Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1” ба номи Карим Ахмедов хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи номбурда Сафарзода Абдулло Мумин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Дар мавриди фаъолияти беморхона директор сухан карда, аз ҷумла қайд кард, ки фаъолияти маъмурият ва кормандони Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1” ба ном Карим Ахмедов аз рӯи дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои мушовара, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, амру қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, баҳри беҳбудии сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муолиҷаи беморон, амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти соҳаи тандурустии кишвар равона карда шудааст.

Хизматрасонӣ ва шароит

Муассисаи Давлатии “Маркази тиббии шаҳри № 1” ба номи Карим Ахмедов аз 423 кати умуми ва 19-кати шуъбаҳои наҷот иборат аст.

Ҳамчунин шуъбаҳои ташхиси машваратӣ, шуъбаи қабули калонсолон, таввалудхона ва шуъбаи кӯдакона фаъолият мекунанд.

Дар умум дар шашмоҳи соли 2024 ба Марказ 16872 (100%) бемор муроҷиат намуда, аз инҳо 11823 нафар бистарӣ гардида, аз инҳо 5049 нафар аз бистарӣ дасткашидаанд, ба дигар муассисаҳо равон карда шудаанд.

Дар шашмоҳи соли 2024 дар шуъбаҳои Марказ аз тарафи табибон ҳамагӣ 1318 -нафар беморон таҳлили хун ба ВНМО гирифта шудааст.

Таҳлили хуни беморон ба ВНМО дар Марказ бо усули тести фаврӣ гузаронида шудааст.

Аз 1318 -нафари таҳлили хун ба ВНМО гирифта шуда, 743-нафарашон мард (56,4%), 575-нафарашон занон мебошанд, ки 43,6%-ро ташкил медиҳад.

Бо нишондодҳои клиникӣ ҳамагӣ аз 685-нафар гирифта шудааст, ки 49,6%-ро ташкил медиҳад.

Бо нишондодҳои клиникӣ, аз ҷумла:

– Илтиҳоби шуши дарозмуддат ва авҷгиранда 138-нафар (20,1%);

-Бемороне, ки бояд ҷарроҳӣ шаванд 547-нафар ( 79,9 %);

Аз рӯи номгӯи бемориҳо бошад, дар ҷойи аввал бемориҳои асаб -вайроншавиии гардии хун дар майнаи сар, ҷойи дуюм бемориҳои дилу рагҳо ва дар ҷойи сеюм бошад оризаҳои бемориҳои диабети қанд.

Инчунин дар давоми 6-моҳи сипарӣ шуда, аз ҷониби Комиссияи назоратии табобатӣ 265 – беморон муҳокимаронӣ гардида, барои рафти табобат қарорҳои дахлдор бароварда шуд.

Масъулиятшиносӣ

Мавсуф афзуд, ки гардиши пагоҳирӯзии директори Марказ, муовин оид ба корҳои табобатӣ, мудирони кафедра ҳар рӯз фаъол буда, дар давоми шашмоҳ 980-беморони вазнине, ки дар шӯъбаҳои наҷот бистарӣ буданд, муоина шуда, дар машварати якҷоя тартиби рафти табобат мукамал карда шудааст ва ин иқдом доимӣ идома дорад.

Дар давоми шашмоҳи соли ҷорӣ 6 ҷаласаи Шурои тиббӣ тибқи наққшаи тасдиқнамудаи директор гузаронида шуд ва дар он 14 масъалаҳо (3 ҷаласаи ҷамъбастӣ ва 11 масъалаҳои мубрам ва иҷроиши барномаҳои соҳавӣ) баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор бароварда шуда, иқтибоси ҷаласаҳо ва нусхаи қарорҳои Шурои тиббӣ ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

Муҳаббат ба касб

Дар суҳбат муовини директор оид ба ёрии таваллудхонаи МТШ №1 Каримова Давлатбӣ чунин зикр кард, барои беҳбудии фаъолияти корӣ ҳар рӯз чор пизишки момодоя навбатдорӣ мекунанд. Вазифаи ҳар як пизишки навбатдор аз он иборат аст, дар шабонарӯзӣ ҳам ба модар ва ҳам ба навзод ёрии тиббиро мерасонанд. Аз ҷумла, таваллуди физеологӣ рух медиҳад. Дар ҳар як шабонарӯзӣ беш аз сӣ нафар таваллуд мекунанд. Аз ҷумла, ҳомиладорони бо аворизҳои ҳомиладорӣ, фишорбаландӣ, бо варамҳои пой ва дастҳо дар байни ҳомиладоронро дидан мешавад. Мо ҳамаи ин ҳомиладоронро ба шуъбаи наҷот бистарӣ карда, сари вақт аз таҳлилҳои хун мегузаронем ва саломатии онҳоро зери назорати қатъи қарор медиҳем. Ба мисол, вақте, ки зан бо фишорбаландӣ бистарӣ мешавад ва дар сурати фишор паст нагардидан ду рӯз лозим меояд, ки онҳоро парасториву муолиҷа намоем. Бояд ҳар як зан сари вақт аз муоинаи тиббӣ гузаранд, барои дақиқ кардани кадом бемориҳо дар вуҷудаш доштан, ин амал барои он аст, ки ба ҷони модару кӯдак хатаре эҷод нашавад. Чӣ тавре қонуни кишвар талаб мекунад, ҳар нафаре, хоҳ мард бошад, хоҳ зан бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва ин амали онҳо пегирӣ аз ба дунё овардани фарзанди носолим аст.

Таҷҳизотҳои таваллудхона замонавӣ буда, барои нафаси сунъидодан ба занҳои вазъияташон вазнин ёрӣ мерасонад. Табибони эҳёгар фаъолият мекунанд, ки дар навбтдории худ сари вақт кумак мерасонанд.

Дар ҷараёни суҳбат мудири шуъбаи бемориҳои дили Маркази тиббии шаҳрии №1 Назарова Муҳаббат Рустамовна зикр намуд, ки дар шуъбаи кардеология, ки воқеъ дар дар чорум ошёнаи марказ ҷойгир аст, дорои 45 кат буда, 3 кати рӯзона ва 42 кати шабона хидматрасонӣ мекунанд. Дар шуъбаи маркази мазкур 13 нафар табибон кору фаъолият дошта, аз онҳо дараҷаҳои гуногун ба ҳисоб рафта ва 14 корманди хурд, 9 нафар кормандони хоҷаги фаъолият доранд. Инчунин 14 нафар ҳамшираҳо фаъолият дошта, айни замон муроҷиати шаҳрвандон бо ташхисҳои гуногун, аз ҷумла бемориҳои фишорбаландӣ, бемориҳои дил, сакта, номуратабиҳои дил ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Табобат аз рӯйи протоколи нави клиникӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳавои гармӣ ба бемороне, ки гирифтори фишорбаландӣ, бемории дил мебошанд, ҳамчун табиб тавсия медиҳам, ки дар соатҳои гарм аз хона набароянд. Доруҳои худро сари вақт истеъмол намоянд. Бисёртар об нушанд.

Мо аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем, ки нисбати мо табибон хеле ғамхор мебошанду як фазои кории хубро ба мо муҳайё гардонидаанд, инчунин миннатдории хешро ба маъмурияти маркази мазкур низ мерасонам. Дар маркази мо барои ташхису табобати бемориҳои дил таҷҳизотҳои замонавӣ насб шудааст, аз ҷумла холтери шабонарӯзӣ, эхография, сирфаҳо. Мо табибон барои он ки ба касби худ садоқат дорем, шабонарузӣ навбатдор истода, аз вазъи саломатии беморон бохабар мешавем. Барои шифо ёфтани беморон кушиш ба харҷ медиҳем.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь