ё ибтидои ҷаҳонигардии дубораи COVID – 19

Боре дар кӯча ҳамроҳи дӯстам Сорбон нишаста будем. Дар даҳонамон ниқоби тиббӣ, дар дастҳоямон дастпӯшакҳои тиббӣ ва дар кисаамон бошад, маҳлули тиббӣ-антисептикӣ доштем. Ҳатто масофаи байнамон низ 2 метр. Дақиқан дар хотир дорам, ду сол қабл, 13-уми майи соли 2020-ум буд. Бо сари хам кадом масъалаи ҷиддиеро фикр мекардему гоҳо дилгир шуда, аҳён-аҳён ба ҳамдигарамон ягон гап гуфта мемондем. Фақат фикрамон банди як мавзӯъ буд ва ин мавзӯъ чунон пуртаъсир буд, ки ҳеҷ касро бетараф намегузошт… Боз хабарҳое, ки ҳар лаҳза шунида мешуданд, моро водор месохтанд, ки дар бораи ин мавзӯъ боз ҳам бештар фикр кунем. Тамоми васоити ахбори омма, аз ҷумла телевизиону радио, интернет рӯзномаю маҷаллаҳо аз як гиребон сар бароварда, фақат дар бораи  КОРОНАВИРУС мегуфтанду менавиштанд. Фикри мо низ банди ана ҳамин масъала буд:

Аҷоиб рӯзгор омад, ки ёр аз ёр метарсад,

Аҷабтар ин, ки халқ аз рафтани бозор метарсад.

Парешон карда як вируси кӯчак, халқи дунёро,

Ҳама ҳайрону саргардон, ҳама аз кор метарсад.

Сӯҳбатамон мисли ҳарвақта пурҷӯшу хурӯш набуд, ҳардуямон ҳам хомӯширо ихтиёр мекардему халос. Баъди чанде Сорбон ба ман нигоҳ карда, ба сухан даромад: “Шунидӣ ҳо ана он профессоре, ки аз Телевизиони “Баҳористон” дар барномаи “Ҳусни баён” гап мезад,  аз КОРОНАВИРУС фавтидааст!” Ин суханҳоро ман аз забони Сорбон шунидаму боз беихтиёр ба фикр фурӯ рафтам: “ Баҳриддин Камолиддинов…? Наход ин вабои қаттол, ин душмани фалокатбори башарият, ҳамин хел шахсияти бузургро аз мо рабуда бошад, ба ақли инсон рост намеояд!”

Ҳанӯз ғарқи хаёлоти худ будам, ки аз дурие садои як нафар зан ки “Қаландар” гуфта, овоз баровард ба гӯшам расид.  Дарҳол пай бурдам, ки касе маро фарёд карда истодааст. Ҳардуямон сарамонро бардошта ба сӯйи боло нигаристем, ки дар бари масҷиди кӯҳна ду зан истода буданд. Яке аз онҳо бо садои баланд маро фарёд дошту дигараш бошад, бо ишорати “биё!” дасташро ба ҳаво алвонҷ медод. Зани аввал модарам буд. Ин аҳволро дидаму фикрамро андешаҳои гуногун парешон кард. Ягон кас, ки шаҳр рафта монад, дигар аз солим баргаштанаш касе умед ҳам намекард. Он шахсро албатта ба COVID-19 сироятёфта мепиндоштанд ва он вақт падарам дар шаҳр кор мекарданд ва ин фикр маро ниҳоят ғамгин сохт ва бо тамоми қувват ба сӯйи модарам шитофтам. Сорбонро дигар дар хотир надорам, ки чӣ кор кард, шояд аз тарс ӯ низ шах шуда монда буд, ки аз паси ман чашм дӯхта, дар ҷояш наҷунбида меистод.То ба назди модарам расида омадам, ки онҳо ба ҳавлии амаки Иброҳим даромада рафтанд. Шитобон аз пасашон рафтам, дар саҳни ҳавлии амакам ҳамаи занҳои ҳамсоя ҷамъ шуда буданду оҳу воҳ – гӯён, садо баланд мекарданд. Ҳамин, ки модарам маро дид, бо овози ларзону гиряолудаш ба гап даромад: “Ҳа , дар кӯча чи гап буд? Писарам, ҳолу аҳволро дидаю дониста чаро ба берун мебароӣ? Ҳар рӯз қариб, ки 40-50 нафар аз ин беморӣ вафот карда истодаанд. Ростӣ, ман аз ин воҳимаҳо ҳайрон монда будам, лекин диққати маро як чиз ҷалб менамуд, ки агар дар ҳамсоядеҳаҳои атроф ҳар рӯз 40-50 нафар мефавтида бошад, пас чаро аз деҳаи мо, ки ками кам 180 хоҷагӣ дорад мурдан ку он тараф истад, ҳатто ягон нафар бемор ҳам нашудааст?. Албатта ин саволе буд, ки ба сари ҳар шахси солимақл омаданаш мумкин буд. Ману модарам ба хонаамон рафтему  зуд хонаҳоро бо маҳлули хлор шуста, ба дохили ҳар ҳуҷра маҳлули антисептикӣ пошида, сипас даромада нишастем. Як вақт хабар расид, ки занҳои гузарамон “қонуни наве қабул кардаанд”, ки мутобиқи он минбаъд “ягон ҳамсоя ҳуқуқ надорад, ба хонаи ҳамсояи дигараш равад!”

Маҳаллаю кӯчаҳо, шаҳр ҳама холӣ буд. Кӯчаҳои қишлоқи мо, ки одатан пур аз одамон мешуданд, ҳамон рӯзҳо холӣ, беовоз ва сокит буданд. Кӯчаҳое, ки 4-5 сол пештар ба хоку лой ҷӯлида ману дӯстонам буҷулу чормағз ва чиллакбозӣ мекардем, ки ҳатто аз саргармии зиёд хурокхӯриро фаромуш мекардем, касеро ба худ ҷалб намекарданд. Бисёриҳо ҷуръати ба берун баромаданро намекарданд. Гӯё ҳама интизори маргашон буданду “сарро дар рӯйи кундаи аҷал монда, интизори теғи қассоб буданд”, ки дигар ба дунёву шириниҳои он эътиборе ҳам намедоданд.

Масъалаи дигаре, ки бениҳоят ташвишовар буд, навбатпоӣ дар мағозаҳо барои орду равған ва дигар маҳсулоти хӯрока буд. Боз ҳам воҳимачиҳоро дағдағаашон дар ҳаво буд: “Орд 500 сомонӣ мешудааст, ҳеҷ кас нони хӯрдан намеёфтааст, аз касалӣ намурдаҳо аз гушнагӣ мемурдаанд…”-ин хабаре буд, ки ҳар кас ба он бовар карданаш мумкин буд, чунки дар муддати кӯтоҳ нархи орд аз 170-180 сомонӣ ба 250-260 сомонӣ боло баромада буд. Баъзеҳо лингча-лингча, баъзеҳо мошин-мошин орд мехариданд… Вале аз фаро расидани “гуруснагӣ”  асаре набуд. Қимат шудани ордро то дараҷае мардум дуруст  тахмин карда будаанд, ки имрӯзҳо нархи он ба тадриҷ боло рафта истодааст.

Вале шахсони бомаърифатро аз ҳама чиз бештар як мавзӯъ ба ташвиш оварда буд. Ин мавзӯъ – бесавод мондани ҷомеа буду воқеан ҳам бисёр ташвишовар. Мактабҳо чанд муддат аз фаъолият боз монда буданд. Аз ҳама бештар , ба ин овозаҳо мардуми тоҷик дода шуда буданд. Хусусан ибораи “гуруснагӣ мешудааст” тоҷиконро яку якбора ба таърихи 30 сол пеш аз ин баргардонид. Ҷангҳои солҳои навади асри бистро ба хотир оварданду ҳарчӣ бештар аз паси захиракунӣ шуданд. Боз дар баробари ин марги ҳар як фарзонафарзанди  миллати тоҷик мардумро бештар ба ташвиш меовард.

Тамоми васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз КОРОНАВИРУС ҳамеша кӯшиш менамуданд, ки дар муқобили овозаву гапҳои бардурӯғ далелҳои раднопазир ва дандоншиканро пешниҳод намоянд. Новобаста аз ин боз мардум ба чизи медидагиашон бовар надоштанд. Лекин ҳамеша ҳушёр шудан лозим аст! Дағдағаи беморӣ аз баъзе манотиқи ҷаҳон боз ҳам сару садоҳоро баланд карда истодааст.

Сад сол пеш низ ҳамин гуна беморӣ ба ҷаҳониён зарбае зада буд.  Дур намеравем, воқеаҳои якуним-ду сол пештар сар зада барои мо худ дарси ибрат мебошанд.  Барои пешгирии беморӣ ҳама вақт моро мебояд чораҳои зиддивирусиро ҷорӣ намуда, ба ифлосӣ роҳ надиҳем.

Пас барои ба аҳволи солҳои гузашта дигар бора наафтодан кӯшиш намоем, ки  аз як гиребон сар бароварда, барои ҳифз намудани саломатии худ ва наздиконамон ҳиссагузор бошем. Агар ҳарзагӯӣ ва худнамоиро бас намуда, ҷиддан бар муқобили ин истодагарӣ намоем, шояд COVID-19 дигар бора моро ба таҳлука наандозад!

Норов Қаландар,

донишҷӯи соли аввали факултети журналистикаи  ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here