Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”, дар байни дигар коллеҷҳои тиббии кишвар мақоми хоссаро соҳиб аст. Ин даргоҳи илму маърифат яке аз калонтарин таълимгоҳҳои миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон мебошад. Коллеҷи мазкур дар тӯли фаъолияти худ даҳҳо ҳазор нафар донишҷӯро ба воя расонидааст, ки кадрҳои омодакардаш дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд.
Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисам номбурда Иброҳим Мӯсоев суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” ҷиҳати амалӣ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф, барои солҳои 2020-2040” тамоми имкониятҳоро ба роҳ мондааст ва аллакай мутобиқи нақша-чорабиниҳои ҷойдошта як қатор корҳо амалӣ шуда истодаанд.
Баҳри пиёдагардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, ҷалб намудани донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби кафедраҳои масъул дарсҳои кушоду намунавӣ, маҳфилҳои фаннӣ, семинарҳо, конфронсҳо ва мизҳои муддавар гузаронида шуд ва ин раванд идома хоҳад ёфт.
Мутобиқи дастурҳои омӯзишӣ дар муассиса нақша-чорабинии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” тартиб дода шуда, ба тасдиқ расидааст ва дар байни донишҷӯён корҳои тарғиботиву ташфиқоти барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон мунтазам гузаронида шуда истодааст.
Аз таърихи коллеҷ
Озмӯзишгоҳи тиббии шаҳри Бохтар аз 1-уми сентиябри соли 1969 бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 19.12 соли 1968 таҳти №346 ба фаъолият оғоз кардаст.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 16.03 соли 1999 №100, фармони Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 08.04 соли 1999 таҳти №141 “Оиди табдил додани омӯзишгоҳҳои тиббӣ ба коллеҷи тиббӣ ” таъсис дода шудаст.
Коллеҷ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва қарорҳои Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вобаста ба нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, қоидаҳои қабул, литсензиякунонӣ ва аккредитатсия мутобиқӣ низомномаи онҳо), Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст.
Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Ҳифзи салмоатии аҳолӣ” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01 соли 2018 таҳти №512 “Дар бораи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ намуда, дорои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад.
Ихтисосҳои коллеҷ
Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” 4-факултет, 7-ихтисос амал карда, боихтисосҳои зерин мутахассисонро омода менамояд:
Факултети кори момадоягӣ бо тахсуси момодоя (буҷавӣ-18% ва шартномавӣ 80%) муҳлати таҳсил 3-солу 10 моҳ.
Факултети корӣ умумитиббӣ бо тахасусӣ ҳамшираи(бародарӣ) тиббӣ оилавӣ (буҷавӣ-23% ва шартномавӣ-77%) муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ.
Факултети кори ҳамширагӣ бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ, муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ.
Факултаи кори табобати дандон, ёрдамчии духтури дандон, мӯҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ.
Факултети кори дандонсозӣ, ёрдамчии духтури техникӣ дандон мӯҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ.
Факултети кори дорусозӣ бо тахасусӣ ёрдамчии фармасефт, мӯҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ (шартномавӣ)
Факултетҳои шабона бо ихтиссосҳои кори ҳамширагӣ ва фармасефтӣ, мӯҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ-шартномавӣ, машғулиятҳо аз соати 13-00 то 18-00.
Ҳамчунин, дар коллеҷи мазкур 8 кафедра Кафедраи ҷарроҳия ва кори ҳамширагӣ, Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва таҳсилоти умумӣ, Кафедраи фанҳои морфологӣ ва тиббӣ-билогӣ, Кафедраи тиббӣ оилавӣ, Кафедраи забонҳо, Кафедраи фарматсевтӣ ва кимиё, Кафедраи момоӣ ва бемориҳои занона ва Кафедраи бемориҳои амрозӣ занона ва бемориҳои кӯдакона фаъолият доранд.
Дар ҳамаи кафедраҳо доскаҳои электронӣ бо мултипроектор мавҷуд мебошад, ки аз онҳо омӯзгорон дар машғулиятҳо васеъ истифода мебаранд.
Фаъолияти коллеҷ
Дар коллеҷи тибӣ 280 омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 112 нафари онҳоро занҳо ташкил медиҳад. Дар байни омӯзгорон 1 нафар номзади илми тиб, 7 нафар аълочии соҳаи тандурустӣ, 4 нафар аълочии соҳаи маориф кор ва фаъолият намуда истодаанд. 5 нафар омӯзгорон ҷӯяндаи рисолаи номзадӣ мебошанд.
Омӯзгорон ба 3239 нафар донишҷӯ таълим медиҳанд, ки аз онҳо 2 ҳазору 668 нафар духтарон ва 571 нафраи дигарро писарон ташкил медиҳад.
Дар гуруҳҳои буҷавӣ 365 ва дар гуруҳҳои шартномавӣ 2 ҳазору 604 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Шакли таҳсил рӯзона ва шабона мебошад.
Аз он ҷумла: Дар коллеҷ-шуъбаи рӯзона 2331 нафар, ки аз онҳо 1959 нафар духтарон ва 372 писарон таҳсил менамоянд. Дар шуъбаи шабона 908 нафар, аз он ҷумла, 709 духтарон ва 199 нафар писарон таҳсил мекунанд, ки барои онҳо ҳама шароит муҳаё карда шудааст.
Дастовардҳо
Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дар баробари дигар таълимгоҳҳо Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тибии шаҳри Бохтар заминаи моддию техникаш ба пурра тағйир ёфт.
Ҳама синфхонаҳо бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гаштанд, марказу синфхонаҳои компютерӣ омода гардиданд, китобхонаи электронӣ арзи ҳастӣ намуд. Аз ҳама муҳим коллеҷ соҳиби бинои нави замонавӣ, ки ба тамоми талаботҳои муосир ё худ тиббӣ ҷавобгӯ аст, ноил гардид. Акнун ин ҳама дар хидмати донишҷӯён аст, онҳо имкон доранд аз коллеҷ набаромада, китоби дилхоҳашонро дастрас намоянд, оид ба мавзуи зарурӣ маълумот гиранд.
Айни замон дар коллеҷи тиббӣ 1 китобхона, 1 китобхонаи элоктронӣ, қироатхона бо 65 ҷойи нишаст, 2 лабаратория барои шуъбаи корҳои дандонсозӣ, майдони варзиш волейбол ва баскетбол мавҷуд аст.
Ҳамчунин, барои донишҷӯдухтароне, ки аз ноҳияҳои дурдуст омаданд хобогоҳ мавҷуд буда, шароитҳои мусоид барои зисту зиндагии онҳо муҳайё карда шудааст.
Коллеҷи тиббии Бохтар соҳиби беморхонаи замонавӣ мешавад
Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бо харҷи 7 миллион сомонӣ беморхонаи панҷошёнаи замонавӣ бунёд мешавад.
Директори коллеҷ Иброҳим Мусоев иттилоъ дод, ки беморхона аз 30 кат иборат буда, дар он тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ насб карда мешавад.
-Корҳои сохтмонӣ ҳоло дар беморхона бо маром идома дошта, қарор аст, то ду соли оянда сохта шавад,- илова кард ӯ.
Ба гуфти директори коллеҷ, дар таҳхона ва ошёнаи якуми бино маркази ташхисӣ ҷойгир карда мешавад. Ошёнаи дуюм беморхона буда, дар он 30 кати рахти хоб бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ошёнаи сеюм ва чорум ҳамчун ҳуҷраҳои таълимӣ барои донишҷӯён пешбинӣ шудааст.
– Самти асоси беморхона ба бемориҳои дарунӣ, аз қабили роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва меъда равона хоҳад шуд,-афзуд Мусоев.
Дурнамо
Маъмурияти коллеҷ дар суҳбат бо мо иброз доштанд, ки дар оянда низ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ҳама таҷриба, дониш ва малакаи худро истифода бурда, бо сатҳу сифати баланд кадрҳои тиббӣ омода намуда, дар хизмати халқу ватан қарор хоҳанд дод. Онҳо тамоми қувват, дониш ва малакаи худро баҳри ҳифзи музаффариятҳои даврони Истиқлол: Ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва пешравии минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба харҷ дода, баҳри тайёр намудани мутахассисони миёнаи касбии тиббиӣ ҷавобгӯ ба меъёрҳои талаботи замон равона намуда истодаанд.
Таҳсил дар чунин коллеҷи муосир барои донишҷӯён боиси ифтихор аст ва ҳам имконият медиҳад, ки чун мутахассисони хуби соҳаи тиб ба воя расида ба Ватан ва ба халқи худ хизмат намоянд. Маъмурияти коллеҷ ба довталабони муассисаи мазкур кафолат медиҳанд, ки ҳангоми интихоби ин коллеҷ барои таҳсил дар интихоби худ хато нахоҳанд кард.
Рамзи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”, дар ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 104 аст. Ин рамзро интихоб карда, дар шароити хуб таълиму тарбия гирифта, ба халқу Ватани худ хизмат намоед.
Албатта, мо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, мекӯшем дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сарвақт иҷро намоем ва ба бовариашон сазовор бошем.