Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2014 таъсис дода шудааст. Коллеҷи тиббии н.Б.Ғафуров дорои иҷозатнома буда, силсилаи Т-ИФ №0002229 бо қарори Комиссияи иҷозатномадиҳии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 – уми феврали соли 2022 таҳти №143 дода шудааст, амал менамояд.

Дар Коллеҷи тиббӣ шакли таҳсили рӯзона ба роҳ монда шуда, дар он 4 шуъба фаъолият менамояд ва аз рӯи ихтисосҳои интихобшуда омӯзгорон мутахассис тайёр менамоянд. Таҳсил дар ин даргоҳи дониш ба забони тоҷикӣ буда, дар он чаҳор кафедра, аз ҷумла: Кафедраи кори ҳамширагӣ ва анатомия, кафедраи табиӣ- риёзӣ, Кафедраи забонҳо ва Кафедраи дорушиносӣ амал мекунанд. Дар айни замон, коллеҷ дорои зиёда аз 40 кабинету лабораторияҳои фаннӣ мебошад, ки онҳо ба тарзи ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд. Илова бар ин, китобхона бо қироатхонааш, китобхонаи электронӣ, тахтаи электронӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, ошхона, дорухонаи таълимӣ ва 2 синфхонаи компютерӣбо шабакаи Интернет пайваст мебошанд. Коллеҷ дорои хобгоҳи худ буда, дар он барои донишҷӯён ҳамаи шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Вобаста ба фаъолияти даргоҳи таълимии мавриди назар суҳбате доштем бо директори он Коинот Сӯфиев, ки фишурдаи онро манзури шумо, хонандагони азиз мегардонем.

 –  Коинот Мелиевич, таҳсил дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси кадом дастуру низомнона ва равияи таълимӣ ба роҳ монда шудааст?

Роҳбарият ва омӯзгорони коллеҷ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ монда, таҳти шиори “Саломатӣ – ганҷи бебаҳост” амал менамоянд.

Кормандони Коллеҷи тиббии н.Б.Ғафуров фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, Амру фармонҳо ва Паёмҳои Асосогузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубу дастурҳои ба коллеҷ тааллуқдошта, Қарорҳои мушовараҳои вазоратҳои тандурустию маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва тандурустӣ ба роҳ монда, дар ҷодаи таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи тиб корҳои назаррасро ба сомон мерасонад.

– Дар коллеҷ чанд факулта амал мекунад ва кадом ихтисосҳо ба донишомӯзон омӯзонида мешавад?

– Дар муассисаи тиббии мо 3 факултет аз рӯи ихтисосҳои “Кори ҳамширагӣ”, “Кори ҳамширагӣ дар косметология”, “Кори фарматсевтӣ”, “Кори момодоягӣ” фаъолият намуда, зиёда аз 150 омӯзгорону табибони пуртаҷриба бо истифода аз усулҳои муосири таълим ихтисоси интихобнамудаи донишҷӯёнро меомӯзонанд.

– Оё коллеҷ бо таҷҳизоту лавозимоти замони муосир таъмин аст?

– Бале. Муассиса дорои зиёда аз 60 кабинету лабараторияҳои фаннӣ, китобхона бо толори хониш, китобхонаи электронӣ, толори калон ва хурди варзишӣ, нуқтаи тиббӣ ва ошхонаи замонавӣ мебошад. Синфхонаҳо бо тахтаи электронӣ ва ороиши замонавӣ таҷҳизонида шуданд. Инчунин, 2 синфхонаи компутерӣ мавҷуд мебошад, ки он ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. Имтиҳон тариқи маркази тестӣ гузаронида шуда, рафти супоридани санҷишҳои марҳилавӣ низ пурра электронӣ гардидааст. Инчунин, Коллеҷ дорои хобгоҳ мебошад, ки дар он барои 80 нафар духтарон шароити хуби зист муҳайё гардонида шудааст.

– Дар муддати нуҳ соли фаъолияти Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров онро чӣ миқдор донишҷӯ хатм намуданд?Оё хатмкунандагони коллеҷ бо ихтисоси худ дар ҷумҳурӣҷойи кор пайдо мекунанд?

– Дар муддати 9 соли фаъолияти коллеҷ, онро дар маҷмуъ 2471 нафар донишҷӯён хатм намуда, аз онҳо 52 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд. Хатмкунандагони коллеҷ дар беморхонаву дармонгоҳо, марказҳои саломатӣ, таваллудхона ва дорухонаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он кор ва фаъолият бурда истодаанд, ки ин боиси сарфарозии муассиса мебошад. Дар айни замон дар коллеҷ 2603 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

– Дар замони муосир ақидае ҳукмрон аст, ки ҷавонон, хусусан донишҷӯён кам китоб мехонанд, беҳавсала барномаҳои таълимиро аз худ мекунанд. Оё ба ин назару гумон шумо розиед? Барои шавқи донишро дар дили донишҷӯи замони муосир афрӯхтан чӣ кор бояд кард? Кадом усулу равияи таълимро бояд ба кор бурд?

– Ман ба ин ақида чандон розӣ нестам. Зеро одамон, аз ҷумла донишҷӯён гуногун мешаванд. Яке дар дониш андӯхтан боҳавсала, дигаре камҳавсала. Илова бар ин, дар гузашта ва мутобиқи талаботи ҷомеаи муосир, муассисаи таълимӣ, яъне омӯзгор вазифадор аст, ки аз шахси номустақил ва камтавон, шахсияти тавоною фаъол, эҷодкор ва содиқ ба Ватанро ба камол расонад ва ба ҳаёти мустақилона равона созад. Яке аз ҳалли ин масъалаи муҳим ин гузаронидани озмунҳо, олимпиадаҳо мебошад. Ҳадаф аз гузаронидани озмунҳо тарғиби донишҳои назариявӣ, амалӣ, инкишофи шавқу завқи донишҷӯён ва тақвияти кӯшиши онҳо ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилу беҳдошти курсҳои махсус, маҳфилҳои фаннӣ, ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён, инкишофи майлу хоҳиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва инкишоф додани нерӯи ақлӣ мебошад.

– Ин таҷриба дар Коллеҷи тиббии мавриди назари мо ба чӣ сон ба роҳ монда шудааст?

– Барои хубу беҳтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таълим аз тарафи маъмурияти коллеҷ якчанд чораҷӯиҳо дида шудааст, аз ҷумла: ташкил намудани маҳфилҳои фаннӣ; гузаронидани озмунҳои фаннӣ ва тахассусӣ; гузаронидани конференсияҳои илмӣ- амалӣ; гузаронидани маҳфилҳои шеърхонӣ;

Мунтазам гузаронидани мониторингҳои сифати таҳсилот ва ғайра.

Айни замон дар коллеҷ 11 маҳфили фаннӣ амал менамояд, ки инҳо мебошанд: “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” бо шомили 21 донишҷӯ аз фанни забони англисӣ; “В мире слов” бо шомили 22 донишҷӯ аз фанни забони русӣ; “Далерон” бо шомили 25 донишҷӯ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ; “Ҳамадон” бо шомили 20 донишҷӯ аз фанни забони тоҷикӣ, “Олиҳа” бо шомили 28 донишҷӯ аз фанни момодоягӣ; “Шогирдони Нютон” бо шомили 20 донишҷӯ аз фанни физика; “Химикони ҷавон” бо шомили 22 донишҷӯ аз фанни химия; “Флоренс” бо шомили 23 донишҷӯ аз фанни асосҳои кори ҳамширагӣ; “Табиат мекунад моро табобат” бо шомили 26 донишҷӯ аз фанни биология; “Дастпарварони Сино” бо шомили 15 донишҷӯ аз фанни фармакология ва “Техникони ҷавон” бо шомили 24 донишҷӯ аз фанни технологияи информатсионӣ.

Омӯзгорон бо аъзоёни маҳфилҳо бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва технологияҳои муосир ба тариқи конференсия, семинар, иҷрои кори дастамал ва ғайра нозукиҳои фанро меомӯзонанд.

Ҳамасола гузаронидани озмунҳои дохиликоллеҷӣ ва берун аз он:  “Донишҷӯи беҳтарин”, “Ихтироъкори беҳтарин”, “Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Иншои беҳтарин”, “Омӯзгори беҳтарин”, “Синфхонаи беҳтарин” “Ҳафтаи фаннии кафедра”  ба ҳукми анъана даромадааст. Давраи аввали озмунҳо дар коллеҷ байни донишҷӯён ва омӯзгорон баргузор гардида, ғолибон ба давраҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд. Мақсад аз баргузории озмунҳо баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ, ҳамчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас оид баэълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” мебошад.

– Хуб. Оё ин усули таълим самаровар аст?

– Албатта самароваранд. Масалан, 3 нафар донишҷӯёни коллеҷи мо ба давраи вилоятии озмуни “Донишҷӯи сол” роҳ ёфтанд. Хушбахтона, донишҷӯи бахши 3 – и ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” Бобоев Абдуллоҳ сазовори унвони “Донишҷӯи сол – 2021” ва Сайдализода Ҳайдархӯҷа донишҷӯи бахши 1-и ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” сазовори унвони “Ихтироъкори сол – 2021” гардиданд.

Инчунин, донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” Рустамова Зоҳида дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст”иштирок намуда, дар давраи ноҳиявӣ сазовори ҷои аввал, дар давраи вилоятӣ ҷои дуюм ва дар давраи озмуни ҷумҳуриявӣ сазовори ифтихорнома гардид. Донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси “Кори момодоягӣ” Кенҷаева Каромат дар намоиши (выставка) “Рассомони ҷавони давлатҳои ШОС” бахшида ба бозиҳои зимистонаи Олимпӣ – 2022 ғоибона иштирок намуда, сазовори  сертификат гардид.

Дар озмуни “Ҷавонон зидди нашъамандӣ”, ки аз тарафи Раёсати агентии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ташкил ва гузаронида шуд, донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси “Кори момодоягӣ” Кенҷаева К. иштирок намуда, сазовори Дипломи дараҷаи аввал ва туҳфаи хотиравӣ гардид.

Инчунин, донишҷӯён дар озмунҳои гирандаи Стипендияи ноҳиявӣ ва стипендияи Президентӣ иштирок намуда, 5 нафар гирандаи Стипендияи раиси ноҳия, 2 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ мебошанд. Боиси ифтихор мебошад, ки омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Нурматова М. дар озмуни ноҳиявии “Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст” иштирок намуда, ба давраи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

– Устод, дастовардҳои дигари назарраси муҳассилину омӯзгорони Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро номбар карда метавонед?

-Бале. Масалан, дар самти варзиш низ коллеҷ дастовардҳои назаррас дорад. Донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷ бо роҳбарии мураббиёни варзиш дар мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намудҳои воллейбол, гӯштии миллӣ ва дзюдо, баскетбол, футбол, теннис, дастхобонӣ, шашка, шоҳмот, сангбардорӣ ва ғайра иштирок намуда, сазовори ҷом ва медалҳо гардидаанд. Дар спортакиадаи ҷумҳуриявӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва инчунин фестивалҳо, мусобиқаҳо ва бозиҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон,  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби “Ҷоми раиси вилояти Суғд” оид ба воллейбол, Суперҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба волейбол байни донишҷӯёни коллеҷҳо ва литсейҳо, Ҷоми раиси вилояти Суғд оид ба намуди волейбол дар байни бонувони вилоят гардиданд.

Илова бар ин, дар муассисаи таълимии мо оид ба санаҳои таърихӣ ва ҷашну идҳои сиёсиву миллӣ конференсияҳои илмӣ- амалӣ, илмӣ – назариявӣ, илмӣ – тадқиқотӣ, семинар – машваратҳо баргузор мегарданд, ки тавассути онҳо ҳисси ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва хислатҳои неки инсониро дар ниҳоди донишҷӯён гузошта мешавад. Ҳамаи чорабиниҳо бо иштироки намояндагони ҲҲДТ дар вилояти Суғд, кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мақомотҳои давлатӣ ва қудратӣ мунтазам гузаронида шуда, донишҷӯён оид ба масъалаҳои мубрами рӯз маълумот пайдо менамоянд.

Маъмурият ва кулли омӯзгорони Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия дар нимсолаи дуюми соли таҳсил кори худро давом дода, барои омода намудани мутахассиси арзандаи соҳа кӯшиш менамоянд.

– Устод, ташаккури зиёд барои суҳбати пурмуҳтаво!

– Саломат бошед, Нигорабону!

 Cуҳбатнигор: Нигора Саидбекова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь