Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.
Ҳоло Тоҷикистон нисбат ба баъзе давлатҳо дар ворид намудани технологияи инноватсионӣ хеле пеш рафтааст. Ҳамакнун дар кишварамон қариб ҳама намуди ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Имрӯз дар муассисаҳои тиббӣ як қатор усулҳои нави табобат мавриди истифода қарор гирифтаанд. Маҳз ворид намудани технологияи нав буд, ки миқдори шаҳрвандони кишвар, ки барои табобат ба мамлакатҳои хориҷӣ мерафтанд, солҳои охир хеле коҳиш ёфтааст.
Тавъам ба ин ислоҳоту дастовардҳо тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба муассисаҳои тандурустиву марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими куллӣ бароварда шуда, инчунин беморхона ва дармонгоҳҳои замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва марказу бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.
Зимни суҳбат сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен Олимҷон Бекбутаев иброз дошт, ки кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳияи Спитамен фаъолияти худро дар доираи Қонунҳо, Қарорҳо, Стратегияҳо, Барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ, нақшаҳои миллии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Паёми Пешвои миллат, фармоишу қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои раиси ноҳияи Спитамен ба роҳ монда, талошу такопӯи ҳамешагии худро баҳри рушди саломатии аҳолӣ ва соҳа равона намудаанд.
Тавре сартабиби ноҳияи Спитамен Олимҷон Бекбутаев афзуд, “Кормандони тиббии муассисаҳои бистарикунонии ноҳияи Спитамен баҳри беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббии бистарикунонӣ дар асоси «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020» ва нақша – чорабиниҳои тартиб додашуда корҳои муайянеро ба анҷом мерасонанд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии вилоят ва ёрии сарпарастҳо фаъолият оиди мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳои бистарикунонии ноҳия, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони тиб идома дорад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва ҳампардохт 7 намуд таҷхизоти тиббии муосир ба маблағи умумии 1159470 сомонӣ, лавозимоти сахт ва нарм ба маблағи 122130 сомонӣ харидорӣ шудааст”.
Сохтори муассисаҳои бистарикунонии ноҳия
Чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз гуруҳи пешоҳанги соҳаи тандурустӣ хизматрасонии бистарикунонӣ ва ё худ статсионарӣ буд ва мемонад.
Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, дар ноҳия 1 Беморхонаи марказӣ дорои 370 кат, 2 беморхонаи минтақавӣ, Беморхонаи минтақавии Куруш дорои 45 кат, Беморхонаи минтақавии Хуррамзамин дорои 20 кат фаъолият мекунад. Айни ҳол фаъолияти катҳои соматикии беморхонаи минтақавии №1 Куруш аз сабаби ҷойгир карда шудани шуъбаи бемориҳои сироятӣ, муваққатан боздошта шудааст. Мутаносибан, тайи нуҳ моҳи соли 2019 хароҷотҳои хазинавии умумии Беморхонаи марказии ноҳия 5720307 сомониро ташкил дода, иҷроиши буҷаи умумӣ ба 113,75 фоиз расонда шудааст.
Дар идома, Олимҷон Бекбутаев инчунин иброз намуд, ки баҳри иҷроиши қарори раиси вилояти Суғд таҳти №07, аз санаи 03.01.2019 сол «Дар бораи таъмин намудани муасисаҳои табобатии вилоят бо хуни донорӣ», қарори раиси ноҳия №40 аз 24.01.2019 сол «Дар бораи таъмин намудани муассисаҳои табобатии ноҳия бо хуни донорӣ» ба имзо расида, ҷудо намудани маблағ, моҳона 1400 сомонӣ, дар 9 моҳ 12600 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 12600 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, иҷроиши нақша 100%-ро ташкил медиҳад.
Таъмини кадрҳо
Дар муассисаҳои тиббии бистарикунонӣ ҳамагӣ 559 нафар фаъолият мебаранд. Аз он ҷумла, 64 нафар духтур ва 309 нафар ҳамшираи тиббӣ. Дар байни духтурон 26 нафар (40,6%) дорои дараҷаи тахассусӣ ва кормандони тибби миёна 144 (46,6%) нафар дорои дараҷанокӣ мебошанд. Мутахассисони ҷавони собиқаи кории камтар аз 5 сол дошта 165 (53,3%) нафарро ташкил медиҳанд. Дар давоми 9 моҳ 53 нафар ба кор қабул карда шуда, 50 нафар аз кор озод карда шуданд. Сабаби асосии аз кор рафтани кормандон ба синни нафақа расидан ва ба мухоҷирати меҳнати рафтани онҳо мебошад.
Ба қавли сартабиби ноҳияи Спитамен, баҳри аз байн бурдани норасогии кадрҳо, омода намудани кадрҳои ҷавон ва таъмини онҳо бо ҷойи корӣ дар соли ҷорӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии вилоят 4 нафар табибони амрози занона, 1 нафар табиби озмоишгар ва 2 нафар табиби эҳёгар, ки хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мебошанд, аз рӯи ихтисос бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Дар айни ҳол, дар муассисаҳои бистарикунонии ноҳия норосогии табибони амрози бемориҳои дарунӣ, неонатолог, сироятшинос мавҷуд мебошад.
Рафти ислоҳот дар соҳа
Дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ №368 аз 02.08.2010 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии ҶТ барои солҳои 2010-2020» ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ давом дода шуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №90 аз 25.02.2017 сол «Дар бораи тасдиқи барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мадади тиббию санитарӣ барои солҳои 2017-2019» ба имзо расида, дар асоси қарори мазкур ва қарорҳои мувофиқа кардашудаи раиси вилоят, раиси ноҳия, фармоиши Раёсати тандурустии вилоят воридоти барнома идома ёфт. Дар ҳамдастӣ бо раёсати молияи ноҳия мувофиқи қоидаҳои ҳаммаблағгузорӣ ва буҷавӣ буҷаи умумӣ сохта шуда, дар асоси он муҳосиботи Беморхонаи марказии ноҳия фаъолияти худро бо роҳ мондааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳамаи шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия дастурамалҳо оиди амалисозии барнома, арзиши хизматрасонии тиббӣ, номгӯи гуруҳҳои имтиёзнок ва ғайраҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
О.Бекбутаев перомуни татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.02.2017 таҳти № 90 «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид бо таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2017-2019» дар 9 моҳи соли 2019 гузориш дода, афзуд, ки: “Пеш аз ҳама бояд тазаккур дод, ки татбиқи ин Барнома яке аз чорабиниҳоест, ки барои рушди самтҳои асосии ташкили хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия дар давраи воридсозии муносибатҳои нави иктисодӣ қабул гардидааст. Амалисозии барномаи мазкур ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба беҳтарнамоии ҳифзи саломатии аҳолӣ, алалхусус аҳолии камбизоат, занон ва кӯдакон, инчунин мусоидат намудан баҳри паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ равона карда шудааст. Дар 9 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 8479 бемор табобати статсионарӣ гирифтаанд, ки шахсони имтиёзнок 3919 нафар буда, аз ин миён аз теъдоди умумии табобат гирифтагон бо 100% ҳампардохт 337 бемор, бо 70% ҳампардохт 112 бемор, бо ҳампардохти 50% – 3841 беморро ташкил медиҳанд.
Аз 3919 шахсони имтиёзнок, ки табобати ройгон гирифтаанд, 2231 бемор вобаста ба категорияи шаҳрвандоне, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ва нишондиҳандаҳои тиббии барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд ва ба 1688 занони ҳомиладор дар давраи таваллуд ба таври ройгон хизмат расонида шудааст.
Ҳолати хизматрасонии ёрии таъҷилӣ
Ба аҳолии ноҳияи Спитамен ду бригадаи ёрии таъҷилӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар давоми нуҳ моҳ аз рӯи даъват ба 5378 бемор ёрии тиббӣ расонида шудааст. Аз он ҷумла, аз маркази ноҳия ба 4723 бемор ва аз деҳот ба 655 бемор. Аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва ҳампардохт ба маблағи 10035 сомонӣ маводҳои доруворӣ харидорӣ гардида, барои хариди сӯзишворӣ бошад, 25012 сомонӣ маблағ масраф шудааст.
Омодагиҳо ба ҷашни пуршукуҳ
Сартабиби ноҳияи Спитамен Олимҷон Бекбутаев мутмаъин аст, ки “Баҳри таъмини иҷроиши фармони Асосгузгору сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №968 аз 19.12.2017 “Дар бораи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассисаҳои бистарикунонии ноҳия корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, ин ободониҳо идома доранд. Дар ин самт нақша – чорабиниҳои корҳои ободонӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардида, дар асоси он корҳои муайян амалӣ мегарданд. Дар асоси нақшаи тасдиқшуда, дар Беморхонаи марказии ноҳия ва беморхонаҳои минтақавӣ шиору овезаҳо бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб шуда, дар байни аҳолии ноҳия корҳои фаҳмондадеҳӣ оиди дастовардҳои даврони Истиқлолият бурда мешавад. Ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳия бо фурӯзонакҳои ҳозиразамон ҷароғон карда шуда, қисми берунии бинои асосии Беморхонаи марказии ноҳия рангубор карда шудааст. Роҳравҳои дар қисми даромадгоҳи беморхона мавҷуд буда сафолакпӯш карда шуданд. Қисми боми бинои шуъбаи таваллуди Беморхонаи минтақавии Куруш нав карда шуда, роҳравҳои пеши бино сафолакпӯш гардонда шудааст. Дар ҳудуди муассисаҳои бистарикунонӣ гулҳои мавсимӣ, дарахтони мевадеҳанда ва ҳамешасабз шинонида шудаанд. Дар ҳамаи шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия ва беморхонаҳои минтақавӣ аз ҳисоби имкониятҳои доҳилӣ ва ёрии сарпарастҳо таъмири ҷорӣ гузаронида мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, маъмурияти Беморхонаи марказии ноҳия корҳои ободонию созандагиро дар асоси нақша – чорабиниҳои таҳия карда шуда минбаъд низ идома дода, баҳри бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро меандешад”.
Сартабиби ноҳияи Спитамен дар мавриди беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти саломатии мардум бар ин назар аст, ки омӯзиш ва таъмини иҷроиши Стратегия «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ”, беҳтар намудани сатҳу сифати кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ, марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузоштаи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии фаврӣ, ҳамчунин, беҳтар намудани хизматрасонии аввалияи тиббӣ ба модарону кӯдакон ва ба ин васила, фавти онҳоро пешгирӣ намудан, паст намудани таваллудҳои хонагӣ, вусъат бахшидан ба эмгузаронии кӯдакони навзод оиди пешгирии бемории сил ва иҷроиши барномаҳои миллии соҳаи тандурустиву соҳаи ташхису табобат аз рӯи протоколҳои клиникӣ дар муассисаҳои тиббӣ дар маҷмуъ қодир аст, ба баланд бардоштани маърифати тиббӣ дар байни аҳолӣ боис гардад ва ба ин васила нуфузу эътибори ворисони воқеии Синову Берунӣ ва Розиву садҳо нобиғагони соҳаи тандурустии кишварро боз ҳам болотар бардорад.
Дар интиҳои суҳбат Олимҷон Бекбутаев изҳор намуд, ки сарфи назар аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати васеъ намудани доираи тадбирҳо баҳри беҳбудии сатҳи солимӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ, ки омили инъикоскунандаи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷисмонии ҷомеа мебошад, то ҳанӯз баъзе мушкилот дар соҳаи тандурустии ноҳияи Спитамен ба чашм мерасанд. Роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳия дар ҳамдастӣ бо мутахассисони марбутаи соҳа, дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Олимзода Насим Хоҷа, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода ва раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода ҷиҳати ҳалли саривақтии ин камбудиҳо чораҳои мушаххас меандешад, марҳила ба марҳила онҳоро рафъ ва соҳаи тиббу табобатро дар сатҳи ҷаҳонӣ пешқадам хоҳад намуд.
“Зеро Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин замина мо – табибони ноҳияи Спитамен низ ин сиёсати Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш чаҳду талош хоҳем намуд”, – иброз намуд дар фароварди суҳбат сартабиби ноҳияи Спитамен Олимҷон Бекбутаев.
МТЖТ