Роҳҳои нави таъсиррасонӣ ба афкори умум ва дар зеҳни мардум ҷой додани табобатшаванда будани бемории сил яке аз ҳадафҳои лоиҳаи “Ҷомеаи ман – бидуни сил”-и ташкилоти Ҳамкории боздошти бемории сил дар Тоҷикистон мебошад.

Ин ташкилот аз замони таъсис то имрӯз баҳри дарёфт ва муолиҷаи саривақтии шахсони гирифтори бемории сил як қатор корҳои самаранокро ба анҷом расондааст. Ҳоло барои ҳарчӣ тезтару беҳтар таъсир расонидан ба афкори умум ва ба ин васила барои расидан ба хотимаи сил дар Тоҷикистон гуруҳи Сафирони пешгирии сил дар Тоҷикистонро бо ҳунармандону ҳаҷвнигорони варзида ташкил намуда, мунтазам  барномаҳои фарҳангӣ ва ташхиси ройгонро баргузор мекунад. Суҳбати мо бо Сафири пешгирии бемории сил дар Тоҷикистон, роҳбари театр-студияи “Хандинкамон” Муқимҷон Абдуфаттоев доир ба мавзӯи бемории сил ва андешаҳои ғалат дар зеҳни мардум, ҳамчунин дар мавриди бемории “хавфнок” будани сил манзури шумо мегардад.

– Вақте ҳамчун сафири пешгирии бемории сил интихоб гардидед, дар зеҳнатон чӣ гуна маълумот дар бораи ин беморӣ доштед?

– То вақти ҳамкорӣ бо ташкилоти Ҳамкории боздошти сил ман дар соҳаи тандурустӣ зиёд сару кор надоштам. Танҳо ба як лоиҳаи гигиенаи “Модару кӯдак” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолият кардам. Вақте ман ҳамчун сафири пешгирии бемории сил дар ташкилоти Ҳамкории боздошти бемории сил дар Тоҷикистон интихоб гаштам, маълумоти зиёд дар бораи бемории сил надоштам. Ба ин андеша будам, ки гирифторони бемории сил вафот мекунанд. Вақте аз муттахассисон доир ба беморӣ маълумот гирифтам, фаҳмидам, ки андешаи ман ғалат будааст.

Тариқи ҳаҷву ханда ва суханҳои оддӣ тавассути шахсиятҳои маъруф ва ҳаҷвнигорон дар зеҳни мардум ҷой кардани андешаҳои солим дар бораи бемории сил яке аз роҳҳои содда ва пуртаъсир дар ҷомеа пазируфта шуд. Дар ин замина саҳнаҳои “Ҳам хандаву ҳам дармон бо Хандинкамон” рӯи кор омад, ки ҳадафаш паҳн кардани маълумоти саҳеҳ дар бораи бемории сил буд.

– Аз нигоҳи шумо воқеан ҳам суханони пурзарофат аз сухани муттахассиси соҳаи сил ба ҷомеа тазтар мерасад?

– Мо ҳамеша ба чашми ҷомеа намудор ҳастем. Гӯем, ки моро аъзои оилаи худ медонанд, хато намекунем. Аз ин лиҳоз сухани моро, саҳнаҳои моро мардум интизор мешаванд. Мо аз муттахассисон маълумоти дурустро мегирем ва онро аз тариқи саҳнаҳои бузург дар консертҳо ва саҳнаҳои махсус ба мардум мерасонем. Агар як муттахассиси соҳаи силшиносӣ тариқи телевизион доир ба бемории сил баромад кунад, ба бинанда он на он қадар таъсир расонда метавонад. Суханҳои муттахассисро мо ба ҷомеа расонем аллакай он тезтар мерасад.

Бадбахтона, андешаи он, ки шахсони гирифтори бемории сил мемиранд, дар афкори аксарият чунин аст. Ҳатто дар ҷомеаи кунунии мо ҳолатҳое ҳам мешавад, ки дар як оила як нафар гирифтор ба бемории сил шавад, рафту омад бо он оила канда мешавад.

– Дар фаъолиятатон бо чӣ гуна ҳодисаҳои ғайриоддӣ, ки сабаби ҷой доштани бемории сил рух додааст, рӯ ба рӯ шудед?

– Бале, бо ҳодисае вохӯрдам, ки дар оилае як нафар гирифтори бемории сил гаштааст. Хоҳари ӯро бо сабаби бемории бародараш ҷониби домод аз фотеҳаашон гардондаанд. Муттаассифона, мо дар бораи ҳамаи чиз гапҳои мардумро бовар мекунем, сарчашмаи ҳама маълумоти носаҳеҳ боварӣ ба гапҳои нодуруст аст. Агар дар оилаи нафаре беморони сил пайдо шаванд бо онҳо сару кор гирифтан гӯё мумкин нест. Пеш аз ҳама бояд зудтар ба духтури силшинос муроҷиат кард ва ба табобат машғул шуд.

Пинҳон доштани ҳама гуна беморӣ бар зарари мо анҷом меёбад, аз он ҷумла бемории сил ҳам. Ҳоло табобат бо усулҳои хонагӣ байни мардум ҳам ҷой дорад,  аммо бемории сил танҳо бо доруҳои зиддисилӣ табобат меёбад.

– Табобати бемории силро чӣ гуна дарёфтед?

– Як чизро бояд қайд кунам, ки тибқи маълумоти силшиносон бемории сил танҳо бо доруҳои зиддисилӣ табобат мешавад. Муддати табобати он аз 6-моҳ то 4-сол мебошад. Мо бисёр дар вилояти Хатлон ба деҳаҳои  дурдаст меравем, он ҷо байни мардум гапҳое ҳаст, ки гӯё барои нест кардани бемории сил равғани “суғур”, равғани “ҷайра” кӯмак мекунад. Ин андешаҳо андешаи куҳна ва шахшуда аст. Сил танҳо бо доруҳои зиддисилӣ табобат мешавад.

Мусоҳиб Саодат Исмоилӣ,

коршиноси эҷодии Ассотсиатсияи Ҳамкории пешгирии бемории сил дар Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь