Фаъолияти маъмурият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1” ба ном Карим Ахмедов дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, қарорҳои мушовара, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе амру қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри беҳбудии сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муолиҷаи беморон, амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти соҳаи тандурустии кишвар равона карда шудааст.
Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии рақами 1 ба номи Карим Ахмедов хабарнигори МТЖТ бо иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази мазкур Маҳмадов Ҳасан Нарзуллоевич ҳамсуҳбат шуд, ки фишӯрдаи он пешкаши хонандагон мегардад.
Дар оғози суҳбат директори МД “Маркази тиббии шаҳри № 1” ба номи Карим Ахмедов-Ҳасан Маҳмадов гуфт, дар Марказ 423 кати умумӣ ва 19 кати шуъбаҳои наҷот фаъол аст, ки катҳои калонсолон 236 (55.8%), (16 кати рӯзона) , кӯдакона-87 (20,6%) ва таввалудхона-100 кат (4 кати рӯзона) (23.6%) -ро ташкил медиҳад. Шуьбаҳои калонсолон: шуъбаи бемориҳои узвҳои даруна-55 кат (2 кати рӯзона, шуъбаи бемориҳои дил-45 кат (3 рӯзона), шуъбаи ғадудҳои дохила-48 кат (5 рӯзона), шуъбаи бемориҳои асаб-30 кат (4 рӯзона), шуъбаи ҳассосият-22 кат, шуъбаи ҷарроҳӣ-36 кат (2 рӯзона). Ҳамчунин, шуъбаҳои ташхиси машваратӣ, шуъбаи қабули калонсолон, таввалудхона ва шуьбаи кӯдакона фаъолият мекунанд.
“Стратегияи миллии солимии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон бораи солҳои 2021-2030” дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021 №414 “ Дар бораи Стратегияи миллии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ”, Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 ноябри соли 2021 №707 “Дар бораи тасдиқи Нақша- чорабиниҳои МИҲД шаҳри Душанбе оид ба амалигардонии “Стратегияи миллии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар шаҳри Душанбе ва инчунин, иҷрои фармоиши Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз 21.12.2021 №375 “Оид ба тасдиқи Нақша- чорабиниҳои Раёсати тандурусти шаҳри Душанбе оид ба амалигардонии “Стратегияи миллии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2024 дар Марказ дар асоси фармоиши директор аз санаи 13 июли соли 2023 №148 Камолзода Мубинаи Амиралӣ шахси мутассади таъин карда шудааст.
Инчунин, дар давоми 3 моҳи аввали соли 2025 дар Марказ 1 маротиба семинар, 1 маротиба мизи мудаввар ташкил гардида дар Мавзуъҳои ҳифз ва беҳдошти саломатии модару кӯдакон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд гузаронида шудааст.
Бо мақсади пешгирии паҳнгардии бемории ҳепатити вирусии намуди “В” аз модар ба кӯдак бо роҳи вориднамоии барномаҳои скринингӣ ба ҳепатити вирусии намуди “В” ҳангоми назорати то таввалудӣ ва татбиқи чораҳои пешгирикунанда ҳангоми таваллуд ба роҳ монда шудааст.
Дар якҷоягӣ бо мутасадии ташаккули тарзи ҳаёти солим доир ба паст намудани паҳншавии омилҳои хатар барои беморихои ғайрисироятӣ асосӣ-сигоркашӣ, ғизои номатлуб, истеъмоли барзиёди машруботи спиртӣ, фаъолнокии пасти ҷисмонӣ ва стресси психологӣ-иҷтимоӣ дар байни кормандон корҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов дар пайваст ба таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024 №192 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024- 2025”, Фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2024 №211 дар бораи саривақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар бораи саривақт омода намудани муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз 01 май соли 2024 №117 барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025 – 2026 як қатор чорабиниҳои мақсаднокро ба нақша гирифта, амалӣ карда истодааст.
Дар доираи ин нақша-чорабиниҳо ҷиҳати омодагии ҳамешагию ҳамаҷониба гирифтан ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025 -2026 он камбудию нуқсонҳое, ки хилофи талаботҳои Қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқӣ, қоидаҳои истифодаи техникӣ, қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор буданд ва эҳтимол боиси ба амал омадани садама, ҳодисаҳои нохуш ва қатъшавии энергияи барқу гармӣ мегардиданд, бартараф карда шудаистоданд.
Бемории диабети қанд
Тибқи таҳлилҳо омилҳои асосии гирифтор шудагони бемории “диабети қанд” дар кӯдакон ва наврасон дарёфтшуда ба ин беморӣ тавъан бо ирсият, ғизои носолим, тарзи камфаъоли ҳаёт, ва бемориҳои сироятӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки аз ҳаёт ва собиқаи беморӣ аз як оила якчанд нафар кӯдак бемор ба назар мерасад, он ба проблемаҳои генетикии падару модар метавонад вобастагӣ дошта бошад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, яке аз роҳҳои гирифторӣ ба бемории диабети қанд, ирсият мансуб ёфта, ҳолати ирсияти бемории қанд дар хешовандони зани ҳомила муайян карда мешавад. Ҳангоми муроҷиат ё бистарии зани ҳомила, тавваллуди кӯдаки бо нишонаҳои фарбеҳии барзиёд ё камвазнии дараҷаи вазнин дар таваллудхона, табиби акушер гинеколог, табиби неонатолог барои муайянсозии ҳолати навзод ва пешгирии омилҳои мубталоии навзод ба бемории диабети қанд, ба маъмурият, мудири шуъбаи эндокринологияи кӯдакона фаврӣ маълумот пешниҳод карда мешавад.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд ба инобат гирифта шуда, расонидани кӯмаки ройгон кафолатноки тиббӣ, афзалиятнокии ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд, кӯдакон ва ҷавонон, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, калонсолон ва маъюбон дар мадди аввал гузошта шудааст.
Ташакулли тарзи ҳаёт, ғизои солим, пешгирии бемориҳо тариқи таъмини маълумот, таълими гигиенӣ, тарғиби мактаби диабетӣ дар шуъбаҳои эндокринологияи калонсолон ва кӯдакона қатъиян ба роҳ монда шудааст.
Шуъбаи модар ва кӯдак
Дар шуъбаи модар ва кӯдаки таваллудхона дафтари қайди занҳои нахустзоянда бо нишон додани ному насаб ва суроғаи истиқомат ташкил карда шуд. Бо мақсади «Аз байн бурдани фосила дар синамаконӣ, дастгирӣ намудани синамаконӣ барои ҳамаи занон» дар Марказ бо супориши директор навиштаҷот, маълумотҳои саҳеҳ, буклетҳо бо муфассал нишон додани бартарияти шири модар барои кӯдак, таркиби шири модар, хусусияти муҳофизатии он аз бемориҳои сироятӣ ва эмин нигоҳ доштани кӯдак аз ҳаргуна сироятҳо, рушди зеҳнии кӯдак, барқарор намудани тамос байни модар ва кӯдак, ҳифзи солимии модар тартиб дода шуда, ба ҳар як зани нахустзоянда ҳангоми рухсат бо имзо супурда мешавад.
Навгониҳо
Бо дастгирии маъмурият барои беҳтар гардонидани самти табобати беморони гирифтори оризаҳои диабети қанд, протсесҳои фасодию мавтӣ, бехтар намудани микросиркуляция, пурзӯр намудани амали зиддиуфунӣ (антибактериалный свойство), намнок гардонидани ҷароҳат, беҳтар гардонидани реологияи хун, беҳтар ва кӯтоҳ гардонидани марҳилаи пайдоиши бофтаҳои доначадор (грануляционные ткани), кӯтоҳ гардонидан буду боши беморон ва вобаста ба ин паст гардонидани дараҷаи маъюбшавӣ бо истифодаи таҷхизотҳои нави тиббӣ, 2 дастгоҳи заҳкаши фаъоли тиббӣ (вакумное лечение гнойных ран), 2 дастгоҳи нурафкании квартсӣ, 2 перфузор дастрас гардида, мавриди истифода карор дорад.
Шуъбаи бемориҳои дилу рагҳои хунгард
Шуъбаи бемориҳои дилу рагҳои хунгард (ШБД) дорои 45 кат (40 кати шабонарӯзӣ ва 5 кати рӯзона) буда, ташхису табобат беморонро бо усули муосир ва дар заминаи тибби эътимоднок мегузаронад. ШБД пойгоҳи амалии Кафедраи бемориҳои дарунии №2 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, раванди ташхису табобати шуъба бо ҳамгироӣ бо кафедра ба роҳ монда шудааст. Базаи модиию техники ШБД аз ҳуҷраҳои мудири шуъба, табибон, ҳамшираи калон, доругузаронӣ, парасторон, корманди хоҷагӣ, хӯроктақсимкунӣ, ҳуҷраҳои бистарикунонии беморон (15 адад), аз ҷумла, 2 адади он ҳуҷраи табобати интенсивӣ, ҳуҷраи ҳуқнакунӣ, ташноб ва обрез иборат мебошад.
Дар шуъба ба беморони дил хидматрасонии тиббии ЭКГ, ВЭМ, Холтер-ЭКГ, Холтен-АД (СМАД), ЭхоКГ, КТ, МРТ, ЭКС-муваққатӣ, ва ЭКС-доимӣ, Ангиография, Ангипластикӣ (ш. коронарӣ ва андомҳо) дар сатҳи баланд расонида мешаванд.
Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона
Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона ҳамчун қисми таркибии МД МТШ №1 ба номи Карим Ахмедов буда, дар ошёнаи якуму дуюми бинои бемориҳои сироятӣ ҷойгир мебошад ва аз 20 кати бистаринамоӣ иборат аст. Дар шуъбаи мазкур тифлони навзод, кӯдакон ва наврасони то 18 сола бо сироятҳои қатрагӣва сироятҳои омехта бистарӣ карда мешаванд. Ба ғайр аз ин дар шуъба ҳуҷраҳои махсус барои бистарикунонии беморон бо сироятҳои махсусан хатарнок (таби хунрез, вабо, тоун, гулӯзиндонак ва ғайра) вуҷуд дорад. Шуъба ҳамчун пойгоҳи табобатию ташхисии кафедраҳои бемориҳои сироятии кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДТБКСТЧТ фаъолият мекунад. Ба сохтори шуъба ҳуҷраҳои табибон, беморон, муолиҷаи оҷил, тазриқгоҳ, сарҳамшира, сарпарастор, хоҷагидорӣ, ҳуҷраи дарсии кафераҳо ва ҳуҷраи маишии ҳамшираҳо дохил мешавад.
Шуъбаи ҷарроҳии ғадудҳои дохила
Шуъбаи мазкур дар бинои 5-ошёна дар ошёнаи 4- ум ҷойгир буда, дар он 38 кати бистаринамоӣ мавҷуд аст. Шуъбаи ҷарроҳии ғадудҳои дохила аз 14 ҳуҷра иборат мебошад: ҳуҷраи мудири шуъба, ҳамшираи калони шуъба, хоҷагидор, доругузаронӣ, табибон, хӯроктақсимкунӣ, ҳуқнакунӣ, бандинабандии тоза ва ҳуҷраи фассодӣ. Дар шуъба 15 табиб фаъолият мекунад, ки 9 тани онҳо табиби асосӣ ва 6 табиби ҳамкор ба ҳайси навбатдор мебошанд.
Шуъбаи бемориҳои узвҳои дарунӣ
Шуъбаи мазкур дорои 55 кати шабонарӯзӣ, аз ҷумла, 2 кати рӯзона буда, ташхису табобати бемориҳои узвҳои даруниро бо усули муосир ва дар заминаи тибби эътимоднок мегузаронад. МД МТШ №1 пойгоҳи амалии кафедраи бемориҳои дарунии №2 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва кафедраи терапиямъи ДМТ, кафедраи бемориҳои дил бо курси фармакологияи клинникии Донишкадаи таҳсилти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҶТ аст. Раванди ташхису табобати беморони шуъба бо ҳамгироӣ бо кафедраи зикршуда ба роҳ монда шудаааст.
Шуъбаи эндокринология
Шуъбаи мазкур аз 48 кати муҷаҳҳази бистаринамоии беморон, аз ҷумла 5 кати рӯзона иборат мебошад, ки ҳамчун шуъбаи махсусгардонидашуда ба бемориҳои бистаришавандаи шаҳри Душанбе ва кулли ҷумҳурӣ зидмати тиббӣ мебошад.
Шуъбаи мазкур аз ҳуҷраҳои мудири шуъба, табибон, ҳамшираи калон, доругузаронӣ, хоҷагидорӣ, хӯроктақсимкунӣ, ташноб, оҷил, хукна, ҳуҷраҳои барои бистарӣ намудани беморон ва ҳуҷра юъбо шароитҳои махсус барои маъюбони ҶБВ иборат мебошад.Фаъолияти шуъба бо мақсади амалӣ намудани қарору супоришҳои Раёсати тандурустии Ш. Душанбе, иҷрои “Стратегияи ҶТ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ”, ҳуҷҷати “Расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола”, “Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ш. Душанбе”, масъалаҳои ҳифзи саломатии гуруҳҳои камбизоати аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, тарзи ҳаёти солим, фармону супоришҳои маъмурияти беморхона равона шудааст.
МТЖТ