Бо мақсади бо вазъ ва фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов шинос гардидан, хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Сафарзода Абдулло Мумин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф дар оғози суҳбат қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлолият соҳаи тандурустӣ ба таври назаррас рушд карда истодааст ва дар воқеъ, Истиқлолият гавҳари ноёб мебошад ва сокинони кишвари азизамон ин санаи хуҷастаро гиромӣ дошта, имсол дар сар то сари кишвар ин Ҷашни муборакро таҷлил намуданд ва банда низ аз ин фурсат истифода бурда, ҳамватанони азизро бо 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният мегӯям.
Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории Истиқлолият ҷонфидоиҳо намуданд, то Истиқлолияти мо пойдор бимонад ва дар ниҳоят Пешвои миллат тавонистанд, ки миллату давлати моро аз нобудшавӣ ҳифз намоянд. Моро зарур аст, ки ба қадри ин ганҷинаи бебаҳо бирасем ва ҳамзамон бикӯшем бо кору пайкорамон баҳри боз ҳам шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро гузорем.
Мо табибон аз он ифтихор менамоем, ки Пешвои миллат нисбати соҳаи тандурустӣ ва табибон ғамхорӣ менамоянд ва дар як баромади худ Пешвои миллат нисбати табибон чунин суханони боҳикмат гуфта буданд:
“Борҳо таъкид кардаам ва боз такрор мекунам, ки табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд.
Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд.
Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад.
Бовар дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд.
Шумо бояд доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед”.
Албатта, мо табибон аз дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат сарфароз ҳастем ва мекӯшем ба боварии он кас лоиқ гардем.
Директори Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов Сафарзода Абдулло Мумин изҳор дошт, ки маъмурияти Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов фаъолияти худро дар асоси Амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри амали гаштани ҳуҷҷатҳои директивии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе баҳри беҳтар намудани корҳои табобатию-профилактикӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муолиҷаи беморон, амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти соҳаи тандурустии кишвар ба роҳ мондааст.
Маркази тиббии шаҳрии №1 аз 423 кати умумӣ ва 19-кати шуъбаҳои наҷот иборат аст, аз он ҷумла катҳои калонсолон 236 кат (55.7%), (16 кати рӯзона), 87 кат (21%) кӯдакона ва 100 кат (4 кати рӯзона) (22.7%) таввалудхона. Шуъбаҳои калонсолон: шуъбаи бемориҳои узвҳои даруна – 55 кат, ки аз инҳо 2 кати рӯзона, шуъбаи бемориҳои дил 45 кат, ки аз инҳо 3 кати рӯзона, шуъбаи ғадудҳои дохила – 48 кат, ки аз инҳо 5 кати рӯзона, шуъбаи бемориҳои асаб-30 кат, ки аз инҳо 4 кат рузона, шуъбаи ҳасосият – 22 кат, шуъбаи ҷарроҳӣ – 36 кат, ки аз инҳо 2 кати рӯзонаро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, шуъбаҳои ташхиси машваратӣ, шуъбаи қабули калонсолон, таввалудхона ва шуъбаи кӯдакона фаъолият мекунанд.
Тамоми шуъбаҳо бо компютер муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Баҳри иҷроиши фармони муштараки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон №202 аз 25.07.2001 “Дар бораи пурзур намудани мубориза бар зидди нашъаманди ва таъмини муомилоти қонунии маводи мухаддир” ва “Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани гардиши маводи доруворӣ, аз ҷумла муомилоти қонунии маводи дорувории нашъадор дар Марказ, Комиссия оид ба қабул, нигоҳдорӣ, тақсимот ва назорати дуруст, истифодабарии маводи дорувории тиббии мадҳушкунанда ва сахтаъсир созмон дода шудааст.
Мавсуф дар идома қайд намуд, ки самти асосии сиёсати кадрӣ ба баланд бардоштани савияи дониш, малака, дараҷанокии тахасуси ва такмили ихтисоси мутахассисон ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ равона карда шудааст. Ҳайати кормандони Марказ дар давраи ҳисоботӣ бо ҷадвали бастаҳо ҳамагӣ 637,5 воҳиди кориро ташкил медиҳад.
Табибон – 144,0 воҳиди корӣ; Кормандони миёнаи тиб-265,5 воҳиди корӣ; Кормандони хурди тиб-166,25 воҳиди корӣ; Кормандони маъмурӣ ва хоҷагӣ- 65,75 воҳиди корӣ.
Яке аз фаъолиятҳои кори госпитал ин беҳтар намудани нишондодҳои кор, ташхису табобат бо усулҳои кам кардани рӯзҳои бистарии беморон дар катҳо мебошад. Ба беҳбудии сифати табобат, воридоти технологияи ҳозиразамон, зиёд намудани гардиши катҳо, ҳолати санитарӣ-эпидимиологӣ, инчунин баланд бардоштани ҳолати маънавию эстетикӣ ва муоширати хуби кормандон ба беморон мусоидат менамояд. Аз ҷумла, баъди бозомузии мутахасисон дар Федератсияи Русия дар самтҳои гуногуни ташхису табобат бо усулҳои муосир, аз қабили курси миниинвазиявии кастаркунонии (пунксионалӣ) ултрасадоии узвҳоро хатм намуда, бо ворид намудани дастгоҳи кастаркунонӣ аввалин маротиба дар беморхона табобати беморони намуди оризадори бемориҳои санги сафро, кистаҳои ҷигар, гурда, ғадуди зери меъда, ғадуди сипаршакл, абсаҳои ковокии батн ба роҳ монда шуд. Бартарии асосии ин намуди табобат декомпрессия намудани роҳҳои талхабарор ва пешоброн, бартараф намудани норасогии кори ҷигару гурдаҳо, беҳтар намудани тайёрии беморон пеш аз ҷарроҳӣ мебошад. Инчунин, ин намуди табобат ба кам намудани масрафи маводҳои табобатӣ, муҳлати табобат, давраи реабилитатсионии беморон мусоидат менамояд.
Ба беморони бистарӣ шуда, санҷиши умумии хун, пешоб, фазла гузаронида мешавад. Дар вақти лозимӣ СБД, акси ренгени қафаси сина, биохимияи хун, санҷиш аз гулӯ ва бинӣ барои занбурӯғ, қанди хун гузаронида мешавад. Умуман нисбати бахшҳои ёрирасон ягон мушкилот мушоҳида карда намешаванд.
Номбурда илова намуд, ки шӯъбаи эндокринология дар хаҷми 48 кат муҷаҳҳаз гардида, аз ин 5 кат рӯзона мебошад ва ҳамчун шуъбаи махсусгардонидашуда ба бемориҳои бистаришавандаи ҷумҳурӣ ва пойтахт хизмат мерасонад.
Шуъбаҳои кӯдаконаи Маркази тиббии шаҳрии №1 низ дар шумораи 93 кат (87 кати бистаринамоӣ ва 6 кати шуъбаи наҷоти кӯдакона) дар назар дошта шуда, дар нуҳ моҳи соли 2021 фаъолият менамояд. Шуъбаҳои сироятӣ аз 40 кат, шуъбаи эндокринологияи кӯдакона аз 15 кат, шуъбаи септикӣ – сироятии кӯдакони навзод ва норасид аз 32 кат ва шуъбаи наҷоти кӯдакона аз 6 кат иборат мебошанд. Дар нуҳ моҳи соли 2020 аз шуъбаҳои кӯдакона 2479 нафар ҷавоб шуда буданд, ки 15,7% аз шумораи умумии беморони дар Марказ бистаригардидаро ташкил мекард. Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ бошад, ба шуъбаҳои кӯдакона 533 кӯдак ворид гардида, 515 нафар ҷавоб шуд, ки 8,9% аз шумораи умумии беморони аз Марказ рухсатигардидаро ташкил мекунад. Ба шуъбаи наҷоти кӯдакона 52 кӯдаки бемор ворид гардида, 50 кӯдак ба шуъбаҳо гузаронида шуд. Шуъбаи септикӣ- сироятии кӯдакони навзод ва норасид 308 бемор ворид гардида, 298 нафар ҷавоб шуд – 57,9% (дар нӯҳ моҳи соли 2020-982 бемор ҷавоб шуда буд – 39,6%), шуъбаи эндокринологияи кӯдакона 225 кӯдак ворид гардида, 217 нафар ҷавоб шуд – 42,1 % (дар нӯҳ моҳи соли 2020-336 нафар – 13,5 % кӯдаки бемор) ва аз шуъбаҳои сироятӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 ҳамагӣ – 1147 бемор рухсатӣ гардида буд – 46,3%.
Беморони имтиёзнок дар шуъбаҳои кӯдакона дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 воридшуда 211 нафаранд, ки 40,9%-ро ташкил медиҳад, ин ҳам бошад кӯдакони дорои дараҷаи маъюбӣ дар шуъбаи эндокринологияи кӯдакона (176- нафар диабети қанд, навъи якум, 8 нафар диабети беқанд, 21 нафар гипотиреози модарзодӣ, остеопороз 1 нафар, норасогии кори ғадуди болои гурда 1 нафар ва 4 нафар гирифтори нанизм). Дар ҳамин давраи соли 2020 бошад, 163 нафар буд, ки 6,6% -ро ташкил мекард (152 кӯдак дар шуъбаи эндокринологияи кӯдакона (120 нафар диабети қанд, навъи якум, 25 нафар гипотиреози модарзодӣ ва 7 нафар гирифтори диабети беқанд).
Мавсуф дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки дар ҳамаи шуъбаҳо овезаҳои Муқаддасоти миллӣ, Қаҳрамонони миллат овехта шуда, пайваста нисбати одобу муошират, мубориза бар зидди коррупсия, оиди корҳои санитарию беҳдоштӣ семинарҳо гузаронида шуданд. Ҳар моҳ семинарҳои илмӣ мувофиқи нақша якҷоя бо кормандони кафедраҳои пойгоҳӣ ва бо иштироки табибони соҳавӣ ва табибони интернаҳо гузаронида шуданд. Дар тамоми шуъбаҳо кор аз рӯи дастурҳои клиникӣ ба роҳ монда шудааст. Иҷроиши Барномаҳо низ пурра ба роҳ монда шуда, аз тарафи мудирони шуъбаҳо ва муовини соҳавӣ назорат бурда мешавад ва мунтазам ахбороти хаттӣ ба Раёсати тандурустӣ пешниҳод карда мешавад. Оид ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давраи зимистонгузаронӣ, сабзкорӣ ва ободии дохил ва атрофи Марказ нақша – чорабиниҳо тартиб дода, давра ба давра амалӣ карда мешавад.
Оиди иҷроиши Барномаҳои миллӣ, стратегия ва дурнамоҳои Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ оиди ташаккули тарзи ҳаёти солим дар нуҳ моҳи соли 2021 аз ҷониби мудири шуъбаи ҳепатитҳои сироятӣ Шарипов М. Ш. 3 баромади телевизионӣ, табиби шуъбаи эндокринологияи кӯдакона Ҳасанов Ҳ. Қ. 2 баромади телевизионӣ ва аз тарафи табиби сироятшинос Толибов А. Х. 4 баромади телевизионӣ гузаронида шуд. Оид ба “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000-рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024” мудири шуъбаи септикию сироятии кӯдакони навзод ва норасид Басирова Ф.К. ва мудири шуъбаи ҳепатитҳои сироятӣ Шарипов М.Ш. оид ба “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” ҳамчун шахсони мутасаддӣ вогузор гардида, аз тарафи онҳо нақша – чорабиниҳо тартиб дода шуда, пайваста назорат бурда мешавад ва ҳар моҳ ба Раёсати тандурустӣ ва Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ахбороти хаттӣ ирсол карда мешавад.
Мавсуф дар анҷоми суҳбат изҳор дошт, ки баҳри иҷроиши фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои табобатӣ пурра мувофиқи дастурҳои клиникӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти МД МТШ №1 ба роҳ монда шудааст. Барои муоина ва маслиҳатдиҳӣ ба беморон (санавиатсия) аз тарафи табибони шуъбаҳои кӯдакона – зиёда аз 148 маротиба ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар кардаанд, инчунин дар шуъбаҳои дохили Марказ 2284 нафарро муоина намуданд.
Барои беҳтар гардонидани фаъолияти Марказ ва расонидани кӯмаки саривақтӣ ва самаранокии тиббии беморхонавӣ тамоми имкониятҳоро ба роҳ хоҳем гузошт.
Бахтиёр АЛИМОВ,
МТЖТ