Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент » хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо роҳбарияти муассисам номбурда суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози шиносоӣ аз фаъолияти коллеҷ роҳбарияти он аз суханронии Пешвои муаззами миллат дар Рӯзи дониш шодмонӣ намуда, ифтихор аз он намуданд, ки Пешвои миллат нисбати маорифу тандурустӣ ғамхории хоса менамоянд ва ҳамин ғамхории Сарвари кишвар аст, ки соҳаи маорифу тандурустӣ рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст. Ҳамзамон, қайд намуданд, ки Пешвои миллат дар баромади худ изҳор доштанд, ки: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаи маориф даҳҳо барномаи давлатӣ қабул ва амалӣ карда шуд. Дар зарфи сию як сол барои соҳиби саводу маърифат ва илму дониш гардондани наслҳои наврас ба маблағи 434 миллион сомонӣ зиёда аз 735 номгӯй китобҳои дарсӣ бо шумораи умумии 50 миллион нусха нашр гардид.

Ҳукумати мамлакат маблағгузориро барои рушди илму маориф сол ба сол афзоиш дода истодааст. Соли 2022 ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 706 миллион сомонӣ ё ин ки 11,3 фоиз зиёд буда, 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар соҳаи маориф чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Яъне, барои соҳа, дар маҷмуъ, қариб 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Илова бар ин, соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои барномаҳои давлатии соҳа, хусусан дар самти таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, инчунин, рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, аввалин маротиба ба таври мутамарказ 32 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд”.

Роҳбарияти коллеҷ бар ин назаранд, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат боис гардидааст, ки соҳаи маорифу тандурустӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида ва беш аз пеш рушд меёбад. Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки коллеҷи тиббӣ дар тӯли фаъолияти худ тавонистааст, ки мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замонаро тарбия ва ба воя расонад.

Сохтори моддӣ ва таълимӣ

Чунончӣ, ба мо иттилоъ доданд, Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент ҳамқадами даврони Истиқлолият мебошад. Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент бо қарори Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент соли 1992 дар заминаи филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод таъсис ёфтааст. Сипас бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2014 таҳти №148 омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент ба муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент” табдил дода шудааст.

Аз соли 2013 то инҷониб роҳбарии коллеҷи мазкурро номзади илми тиб, «Аълочии нигоҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дорандаи мукофоти олӣ, медали «Хизмати шоиста»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Собирова Муҳаббат Мавлоновна бардӯш дорад.

Муассиса бинои асосии таълимии худро  надорад, лекин новобаста аз ин, маъмурияти таълимгоҳ баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани шароити донишомӯзии донишҷӯён ва беҳтар намудани заминаҳои моддӣ, техникӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарад. Бо ин мақсад соли ҷорӣ тариқи шартнома 14 адад синфхона дар Беморхонаи марказии шаҳр ва 6 адад дар ҶДММ “Шафқат – Авитсена” ташкил карда, масоҳати таълимиро зиёд намуд. Ҳоло дар умум масоҳати умумии таълимӣ 8425,79  метри мурабаъро ташкил медиҳад. Синфхонаҳои таълимӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон буда, пурра таҷҳизонида шудаанд. Базаҳои таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ низ зиёд карда шуда, дар онҳо барои гузаронидани амалиётҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дарсгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ бо овезаҳо, гӯшаҳо, муляжҳо, корҳои эҷодии донишҷӯён ва омӯзгорон таҷҳизонида шудаанд. Ҳамчунин,  ду кабинети компютерӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он 87 адад компютер ҷойгир карда шуд. Кабинети компютерӣ бо шабакаи баланд суръати интернет пайваст буда, имконияти истифодабарии он дар дарстгоҳи компютерӣ ва  китобхонаи электронии муассиса фароҳам оварда шудааст.

Китоб-сарчашмаи дониш

Ба гуфтаи масъулини муассиса дар соли равон бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди китобхона теъдоди китобҳо зиёд карда шуд. Дар соли 2021 429 адад китобҳои дарсӣ, 90 адад китобҳои бадеӣ , 11 адад энциклопедия, 200 адад тахассусӣ харидорӣ гардидаанд. Айни замон дар фонди китобхона 13800 адад китоб мавҷуд буда, аз онҳо: 2646 адад китобҳои тахассусӣ, 417 адад дастурҳои таълимӣ-методӣ, 2311 адад китобҳои дарсӣ аз фанҳои гумани тарӣ, 4213 адад китобҳои бадеӣ, 163 номгӯй адабиёти сиёсӣ мебошанд. Дар китобхонаи электронӣ зиёда аз 4050 китобҳои электронӣ мавҷуданд, ки қисми зиёдашон фанҳои тахассусиро дарбар мегиранд.

Дастовард ва базаи кадрӣ

Дар тӯли 30-соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон муассисаи таълимӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Теъдоди омӯзгорони асосӣ ва шартномавӣ аз 20 нафар ба 280 нафар расонида шуд. Дар коллеҷ омӯзгорони соҳибтаҷриба, аз он ҷумла, 1 нафар профессор узви Академияи илмҳои Ню-Йорк, номзади илми кимиё- Собиров М.М. чор нафар дорои унвонҳо илмӣ: Собирова Муҳаббат Мавлоновна, Юнусова М. номзади илми тиб, Боқиева Умеда, номзади илми иқтисод, Қодирова Х., номазади илмҳои педогогӣ ва 3 нафар унвонҷӯён: Маҷидова Фарзона Акбаралиевна, Мақсудов Хусрав Зафарҷонович, Давлатов Давлат  мебошанд.

Агар дар соли аввали таъсисёбӣ шумораи донишҷӯён 300 нафарро ташкил диҳад, имрӯз дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент” зиёда аз 1200 нафар донишҷуён таҳсил мекунанд. Муассисаи таълимӣ яке аз беҳтарин коллеҷҳои тиббӣ дар миқёси ҷумҳурӣ буда, мутахассисони соҳибмалакаи миёнаи тибро аз рӯйи ихтисосҳои “кори ҳамширагӣ” “кори  момодоягӣ”,”кори фармасевтӣ”, “кори табобати дандон” “курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои кормандони миёнаи тиб, бахуссус, ҳамширагони шафқат ва момодояҳо” барои хизмати содиқона ба халқу Ватан омода менамояд. Инчунин, соли равон ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ихтисосҳои  ”дандонсозӣ”, ”тиббию-ташхисӣ” курси омӯзиши забонҳои русӣ , англисӣ ва барои занону духтарон курси кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ташкил карда шуданд. То соли равон муассисаро 5219 нафар мутахассисони миёнаи тиб аз рӯи ихтисосҳои кори хамширагӣ, кори момодоягӣ, фелдшер, техники дандон, лаборант, беҳёрӣ вогиршиносӣ хатм намуданд, ки 4071 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Иштирок дар озмун

Мавриди зикр аст, ки омӯзгорону донишҷӯёни муассиса моҳияти нуқтаҳои Паёми Пешвои миллатро ба хубӣ дарк намуда, пайи амалигардонии он чора андешӣ менамояд. Чунончӣ, дар таълимгоҳ маҳфили “Техникони ҷавон” таъсис дода шудааст ва соли равон 3 нафар аъзоёни маҳфили мазкур -Сафаров Таълимҷон,  Қориев Саидмаҳмуд, Акрамов Насимҷон дар даври шаҳриву вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Ҳамчунин, мавриди зикр аст, ки 6 нафар донишҷӯён ва1 нафар омӯзгор дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, бо соҳиб гардидани ҷойҳои ифтихорӣ, ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд. Дар даври вилоятии озмуни мазкур бо ба даст овардани натиҷаҳои хуб 3 нафар донишҷӯён: Султонова Шодона, Истамиён Норгул, Додхоева Шаҳноза ва омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Қодирова Салима ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ низ иштирокчиён натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд. Илова бар ин бояд қайд намуд, ки  донишҷӯён дар олимпиадаву спартакиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявии роҳандозинамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Донишҷуёни муассиса гирандагони стипендияи президентӣ, стипендияи раиси вилоят буда, дар олимпиадаву спартакиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд. Омӯзгорону донишҷӯён дар тамоми озмунҳову чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here