Вақте саргузашти як шахс роҳ ба сӯи касбу ҳунар мекушояд ва маориф ба абзори дигаргуниҳо табдил меёбад, намунаҳои илҳомбахш пайдо мешаванд. Элдор Ҷонназаров на танҳо олим ва офталмологи ҷавони тоҷик аст, балки рамзи ҳамкории бобарори Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи тиб мебошад, ки барои дар воқеъ беҳтар сохтани системаи тандурустӣ роҳ мекушояд.

Тарҷумаи ҳоли Элдор Ҷонназаров худ инъикоскунандаи ҳаракати фарогирандае мебошад: имрӯз теъдоди бештари донишҷӯёни тоҷик дар Русия на фақат соҳиби дипломҳои донишгоҳҳои номдор мешаванд, балки ба шахсони ихтирокору навовар, мутахассис ва илҳомбахш табдил меёбанд. Ин ҷавонон ба Ватан бо донишу малака, таҷриба ва боварӣ ба ворид сохтани навовариҳо бармегарданд.

Офталмологи боистеъдод

Элдор Ҷонназаров дар оилаи омӯзгорон ба дунё омадааст. Меҳру муҳаббат ба касби тиб дар дили ӯ ба шарофати муаллими химияи мактаб ҷой гирифт, вале меҳнатдустӣ ва интизомро аз падару модараш омӯхтааст. Соли 2013 ӯ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дохил шуд. Элдор аз соли аввали таҳсил худро на танҳо ҳамчун донишҷӯи аълохон, балки ҳамчун ташкилотчии фаъол низ нишон дод. Вале ҳодисае, ки бо ӯ рух дод сабаби ба таври ҷиддӣ дигар шудани назараш ба интихоби касби  ояндааш гардид. Вақте дар курси сеюм таҳсил мекард узви босирааш хиратар гардид ва Элдор қарор дод, ки табиби бемориҳои чашм мешавад. Ӯ дар бораи офталмологи машҳури советӣ Святослав Фёдоров хонда, дарҳол дарк намуд, ки ин касб роҳи ояндаи ӯст. Элдор ба офтальмология саргарм шуд, маҳфили илмӣ ташкил намуд, ба нашри мақолаҳо шурӯъ кард ва яке аз аввалин мақолаҳои худро маҳз ба академик Фёдоров бахшид.

Элдор имтиҳонҳои дохилшавиро бо баҳои аъло супорида, ду маротиба тавассути намояндагии Россотрудничество квотаи Ҳукумати Русияро дарёфт намуд – дафъаи аввал барои таҳсил дар ординатураи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН), баъдан барои таҳсил дар аспирантураи Донишгоҳи Сеченов. Соли 2022 ӯ дар озмуни байналмилалии илмӣ, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон ташкил карда шуда буд, соҳиби дипломи дараҷаи аввал ва медали тиллоӣ ҳамчун «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ» гардид. Ба асари ӯ бо номи «Такмилдиҳии системаи баҳодиҳии тезии узви босираи кӯдакони синни томактабӣ ва кару гунг» аз тарафи ҳакамон баҳои баланд дода шуд. Ҷонназаров муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ ва соҳиби патент ба ихтироъ буда, дар зиёда аз 10 лоиҳаи тадқиқотӣ иштирок кардааст.

Ба қавли Элдор Ҷонназаров: “Интихоби идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия – ин як қадами бошуурона ба сӯи ояндаи дурахшон аст. Русия кишвари олимони бузургу табибони номдор, инчунин кишвари имкониятҳо ва дорои фарҳанги ғанӣ аст, ки дар он ҳар як шахс метавонад ба сӯи таҳсили шоиста ва рушди касбӣ роҳ пайдо кунад”.

Соли 2023 Элдор дар Олимпиадаи байналмилалии «Open Doors: Russian Scholarship Project” (Дарҳои кушод: Лоиҳаи стипендияҳои Русия) иштирок намуда, дар бахши “Тибби клиникӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ” натиҷаи аъло – 98 хол аз 100 нишон дод ва ба туфайли ин ҳуқуқи ба тариқи ройгон дар аспирантураи беҳтарин донишгоҳҳои Русия бидуни супоридани имтиҳон таҳсил карданро пайдо кард. Соли 2025 Элдор Ҷонназаров рисолаи номзадии худро пеш аз мӯҳлат дар Донишгоҳи Сеченов ҳимоя намуд. Ӯ дар синни 29-солагиаш ҷавонтарин номзади илмҳои тиб аз рӯи ихтисоси офталмология дар кишварҳои Осиёи Миёна гардид. Кори илмиаш «Такмилдиҳии системаи баҳодиҳии тезии узви босираи кӯдакони синни томактабӣ ва кару гунг» ном дорад.

“Ин мавзӯъ бо назардошти аҳамияти мушкилоти ташхиси барвақти нуқсонҳои узви босираи кӯдакон, махсусан кӯдакони дорои нуқсонҳои узви шунавоӣ ва нутқ интихоб карда шудааст. Барои ин гурӯҳи беморон усулҳои анъанавии ташхиси узви биноӣ аз сабаби хусусиятҳои дарккунӣ ва мушкилии муоширати онҳо чандон мувофиқ нестанд. Аз ин рӯ, таҳияи як усули мутобиқшуда, дақиқ ва дастрас як вазифаи муҳим дар бахши офталмологияи клиникӣ, ташхиси кӯдакон ва пешгирии бемориҳои чашм мебошад, – мегӯяд номзади илмҳои тиб Элдор Ҷонназаров. – Айни замон, пас аз ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадиам, ман фаъолона аз рӯи лоиҳаҳои илмӣ ва омода кардани дархостҳо барои иштирок дар барномаҳои тадқиқотии пас аз номзадӣ корбарӣ карда истодаам. То кунун, аз донишгоҳу озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии ИМА ва Аврупо пешниҳодҳои зиёде гирифтам – ҳам ба ҳайси муҳаққиқ дар зинаи баъдиномзадӣ (PostDoc) ва ҳам ба ҳайси ассистент-профессор бо имкони ба магистрантон дарс додан ва ба лоиҳаҳои илмӣ дар соҳаи тиб роҳбарӣ кардан.

Бо вуҷуди ин, бо мақсади рушд додани технологияҳои инноватсионии тиббӣ, ман тасмим гирифтам, ки имкони кор ва гузаштани зинаи баъдиномзадиро дар Русия – дар донишгоҳҳои пешбари физикию техникӣ ва математикии ин кишвар дида бароям. Ин ба ман имкон медиҳад, ки бо мутахассисони номдори руси ин соҳа дар лоиҳаҳои ба коркарди технологияҳои инноватсионӣ бо унсурҳои зеҳни сунъӣ нигаронидашуда ҳамкорӣ кунам. Мақсади ин коркардҳо таҳияи қарорҳое мебошад, ки барои ташхиси самаранок ва барвақти нуқсонҳои алоҳидаи чашм имконият диҳанд. Ин, дар навбати худ, барои сари вақт оғоз кардани табобат ва боло бурдани имконияти пурра шифо ёфтани беморон мусоидат мекунад.

Яке аз чунин лоиҳаҳои афзалиятнок ба муолиҷаи беморони гирифтори бемории амблиопия («танбалии чашм») равона карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир, олимон дар саросари ҷаҳон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки як низоми ташхиси барвақт ва технологияҳои самаранокро барои табобати пурраи чунин беморон эҷод намоянд. Мо боварӣ дорем, ки ба шарофати коркардҳои ватанӣ ва иқтидори илмии Русия метавонем дар ҳалли ин мушкили умумиҷаҳонӣ саҳми назаррас гузорем. Пас аз дар лоиҳаҳои сатҳи ҷаҳонӣ таҷриба гирифтан ва ҳимояи рисолаи доктории худ, ман ният дорам, ба Тоҷикистон баргашта, дар кафедраи офталмологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи тиббию иҷтимоии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ё Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара фаъолияти илмию педагогии худро идома диҳам. Яке аз ҳадафҳои асосии ман – дар Тоҷикистон таъсис додани маркази офталмоонкологӣ мебошад, ки дар он ташхиси барвақт ва табобати саривақтии варамҳои гандаи чашм имконпазир хоҳад буд”, – мегӯяд Элдор Ҷонназаров.

Духтури боистеъдоди тоҷик аз таассуроти худ ҳангоми таҳсил дар Русия чунин нақл мекунад: “Ман ҳамчун хатмкунандаи барнома аз рӯи квотаи Ҳукумати Федератсияи Русия роҳи ординатура ва аспирантураро дар яке аз донишгоҳҳои пешрафтаи тиббии Русия ва ҷаҳон – Донишгоҳи Сеченов тай намудам. Дар ин роҳ мушкилоти зиёде буд, вале ба туфайли ин мушкилотҳо ман таҷрибаи бебаҳо, дониши амиқ ва имконияти кору фаъолият бурдан дар илми тибро пайдо кардам. Муҳимаш – ба худ боварӣ доштан, барои илмомӯзӣ кӯшиш кардан ва аз душвориҳо натарсидан аст.

Русия кишварест, ки дар он инсон ба туфайли меҳнат ва истодагариаш ҳатман подош хоҳад гирифт ва бо дониши андӯхтааш метавонад ба муваффақияту эътирофи касбӣ ноил гардад. Ман аз Ҳукумати Федератсияи Русия, «Россотрудничество» ва «Хонаи Русия дар Тоҷикистон» барои имкони таҳсил ва ҳимояи рисолаи номзадии худ дар яке аз беҳтарин муассисаҳои офталмологӣ миннатдор  ҳастам».

Қиссаи Элдор Ҷонназаров мисоли он аст, ки чӣ тавр таҳсилот, ирода ва саъю кӯшиш метавонад на танҳо сарнавишти як шахс, балки ояндаи тамоми соҳаро тағйир диҳад.

Пули дониш

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи тиб кайҳо боз аз доираи шарикии расмӣ берун рафтааст. Ин ҳамкорӣ ҳамчун раванди зиндаю мутақобилан судманд шакл гирифтааст, ки дар маркази он одамон – донишҷӯён, муаллимон, духтурон ва кормандони илмӣ қарор доранд. Ҷамъиятҳои тиббии ду кишвар, ки бо як фазои муштараки забонӣ ва фарҳангӣ муттаҳид мебошанд, ба таври самаранок табодули дониш, технология ва таҷриба анҷом дода, барои рушди устувори касбӣ замина эҷод мекунанд.

Роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев қайд мекунад: “Рафти маъракаи ниҳоии квотаро таҳлил карда, метавон гуфт, ки довталабони Тоҷикистон ба таври анъанавӣ ба ихтисосҳои тиббӣ авлавият медиҳанд. Ва сухан дар бораи дархостҳо барои тамоми зинаҳои таҳсил – мутахассис, ординатура ва аспирантура меравад. Довталабоне, ки ба зинаи нахустини таҳсил шуруъ мекунанд, пеш аз ҳама байни бахшҳои «корҳои табобатӣ» ва «дандонпизишкӣ» интихоб менамоянд. Нафароне, ки ба ординатура дохил мешаванд, имконияти интихоби ихтисосҳои тахассусиро доранд. Байни се ихтисоси серталабтарин «момодоягӣ ва гинекология», «ҷарроҳӣ» ва «кардиология» ҷо гирифтаанд. Дар баробари ин, ба фаъолияти илмӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд боқӣ мемонад. Ҳамин тариқ, хатмкунандагони соҳаи тиб бештар аспирантураро дар бахшҳои «кардиология», «нейроҷарроҳӣ» ва «ҷарроҳӣ» интихоб мекунанд. Яъне онҳо ният доранд маҳз дар ҳамин самтҳо тадқиқотҳои худро анҷом диҳанд.

Донишгоҳҳои тиббие, ки дар манотиқи гуногуни Русия ҳастанд, онҳо низ ба табодули таълимӣ ва илмӣ байни донишгоҳҳои тиббии Тоҷикистон ва Русия мароқ зоҳир мекунанд. Мисол, чанде пеш намояндагони донишгоҳҳои тиббии Бошқирдистон ва Кабардину Балкар ба Тоҷикистон ташриф оварда, ҳам барои ҳамкорӣ бо ҳамкасбони худ аз донишгоҳҳои тиббии Тоҷикистон ва ҳам ба ҷалби довталабон барои омӯзонидани барномаҳои худ мароқ зоҳир карданд”.

Имрӯз беш аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои тиббии Русия дар зинаҳои бакалавриат, тахассусият ва магистратура таҳсил мекунанд. Барои бисёре аз онҳо, ин на танҳо имконияти таҳсилот, балки “лифти иҷтимоӣ” аст, ки роҳ ба сӯи муваффақият боз мекунад. Аксари онҳо дар оянда мутахассису тадқиқотчӣ, омӯзгор ва ҳатто соҳибкорони соҳаи тандурустӣ мешаванд.

Аксар вақт донишҷӯёни тоҷик пас аз хатми донишгоҳҳои Русия ба Ватан баргашта, дар рушди соҳаи тандурустии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Дар Тоҷикистон мушкилоти норасоии кадрҳои баландихтисос вуҷуд дорад (тибқи маълумоти охирин дар кишварамон зиёда аз 3000 духтур намерасад) ва аз ҳамин хотир бозгашти мутахассисон ба Ватан саҳми онҳоро махсусан назаррас мегардонад. Соли 2024 байни Тоҷикистону Русия созишнома оиди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷат барои мубодилаи кадрҳо, гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмӣ ва барномаҳои такмили ихтисос имкониятҳои нав фароҳам овард. Боз як самти муҳими созишнома ин ташкили имкониятҳо барои таҷрибаомӯзии табибони тоҷик дар марказҳои тиббии Русия мебошад.

Яке аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ соҳаи трансплантология мебошад. Имрӯз дар Тоҷикистон, ба шарофати таҷрибаи аз ҳамкасбони рус ва эронӣ андӯхта, мактаби ватании пайвандсозии узвҳо ташкил меёбад. Тавре вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода қайд кард, бо мақсади мубодилаи усулҳои пайвандсозии узвҳо ва кӯмак кардан дар омодасозии мутахассисон ба кишвари мо коршиносони шинохтаи байналмилалӣ, ба монанди профессор Алексей Пинчук аз Русия ташриф меоранд.

Маориф ва илм ҳамчун кӯпрукҳои стратегӣ байни Тоҷикистону Русия хизмат мекунанд. Соҳаи тиб яке аз зуҳуротҳои равшани ин ҳамкорӣ мебошад. Ба туфайли барномаҳои муштарак, таҷрибаомӯзиҳо, табодули таҷриба ва омодагӣ ба ҳамкорӣ метавонем мутахассисонеро тарбия кунем, ки ба тағйир додани ояндаи кишвар қодиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь