидан ба занҳои ҳомила ва хизматрасонии хушсифат вобаста ба танзими оила мебошад,-қайд намуд сартабиб.

Фирӯз Шарипов ҳамчунин иброз намуд, ки дар 30 маркази саломатии деҳот ва 84 бунгоҳҳои саломатӣ 345 маротиба мониторинг гузаронида шудааст, ки мақсад аз гузаронидани мониторингҳо на танҳо санҷиши сатҳ ва сифати коргузорӣ дар муассисаҳо инчунин, ёрии машваратию-тиббии босифат, сари вақт фаро гирифтани занҳои ҳомила, фаро гирифтани занҳои қобили таваллуд ва занҳои гуруҳи хатар бо маводҳои ҳозиразамони пешгирии ҳомиладорӣ бо мақсади паст намудани нишондоди бисёртаваллуд, риоя намудани фосилаи байни таваллуд мебошад. Мониторинг маълум кардааст, ки қариб дар ҳама муассисаҳои тиббӣ кор аз рӯи стандартҳои назорати антенаталӣ пеш бурда мешавад.

-Аз Маркази миллии солимии репродуктивии шаҳри Душанбе аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид маводҳои пешгирии ҳомиладорӣ қабул карда  шуда, ба муассисаҳои КАТС ва таваллудхона бо таври ройгон тақсим карда шуд. Бо ташабусси USAID Маркази солимии репродуктивӣ «Мактаби модарон» ташкил карда шуда, бо таҷҳизоти лозимӣ пурра таъмин аст, момодояҳо ба занони ҳомила ва падарони ҷавон, ба хушдоманҳо машғулиятҳо оид ба «Ғизои солим», «Дигаргуниҳо дар вақти ҳомиладорӣ», «Омилҳои хатар», «Тайёрӣ ба таваллуд бо шарик», «Давраҳои валодат», «Синамаконӣ», «Маводҳои пешгирии ҳамли баъди таваллуд», «Никоҳи хешутаборӣ»,  «Нуқсонҳои модарзодӣ», «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»  гузаронида мешавад. Ба маркази солимии  репродуктивӣ 20 354 зан муроҷиат намуд, ки ба онҳо ёрии тиббӣ расонида шуд. Давоми соли 2024 аз тарафи дояпизишк ва момодояҳои шуъбаи тиббӣ-машваратии ҷавонон барои баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон ва наврасон нисбат ба хизматрасонии солимии репродуктивии ҷавонон, танзими оила, ҳуқуқҳои репродуктивӣ, бемории бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, инкишофи афзоиши синну солӣ, «ВНМО», пешгирии ҳамли номатлуб, ба балоғатрасии наврасон ва солимгардонии ноболиғон 30 вохӯрӣ гузаронида шудааст,-гуфт сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат.

Тибқи  маълумот, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ш. Ваҳдат дар асоси Оиннома ва нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 № 566, қарори раиси шаҳри Ваҳдат аз 15 феврали соли 2022, №768 ва фармоиши Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат аз 24 майи соли 2022, №89 ба имзо расидааст. Барномаи мазкур аз 5 банд ва 25 зербанд иборат аст. Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солимии ш.Ваҳдат дар асоси амалисозии нақшаи чорабиниҳои барномаи миллӣ ва нақшаҳои муштараки байни соҳавии худ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар байни аҳолии шаҳр (ҷамоатҳо, мактабҳо, бозору мағозаҳо) ва корҳои ҳамоҳангсозиро дар байни корхонаҳои давлатию ғайридавлатии дар шаҳр фаъолиятдошта васеъ ба роҳ мондааст.

 Маъюбият

Айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат 5550 тан ҳамчун ашхоси маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳисоби умумии аҳолӣ 1,4%-ро ташкил медиҳад. Маъюбони то18-сола 1349 ва калонсол бошад, 4151 нафар ба қайд гирифта шуда, ба гуруҳи якум 633, гуруҳи дуюм 2423 ва ба гуруҳи сеюм 1095 нафар шомил мебошад. Тибқи қарори №600 дар 12 моҳи 2024 ба буҷаи давлат 1 650 571 сомонӣ ворид карда шудааст, ки 113,9%-ро ташкил медиҳад. Ин нисбати соли 2023-юм 277 582 сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи мазкур барои хариди доруворӣ, маводҳои конселярӣ, молҳои хоҷагидорӣ, маводҳои мулоим ва таҷҳизотҳои тиббии лозимӣ сафарбар карда шудааст.

 Ободонӣ

-Дар 12 моҳи 2024 дар муассисаҳои тандурустӣ корҳои ободонии зиёд ба сомон расонида шуд. Таъмир ва рангу бори намои бинои асосии беморхонаи марказӣ, инчунин, шӯъбаҳои рентгенӣ, урологӣ, наҷоти калонсолон ва шуъбаи ҷарроҳии калонсолон дар масоҳати 1200мгузаронида шуд. Дар шуъбаи наҷоти калонсолон таъмири косметикӣ гузаронида шуда, роҳравҳои дохилӣ ва берунии шуъба рангубор карда шуданд. Инчунин, дар қисмати дохилии бино 8 адад фурӯзонакҳои наву замонавӣ насб карда шуд, фаввораи саҳни беморхона, назди шуъбаи бемориҳои дарунаи калонсолон ва шуъбаи шикастабандӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар назди шуъбаи қабулгоҳ ва маъмурияти беморхона 6 чорағаки кӯчагии ороишии наву замонавӣ насб карда шуд. Даромадгоҳ ва роҳравҳои ошёнаи якум ва дуюми шуъбаи бемориҳои дарунаи калонсолон ба пуррагӣ аз таъмир бароварда шуда, ба масоҳати 50 м2 сафолакпӯш гардиданд. Ҳуҷраи ҳамшираи хоҷагӣ ва ҳуҷра барои ивази либосҳои кормандон аз таъмир бароварда шуда, рангубор карда шуд. Дар шуъба 10 кондитсионер, 10 тирезаҳои пластикӣ, 2 дари дуқабатаи пластикӣ, 4 курсӣ барои нишастани беморон насбу васл гардид. Барои пайваст намудан ба таҷҳизоти барқдиҳанда (движок)-и муттамаркази беморхонаи марказӣ 150 метр ноқили барқӣ ва барои таъмини оби доимӣ дар шуъба қубур харидорӣ гардида, ба хати магистролӣ пайваст карда шуд. Дар шуъбаи ҷарроҳии калонсолон 11 ҳуҷраи хоб барои беморон ва ҳуҷраи бастубандӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ 2 ҳоҷатхонаи замонавӣ таъмир гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳудудҳои қитъаи замини шуъбаи мазкур бо панҷараи ороишии дарозиаш 40 метр ва баландиаш 1,5 метр ҷудо карда шуд. Дар саҳни ҳавлӣ нишастгоҳҳо бо дарозии 14 метр сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи №1 (Гулрез) 2 ҳуҷраи хоб барои беморон аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва худи кормандони тиб дар Беморхонаи минтақавии №4 воқеъ дар ҷ/д Симиганҷ барои таъминоти оби доимӣ чоҳи амудӣ, бо чуқурии 40 метр, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ Бунгоҳи саломатии деҳоти Навободи ҷамоати А. Абдулвосиев аз нав сохта, бо тамоми  таҷҳизоти тиббӣ ва ёрирасон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва шабакаи КАТС таъмин карда шуда, бо иштироки раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Исмоилзода М.И. ба истифода дода шуд,-иброз дошт Фирӯз Шарипов.

Тавре сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат қайд намуд, айни ҳол сохтмон дар муассисаҳои зерини соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Ваҳдат идома доранд:

-Маркази саломати Меҳрбахш ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов;

-Бунгоҳи саломати деҳоти  Сорво ҷамоати деҳоти Ромит;

-Бунгоҳи саломати деҳоти Лошхарфи ҷамоати деҳоти Ромит;

-Бунгоҳи саломати деҳоти Ғалчагӣ ҷамоати деҳоти Чорсу;

-Бунгоҳи саломати деҳоти Ҷавонон  ҷамоати деҳоти Б.Бурунов;

-Бунгоҳи саломати дехоти Арбобдара ҷамоати деҳоти К.Исмоилов;

-Бо дастгирии шарикони Рушд дар Маркази саломатии Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон таъмир капиталӣ бароварда шуда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин, дар Маркази саломатии Симиганҷ таъмири капиталӣ оғоз гардид. Бо дастгирии кормандони тиб дар Маркази саломатии “Гулрез” ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев таъмир идома дорад.

Бо дастгирии шарикони Рушд ташнобхонаи замонавӣ дар Марказҳои саломатии деҳоти Ромит, Симиганҷ, Гулрез, Ҳоҷиқатаған ва Баҳористон сохта ба истифода дода шуд. Бо дастгирии аҳолӣ бунгоҳи саломатии Пистамазор, ки дар бинои почта ҷойгир буд аз нав сохта, ба истифода дода шуда, аз тарафи шабакаи КАТС бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ таъмин карда шуд.Дар Маркази саломатии шаҳрӣ 3 принтер аз ҳисоби маблағҳои махсус харидорӣ карда шуд.

Дар назди Маркази саломати шаҳрӣ чоҳи амудӣ, бо дастгирии кормандони тиб, ба истифода дода шуда, ҳамаи ҳуҷраҳои марказ бо оби ошомиданӣ таъмин карда шуданд. Бо дастгирии шарикони рушд сохтмони ташнобхонаҳои замонавӣ дар марказҳои саломатии Дустӣ, Навобод, Меҳрбахш ва Бунгоҳи саломатии Саричашма идома дорад,-гуфт Фирӯз Шарипов.

 Вазифаҳо барои соли 2025

-Назорати қатъӣ ҷиҳати иҷроиши Конунҳо, Стратегияҳо ва Барномаҳои дар соҳа қабулшуда, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра; мустаҳкам намудани базаи моддию техникии беморхона, ҷиҳозонидан бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир баҳри саривақт гузаронидани ташхис ва табобат; таъмини КАТС бо табибони бемориҳои рӯҳӣ, тибби оилавӣ, наркологҳо ва момодояҳо дар минтақаҳои дурдаст дояпизишкҳо, ҳамшираҳои шафқат ва момодояҳо; таъмири муассисаҳои КАТС хусусан таъмири бунгоҳҳо ва марказҳои саломатии деҳот; баланд бардоштани фонди иҷроиши катҳо дар шуъбаҳои беморхонаи марказӣ; баланд бардоштани дараҷаи тахассуснокии кормандони соҳа, ҳадди аққал то 70% табибон ва то 80% кормандони миёнаи тиб; бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои касбии табибону ҳамшираҳои тиббӣ, мунтазам баргузории мубодилаи таҷриба ва бозомӯзиҳо, инчунин бо дастгирии  МД  «МҶТКТО»  ва ДТБКСТ ҶТ ташкил намудани бозомӯзиҳои сайёр, аз вазифаву ҳадафҳоеанд, ки дар соли 2025 бояд амалӣ карда шаванд, то сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам хубтару беҳтар гардад,-гуфт дар фарҷоми суҳбат сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Шарипов Фирӯз Рустамович.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь