Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо  назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Ҳоло Тоҷикистон нисбат ба баъзе давлатҳо дар ворид намудани технологияи инноватсионӣ хеле пеш рафтааст. Ҳамакнун дар кишварамон қариб ҳама намуди ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Имрӯз дар муассисаҳои тиббӣ як қатор усулҳои нави табобат мавриди истифода қарор гирифтаанд. Маҳз ворид намудани технологияи нав буд, ки миқдори шаҳрвандони кишвар, ки барои табобат ба мамлакатҳои хориҷӣ мерафтанд, солҳои охир хеле коҳиш ёфтааст.

Тавъам ба ин ислоҳоту дастовардҳо тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими куллӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Ҳисор баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сазовор ҷашн гирифтани санаи таърихии 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Перомуни вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар шаҳри Ҳисор гузориши навбатии хабарнигори “МТЖТ” манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад. Гузориши мазкур дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи роҳбари шабакаҳои КАТС –и шаҳри Ҳисор Азамов Анвар Ашрафович омода гардидааст.

Тавре зимни суҳбат Анвар Ашрафович иброз намуд, Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Ҳисор аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тибқи тартиби муқарраргардида моҳи январи соли 2009 таъсис дода шудааст. Он муассисаҳои тиббию профилактикиро ба ҳам сарҷамъ намуда, ба аҳолии шаҳр кӯмаки аввалияи  тиббию санитарии саривақтӣ мерасонанд.

 

Татбиқи нақшаҳои тахассусӣ

Кормандони муассисаҳои  шабакаи  КАТС дар  6 моҳи соли ҷорӣ фаъолияти худро мутобиқи қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору  амру фармоишҳои Раиси шаҳри Ҳисор ба роҳ монда, корҳои пешигирию табобатӣ ва як қатор корҳои ободонию таъмириро роҳандозӣ намудаанд.Чунончӣ, нақшаи такмили ихтисоси кормандон дар асоси нақшаи тақвимии давраҳои таҳсили баъдидипломӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардида, фармоишҳо, дастурамалҳои соҳаи тандурустӣ аз нав дида баромада, ба ҳолатҳои воқеъбуда мувофиқ гардонида шуданд. Ҳамчунин, оиди баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиббии шаҳр ҷамъиятҳои соҳавӣ аз рӯи нақша машғулиятҳо гузаронида шуда истодааст. Дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳифзи саломатии  аҳолӣ»,   қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020»,  «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Дар бораи Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», оиди иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2008, таҳти №600 «Дар барои тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони  Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ», фармоиши якҷояи Вазорати  молияи  ҶТ аз 5 ноябри соли 2014, №№ 938 ва 135 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо, Низомнома доир ба тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустӣ» аз рӯи нақша чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Тибқи омори расмӣ феълан аҳолии  шаҳри  Ҳисор 315 161 нафар  буда,  ба онҳо 866 нафар кормандони шабакаи КАТС дар 1 Маркази саломатии шаҳрӣ, 35 марказҳои саломатии деҳотӣ ва 41 бунгоҳҳои саломатӣ хизмати сифатноку саривақтӣ мерасонанд.

Вобаста ба иҷроиши банди 3 нақшаи чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои    КАТС, дар доираи амалишавии  “Стратегияи  миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020”, ки тибқи қарори Ҳукумати ҶТ, № 368 аз 2 августи соли 2010 тасдиқ шудааст, ҳалли вазифаҳои нисбатан аҳамиятноки тандурустӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва бехатарии тандурустӣ, шабакаи муассисаҳои КАТС тамоми чораҳоро меандешанд. Иҷрои чорабиниҳо тибқи Нақшаи солонаи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  қабул гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

Яке аз масъалаҳои муҳими соҳа ин таъминоти муассисаҳои КАТС-и шаҳр бо мутахассисон ба шумор  меравад.  Вобаста ба иҷроиши банди 23 ва 24-и нақшаи   чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои КАТС дар моҳи декабри соли 2018 ва январи 2019 36 нафар кормандони миёнаи тибби муассисаҳои Кӯмаки аввалияи  тиббию санитарии шаҳр курси якмоҳаи такмили ихтисосро дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”   гузаштанд. Моҳи июни соли ҷорӣ 20 нафар табибон ва 33 нафар кормандони миёнаи тибби муассисаҳои КАТС даври сайёри бозомӯзии шашмоҳаи тибби оилавиро оғоз  намуданд.

 

Гар дасти фитодае бигирӣ,…

Вобаста ба иҷроиши банди 18-и нақшаи чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои    КАТС дар шаҳри Ҳисор “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои  солҳои   2017-2020” фаъолият намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии тамоми аҳолӣ, аз ҷумла шахсони маъюб ва аъзои оилаҳои онҳо кормандони шабакаи  муассисаҳои КАТС тамоми чораҳоро меандешанд. Баҳри пурзӯр намудани ташхис, муоина ва табобати шахсони маъюб, маъюбони ҶБВ, ҷанговарони интернатсионалист ва садамаи Неругоҳи атомии Чернобил комиссияи машваратӣ-табибӣ таъсис дода шуда, мутахассисони касбӣ мутасаддӣ гардидаанд. Комиссияи мазкур вазифадор шудааст, ки мунтазам ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии кӯдакони маъюби синни то 18 – соларо зери назорати қатъӣ гирад.

Мувофиқи барқияномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2012, таҳти № 5-117/569 “Оид ба корҳои анҷомдода нисбати солимгардонии кӯдакони маъюби синни то 18 – сола” нишондодҳои тиббӣ гирифтани нафақаи иҷтимоии кӯдакони маъюбии то 18 – сола чунин аст: Дар  давоми 6 моҳи соли 2019 ба МҶБСК шифои шаҳри Ваҳдат 6 нафар, ба Маркази офиятбахшии Офтобаки шаҳри Ҳисор 1 нафар, ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб дар «Чорбоғ», ноҳияи Варзоб 12 нафар, ба Беморхонаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд 17 нафар, ба Пажуҳишгоҳи  экспертизаи тиббӣ  ва тавонбахшии маъюбони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 нафар барои табобат равон карда шудаанд.

Ҳамзамон дар ин марҳила ба маъюбон ба таври ройгон ба миқдори 14651 сомонӣ дорухат навишта, ба 4 нафар аробачаи маъюбӣ, ба 4 нафар асобағал, ба 11 нафар асо аз тарафи Комиссияи машваратии тиббӣ пешниҳод гардидааст.

 

Иммунизатсияи бехатар

Иҷроиши банди 15 ва 32-и нақшаи чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои КАТС  фарогирии доимии иммунизатсия саривақт ба роҳ монда шуда, иҷроиши қатъӣ ва таҳлили саривақтии ҳар як ҳодисаҳои сирятҳои бо ваксина идорашаванда зери  назорати қатъӣ қарор дорад. Дар  шаҳри Ҳисор иммуннопрофилактика мувофиқи барномаи васеи иммунизатсиякунӣ (РПИ), мувофиқи «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014, № 643 «Дар бораи такмилдиҳии системаи пешгирии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда»  гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар муассисаҳои тиббии шаҳри Ҳисор занҷири хунукинигоҳдорӣ дар вақти бурдани ваксинаҳо назорат карда мешавад ва ҳама марказҳои саломатии деҳот 100% ва бунгоҳҳои саломатӣ 85% бо яхдонҳо таъмин мебошанд. Ҳамчунин, ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳр бо мавод ва дастурамалҳо оиди иммунопрофилактика таъмин буда, лавҳаҳои деворӣ оиди «Иммунизатсияи бехатар» ва «Иммунизатсия дар амал» бо гузаронидани мониторинги дарбаргирии иммунизатсия ташкил карда шудаанд. Назорати  эпидемикӣ аз рӯи ҳолатҳои бемориҳои шадиди фалаҷ, сурхча ва гулӯзиндонак,  инчунин муайяннамудан, бақайдгирӣ, ҳисобот ва таҳлили эпидемиологии   воқеаҳои баъди иммунизатсия ба вуҷудомада (ПВР/ПВО), аз  тарафи Маркази  иммунопрофилактикии шаҳрӣ бурда мешавад. Бо мақсади иҷри “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии бемориҳои сурхча ва гулафшон байни  аҳолии шаҳр, дар  асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2019, № 157 “Дар бораи созмон  додани ситоди ҷумҳуриявӣ” Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии бемориҳои сурхча ва гулафшон таъсис ёфта, аъзои ситод ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вазифадор шудаанд, ки баҳри пурзӯр намудани назорати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои сурхча ва гулафшон дар шаҳр чораҳои зарурӣ андешанд. Инчунин, сартабибони марказҳои саломатӣ, мудирони бунгоҳҳои саломатӣ ва мудирони шӯъбаҳои тибби оилавии Маркази саломатии шаҳрӣ вазифадор гардидаанд, ки дар минтақаҳо бригадаҳои хонагард оиди саривақт дарёфт ва бистарӣ намудани бемориҳои сурхча ва гулафшон ташкил намуда,  корҳои фаҳмондаҳиро дар байни аҳолии шаҳрак ва деҳот пурзӯр намоянд.

Дар ҳамин ҳол, тайи 6 моҳи соли 2019 дар шаҳри Ҳисор 3883 нафар навзодон бар зидди бемории сил бо ваксинаи зиддисилӣ ва бар зидди бемории фалаҷ, ваксинаи фалаҷ – 3942 нафар иммунизатсия карда шудаанд. Ҳамчунин, 4033 нафар кӯдакони 1-сола бар зидди бемории сурхча ва гулафшон иммунизатсия карда шуданд.

 

Корвонҳои саломатӣ   

Вобаста ба иҷроиши банди 11-и нақшаи чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои    КАТС ва баланд бардоштани маърифат ва маълумотнокии аҳолӣ, аз ҷумла ҳар як аъзои оила оид ба аломатҳои хатари ҳомиладорӣ, нигоҳубини ғамхорона нисбат ба зани ҳомиладор ва кӯдаки навзод, саривақт ошкоркунии занони ҳомиладор бо аворизи ҳомиладорӣ ва фарогирии онҳо бо табобат, пешгирии фавти модар ва кӯдак дар ҷумҳурӣ ва дар  асоси Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2018, №116 “Оид ба гузаронидани чорабинии марказонидашудаи иттилоотию ташхисии “Корвони саломатӣ таҳти шиори “Солимии модар ва кӯдак дар деҳот” дар муассисаҳои тиббии шаҳри Ҳисор чорабинии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар асоси фармоиши мазкур, фармоиши Роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳр содир ва нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуд. Дар муассисаҳои тиббии шаҳр шиору овезаҳо зери шиори “Аломатҳои хатари ҳомиладорӣ”, “Ғизои ҳомиладорон –пирамидаи ғизо”,  “Беҳтарин ғизо барои кӯдакони навзод – шири модар, беҳтарин суруд барои навзод – аллаи модар”, “Ғизои иловагӣ барои кӯдакони аз 6 моҳа то 2 сола” барои марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ ташкил карда шуд. Дар рафти Корвони саломатӣ варақаҳои иттилоотӣ  ва буклетҳо ба аҳолӣ тақсим  карда  шуд.

 

Чорабиниҳои танзимиву тарбиявӣ

Тибқи маълумоти комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар  муассисаҳои  шабакаи  Кӯмаки  аввалияи  тибиию  санитарии  шаҳр  ҳангоми  гузаронидани  ҷашну  маросимҳо  қонунвайронкуниҳо  ба  қайд  гирифта  нашудааст.

Вобаста ба ҷараёни иҷрои зербанди “а”, “б” ва “в”-и банди 9-и қарори  мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2018 таҳти № 7-7 “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шашмоҳаи аввали соли  2018 бо дар назардошти мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” дар Маркази саломатии шаҳрӣ 1 ҳуҷра ва дар марказҳои саломатии деҳот 15 ҳуҷраи хатна барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ҳуҷраҳои махсусгардонидашуда ташкил карда шуда, табибони ҷарроҳ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон вобаста гардидаанд. Тибқи маълумоти мутахассисони вобасташуда аз 1 январ то 17 июни соли 2019 дар муассисаҳои  тандурустии  шаҳр ба 742 нафар амалиёти хатна гузаронида шудааст.

Бо мақсади иҷроиши банди 14 чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои КАТС  ҷиҳати   татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 №374 «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии ҶТ, таҳти  № 690,  аз 14 сентябри соли 2016, «Оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 №374 «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии  шахсони  никоҳшаванда», дар  давоми  6 моҳи соли ҷорӣ 1631 нафар никоҳшавандагон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд, ки 857 нафарашон мард ва 756 нафарашон зан мебошанд. Аз ҳисоби  никоҳшавандагон 28 нафар бо ташхисҳои гуногун ба қайд гирифта шудаанд.

Вобаста ба иҷроиши банди 42 ва 43-и нақшаи чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои КАТС, дар давоми 6 моҳи соли 2019 дар Маркази саломатии шаҳрӣ 3 маротиба оиди баррасӣ ва иҷроиш қарор додани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаҳо гузаронида шуданд, ки дар он намояндагони Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷов Ш., инчунин намояндагони прокуратура, суд ва шӯъбаи корҳои дохилӣ иштирок намуданд. Бо иштироки намояндагони  Кумитаи давлатии амнияти  миллӣ   дар  маҷлисгоҳи   Маркази  саломатии  шаҳрии шаҳри  Ҳисор оиди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, дар  бораи  “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои солҳои 2013-2020”, пешгирии экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба равияҳои эктремистию террористӣ ва иштирок дар задӯхурдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, дар бораи пешгирии паҳншавии бемории сироятиии ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) ва дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо кормандони марказҳои  саломатӣ вохуриҳо баргузор гардид.

 

Идомаи корҳои ободониву созандагӣ

Бо мақсади муайян намудани стратегияи рушди соҳаи тандурустӣ ва такмили   муассисаҳои тиббӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, №169 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», қабул гардид. Дар доираи Нақшаи стратегии мазкур ҳалли вазифаҳои нисбатан аҳамиятноки тандурустӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии  тиббӣ ва тандурустӣ дар давоми солҳои 2010-2018 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҳукумати   шаҳр, соҳибкорон ва аҳолӣ як қатор муассисаҳои тандурустӣ сохта ва  бо дастгоҳҳои  муосир таҷҳизонида   шудаанд.

Дар идомаи татбиқи ин иқдому амалҳои созанда ва санадҳо вобаста ба иҷроиши банди 45 – нақшаи чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои КАТС, ҷараёни иҷроиши банди 29 нақшаи чорабиниҳо оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ва банди 2-и Протоколи маҷлиси назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.07.2018 № 10-3 “Доир ба ҷараёни Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 – майи соли 2018, №1059  ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС -и ш. Ҳисор сохтмон ва таъмири муассисаҳои тиббӣ оғоз ёфта, айни ҳол давом дорад. Дар давоми 6 моҳи соли 2019 ҷиҳати ободонии гирду атрофи Маркази саломатии шаҳрӣ, Маркази  солимии репродуктивӣ, марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ ҳамарӯза корҳои ободонӣ рафта истодааст. Сохтмонҳои Маркази саломатии  деҳоти Ойбош, Хонақоҳи кӯҳӣ, Бунгоҳи саломатии Равшандилон бомаром пеш рафта истодааст. Бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ дар деҳаҳои Сайидон, Мавлонҷари боло, Мурутак, Хоҷамастон сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳанд шуд. Бунгоҳи саломатии Ситора бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ пурра аз таъмир баромад. Дар марказҳои саломатии деҳоти Нурафшон, Ӯзбекистон таъмири куллӣ рафта истодааст. Инчунин, дар деҳаҳои Варгандок, Ҳоҷигирдоб, Ангулӣ, Гачак, Қаҳрамон, Ҳуснобод, Булбулчашма, Ҷиргинак, Сабзазор, Лолазор, Хайробод, Астрофизика, Чинор, Ҳафттеппа сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ ба нақша гирифта шуда, ҳуҷҷатгузорӣ ва корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд.

Тавре роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС – и шаҳри Ҳисор Анвар Азамов бо итминон иброз дошт, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ҳудуди шаҳр новобаста ба ин дастовардҳо дар соҳа баъзе норасоиҳо, аз қабили  ба пуррагӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои табибони оилавӣ бо асбобу лавозимоти тиббӣ, инчунин дастрас намудани табибони оилавӣ бо борхалтаҳои ихтисосии табибони оилавӣ, дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии шаҳр зиёд намудани воҳидҳои корӣ аз ҳисоби ҳамшираҳои шафқат низ мавҷуданд, ки ҷиҳати рафъи онҳо саъю талоши бештар мебояд. Баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафҳои созандаву бунёдкорона минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, тансиҳатию некуаҳволӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ бояд кард.

 

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь