Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо  назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мешавад. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Ҳоло Тоҷикистон нисбат ба баъзе давлатҳо дар ворид намудани технологияи инноватсионӣ хеле пеш рафтааст. Ҳамакнун дар кишварамон қариб ҳама намуди ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Имрӯз дар муассисаҳои тиббӣ як қатор усулҳои нави табобат мавриди истифода қарор гирифтаанд. Маҳз ворид намудани технологияи нав буд, ки миқдори шаҳрвандони кишвар, ки барои табобат ба мамлакатҳои хориҷӣ мерафтанд, солҳои охир хеле коҳиш ёфтааст.

Тавъам ба ин ислоҳоту дастовардҳо тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба муассисаҳои тандурустиву марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими куллӣ бароварда шуда, инчунин беморхона ва дармонгоҳҳои замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва марказу бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Зимни суҳбат сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт Имомов Абдурауф Рӯзибоевич иброз дошт, ки кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳияи Ашт фаъолияти худро дар доираи Қонунҳо, Қарорҳо, Стратегияҳо, Барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ, нақшаҳои миллии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, татбики амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Паёми Пешвои миллат, фармоишу қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои раиси ноҳияи Ашт ба роҳ монда, талошу такопӯи ҳамешагии худро баҳри рушди саломатии аҳолӣ ва соҳа равона намудаанд.

Тавре Абдурауф Имомов афзуд, “Кормандони тиббии муассисаҳои бистарикунонии ноҳияи Ашт баҳри беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббиро бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии вилоят ва дигар сохторҳои марбута фаъолияти худро самаранок ва босифат ба роҳ мондаанд.

 Захираҳои кадрӣ

Ҳамагӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт 67 нафар табиб ва 360 нафар ҳамшираҳои тиб кор мекунанд, ки дараҷанокияшон дар сатҳи хуб қарор дошта, ба 72,7% баробар аст. Соли равон низ тибқи нақша кормандони миёнаи тибби беморхона аз курси такмили ихтисоси сайёр гузашта истодаанд.

Дар 9 моҳи соли 2021 3 нафар табиб ва 22 нафар кормандони миёна ба кор қабул гардида, ҳамзамон, 7 нафар табиб ва 50 нафар ҳамшираи тиб аз кор озод карда шудаанд.

Зикр бояд намуд, ки азбаски дар шӯъбаҳои эҳё ва навзодон норасоии кадрҳои маълумоти олидор эхсос мегардад, бинобар ҳамин аз тарафи маъмурияти сохтори госпиталии ноҳия ба ҳамаи он донишҷӯёне, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ноҳияи Ашт таҳсил доранд, маълумот оиди ҷойҳои кории холӣ пешниҳод шудааст, то пеш аз хатми таҳсил касби худро муайян намуда, онро такмил диҳанд. Дар маҷмуъ, Беморхонаи марказии ноҳия ба пуррагӣ бо кормандони миёнаи тиб таъмин мебошад.

Самтҳои фаъолият

Беморхонаи марказии ноҳия аз 10 шуъбаи асосӣ – шуъбаҳои қабул, таваллудхона, эҳё, бемориҳои кӯдакона, ҷарроҳӣ, осебшиносӣ, бемориҳои калонсолон, бемориҳои дил, бемориҳои сироятӣ ва ташхисию табобатӣ (ёрирасон) -озмоишгоҳӣ, инчунин, ҳуҷраҳои ташхиси функсионалӣ ва ҳуҷраҳои табиатшифоӣ иборат аст.

Фаъолияти шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия дар асоси нақшаи кории тасдиқгардидаи маъмурияти беморхона ва инчунин, мутобиқи Оинномаи Беморхонаи марказии ноҳия, ки дар асоси он ба мардуми ноҳия хизмати тиббии махсусгардонидашудаи статсионарӣ мерасонад, ба роҳ монда шудааст. Тамоми шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия дар умум бо мутахассисон таъмин мебошанд.

Агар ба фаъолияти бевоситаи шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия назар андозем, нисбати соли гузашта пешравиҳо дар умум дар самти иҷроиши кори катҳо дида мешавад. Дар нуҳмоҳаи соли гузашта ба шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия ҳамагӣ 7836 нафар бемор бистарӣ шуда бошанд, дар 9 моҳи соли равон ин нишондод ба 5444 нафар расидааст, ки бо ҳисоби фоиз ба 50,7% баробар мебошад. Дар ҳамин давраи соли 2020 ин нишондод ба 64,5% баробар мебошад. Шуъбаҳои бемориҳои калонсолон, таваллуд, кӯдакона ва бемориҳои дил бо нишондиҳандаҳои нисбатан муносиб нуҳмоҳаро ҷамъбаст намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки ҳолати фавтнокӣ низ нисбати соли гузашта кам мебошад. Дар соли равон комиссияи назди сартабиб 21 ҳолати фавт ва 25 ҳолати вазниншавии беморонро дида баромада, ба шахсони ба камбудӣ роҳдода муҷозоти интизомӣ пешбинӣ кард ва баъди муҳокима чораҳои лозимӣ андешида шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ташхиси беморони беморхона дар шуъбаи озмоишгох, хучрахои ташхиси эндоскопӣ ва ТУС, ҳуҷраи хунгузаронӣ, ҳуҷраи рентгенӣ гузаронида мешавад. Барои ташхис ба беморхона таҷҳизоти нави ТУС, Гастродуоденоскоп, Бронхофиброскоп ва Колпоскоп дастрас карда шудааст. Инчунин, барои Озмоишгоҳи беморхона таҷҳизоти нави анализатори биохимиявӣ ворид карда шудааст. Ҳамчунин, Беморхонаи марказии ноҳия бо таҷҳизотҳои тиббии замонавӣ ба монанди Рентгени рақамӣ, Фиброскоп, ФГС, Колпоскоп ва дигар таҷҳизотҳо таъмин карда шудааст. Вале такмили ихтисоси табибон дар хориҷа ҳамоно яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа боқӣ мемонад, ки амалисозии он аз табибон маблағи иловагиро талаб мекунад. Дар маҷмуъ, ба Беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи умумии 3 миллион сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ ворид гардидааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар самти баланд баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб бо табибон ва кормандони миёнаи тиб ба таври мунтазам семинару дарсхо гузаронида мешавад, ки он ҳам ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб мусоидат менамояд.

Сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен дар мавриди беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти саломатии мардум бар ин назар аст, ки омӯзиш ва таъмини иҷроиши Стратегия «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ”, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузоштаи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии фаврӣ, ҳамчунин, беҳтар намудани хизматрасонии аввалияи тиббӣ ба модарону кӯдакон ва ба ин васила, фавти онҳоро пешгирӣ намудан, паст намудани таваллудҳои хонагӣ, вусъат бахшидан ба эмгузаронии кӯдакони навзод оиди пешгирии бемории сил ва  иҷроиши барномаҳои миллии соҳаи тандурустиву соҳаи ташхису табобат  аз рӯи протоколҳои клиникӣ дар муассисаҳои тиббӣ дар маҷмуъ қодир аст, ба баланд бардоштани маърифати тиббӣ дар байни аҳолӣ боис гардад ва ба ин васила нуфузу эътибори ворисони воқеии Синову Берунӣ ва Розиву садҳо нобиғагони соҳаи тандурустии кишварро боз ҳам болотар бардорад.

Дар интиҳои суҳбат Абдурауф Имомов изҳор намуд, ки сарфи назар аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати васеъ намудани доираи тадбирҳо баҳри беҳбудии сатҳи солимӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ, ки омили инъикоскунандаи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷисмонии ҷомеа мебошад, то ҳанӯз баъзе мушкилот дар соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт ба чашм мерасанд. Роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳияи Ашт дар ҳамдастӣ бо мутахассисони марбутаи соҳа, дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода ва Раиси ноҳия муҳтарам Зариф Мирдадо ҷиҳати ҳалли саривақтии ин камбудиҳо чораҳои мушаххас меандешад, марҳила ба марҳила онҳоро рафъ ва соҳаи тиббу табобатро дар сатҳи ҷаҳонӣ пешқадам хоҳад намуд.

“Зеро Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин замина мо – табибони ноҳияи Ашт низ ин сиёсати Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш чаҳду талош хоҳем намуд” – иброз намуд дар фароварди суҳбат сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт Абдурауф Рӯзибоевич.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь