Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон“Шифобахш” хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори Муассиса мазкур Шамсзода Хизматулло Амирхон суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро ҳаётан муҳим арзёбӣ намуданд ва ҳамчунин, дар Паёми навбатӣ пешниҳод карда шуд, ки солҳои 20222026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Нисбати соҳаи тандурустӣ Пешвои миллат суханони пурҳикмат намуданд ва муҳтавои Паём дар бобати соҳаи тиб он буд, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Шамсзода Хизматулло Амирхон изҳор дошт, ки ин нуктаҳои хеле арзишманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки беш аз пеш баҳри рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ талошу заҳматҳо ба харҷ диҳем.

Номбурда изҳор дошт, ки Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон-“Шифобахш” фаъолияти худро дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои рисолати хеш – рушди соҳаи тандурустӣ ба роҳ модааст. Тавре аз муҳтавои Паём бармеояд, дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ мавқеъ ва манзалати хоса дорад, зеро бе соҳаи тандурустии рушдёфта ва таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим ғайриимкон аст. Кормандони Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон-“Шифобахш” ин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро сармашқи кори худ хоҳанд намуд.

Мавсуф дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки фаъолияти 12- моҳаи коллективи Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон-“Шифобахш” дар  соли 2021 фаъолияти худро ба татбиқи амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои роҳбари марказ, ки фаъолияти соҳаро ба танзим медароранд, ба роҳ мондааст.

Дар рафти суҳбат номбурда қайд намуд, ки дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон-“Шифобахш” 2898 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1852 нафарашонро (63,9%) занҳо ташкил медиҳанд. Ҳайати кормандонро 717 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ, 1371 нафар кормандони миёнаи тиб, 586 нафар кормандони хурди тиб ва 224 нафар кормандони қисми маъмурию хоҷагӣ ва муҳосибот ташкил медиҳанд.

Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба марказ воридгардида, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Муроҷиати шаҳрвандон

-Дар соли 2021 1911 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки 1509 нафар аз тарафи шахсони воқеъӣ бо ҳар гуна масъалаҳо ба роҳбар муроҷиат намудаанд, аз онҳо 783  нафарашон оиди ҷои кор, шахсӣ, мусоидат барои табобат ва дигар масъалаҳо, 726  нафар вобаста ба хизматрасонии пулакӣ (оиди табобати ройгон, камбизоатӣ, баргардонидани маблағ ва дигар масъалаҳо). Аз шахсони ҳуқуқӣ (вазорату идораҳо) 402 мактуб ба қайд гирифта шудааст. Аз он ҷумла, аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати ройгон 120 мактуб ворид гаштааст.

Мактубҳои ирсолшаванда дар давраи ҳисоботӣ 1575 ададро ташкил медиҳанд,-афзуд номбурда.

Бозсозӣ ва таъмин бо дастгоҳҳои замонавӣ

Дар рафти суҳбат мавсуф қайд намуд, ки бо дастгирии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Бонки Олмонии рушд ба пуррагӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, ба монанди таҷҳизотҳои дастгоҳи нафаси сунъӣ, оксигенератор, монитор, отсос, коагулятор, дефибрилятор, инфузомат, катҳои функсионали ва ғ. таъмин карда шуд. Ҳамчунин, бо дастгирии фонди Олмон дар назди бинои №5 таҷҳизоти оксигенҳосилкунанда бо иқтидори 14,5 куба сохта шуд, ки беморони шуъбаҳои эҳёгарии калонсолон, дуюми ҷарроҳии асаб ва шуъбаи қабули калонсолонро мунтазам ва саривақт бо оксиген таъмин менамояд.

Дар ин раванд, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷопон лоиҳаи таъмини таҷҳизоти тиббӣ барои шуъбаи глаукоматозӣ амалӣ гашт, ки шуъбаро бо таҷҳизотҳои тиббии муосири марбут ба бемориҳои глаукоматозӣ таъмин намуданд, ки ин дар навбати худ сатҳу сифати ташхис ва табобати беморонро, ки асосан беморони куҳансол ва маъюб мебошанд, беҳтар намуда истодааст.

Бо мақсади ҷойгиркунии (МРТ) Томографияи магнитию – резонансӣ дар назди бинои №5-а бинои нав сохта шуда, ба истифода қарор додем, барои ҷойгиркунии таҷҳизоти муосири ташхиси МРТ аллакай пурра омода аст.

Ҳамчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки бинои толори маҷлисгоҳи марказ таъмир карда шуда, ба миқдори зиёда аз 1200 м2 таъмир ва рангубор карда шуд;

Ошёнаи сеюми бинои маъмурият таъмир карда шуда, роҳрав (коридор) ба масоҳати 212 м2 таъмир ва рангубор карда шуд, 8 дона дар иваз карда шуда, кафели фаршҳо ва дохили қисматҳои санитарӣ дар масоҳати 40 м2 иваз карда шуданд;

Ҳамин хел боз аз ҳисоби ширкати “Ҷайка”-и давлати Ҷопон дар назди бинои №9-и марказ ҳам дастгоҳи оксигенҳосилкунӣ ба иқтидори 24-куба, ки метавонад ба ғайри таъмини бино боз 100-кубаи дигар дар як шабонарӯз захира намоем, васл карда шуд.

МД ММТ-ии ”Шифобахш” ҳамчун пойгоҳи клиникии як қатор кафедраҳои муассисаҳои таълимӣ буда, на танҳо дар бахши ташхису табобат ва пешгирии бемориҳо, балки дар якҷоягӣ бо кормандони кафедраҳо дар самти таҳияи пешниҳодҳои ратсионализаторӣ, ихтироотҳои муфид низ корҳои муаяне ба анҷом расонида шудааст.

Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки бояд зикр намоям, ки 17-номгӯи таҷҳизотҳо аз ҳисоби маблағҳои махсуси МД “Маркази миллии тиббии”-“Шифобахш” дар соли 2021 ба маблағи 22 млн 318 ҳазору 911 сомонӣ харидорӣ гардиданд.

Дастовардҳои Марказ

Дар хусуси дастовардҳои Муассиса номбурда изҳор дошт, ки дар муддати 12- моҳи соли 2021 ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем ва инҷо баргузидаи онҳоро мехоҳам қайд намоям:

-Нефроэктомияи лапароскопӣ (гирифтани гурда ба таври лапараскоп – ба 4-5 нафар гузаронида шуд, ки натиҷа ҳамааш мусбат аст).

-Литотрипсияи контактӣ (майда кардани санги роҳҳои пешобрав бо таҷҳизоти литотриптор).

-ТУР-и ғадуди простата (ба роҳи пешобрав буриши ғадуди простата ба зиёда аз 80- нафар беморон гузаронида шудааст).

-Папилотомия, папилосфинктеротомӣ (буриши папила ва сфинктери дуоденум бо гирифтани санг).

-Ҷарроҳии Луис-пайваст кардани сурхруда бо меъда дар беморони саратони ҳиссаи поёнии сурхруда ду маротиба гузаронида шуд, ки натиҷааш қаноатбахш мебошад.

-Уретеротомия эндоскопӣ (кушодани роҳҳои пешобгузар бо эндоскоп) ба 20-нафар.

-Бартарафкунии лапараскопии носури байни маҳбалу пешобдон (ба як нафар бемор гузаронидашуд ва вазъи бемор хуб мебошад). Бояд таззакур дод, ки чунин амалиёт дар Тоҷикистон бори нахуст анҷом дода шуд.

-Гемигепатэктомия (буриши ҳиссаи рости ҷигар).

-Ҷарроҳиҳои аневризми шараёнҳои майнаи сар (то ин муддат ҳамин беморонро дар ҷумҳурӣ ҷарроҳӣ намекарданд, ки оқибат ба вайроншавии гардиши хун ба таври гемораги оварда мерасониданд), ба 3-нафар, натиҷа дар се ҳолат мусбӣ мебошад.

-Малформатсияи артериовенозии рагҳои майнаи сар, яъне ба таври гиреҳмонанд пайдошавӣ дар рагҳои майнаи сар ба таври ҷарроҳӣ кушодани гиреҳи пайдошуда, гузоштани клипсҳо, панҷ нафар ҷаҳҳа гардиданд, ки натиҷа ҳамаашон мусбӣ мебошад.

-Ҷарроҳии беморон бо бемории Эпилепсия (бемории саръ) то инҷониб ин намуд беморон амалиёт намешуданд (ба 3- нафар беморон гузаронида шудааст, ки дар ҳар се ҳолат натиҷа мусбӣ мебошад).

-Гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар беморони сактаи геморагӣ, ин амалиёт пештар иҷро мешуд, аммо ба миқдори ниҳоят кам. Дар соли 2021 дар муддати 9-моҳ дар 28-нафар беморон гузаронида шудааст, ки натиҷа мусбӣ мебошад.

-Амалиёти ҷарроҳӣ хангоми конфликти нейроваскулярӣ (ҷудокунии часпиши асаби 7-ум бо шохаи раги калони қисми пушти майнаи сар).

-Резектсияи минтақаи глиозии қишри майнаи сар ҳангоми эпилепсия дар кӯдакон ва калонсолон.

-Амалиёти ҷарроҳии корпородез ва иваз намудани танаи муҳра. -Амалиёти ҷарроҳии вертебропластикаи муҳраи L4 бо сементи устухонӣ.

-Воридсозии усули табобати беморони гирифтори атрезияҳои сурхруда.

-Пилоромиотомия бо усули эндвидеоҷарроҳӣ дар беморони пилоростенози модарзодӣ.

-Гузоштани найчаи бодбарор дар беморони Гиршпурунг ва омода кардани беморон ба амалиёти ҷарроҳии реконструктивӣ (Соаве-Болле), зиёда аз 50-60.

-Муоинаи иригографияи контрастӣ дар беморони ногузароиши болоии рудаҳо (Синдроми Ледд).

-Дар ташхису табобати бемориҳои осебҳои омехта барои тасдиқи шоки садамавӣ шкалаҳои муосири табобатии Назаренко ва Гуманенко ворид карда шуд, ки то ин муддат аз руи шкалаи Кисса табобат карда мешуданд. Баъди ворид кардани шкалаҳои дар боло қайд шуда, оризаҳои эмболии равғанӣ дигар дида нашуданд.

-Кросс-Линкинг дар беморони гирифтори кератоконус (ба 25 -нафар беморон гузаронида шуданд). Аз сабаби набудани дастгоҳи кросс -линкинг то ин муддат гузаронида намешуданд.

-Стиклофотокоагулятсияи ҷисми мижгон (дар ҳолати дарди шадиди чашм.) Баъди дастрас шудани таҷҳизот ин амалиёт ба роҳ монда шуд.

-Дар самти табобати бемориҳои асаб дар шуъба 10 -кати эҳёгарӣ кушода шуда, бо тамоми таҷҳизотҳои лозима ҷиҳозонида шуданд ва иловагӣ боз 19-нуқта ва хати оксигендиҳӣ ба беморони вазнин дар ҳамин шуъба ташкил карда шуданд.

Муроҷиати беморон

Дар идомаи суҳбат мавсуф афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаҳои қабули марказ 62596 нафар беморон барои муоина ва табобат муроҷиат намудаанд.

Аз ин миқдор 33576 нафар беморон бистарӣ шуда, 32809 нафар беморон баъди табобат ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Аз бистаришудагон шаҳриён – 11174(33,8%) нафар ва деҳотиён -22402 (66,2%) нафарро ташкил мекунанд.

Корҳои илмӣ ва тадқиқотӣ

Дар фарҷоми суҳбат Шамсзода Хизматулло Амирхон изҳор дошт, ки дар 12 моҳи соли 2021 мутахассисони Марказ дар якчоягӣ бо коркунони кафедраи анестезиология ва реаниматологияи ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино 1 китоби дарсии анестезиология ва реаниматология, 12 мақолаи илмӣ ба табъ расонидаанд. Дар бораи терапияи интенсиви садамаи пайвастаи кафаси сина, шикам ва сар ба беморони инсулт ва осеби косахона ва майнаи сар. Оид ба беморихои COVID – 19. Протоколи клиники анестезиология ва реаниматология дар соли 2021 аз чоп баромад.

Дар соли 2021 табибони Марказ дар чор конференсияи илмӣ- методӣ оид ба анестезиология ва реаниматология дар мавзуҳои “Усулҳои берун аз организм гузаронидани детоксикатсия (гемодиализ, плазмофарез)”, “Оид ба табобати интенсивии варами майнаи сар” ва “Хусусиятҳои хоси бедардгардонӣ дар момодоягӣ” иштирок ва баромад намуданд.

Дар раванди фаъолияти касбии худ мо кормандони тиб мекӯшем хидмати содиқона ба кишвару миллат намоем. Ҳамчунин, беш аз пеш сифати хидматрасонии тиббиро боло бурда, ҳама донишу малакаи касбии хешро баҳри беҳдошти саломатии мардум равона хоҳем кард.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь