Солимии ҷомеа солимии давлат аст. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ғамхориҳои ҳамешагӣ андишида мешаванд. Бо иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 марти соли 2016 дар қалби Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе, маҷмааи бузурги тандурустӣ ифтитоҳ гардид. Маҷмаа нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, фарогири зинаҳои ташхис, табобат, аз ҷумла, маркази ёрии фаврии тиббӣ ва офиятбахшии тибби муосир мебошад. Иншоот дар масоҳати умумии 105 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст.
Таъминот бо ҷойҳои нави корӣ
Маҷмааи наву муосири тандурустӣ, ки бо номи “Истиқлол” маъруф аст, бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат барои 3500 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, роҳбарии онро айни ҳол доктори илмҳои тиб, профессор, вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Шоҳмансур, дорандаи медали Шафқат ва Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Ҷамолиддин Абдуллоевич бар зимма дорад.
Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дорои қисмҳои таваллудхона, бемориҳои дарунии кӯдакона, бистарикунонии калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, озмоишгоҳҳои муосир, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронии бо интернет пайваст, маркази ёрии таъҷилӣ ва варзишгоҳ мебошад.
Сарфи маблағ дар таъсиси МТИ
“Маҷмааи тандурустии Истиқлол” дорои 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, 650 кати табобатӣ, аз ҷумла 150 кати калонсолон, 182 кати ҷарроҳии кӯдакона, 213 кати соматикии кӯдакона, 100 кати таваллудхона мебошад. Дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ бо иқтидори 15 нақлиёти соҳавӣ, аз ҷумла 3 бригадаи ёрии наҷотбахшӣ, як адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд. Толори конфронс бо 260 ҷойи нишаст, ошхона бо 150 ҷой, толори либосшӯӣ, маҷмааи варзишӣ, коргоҳи истеҳсоли доруворӣ ва ғайра аз қабили иншоотҳои дигари маҷмаа маҳсуб меёбад. Маҷмаа муассисаи калонтарин барои табобат тавассути бистаринамоӣ дар пойтахт маҳсуб ёфта, 75 фоизи иқтидори он ба солимии модару кӯдак равона карда шудааст. Пешравии соҳа дар кишвар баръало назаррас буда, роҳандозӣ намудани ҷарроҳии дилу рагҳои кӯдакон тасдиқкунандаи ин гуфтаҳост. Ҳамчунин, покнамоии хуни (гемодеалез) кӯдакон, шуъбаи муҳандисии клиникӣ, тибби суннатӣ ва 50 кати наҷоти бахшҳои гуногун сохторҳои алоҳида ба шумор мераванд.
Технологияҳо нодиру ягонаанд
Маркази мазкур дар шароити хубу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо технологияҳои навини соҳаи тандурустӣ пешкаши кормандони соҳа гардидааст. Маҷмаа дорои 38 бинои аз 1 то 9 – ошёна буда, дар онҳо тамоми шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё гардидааст. Бояд қайд намуд, дастгоҳҳое, ки ба ин марказ оварда шудаанд, аз технологияҳои нодири аср маҳсуб ёфта, дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ягона ба шумор мераванд. Яъне аз миёни давлатҳои дигар танҳо Тоҷикистон тавонистааст, ки барои мардуми кишвараш чунин дастовардҳоро муҳайё созад. Ҳамаи ин аз осудагию оромии ҷомеаи мо ва хизматҳои нотакрори Роҳбари Давлат шаҳодат медиҳад.
Нодиртарин таҷҳизотҳои сатҳи ҷаҳонӣ
Дар маҷмуъ ба маркази номбурда 620 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобатӣ ворид карда шудааст, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия мебошанд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас ва насб гардидаанд. Ҳамчунин дар маҷмаа дастгоҳҳои сайёр дар ҳар як ҳуҷраи ҷарроҳӣ, аз қабили, рентгени мобилӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти махсуси нигоҳдории кӯдакони навтаваллудшудаи вазнашон то 500 грам ва интиқоли ин гуна тифлони навзод аз як ҷо ба ҷойи дигар мавҷуданд. Инчунин, гузаронидани ҷарроҳӣ бевосита дар худи таваллудхона барои кӯдакони бо нуқси модарзодӣ таваллудшуда, аз тарафи духтурони табобати кӯдакон бо истифода аз камераҳо дар вақти ҷарроҳиҳои нақшавӣ барои амалиётҳои фосилавӣ ва омӯзондани донишҷӯён амалӣ карда мешаванд.
Бартарии дастгоҳҳо дар чист?
Ҷои пӯшида нест, ки солҳои қаблӣ барои муоина ва муайян кардани беморӣ рӯзҳои зиёд сарф мешуд. Имрӯзҳо бошад, пешравиҳои зиёд дар ин самт дида мешавад, ки ҷойи баҳс нест. Агар танҳо бартарияти дастгоҳҳои ин муассисаро қайд намоем месазад иброз дошт, ки онҳо бамаротиб кори табибонро сабук карда, якбора бо сарфаи вақт якчанд амалиётро иҷро менамоянд. Масалан, дастгоҳи ангеография, ки таҷҳизоти нодиртарин маҳсуб меёбад, ташхису табобати бемориҳои гуногун, аз қабили бемориҳои дилу рагҳои хунгард, касалиҳои занона ва ғайраро иҷро менамояд. Дастгоҳи рентгении рақамӣ бошад, дар як лаҳзаи кӯтоҳ беморро аз ташхис мегузаронад. Дар ҳуҷраи мамографӣ бемориҳои ғадуди ширии занон ва саратони ин ғадудро ташхис менамоянд. Дар ҳуҷраи дансиометрӣ ҳолати физиологӣ ё потологии узвҳоро аз ташхис мегузаронанд. Яке аз бартариҳои ин дастгоҳ бо муайян кардани зичии бофтаҳои устухон пешгирии шикастани устухонҳои инсон мебошад.
Зимнан, чун муште аз хирвор хосият ва усули табобати чанд дастгоҳи нодири МД МТ “Истиқлол” – ро барои шиносоии бештари хонандагон дар зер меорем, ки аз манфиат холӣ нест.
Томографияи компютерӣ
Ин дастгоҳ дастгоҳи замонавии дорои 180 детектор буда, бо истифодаи алгоритми таҷдиди conexact қобилияти дар ҳар як гардиш 160 буриши узвҳои баданро дорад. Суръати баланди тобхӯрии дастгоҳ имкон медиҳад, ки вақти муоина кам гардида, натиҷаи ташхис зудтар ба даст ояд. Бо ин дастгоҳ системаи такягоҳ ва ҳаракат, косахонаи сар ва майнаи сар, узвҳои ҳозима, узвҳои пешоббарор системаи нафаскашӣ, дил ва рагҳои хунгард ташхис карда мешаванд.
Мамограф
Ин дастгоҳ имконият медиҳад, ки бемориҳои ғадуди ширӣ бо тарзи дақиқ ва дар кунҷҳои дараҷанокии гунгун муоина карда шаванд.
Дастгоҳи рентгенӣ- денталӣ
Ин дастгоҳ имкон медиҳад, ки аксҳои баландсифати дандонҳо бо нурафшонии камтарин ба бемор ва мутахассис гирифта шавад.
Денситометр
Ин дастгоҳ имконият медиҳад, ки зичии бофтаҳои устухон баҳо дода шавад. Ташхиси бармаҳал ва нусхабардории аксҳо бо сифати баланд бе гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, ҳолат ва зичии бофтаи устухон муайян карда шавад.
Ортопантограф
Ин дастгоҳ имконияти гирифтани аксҳои баландсифати тамоми дандонҳо, ҷоғи поён ва боло, ҷафҳои назди бинӣ, сар дар ду паҳлӯ ва панҷаи даст барои муайян намудани инкишофёбии сину сол бо нурафшонии камтарин ба беморон хизмат мерасонад.
Томографияи магнитӣ-резонансӣ
Бо ин дастгоҳ узвҳои зарурии бемор, аз ҷумла системаи асаб, майнаи сар, ҳароммағз, буғумҳои бадан, узвҳои ковокии шикам, паси сифоқпарда (системаи пешоббарор) муоина карда мешавад.
Ваннаҳои маҳси зериобӣ
Ваннаҳои маҳси зериобӣ гардиши хун, лимфа ва мубодилаи моддаҳоро дар организми инсон беҳтар намуда, хориҷшавии моддаҳои заҳролуд ва нолозимро аз организм метезонад, иммунитетро баланд бардошта, пӯстро тоза ва маҳин мегардонад, инчунин дар мубориза барои селюлит ва фарбеҳӣ ёрӣ мерасонад, асабро ором намуда, фишорро паст месозад. Ваннаҳои гармро (37-38 дараҷа) дар бисёр ҳолатҳои патологии бадан ба хотири оромкунӣ, зиддиташаннуҷӣ ва ҳалкунии варамҳо истифода мекунанд. Ваннаҳои кӯтоҳмуддати салқин аз бадан гармиро фурӯ бурда, мубодилаи моддаҳоро хуб менамоянд. Онҳоро бо мақсади обутобдиҳии бадан истифода мекунанд. Ваннаҳои тафсон гармиро дар бадан нигоҳ дошта, мубодилаи моддаҳоро зиёд ва гардиши хунро беҳтар менамоянд.
“Искуственные почки”
Дастгоҳи “Искуственные почки” (гурдаҳои сунъӣ) барои табобати тифлакон ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Ин дастгоҳ функсияи гурдаи сунъиро иҷро мекунад. Кӯдаконе, ки аз бемориҳои гурда азият мекашанд ва ё ҷарроҳии гурда гузаронидаанду барои муддате гурдаҳои онҳо хуб фаъолият намекунанд, бо воситаи дастгоҳи мазкур имконият фароҳам мегардад, то давраи муътадил гардидани кори ин узвҳо ҳамчун гурдаи сунъӣ ба бемор хизмат намояд. Инчунин, дар дохили ҳуҷра дастгоҳи сабти барқии дил насб гардидааст, ки мунтазам рафти кори дилро нишон медиҳад. Бар замми ин дастгоҳҳои нодир ва навтарин, боз дастгоҳи дифумилятор ва балғамкашак низ мавҷуданд. Дастгоҳи дигари нодир “Gamilton s 2” мебошад, ки вазифаи нафасдиҳиро иҷро менамояд. Он ба таври худкор амал намуда, дар он танҳо синну соли бемор рақамчинӣ мегардаду миқдори зарурии нафаси сунъиро ба бадани бемор ворид месозад.
Ҷарроҳии пӯшидаи дил ҳамагӣ дар 40 дақиқа ва он ҳам бидуни изи ҷарроҳӣ
Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ҳамарӯза тавассути дастгоҳи Ангеография ҷарроҳиҳои пӯшида (эндоваскулярӣ) сурат мегиранд. Ин намуд ҷарроҳиҳо бидуни маводи мадҳушкунанда анҷом мегиранд, ки бемор дардро ҳис намекунад. Нафароне, ки рагҳои дилашон маҳкам шудаасту аз бемории дил азият мекашанд, ҳамагӣ дар муддати 40 дақиқа ба воситаи дастгоҳи мазкур аз ин беморӣ раҳо меёбанд.
Ва чанд бартарии дигари “Истиқлол”
Дар МТ “Истиқлол” ҳамзамон усули ҷадиди табобат дар самти бемориҳои санги системаи роҳҳои пешоб ва гурда дар байни кӯдакон ба роҳ монда шудааст. Пизишкон пештар ин намуди бемориҳоро бо роҳи консервативӣ ва тариқи амалиёти ҷарроҳӣ, табобат менамуданд. Хушбахтона, бо рушду густариши таҷҳизотҳои тиббӣ, табибони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” усули нави табобати ин намуди бемориро бо роҳи эндоурологӣ ба роҳ мондаанд. Яъне бо истифода аз таҷҳизоти тибии литотриптор дар мудати 2 соат сангҳо бидуни амалиёти ҷарроҳӣ бартараф карда мешаванд.
Дар баробари ин феълан дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” амалиёти краниопластикаи нуқсони устухони косахонаи сар бо пластинкаи титанӣ дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Беларус роҳандозӣ гардидааст. Пештар ин гуна ҷарроҳиҳо гузаронида мешуд, вале қисмати осебдидаи сарро бо таҷҳизотҳои протокрил ва палокос мепушониданд. Табибон иброз доштанд, ки таҳизоти лавҳаи титанӣ нисбат ба таҷҳизотҳои протокрил ва палокос манфиатбахш буда ба дигар узвҳои сар зарар намерасонад.
Амалиёти хатнаву сӯрох кардани гӯшу бинӣ бо дастгоҳ
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар бинои ташхисгоҳи маҷмаа шуъбаи махсусгардонидашудаи тибби суннатӣ амал мекунад, ки падару модарон метавонанд аз хизматрасонии он бобати анҷом додани маросимҳои динӣ ва мардумӣ, аз қабили амалиёти хатнаи писарчаҳо ва сӯрох намудани гӯшу бинии духтарчаҳо васеъ истифода баранд. Чунин шуъбаи махсусгардонидашуда дар дигар беморхонаҳо вуҷуд надорад. Ҳамчунин, дар марказ усули муосири тибби фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Ин таҷриба аллакай дар ҷумҳурӣ ба таври манфиатбахш муаррифӣ гардидааст. Тавассути ин намуди хизматрасонӣ табибон дар фосилаҳои гуногуни маҳалли ҷойгиршавӣ метавонанд бо якдигар барои анҷоми ҷарроҳиҳо ё дигар амалиёт табодули дониш ва таҷриба намоянд. Дар ошёнаи дуюм ва ҳаштуми бинои ташхисгоҳ бахши гиёҳдармонӣ амал мекунад, ки дар ин ҷо бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо доруҳои гуногунро омода месозанд. Баҳри бемороне, ки дар ин ҷо табобат мегиранд, дар ошёнаи ҳаштум толорҳои алоҳидаи варзишӣ барои занону мардон ва кӯдакон ташкил карда шудааст. Толор бо таҷҳизоти муосири гуногуни машқи бадан муҷаҳаз гардонида шудааст, ки мизоҷони маркази тандурустӣ метавонанд аз он васеъ истифода баранд.
Дастгоҳҳои муосир барои ташхиси чанд беморӣ
Ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” нафарони зиёде барои муолиҷа гирифтан муроҷиат мекунанд, ки барои кумаки онҳо духтурон ба воситаи дастгоҳҳои насбшуда хизмат мерасонанд. Озмоишгоҳ як ҷузъи муҳими соҳа ба шумор меравад. Дар ин замина дастгоҳҳои муосир ворид карду шудаанд, ки якбора якчанд амалиётро иҷро мекунанд. Масалан, дар озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои сироятӣ дастгоҳҳои ширкати олмонӣ насб гардида, ки дар як соат 96 амалиётро анҷом медиҳад. Заррабин бошад, замонавӣ буда, сифати баланди оптикӣ дорад ва маводҳои ташхисшавандаи бемориҳои сироятиро аз 1000 то ба 2500 баробар калон мекунад. Аксари дастгоҳҳои барқии тиббӣ дар ин марказ каммасраф мебошанд. Дар ҳуҷраи шикастабандӣ низ дастгоҳи зарурӣ насб шудааст, ки дар вақти ҷарроҳӣ беморро аскбардорӣ карда, ҳамзамон табобатро низ ба анҷом мерасонад. Ин навъи хизматрасонӣ шахси осебдидаро намегузорад, ки ба дигар ҷой барои гузаштан аз ташхиси рентгенӣ равад. Дар шуъбаи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ бошад, дастгоҳи муосире насб шудааст, ки қодир аст, якбора беморро ташхис, беҳис ва табобат намояд.
Таҷрибаомӯзон низ сафарбар карда мешаванд
Ҳамчунин, маҷмааи тандурустии “Истиқлол” на танҳо муассисаи табобатӣ, балки бузургтарин маркази илмиву таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар он фаъолияти 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ роҳандозӣ шудааст, ки донишҷӯён ва устодони соҳаи тиб аз он чун пойгоҳи беҳтарини таълимӣ, илмӣ ва таҷрибаомӯзии амалӣ пурсамар истифода мебаранд. Бо таъмини чунин шароити муосир акнун мардум ба хориҷи кишвар нарафта, дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кумакҳои аввалияи тиббӣ мебошад.
Бор аввал ва танҳо дар “Истиқлол”
Дар муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” амалиётҳои зиёди гаронарзиш, аз ҷумла амалиётҳои кушода дар дил (кӯдакон ва калонсолон), бо таҷҳизоти нодири ангиограф, амалиётҳои протезкунонӣ дар шуъбаҳои осебшиносии кӯдакон ва калонсолон, амалиётҳои гаронарзиши мураккаб дар қафаси сина, аз он ҷумла бо таҷҳизоти видеолапароскоп, амалиёти гаронарзиши буриши панкреатодуоденалӣ дар мавриди омосҳои ғадуди зери меъда ва мавзеи гепатопанкреатодуоденалӣ, амалиётҳо дар беморони ҷарроҳии асаб бо истифодаи технологияи муосир, амалиётҳои узвҳои пешоби кӯдакони то 3 сола бо намуди каминвазивӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон қобили зикр аст, ки қисми зиёди ин амалиётҳо бори нахуст дар ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе гузаронида шудаанд. Аз он ҷумла: дар соли 2018:
Амалиётҳои гаронарзише, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ бори наҳуст гузаронида шудаанд:
- Валвулопластикаи шараёни шуш (духтарчаи 1 сола).
- Барқароркунии баромади модарзодии кулчаи зону (надколенник) бо усули артроскопӣ.
- Барқароркунии пайи салибшакли қафо бо усули артроскопӣ.
- Ба роҳ мондани амалиётҳои мураккаб, аз ҷумлаи стендгузории рагҳои хунгарди дил, аортаи садрӣ ва шараёни брахиосефалӣ дар дастгоҳи нодири ангиограф.
- Стендгузорӣ дар ҳолати алоими шадиди коронарӣ, якбора гузоштани 5 стент дар дил бо натиҷаи хуб.
- Стендгузории коартатсияи аорта дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Аморати Араб ва Ҷумҳурии Ҳиндустон.
- Бо дастгоҳи нодири ангиограф гузаронидани амалиётҳо дар шараёнҳои бачадон.
- Бо дастгоҳи нодири ангиограф гузаронидани амалиётҳо дар шараёнҳои гурдаҳо.
- Бо дастгоҳи нодири ангиограф гузаронидани амалиётҳо дар шараёнҳои мағзи сар.
- Эмболизатсияи шараёни ғадуди простата дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Федератсияи Россия.
- Ба роҳ мондани амалиёти краниопластикаи нуқсони устухони косахонаи сар бо пластинкаи титанӣ дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Беларус.
- Ба роҳ мондани амалиёти бо таври эндоскопӣ гирифтани гематомаи музмини дохили мағзи сар.
- Бартарафсозии рефлюкси масонаю ҳолиб бо ворид намудани гели Вантрис дар навзодон ва кӯдакони то синни 17 сола бо истифода аз дастгоҳи эндоурологӣ.
- Бартарафсозии масонаи нейрогенӣ бо ворид намудани маҳлули Лантокс дар навзодон ва кӯдакони то синни 17 сола бо истифода аз дастгоҳи эндоурологӣ
- Бартараф намудани тангшавии модарзодии қисми ҳолибу ҳавзак бо усули эндоурология дар навзодон ва кӯдакони то синни 17 сола.
- Стендгузории ҳолибҳо бо усули эндоурологӣ дар навзодон ва кӯдакони то синни 17 сола.
- Баровардани сангҳои ҳолиб ва ҳавзак бо усули эндоурологӣ дар навзодон ва кӯдакони то синни 17 сола.
- Бо асбоби каминвазивии артроскоп амалиётҳои барқарорсозии пайвандаки солибшакл.
- Ивазкунии буғуми сунъии тоталии зону.
Амалиётҳои гаронарзише, ки дар сатҳи муассисаҳои табобатии шаҳри Душанбе бори наҳуст гузаронида шудаанд:
- Бо таври ҷарроҳӣ табобат намудани беморони гирифтори фалаҷи геморрагӣ.
- Ба роҳ мондани усули амалиёти мустаҳкамнамоии транспедикулярии сутунмӯҳра.
- Ба роҳ мондани амалиёти бидуни буриш гирифтани аденомаи гипофиз.
- Ба роҳ мондани амалиёти эндоскопии чурраи байнимуҳравӣ.
- Бо дастгоҳи нодири ангиограф амалиёти бартараф намудани нуқсонҳои модарзодии дил дар кӯдакон.
- Ба роҳ мондани ҷарроҳиҳои кушодаи дил дар кӯдакон.
- Ба роҳ мондани ҷарроҳии кушодаи дил дар калонсолон.
Роҳандозии амалиётҳои гаронарзиш дар 6 моҳи соли 2019
- Ба роҳ мондани амалиёти шунткунонии маммарӣ-коронарӣ бо истифодаи ду шараёни маммарӣ (бори нахуст дар ҷумҳурӣ)
- Ба роҳ мондани амалиёти аз як шараёни маммарӣ барқароркунии шараёни иллатёфтаи коронарӣ (бори нахуст дар ҷумҳурӣ)
- Ба роҳ мондани амалиёти гирифтани аневризмаи шараёни хоби дохила аз тарафи рост бо усули асситенсияи эндоскопӣ (бори нахуст дар ҷумҳурӣ)