Дар Муассисаи давлатии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд. Хабарнигори МТЖТ ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни таълиму тадрис дар ин таълимгоҳ ба шаҳри бостонии Кӯлоб сафар намуд.
Таърихи таъсисёбӣ
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» тӯли 30 соли истиқлолият дар ҷодаи таълиму тарбияи мутахассисони миёнаи тиббӣ ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст.
Мутобиқи маводи аз ҷониби шӯъбаи бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб пешниҳодшуда, бо фармони Шуъбаи тандурустии вилояти Кӯлоб аз 14 октябри соли 1953, таҳти № 01\105, Мактаби тиббии ш. Кӯлоб таъсис дода шуда, бо фармони Вазорати тандурустии РСС Тоҷикистон аз 8.07.1954, таҳти № 112 ин мактаб ба Омӯзишгоҳи тиббии дорои мӯҳлати таҳсили сесола табдил дода шуда буд.
Сипас, тибқи фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.12.1996, таҳти № 499, бо назардошти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 феврали соли 1996, таҳти № 91 ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.1996, таҳти № 28 – 4 Омӯзишгоҳҳои тиббии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа аз соли хониши 1996 – 1997 ба коллеҷҳои тиббӣ табдил дода шуданд.
Пояҳои моддӣ – техникӣ
Айни замон Колеҷ дорои заминаи моддӣ-техникии мукаммал буда, аз 3 бинои таълимӣ, 1 хобгоҳ барои донишҷӯён,1ташхисгоҳҳои таълимӣ-лабораторӣ, 1 маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсия, 1 маркази таълимӣ – табобатии стоматология бо устохонаи дандонсозӣ, 1 маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, 97 кабинети таълимӣ дар биноҳои таълимӣ, 40 кабинети таълимӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 1 майдончаи варзишӣ, 1 толори варзиш, 1 толори маҷлис барои 110 нафар иборат мебошад.
Дар муассиса аз оғози соли 2021 корҳои зерин ба анҷом расонида шудаанд: Дар саҳни ҳавлии коллеҷ бо мақсаду сабзу хуррамгардонӣ зиёда аз 1000 бех гулу гулбуттаҳо шинонида шуданд. Аз оғози сол бошад, корҳои таъмиру тармимӣ ба маблағи 325 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст.
Бо мақсади омодагӣ ба соли нави таҳсил дар коллеҷ корҳои таъмирӣ идома доранд, аз ҷумла феълан таъмири бинои таълимии №2 ва №3, синфхонаҳо ва рангу бори деворҳои гирду атрофи муассиса идома доранд.
Айни замон шумораи компютерҳо дар коллеҷ 156, принтерҳо 156, тахтаҳои электронӣ 12, проектори мултимедӣ 75 ададро ташкил медиҳад.
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон (UNFPA) то оғози соли таҳсил муҷаҳҳазгардонии ду синфхонаи таълимӣ бо мизу курсӣ, компютер, проектор, тахтаи электронӣ ва муляжҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар назди варзишгоҳи коллеҷ як гармхона бо масоҳати 48м2 сохта ба истифода дода шуд, ки дар он барои оро додани саҳни муассиса гулу буттаҳои гуногун парвариш меёбанд.
Сохтмони бинои хобгоҳи донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад. Буҷаи сохтмон 33 млн 595 сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз бо ин мақсад 13 миллиону 102 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар соли 2021 барои идомаи сохтмони хобгоҳ ҷудо намудани 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ аз суратҳисоби махсуси коллеҷ ва 1 миллиону 670 ҳазор сомонӣ аз суратҳисоби раёсати сохтмони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин миқдор 800 000 сомонӣ аллакай ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ташхисгоҳҳои таълимӣ -озмоишгоҳӣ
Ташхисгоҳи таълимӣ-озмоишгоҳӣ дар бинои асосии таълимгоҳ ҷойгир буда, аз 2 ҳуҷраи таълимӣ иборат мебошад. Ташхисгоҳи таълимӣ-озмоишгоҳӣ бо яхдон, микроскоп, компютер, тахтаи электронӣ ва проектор таъмин буда, ба донишҷӯён усулҳои гуногуни тадқиқоти клиникӣ озмоишгоҳӣ дар он таълим дода мешавад.
Маркази таълимӣ – табобатии дандонпизишкӣ
Маркази таълимӣ – табобатии дандонпизишкӣ низ дар бинои асосии таълимгоҳ ҷойгир буда, аз 3 ҳуҷра: кабинети стоматологӣ, устохонаи дандонсозӣ ва синфхонаи таълимии қаблазклиникавӣ иборат мебошад. Дар маркази мазкур таълими амалии донишҷӯёни ихтисоси кори дандонсозӣ ба роҳандозӣ гардидааст.
Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ
Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ соли 2016 бо дастгирии Намояндагии Институти тропикӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ” ташкил карда шудааст. Марказ аз 3 ҳуҷра иборат мебошад, ки бо муляжҳои замонавӣ барои омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар маркази мазкур донишҷӯёни ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, кори табобатӣ ва кори момодоягӣ ба омӯзиши малакаҳои ҳамширагӣ ва таҷрибаомӯзии қаблазклиникавӣ сафарбар карда мешаванд. Ҳамчунин, маркази мазкур барои қабули имтиҳонҳо ҷиҳати муайян намудани сатҳи азхудкунии дониши амалии донишҷӯён истифода бурда мешавад.
Маркази таълимӣ – истеҳсолии дорусозӣ
Маркази таълимӣ-истеҳсолии дорусозӣ дорои 2 ҳуҷраи таълимӣ буда, дарсҳо тариқи назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд. Маркази мазкур бо яхдон, таҷҳизоти дорусозӣ, як адад компютер, тахтаи электронӣ ва проектор таъмин мебошад. Дар марказ донишҷӯёни ихтисоси Кори фарматсевтӣ таълими амалӣ мегузаранд.
Дар соли 2021 чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани заминаи моддию техникиии марказҳо, аз ҷумла бо таҷҳизоти таълимию лабораторӣ таъмин намудани онҳо ба нақша гирифта шудааст.
18 кафедра ва 7 ихтисос
Ихтисоси “Кори момодоягӣ” бо тахассуси момодоя, “Кори табобатӣ” бо тахассуси ҳамшираи (бародари) тибби оилавӣ, ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” бо тахассуси ҳамшираи (бародари) тиббӣ, ихтисоси “Кори тиббию профилактикӣ” бо тахассуси “Ёрдамчии табиби гигиенист, эпидемиолог ва санитарӣ”, ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” бо тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт”, ихтисоси “Кори дандонсозӣ” бо тахассуси “Техники дандон”, ихтисоси “Кори тиббию–ташхисӣ” бо тахассуси “Лаборант” дода мешавад.
Дар ин росто, феълан дар коллеҷ 18 кафедра бо шумули кафедраҳои “Ҷарроҳия”, “Фанҳои тиббӣ”, “Анатомия ва физиология”, “Фанҳои гуманитарӣ”, “Момоӣ ва бемориҳои занона”, “Фармакология”, “Фарматсия”, “Асосҳои кори ҳамширагӣ”, “Педиатрия”, “Тибби оилавӣ”, “Химия ва биология”, “Технологияи информатсионӣ ва фанҳои табиию риёзӣ”, “Забони тоҷикӣ”, “Забони рӯсӣ”, “Забони англисӣ”, “Бемориҳои сироятӣ ва асосҳои гигиена”, Тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ, Стоматология ва кори дандонсозӣ” фаъолияти амалӣ пеш мебаранд.
Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти таълимӣ ва илмии муассиса соли ҷорӣ дар коллеҷ кафедраҳои нав, аз ҷумла: тибби оилавӣ, фармакология, педиатрия, бемориҳои сироятӣ ва асосҳои гигиена, стоматология ва кори дандонсозӣ, технологияи иттилоотӣ ва фанҳои табиию риёзӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ташкил карда шуданд. Мудирони кафедраҳо аз ҳисоби мутахассисони унвони илмӣ ва ё дараҷаи тахассусии баланд дошта таъйин гардиданд.
Сатҳу сифати таълим
Дар коллеҷ аз оғози сол 17 дарси кушоди намунавӣ, 11-конференсияи илмӣ – назариявӣ, 2- викторинаи фаннӣ, 3-озмуни касбии тахассусӣ ташкилу баргузор карда шудаанд.
Озмунҳои дохилимуассисавии “Фурӯғи субҳӣ доноӣ”, “Илм фуруғи маърифат” ва Тоҷикистон ватани азизи ман баргузор карда шуда, ғолибон барои иштирок дар озмунҳои шаҳрӣ пешниҳод карда шуданд.
Санҷишу имтиҳонҳои ҷамъбастии нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020-2021, мутобиқи нақшаи ҷараёни таълим аз санаи 08.06 соли 2021 то 15.06 соли 2021 ба роҳ монда шуд. Мувофиқи нақшаи кори бахши назорати сифати таҳсилоти коллеҷи тиббӣ ва нақшаи ягонаи кори шӯрои илмӣ – педагогӣ аъзои бахши идоракунии сифати таҳсилот дар тамоми чорабиниҳои коллеҷ фаъолона иштирок менамоянд. Онҳо фаъолияти худро дар якҷоягӣ бо деканҳо, мудирони кафедраҳо ба роҳ монда, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳо ёрии методӣ ва маслиҳатҳои муфид расонда мешавад: алалхусус дар ҳуҷҷатдорӣ, сатҳи сифати дарсҳо, кор бо донишҷӯён, гузаронидани дарсҳои кушоди намунавӣ, семинарҳо барои омӯзгорони ҷавон, конференсияҳо, вохуриҳо саҳм мегузоранд. Ин аст, ки дар соли хониши 2021 тамоюли пешрафт 2,6% ва сифати таҳсилот 3,2% дар муқоиса нисбати соли 2020 мушоҳида карда мешавад.
Гирандагони стипендияи номӣ
Дар соли таҳсили 2020-2021, 4 нафар донишҷӯи аълохон гирандагони стипендияи номӣ гардиданд, ки Шукронаи Раҳмоналӣ –донишҷӯи курси 4-уми факултети “Кори табобатӣ” гирандаи стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2020-2021 аз ин зумра мебошад.
Гирандагони стипендияи раиси вилояти Хатлон 3 нафар, аз ҷумла: Маҳмадова Дилноза Қобилҷоновна –донишҷӯи курси дуюми факултети “Кори ҳамширагӣ”, Тағоева Марҷона Абдулхайровна –донишҷӯи курси сеюми факултети “Кори табобатӣ” ва Исматуллозода Зуҳро –донишҷӯи курси сеюми факултети “Кори ҳамширагӣ” дар соли таҳсили 2020-2021 мебошанд.
Мутобиқи Низомномаи таъйин ва пардохти стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.12 соли 2014, №25/6 тасдиқ карда шудааст, дар коллеҷ нимсолаи якум ба 650 нафар донишҷӯ ва нимсолаи дуюм ба 794 нафар донишҷӯ дар соли таҳсили 2020-2021 стипендия дода мешавад.
Ширкат дар озмунҳои фаннӣ
Санаи 12, 13 уми марти соли 2021 дар “Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ” озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанҳои физика ва математика, байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид, ки донишҷӯёни коллеҷ Одинаев Раҷабалӣ Ҷамахонович донишҷӯи курси 1 – уми факултети «Кори фарматсевтӣ» аз фанни физика сазовори ҷойи II дуюм ва Ҷурахонзода Шодӣ Амирхон донишҷӯи курси 1 – ум факултети «Кори фарматсевтӣ» аз фанни математика бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Таърихи 12 марти соли 2021 дар толори “Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ” шуда гузашт, ки донишҷӯи факултети “Кори ҳамширагӣ” Хоҷаева Нилуфар сазовори ҷои намоён ва бо дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардид.
Ҳамчунин, рӯзи 21.05 соли 2021 дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-20240, 5 нафар донишҷӯи коллеҷ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Дасти ёрӣ ба офатзадагон
Омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ дар бартарафсозии оқибатҳои сел, ки ба шаҳри Кӯлоб санаи 11 майи соли равон зиёни ҷиддӣ оварда буд, фаъолона иштирок намуданд. Барои корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ҳамарӯза зиёда аз 150 нафар донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгорон ҷалб карда мешуданд. Омӯзгорону донишҷӯён дар тоза намудани хонаю ҳавлиҳои истиқоматӣ, шустани ашёҳҳои рӯзгори шаҳрвандон, роҳҳо ва сойҳо фаъолона саҳм гузоштанд.
Аз тарафи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар кӯчаи Даминзода нуқтаи тиббӣ ташкил гардид, ки он ба шаҳрвандон ёрии тиббӣ мерасонд. Ҳамчунин ҳамарӯза зиёда аз 30 нафар донишҷӯён барои бесироятгардонии маконҳои селзада ва дигар иншоот дар якҷоягӣ бо Хадамоти санитарию эпидемиологии минтақа ва шаҳр ҷалб карда мешудаанд.
Зиёда аз 40 нафар донишҷӯён ба ҳайси волонтёр дар чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла тақсимоти маводи озуқа ва пешбурди корҳои тағриботию фаҳмонидадиҳӣ иштирок намуданд.
Фаъолияти илмӣ – методӣ
Дар умум аз оғози сол дар коллеҷ зиёда аз 20 машғулиятҳои кушоду намунавӣ, озмунҳои фаннӣ ва конференсияҳо ташкилу баргузор гардидаанд, ки омӯзгорону донишҷӯён дар онҳо фаъолона ширкат намудаанд. Ба ин минвол, дар муассиса аз таърихи 11.01 соли 2021 то 20.01 соли 2021, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон оид ба раванди низоми кредитӣ семинари омӯзишӣ барои омӯзгорони ҷавон дар мавзӯи “Истифодабарии услубҳои муосири таълим дар низоми кредитӣ” ва “Омӯзиши технологияи компютерӣ” гузаронида шуд. Ҳамзамон 25 июни соли 2021 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” конференсияи илмӣ – амалӣ доир ба мавзӯи “Дастоварди истиқлол” баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони муассисаҳои тандурустӣ, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Данғара, Бобоҷон Ғафуров, инчунин, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок доштанд. Дар конфронс маърӯзаҳои илмӣ доир ба мавзӯъҳои ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маориф ва тандурустии кишвар, дастовардҳои МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табобати бемориҳои урологӣ, ҷарроҳия, бемориҳои таъҷилии маҷрои ҳозима, хусусиятҳои ташхису табобати сирояти вируси тоҷдор (COVID-19), дастовардҳои соҳаи дорусозӣ дар даврони истиқлолият, ташхису табобати бемориҳои стоматологӣ, услубҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, автоматикунонии муассисаҳои тандурустӣ садо доданд.
Ба омӯзгори коллеҷ, Мирзораҳматова Гулнора, ки соли ҷорӣ рисолаи номзадиашро дифоъ намуд, аз суратҳисоби коллеҷ ба маблағи 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд.
Шароити манзилию маишии донишҷӯён
Хобгоҳи донишҷӯён аз 4 ошёна ва 131 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат мебошад. Пеш аз оғози соли таҳсил хобгоҳ аз таъмири капиталӣ-умумӣ бароварда шуд. Ҳамчунин гирду атрофи он бо дарахтони сояафганд ва гулу гулбуттаҳо оро дода шуданд. Хобгоҳ бо оби ошомиданӣ, ҳаммомҳо ва ошхонаҳо дар ошёнаҳои он таъмин буда, бо обгармкунакҳои барқӣ ва таҷҳизоти дастшуяку хӯрокпазӣ таъмин карда шуданд. Корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳ мувофиқи нақшаи тарбиявӣ ба роҳ монда шудааст ва тибқи нақша дар хобгоҳ моҳе як маротиба суратҷаласа гузаронида мешаванд.
Дастгирии кормандон ва донишҷӯён
Дар давоми соли 2021 аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи омӯзгорон, ба шахсони ниёзманд кумакҳои зерин расонида шуд. Кӯмаки пулӣ ба табақаи камбизоати кормандони коллеҷ дар рӯзи “Соли нави мелодӣ” ба 20 нафар кормандони коллеҷ ба маблағи умумии 5000 сомонӣ ёрдампулӣ дода шуд. Дар рӯзи модарон 8-уми март ба 15 нафар бонувони коллеҷ ба арзиши ҳамагӣ 4000 сомонӣ кӯмакпулӣ тақдим карда шуд.
Ба муносибати “Наврӯзи байналмилалӣ” ба 2 нафар кормандони муассиса, ифтихорнома ва мукофотпӯлӣ ба арзиши 500 сомонӣ қадрдони карда шуданд.
Дар озмуни “Муаллими сол” барои 3 нафар омӯзгорони беҳтарин ҳамагӣ 2400 сомонӣ ҷудо карда шуд. Барои истироҳат дар санатория ба 1 нафар корманди коллеҷ 600 сомонӣ ҷуда карда шуд.
Бахшида ба 76-мин солгарди “Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, 4-нафар нафақгирони коллеҷ ба маблағи 1600 сомони кумаки яквақта расонида шуд. Инчуни ба 4-нафар омӯзгорони собиқадор ба маблағи 1200 сомонӣ ёрдампулӣ дода шуда, ба 6 нафар корманд, ки аз офатҳои тибиии моҳи майи соли 2021, зарари моддӣ дидаанд, бо дастгирии омӯзгорони коллеҷ 3500 сомонӣ кумак расонида шуд.
Зубайдулло Азиззода бо зикри ин чанд нишондиҳандаҳои муҳими оморӣ дар мавриди дастоварду пешравиҳои муассисаи зертобеаш, ҳамчунин изҳори итминон намуд, ки роҳбарият ва омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия ва дар ин замина омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳанд сохт.
Нигора Саидбекова,
МТЖТ